19.9 C
Dushanbe

Роғуни моро кӣ месозад, Чин ё давлатҳои арабӣ?

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди Роғун аз давлатҳои хориҷа миллионҳо доллари дигар қарз гирифтанист.

Тоҷикистон аллакай барои сохтмони ин нерӯгоҳи тақдирсоз ба чандин кишварҳо барои сармоягзорӣ муроҷиат кардааст.

Аз ҷумла ба Арабистони Саудӣ Иморот, Кувайт ва Қатар намояндагони Ҳукумат музокира кардаанд, мақомоти ин кишварҳо гуфтаанд, ки баъд аз поён ёфтани пандемияи COVID -19 дар ин замина тасмим хоҳанд гирифт.

Аммо ба назари Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони шинохтаи тоҷик, танҳо Чин метавонад барои такмили нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон солона 340 миллион доллар сармоягузорӣ намояд.

Бино ба навиштаи “Супутник” Умаров мегӯяд, дар ин шароит, ки аксари кишварҳо бо буҳрони молии ношӣ аз густариши вируси корона рӯ ба рӯ шудаанд, танҳо Чин метавонад барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба Тоҷикистон қарз диҳад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар Парлумон зимни баррасии барномаи қарзгирии кишвар барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 аз нақшаи қарзгирӣ барои сохтмони НБО “Роғун” гуфта буд, ки феълан 8 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, ки калонтаринашон қарз барои сохтмони  НБО “Роғун” 340 миллион евро мебошад.

Дар мавриди қарздиҳандагон Қаҳҳорзода иброз дошта буд, ки тибқи нақша бояд аз бонкҳои аврупоӣ – Credit Suisse ва Landesbank Baden – Wiirttember қарз гирифта шавад.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.