Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати майори милатсияи ШВКД ноҳияи Хуросон Исломбек Забирзода дар хусуси даст доштан дар шиканҷаи шаҳрванди дастгиршуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Айбдоршаванда иттиҳомот алайҳи худро дар мурофиаи ахири додгоҳӣ рад кардааст. Ӯ гуфтааст, ки чаро ҷабрдида танҳо маро дар ёд дораду дигаронро не?
Ин корманди собиқи милитсия аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Хуросон бо се модаи КҶ ҶТ – 316 қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваклоатҳои мансабӣ), 358 қисми 1 (ғайриқонуни дастгир ё ҳабс намудан), 346 қисми 3 (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) тӯли як моҳ аст, ки парвандаи ҷиноятиашро баррасӣ дорад. Хабар додааст, Азия-плюс.
Дар таърихи 24 апрели соли 2020 сокини ноҳияи Хуросон Маҳмадмумин Муминов, ки ба ҳайси гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ ба ШВКД – и ноҳия оварда шуда буд, аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД ба поён афтода, дар натиҷа ҳарду пояш шикаст.
16 июл Милопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии гуфта буд, майор Исломбек Забирзода дар вазифаи нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-и ноҳияи Хуросон аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромада, ғайриқонунӣ як сокини ноҳияро дастгир кардааст.
Ҳамчунин Забирзода як сокини дигари ноҳия Шаҳбоз Юлдошевро маҷбур мекунад, ки нишондод бидиҳад дар ҷинояти мазкур бо Маҳмадмумин Муминов ҳамроҳ будааст.
Ба тафсилоти порократураи вилояти Хатлон Исломбек Забирзода М.Муминовро дастгир карда, соати тахминан 20:30 ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон овардааст. Исломбек Забирзода дар утоқи хизматияш ба шиканҷаи М.Муминов шуруъ карда давоми се соат ӯро мавриди лату куб қарор медиҳад. Муминов ба ин лату кӯб тоб наоварда ба ҷинояте, ки содир накардааст иқрор мешавад.
Ба гуфти Милопар Бандишозода Забирзода то субҳ Муминовро ғайриқонуни дар ШВКД нигоҳ медорад. Муминов ба лату куби беохир тоб наоварда рӯзи 24 апрел худро аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои ҷисмони мебардорад. Муминовро ба беморхонаи марказии ноҳия бурда мехобонанд. Ва нисбати Исломбек Забирзода санҷиши хизматӣ оғоз карда мешавад.
Маҳмадмумин Муминов ҷабрдида рӯзи 27 август, дар рафти яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ вобаста ба ғайриқонунӣ дастгир шуданаш ва мавриди лату куб қарор гирифтанаш чунин изҳор доштааст:
“Рӯзи дигараш Исломбек Забирзода аз утоқи кориаш берун рафт ва як ҳамкораш, ки дар онҷо буд Шаҳбоз Юлдошевро пурсида истода буд. Ман дигар тоқати лату кӯбро надоштам ва розӣ будам бимирам, аз он ки боз ҳамаи инро таҳамул кунам. Ман аз ин ҳолат истифода бурдам ва аз тиреза худро ба замин партофтам. Якчанд корманди милитсия маро бардоштанд, духтур даъват карданд, ки ба ман як сӯзандору гузаронданду баъдан ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд. То имрӯз ман табобат гирифта истодаам”,- гуфтааст Муминов.
Исломбек Забирзода ҳамаи итиҳомоти нисбаташ ироа гардидаро рад карда ҷабрдидаро дуруғгӯ гуфтааст.
“Ман наметавонистам то саҳар дар утоқи кориям нигоҳаш дорам. Навбатдори шуъба баъди анҷоми кор тамоми утоқҳои кориро хабар мегирад ва намегузорад, ки дар утоқҳои корӣ касе бимонад. Он гунае, ки ҷабрдида мегӯяд, ки ман латукӯбаш кардаам бояд зинда намемонд. Ман як чизро намефаҳмам чаро ҷабрдида ва наздиконаш танҳо манро ба ёд доранду дигаронро не. Чӣ танҳо ман дар ёдашон мондаам?”, суол гузоштааст Забирзода.
Дар баробари ишораҳои Забирзода, дар мавриди ғайри ӯ даст доштани дигарон, то ҳол беҷавоб модааст.
Гуфта мешавад Додгоҳи ноҳияи Хуросон баъди як ё ду мурофии дигар ҳукми Забирзодаро эълон хоҳад кард.