Додгоҳи олии Русия “террористӣ” хондани ҲНИТ-ро баррасӣ мекунад

Додгоҳи олии Русия рӯзи 14 сентябр дар ҷаласаи навбатияш дархости Додситони кулли ин кишвар дар барои террористи эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Тавре расонаи “РАПСИ” аз қавли сухангӯи Додгоҳи олии Русия хабар дод, қарор аст, масъалаи террористӣ хондани ҲНИТ дар ҳудуди Русия пушти дарҳои баста баргузор шавад.

26-уми июли соли ҷорӣ Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошта буд, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки ҲНИТ дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

“Дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ бо даъвои дахлдор муроҷиат кардаем”, – гуфта буд Игор Краснов ҳангоми вохӯрӣ бо Эмомали Раҳмон.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора хабар дод, ки “ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар вокуниш ба ин изҳороти Русия гуфта буд, ки “Русия ҳамчун кафили раванди сулҳи тоҷикон бо террористӣ хондани ҲНИТ – як тарафи сулҳ, иштибоҳ мекунад. Ин иқдом метавонад ба ифротишавии гурӯҳҳои муътадил, афзоиши руҳияи зидирусиягӣ ва аз байн бурдани эътимод ба гуфтушунид ва роҳҳалҳои мусолаҳатомези мушкилоти Тоҷикистон анҷомад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷасади собиқ афсари ВКД-и Тоҷикистон, ки дар Украина меҷангид, дар Восеъ дафн шуд

Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи ВКД, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.

Трамп оташбас байни Амрико ва Эронро эълон кард

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп шаби гузашта эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон ба "созишномаи сулҳ" даст ёфтаанд.