Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба Фарҳод Одинаев, фаъоли муқими Олмон навишта, ки мурофиаи додгоҳии Эргашев 27-уми феврали соли ҷорӣ, баръакси муҳокимаҳои дигар фаъолон боз ва бо иштироки пайвандону вакили дифоаш сурат гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро ба “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” гунаҳкор кардааст. Назари худи ин зиндонии сиёсӣ ва наздикону вакили дифоаш дар бораи иттиҳоми мақомот маълум нест.

Гуфта мешавад, ҳоло Дилмурод дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад ва пайвандонаш чанд маротиба дар зиндон бо ӯ мулоқот кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон моҳи ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилмурод Эргашеви 40-соларо, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, вале баъдан бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш ӯро ба боздоштгоҳ баргардонда ва сипас ба Тоҷикистон истирдодаш карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд ва то имрӯз дар бораи сарнавишти ӯ чизе маълум набуд.

Созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ пеш аз ихроҷи Эргашев аз мақомоти Олмон хоста буданд, ки ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун дар ҳоли истирдод ӯ мисли Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбаналиев мавриди шиканҷа қарор гирифта, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.