Раҳмон қудои Раҳмон мешавад

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон қудои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мешавад.

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии “Бомдод“, Сафар Раҳмон, писари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон бо Фарзонаи Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон издивоҷ мекунад.

Ба қавли манбаъ, “қарор буд, рӯзи 13 август тӯйи Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон  ва Сафар Раҳмон, писари додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор шавад. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки тӯйи Фарзонаву Сафар ба сабаби марги холаи арӯс ба қафо гузошта шуд.”

Хабари хонадор шудани духтари Эмомалӣ Раҳмон бо писари Юсуф Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки тибқи иттилои расмӣ, шуруъ аз 9-уми августи соли ҷорӣ то асри 12-уми моҳи ҷорӣ Президети Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор дошт.

Аммо дар гузориши “Бомдод” гуфта мешавад, ки хоҳарарӯси Эмомалӣ Раҳмон (ҳамсари боҷааш Файзиддин Нахшовва модари Амриддин Нахшов, раиси ширкати тиллошӯии “Нахш”) шоми 12-уми август вафот кард ва ҷанозаи ӯ 13-уми моҳи ҷорӣ дар Данғара ба хок супорида шуд ва дар маросими ҷаноза “ба ғайр аз худи Президент, ки дар сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт, қариб ҳама буд.”

Қудо шудани Юсуф Раҳмон бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанд рӯз пеш аз ин низ Президенти Тоҷикистон писари хурдиаш Сомонро хонадор карда буд.

Гуфта мешавад, Фарзонаи Эмомалӣ духтари ҳафтум ва хурдии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмонова мебошад, ки қарор аст бо хонадор кардани ӯ қудои Юсуф Раҳмон шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.