13.9 C
Dushanbe

Ҳукми модар ва хоҳари Худоёровҳо

Додгоҳи ноҳияи Лахш пас аз яку ним сол ҳукми ду сокини ноҳияи Рашт Мавҷигул Ғарибова ва Худоёрова Мадина – модар ва хоҳари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳоро содир кард.

Гуфта мешавад, додрас Исроилзода Исроил Исмоил ин ду сокини ноҳияи Раштро бар асоси даъвои Судобаи Сикандар, яке аз ҳамдеҳагони Худоёровҳо, ки гӯё пиразани 66-сола ва духтараш ӯ, модар ва духтари ноболиғашро латтукӯб карда бошанд, ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Судшавандагон Ғарибова М. ва Худоёрова М.А. рӯзи 10 апрели соли 2022, соати 11:00 дақиқа ҳангоми дар назди манзили истиқоматии шаҳрванд Назриев Ё.Н. воқеъ дар ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, деҳаи Яшм қарор доштанашон, аз рӯи хусумати қаблан доштаашон бе ягон сабаб ба шаҳрвандон Ҷураева Маърифат Муборакшоевна, Судобаи Сикандар ва ноболиғ Марямбибии Сикандар дарафтода, нисбати онхо бо афлози қабеҳ сухан гуфта, ҷангу ҷангҷол бархезонидаанд” – омадааст дар ҳукми Додгоҳ.

Тибқи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Лахш, ки он рӯзи 10-уми ноябри соли ҷорӣ содир шудааст ва нусхаи он ду рӯзи пеш ба дасти Azda.tv расид, Мавҷигул Ғарибова барои се сол ҳабси хонагӣ ва Худоёрова Мадина 6 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудаанд.

То ҳол назари мақомот дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Аммо, моҳи декабри соли 2022 Радиои Озодӣ дар истинод ба манбааш аз додгоҳи ноҳияи Рашт хабар дода буд, ки рӯзи 2-юми декабр Судобаи Сикандар ва модараш Маърифати Муборакшо, сокинони деҳаи Яшмро бо ҷурми “авбошӣ” ба андозаи 64 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ баробар ба 128 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ин манбаъ гуфт, онҳо бар асоси аризаи шикоятии Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола айбдор шудаанд. Ҳарду дар моҳи апрели соли 2022 дар кӯча ӯро латтукӯб намуда, телефони ҳамроҳашро гирифтаанд. Назари модару духтари муттаҳам ба авбошӣ ба ҳукм ва қазия дастрас нест.

Фарҳод Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова дар суҳбат бо Azda tv аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карда, гуфт, ки он фармоишӣ аст ва ҳукм одилона содир нашудааст. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳадди ақал се шоҳид ба фоидаи модарашу хоҳараш дар додгоҳ шоҳидӣ додаанд.

Худоёров мегӯяд, ки чун ҳукми додгоҳ дер ба дасти хонаводаашон расид, натавонистаанд аз болои он шикоят кунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи ин хонавода расонаӣ мешавад. Пештар аз ин низ, Додгоҳи ноҳияи Лахш 1-уми июни соли 2022 Мавҷигул Ғарибова, сокини ноҳияи Рашт ва модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳоро ба ду соли ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Лахш ин сокини ноҳияи Раштро бар асоси даъвои Алишери Насриддин, яке аз ҳамдеҳагони Худоёровҳо, ки гӯё пиразани 66-сола ӯро латткӯб карда бошад, ва тибқи моддаи 237 Қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҳукм содир карда буд.

Инчунин яке аз фарзандони ин оила Ҷунайдулло Худоёров дар Русия дар боздошт қарор дорад ва хатари истирдод ба Тоҷикистон ба ӯ таҳдид мекунад.

Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдулло дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки дар боз шудани парванда нисбати бародараш дар Тоҷикистон додситони ноҳияи Рашт Кишварзода Абдурашид, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даст доранд. Алишери Насриддин, яке аз нафароне, ки дар қатли Алиризо даст доштаасту дар озодӣ қарор дорад, аз болои Ҷунайдулло ба мақомот шикоят бурдааст.

Ичнунин ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, хонаводаи Азимовҳо, ки аз пайвандони Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, борҳо алайҳи хонаводаи онҳо зулму зӯрӣ кардаанд ва ҳатто соли 2021 бародарзодааш Алиризо Худоёрови 20-соларо ин хонавода ба қатл расондаанд.

Гуфта мешавад, Ҷунайдулло Худоёров соли 2018 бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда буд ва соли 2019 бар асоси қонуни афв озод гашт. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ дониста буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.