29.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ наздики 40 млн доллар грант дарёфт кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба бекорон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 37,50 миллион доллар грант дарёфт кард.

Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин грант аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ду мақомоти иҷроия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо дарёфти ин грант Вазорати меҳнати кишвар сокинонро барои кор даъват мекунад. Ин вазорат рӯйхати гурӯҳе аз мутахассисонеро, ки дар ин барнома шомил мешаванд, эълон кардааст. Аз ҷумла, иқтисоддонҳо, тарҷумонҳо, ҳуқуқшиносон ва ғайра дар ин рӯйхат ҷой гирифтаанд.

Вазорати меҳнат барои қабули ин гурӯҳи мутахассисон шартҳо ва талаботи худро низ гузоштааст. Аз ҷумла, аз довталабон таҳсилоти олӣ, ҳаддиақал 5 соли таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои фарогирии иқтисодӣ, лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар шуғли худ ва кор дар лоиҳаи рушди соҳибкорӣ барои одамони осебпазир, таҷрибаи банақшагирӣ, омоданамудани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ, таҷрибаи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, таҷриба дар ҷамъоварии маблағ, навиштани грантҳо, идоракунии грантҳо, тарҳрезӣ, татбиқ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии фаъолиятҳои лоиҳа ва ғайра талаб карда мешавад.

Мақомоти Тоҷикистонро бештар барои таъмин накардани ҷои корӣ барои аҳолӣ ва фиристодани сокинон ба кишварҳои дигар барои муҳоҷират мавриди интиқоди сахт қарор медиҳанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик барои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодии аҳолӣ аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ маблағҳои ҳангуфт мегиранд, вале бино ба таҳлилҳо, то рафт омори муҳоҷират ва сатҳи бекорӣ дар кишвар меафзод. Таҳлилгарон вуҷуди фасоди бузург дар байни ҳукуматдорони тоҷикро сабаби асосии беҳтар нашудани вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.