23.9 C
Dushanbe

Пас аз мулоқоти Рустаму Путин вазъи муҳоҷирони тоҷик беҳтар мешавад?

Рустами Эмомалӣ бо мақомдорони Русия масъалаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст. Аммо дақиқан аз кадом мушкилоти муҳоҷирон гуфтааст, маълум нест.

Дидору мулоқоти шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақомдорони Русия дар доираи сафари расмияш ба Федератсияи Русия рӯзҳои 28–29 май баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, 28-уми майи соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот намуда, равобити байнипарламентӣ, ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитариро мусбат арзёбӣ кардааст.

Ҳамчунин Рустам аз дастгирии Федератсияи Русия аз ду лоиҳаи – ба гуфтааш муҳими иҷтимоӣ – дар шаҳри Душанбе — сохтмони Театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқат «Сириус» гуфта, ба зарурати фаъол сохтани кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди ҳамкории иқтисодӣ таъкид кардааст.

Дар баробари ҳамкориҳои ду кишвар, Рустам ва Путин вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла вазъияти ноустувор дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Шаҳрдори Душанбе ғайричамшдошт аз муҳоҷирати корӣ ва талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа гуфтааст, аммо расонаҳои ҳукуматӣ ҷузъиёти суҳбати ӯ ва Путинро дар ин маврид нашр накардаанд.

Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафараш бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин мулоқот намуда, тақрибан ҳамаи он мавзуъҳоеро, ки дар Кремл бо Путин баррасӣ карда буд, бо ин мақомдорони рус дар миён гузоштааст.

Рустами Эмомалӣ дар ҳоле бо мақомдорони баландпояи рус масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Маълум нест, пас аз ин мулоқотҳо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик, ки шуморашон беш аз 1 миллион гуфта мешавад, беҳтар хоҳад шуд ё на. Аммо дар гузашта ҳатто пас аз сафарҳои раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва мулоқотҳояш бо Владимир Путин дар мавриди муҳоҷират, ба ҷойи беҳтар шудан вазъи муҳоҷирони тоҷик бадтар шудааст.

Ҳамзамон дар пасманзари мулоқоти Рустам бо Путин дар Русия, гуфтумонҳо дар бораи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.