12.9 C
Dushanbe

Таркишҳои хунин дар Кирмони Эрон

Бар асари ду таркише, ки дар шаҳри Кирмони Эрон сурат гирифт, беш аз 200 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, асри 3-юуми янавари соли 2024 дар минтақаи Гулзори Кирмон, мақарри қабри Қосим Сулаймонӣ, собиқ раҳбари нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ду таркиши пай дар пай сурат гирифт.

Ин таркишҳо замоне сурат гирифтанд, ки садҳо нафар аз мухлисон ва дӯстдорони Қосим Сулаймонӣ дар чорумин солрӯзи кушта шудани ӯ тавассути нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба зиёрати қабри ӯ рафта буданд.

Аз замони вуқуъи ин ҳодиса мақомоти эронӣ чанд маротиба теъдоди ҷонбохтагон ва маҷруҳони онро ба сурати мухталиф эълон карданд, аммо ахиран гуфтанд, ки дар бо чанд сабаб дар шумориши қурбониён иштибоҳоте сурати гирифтааст ва теъдоди кушташудагон ҳам дар охирин омори нашршуда, 84 нафар ва шумори маҷрӯҳон наздик ба 284 нафар арзёбӣ шудааст.

Мақомоти Эрон дар сатҳҳои мухталиф ба сурати мустақим ва ғайри мустақим Амрико ва Исроилро дар даст доштан дар ин таркишҳои хунин муттаҳам карданд, аммо Вазорати корҳои хориҷии Амрико даст доштани кишвараш ва Исроилро дар ин ҳодисаҳо рад кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва чанде аз раҳбарони кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, аз ҷумла сарони Туркия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Афғонистон ва инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ҳам ин ҳодисаҳоро маҳкум карданд.

Гуфта мешавад, ин таркишҳои хунин замоне дар Эрон сурат гирифтанд, ки чанд рӯз пеш аз он Сайидразӣ Мусавӣ, аз мушовирони барҷасатаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, яке аз дӯстон ва ҳамсафони Қосим Сулаймонӣ дар Димишқ, пойтахти Сурия тавассути як ҳамла кушта шуд.

Мақомоти Эрон ва нерӯҳои масвум ба “муқовимат”, ки аз муттаҳидони Теҳрон дар Ироқу Сурия ва Лубнону Яман ва Фаластин дониста мешаванд, Исроилро дар кушта шудани Сайидразии Мусавӣ муттаҳам карда, таҳдид карда буданд, ки хуни вай ба ҳадар нарафт, сахт интиқом хоҳанд гирифт.

Бо вуҷуди он ки бархе расонаҳо дар такия ба манобеи худ дар Телавив таъйид кардаанд, ки ҳамла ба Сайидразии Мусавӣ кори дасти Исроил будааст, аммо то кунун мақомоти Исроил ба сурати расмӣ даст доштани худ дар кушта шудани ин мушовири низомии Эрон дар Сурияро эълон накарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...