Тафтиши парвандаи ҳамла ба “Крокус” ба охир расидааст

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия таҳқиқи парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и вилояти Маскавро, ки 22-уми марти соли 2024 рух дода буд, ба анҷом расонидааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии ин ниҳод, таҳқиқи парвандаи муттаҳамони ин қазия ба поён расида, аллакай он аз ҷониби додситонӣ барои судури ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ин кумита иддао дорад, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии “ДИИШ” масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.

Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.

Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.

Дар дораи ин парванда 19 нафар, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт шудаанд. Тафтиши парвандаи ду нафар аз ташкилкунандагон ва чор узви гурӯҳи террористӣ ҳоло идома дорад ва парвандаи боқимондаи муттаҳамон ба додгоҳ ирсол мешавад. Аксар гумонбарон худро бегуноҳ медонад ва аз мақомот хоста буданд, ки онҳоро раҳо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и “ДИИШ” ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.

Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.