Додситонии кулли Русия тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар барои нафиристодани як бародари мухолифи тоҷик ба Тоҷикистонро ба инобат нагирифт.
Тибқи иттилои манобеи Azda tv, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милаали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда, ки Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммадро, ки дар Русия аз моҳи сентябри соли 2022 боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфта, бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.
Шавкати Муҳаммад имрӯз, 10-уми октябр бо нашри номаи саркушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бародараш Аслиддин Шарипов “узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.“
Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.
Шавкати Муҳаммад дар номаи сакушодаи худ ба Додситони кулли кишвар айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад мекунд. Аз ҷумла, узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбукро туҳмат медонад.
Ҳамчунин дар ин номаи саркушода аз Додситони кулли кишвар хоста шуда, ки Шарипов Аслиддин гуноҳе надорад ва боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст. Бояд парвандаи ӯ мунсифона баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки Шарипов Аслиддин, бародари Шавкати Муҳаммад, масъули телевизиони шабакаи марбути мухолифини кишвар – “Паём” аз 21 сентябри соли 2022 бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт шуд.