Блинкен: Агар Русия бихоҳад ҷанг дар Украина ҳамин рӯз хотима меёбад

Вазири корҳои хориҷаи Иёлотои Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен мегӯяд, агар раисҷумҳури Русия Владимир Путин бихоҳад, ҷанг дар Украина худи ҳамин рӯз хотима меёбад.

Энтони Блинкен меафзояд, агар фурсати сулҳу созиш дар ҷанги Украинаву Русия пеш биёяд, ҳатман аз он истиқбол хоҳанд кард. “Вале чун раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҷангро оғоз кардааст, ӯ низ метавонад онро хотима диҳад.”

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мақомоти Русия ва ҳатто Путин гуфта буд, ки калиди хотимаи ҷанг дар дасти Амрико аст, ҳар вақте раисҷумҳури ин кишвар Ҷо Байден хост, метавонад ҷанг хотима ёбад.

Ғарб ва дар раъси он Амрико аз ҳомиёни аслии Украина ба шумор рафта, ин кишварро бо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин мекунад. Русия Ғарбро ба хотири додани силоҳ ба мақомоти Киев сабабгори идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар медонад, аммо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико Русияро ба хотири ҳамлаҳои бедалел ба хоки Украина гунаҳкори асосӣ ин ҷанг меҳисобанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.