30.9 C
Dushanbe

Тиҷорати Бек Сабур ва мушкилоти сокинони Ваҳдат

Сокинони шаҳри Ваҳдат аз набудани Интернет ва таътили кори бонкҳои ин шаҳр шикоят доранд. Гуфта мешавад, бо сабаби тахриби бинои Почтаи куҳна дар ин шаҳр чунин мушкилот пеш омадааст.

Як сокини шаҳри Ваҳдат бе зикри ном дар суҳбат бо Azda tv гуфт, як ширкати сохтмонии мутааллиқ ба Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон бинои Почтаи ин шаҳрро бидуни огоҳии ширкатҳои интернетӣ ва ё кӯчондани онтенаҳои онҳо ба дигар макон, тахриб кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон ба сабаби тахриби бинои Почтаи шаҳр онтенаҳои ширкатҳои интернетӣ ҳам тахриб шудааст ва аз ин рӯ, бонкҳои мавҷуда дар шаҳр, ки корашон бо Интернет васл аст, аз кор мондаанд ва мардум ҳам дар назди бонкҳо мунтазиранд, ки кай корро аз нав оғоз мекунанд.

Гуфта мешавад, ширкати сохтмонии Бек Сабур дар макони Почтаи давлатии шаҳри Ваҳдат бинои баланди 25-табақадор месозад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар то ҳол ба аксар биноҳои сохтаи ширкатҳои марбут ба Бек Сабур баҳои хуб надодаанд ва ҳатто аксари биноҳои сохтаи ӯ аз комиссияи давлатӣ нагузаштаанд. Вале бо вуҷуди ҳама мушкилот ширкатҳои ӯ иҷозати фаъолият доранд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ дар назди шаҳрдори Душанбе комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ширкати “Комил-2010” корбарӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, Хадамоти назорати сохтмон ҳангоми санҷиш дар ин иншоот камбудиҳоро ошкор кардааст.

Ҳамзамон 5-уми феврали соли 2021 Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Бег Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегиранд ва ӯ аз рӯзноманигорон хоста буд, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бег Сабур ҳамкорӣ накунанд.

Дар гузашта, баъд аз шикоят аз кори ширкатҳои хонасозии марбут ба Бег Сабур, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳоми қаллобӣ барои 12 сол равонаи зиндон гардида буд. Ба гуфтаи бархе огоҳони умур, Иноятзода маҳз ба хотири интиқоди шадид кардан аз қудои Эмомалӣ Рҳамон зиндонӣ шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон

Мақомоти эронӣ ба сурати расмӣ фардо ва пасфардо сафоратхона ва сарконсулгарии худро дар Арабистони Саудӣ бозгӯшоӣ мекунанд.

Ҳалокати наздик ба 300 мусофир дар Ҳиндустон

Бар асари тасодуфи 3 қатори мусофиркаш дар Ҳиндустон наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 900 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ифтитоҳи бузургтарини масиҷиди Тоҷикистон бо ҳузури амири Қатар

Дар назар аст рӯзҳои наздик амири давлати Қатар шайхи Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.