32.9 C
Dushanbe

Даҳҳо зиндонии қирғиз дар Тоҷикистон

Мақомоти адлияи Қирғизистон мегӯянд, ки даҳҳо нафар аз шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, имрӯз, 12-уми июни соли 2024, Орозбек Сиддиқов, муовини вазири адлияи Қирғизистон ба вакилони парлумони ин кишвар гуфтааст, ки зиёда аз бист нафар шаҳрвандони ин кишвар дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошанд.

Ба қавли манбаъ, муовини вазири адлия Қирғизистон, ки дар назди вакилони кишвараш дар бораи Лоиҳа Қонуни ҶҚ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” ва Кодекси ҷиноятиро дар хониши дуюм баррасӣ мекарданд, гуфт, дар ҳоли ҳозир 25 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Орозбек Сиддиқов дар парлумон гуфтааст, ки бар иловаи ин 25 нафар зиндонӣ дар Тоҷикистон, 8 каси дигар ҳам аз шаҳрвандони Қирғизистон дар зиндонҳои Кореаи Ҷанубӣ адои ҷазо мекунанд. Парвандаи ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ пас аз қабули ин Лоиҳа ва тавассути Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Муовини вазири адлияи Қирғизистон дар бораи сабаби боздошт ва шароити онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ва ё Кореаи Ҷанубӣ чизе нагуфтааст. Инчунин мақомоти Тоҷикистон низ то замони таҳияи ин хабар ба сурати расмӣ дар бораи изҳороти ҷониби Қирғизистон вокунише накардаанд.

Гуфта мешавад, Вазорати адлияи Қирғизистон дар ҳоле ба вакилони худ дар бораи шаҳрвандони зиндониаш дар Тоҷикистон ва Кореаи Ҷанубӣ гузориш дода, ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияву Қирғизистону Қазоқистон ва дигар кишварҳо бо сабабҳои гуногун солҳо боз дар зиндонҳо маҳбус ҳастанд, вале бо гузашти солҳо мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ на дар бораи теъдоди онҳо ба мардум иттилоъ додаанд ва на барои раҳо карданашон вориди амал шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Туркия

Як зани тоҷикро барои доштани ҳиҷоб ба бинои консулгарии...

Президенти Чин ба Тоҷикистон сафар мекунад

Президенти Чин дар раъси як ҳайати расмии кишвараш бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меравад.

Ҳукми зиндони Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев дар Русия

Додгоҳи ноҳияи Басмании шаҳри Маскав Муҳаммадиқбол Садурдинов ва Шарофиддин Гадоевро ба зиндон маҳкум кард.

Бемористонҳо дар Ғазза дар остонаи фурӯпошӣ

Бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли фурӯпошӣ қарор доранд. Ба иттилои расонаҳо, камбуди шароити табобатӣ вазъи мардумро бадтар кардааст.