Вазорат: Барқро ба хотири гармии ҳаво қатъ кардем

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли тобистонро тасдиқ намуда, омили асосии онро гармии аз ҳад зиёди ҳаво ва таъсири он ба низоми энергетикӣ номид.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки гармии ғайримаъмулӣ дар моҳи июл ба кори таҷҳизоти барқрасонӣ ва шабакаҳои интиқол таъсири ҷиддӣ расондааст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз қисмҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ва баъзе минтақаҳои тобеи марказ, шоҳиди қатъи муваққатии нерӯи барқ шудаанд.

Вазир афзуд, ки шабакаҳои барқӣ дар чунин ҳарорати баланд таҳти фишори зиёд қарор мегиранд ва барои нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз вайроншавии таҷҳизот, маҳдудиятҳои муваққатӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ин гуна ҳолатҳо асосан шабона ва дар соатҳои муайян сурат гирифта, аз 2 то 6 соат идома кардаанд. Мақомот таъкид карданд, ки чунин тадбирҳо пешгирикунанда буда, ба хотири таъмини устувории шабака ва эҳтиёт кардани таҷҳизоти асосӣ анҷом ёфтаанд.

Вазорат изҳор дошт, ки бо воридсозии таҷҳизоти нав ва таҷдиди инфрасохтор, интизор меравад чунин ҳолатҳо дар оянда коҳиш ёбад.

Бо ин ҳол, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани барқ дар фасле, ки нерӯгоҳҳо бояд бо иқтидори баланд фаъол бошанд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудиятҳои нерӯи барқ маъмулан дар фасли зимистон ба назар мерасид, вале акнун дар гармтарин моҳҳои сол низ мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, солҳои қабл тобистонҳо низ гарм меомад, вале барқ қатъ намешуд. Агар ҳоло барқро ба хотири фарсудашавии таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ қатъ мекунанд, пас ин мушкилии ниҳодҳои марбута аст, ки сари вақт таҷҳизотро иваз намекунанд ва бемасъулиятӣ нишон медиҳанд.

Қаблан бархе аз сокинони вилояти Хатлон дар шикояте гуфта буданд, ки мисли фасли зимистон рӯзона соатҳои тӯлонӣ барқ надоранд. Ва ин бори аввал аст, ки ба чунин ҳолат рӯбарӯ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.