Шарҳи коршинос дар бораи болоравии қурби рубли русӣ

Сабаби боло рафтани қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла доллару евро дар кам будани талабот ба он дар дохили Русия унвон шудааст.

Акс аз саҳфаи фейсбукии коршиноси масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев

13-уми майи соли 2022 Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ дар пасманзари боло рафтани қурби рубли русӣ дар баробари дигар азҳои хориҷӣ навиштааст, ки “сабаби асосӣ ин аст, ки таҳримҳои зиёд алайҳи Русия эъмол шудаанд ва ин кишвар аз ворид кардани маҳсулоти зиёде маҳрум шудааст.”

Ин коршиноси тоҷики масоили иқтисодӣ дар бораи дигар омилҳои боло рафтани қурби рубли русӣ дар муқобили арзҳои хориҷӣ меафзояд:

“Аз тарафи дигар Аврупо натавонистааст хариди газу нефти Русияро кам кунаду бар замми ин Чину Ҳинд нафти Русияро бинобар тахфифҳои зиёд бебаркаш мехаранд. Ин боси шудааст содирот аз воридот хеле бештар шавад, ки дар натиҷа ҳаҷми доллару евроро дар Русия хеле бештар аз ҳаҷми дархост кардааст.”

Вай дар робата ба ин ҷаҳиши камсобиқаи рубли русӣ дар чанд соли ахир таъкид мекунад, ки “дар асл қурби воқеии рубл аз 100 рубл барои 1 доллар камтар нест. Инро метавон дар қимати маҳсулот дар дохили Русия низ мушоҳида кард.”

Имрӯз, 13-уми майи соли 2022 қурби рубли русӣ дар биржаҳои байналмилалии пул ба ҳадде боло рафтааст, ки дар чанд соли ахир онро таҷриба накарда буд.

Қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ ҳам ба сурати рекордӣ боло рафта, дар ин биржаҳо қимати 1000 доллари амрикоӣ баробар ба 64 ҳазору 560/583 рубли русӣ таъйин шудааст.

Арзиши евро ҳам дар муқобили рубли русӣ ба сурати рекордӣ дар ин чанд соли ахир суқут карда, имрӯз қурби 1000 евро дар баробар ба 67 ҳазору 114/123 рубли русӣ таъйин шудааст.

Гуфтанист, қурби рубли русӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар ҳоле ба ин ҳад боло рафтааст, ки пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ ва аксари муттаҳидони онҳо таҳримҳои зиёдеро алайҳи Русия ҷорӣ карда, то ҳадди тавон вобастагии иқтисодӣ ва тиҷоратии худ бо ин кишварро кам карданд ва дар натиҷа ҳаҷми содирот нисбат ба воридот дар ин кишвар ба маротиб зиёдтар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.