Дабири кулли СПАД: Ба Тоҷикистон бояд кумак кард

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари таҳдидҳо аз самти Афғонистон бояд ба Тоҷикистон кумак карда шавад.

Хабаргузории давлатии Русия “Тасс“ хабар додааст, ки 20-уми январ Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар ҷаласаи Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба умури Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Авруосиё ва Осиёи Марказӣ ба вакилон дар бораи вазъ дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъии СПАД маълумот дода, таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон омадаро шарҳ додааст.

Ба қавли манбаъ, Станислав Зас таъкид кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Афғонистон бояд ба Тоҷикистон кумак карда шавад.

Пеш аз ин рӯзи 10-уми январ Александ Лукашенко, президенти Белорус ҳам дар нишасти ғайри навбатии сарони кишварҳои узви СПАД аз сарони ин созмон хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳодисаҳои ҳаммонанди Қазоқистон дар Тоҷикистон амниятро таъмин ва ба он кумак кунанд.”

Нигаронии сарони кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли он аз эҳтимоли таҳдиди хатарҳо аз самти Афғонистон дар ҳолест, ки ҷониби Афғонистон, ки дар он Толибон қудратро дар даст доранд, изҳороти ахири Президенти Тоҷикистон дар ин хусусро рад карда, борҳо таъкид кардаанд, ки аз хоки Афғонистон ба қаламрави ҳеч кишваре, ба хусус ҳамсояҳои он ҳеч гуна хатаре таҳдид намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.