Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Имрӯз, 18-уми апрел як манбаъ бо шарти зикр нашудани ном ба Azda tv гуфт, ки “хеши наздикам 10 сол боз дар Кореяи Ҷанубӣ кору зиндагӣ мекард, вале чанд рӯз пеш мақомоти ин кишвар ӯро боздошт ва барои солҳои зиёд ихроҷ кардаанд.”

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти Корея танҳо дар давоми ду-се ҳафтаи ахир ҳарҷо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро пайдо карданд, ихроҷ кардаанд ва то кунун беш аз 600 муҳоҷири кории тоҷикистонӣ аз ин кишвар ихроҷ шудааст. Инчунин чандин нафари дигарро нагузоштаанд вориди ин кишвар бишаванд ва аз фурӯдгоҳ бозпас фиристодаанд.

Манбаъ афзуд, ки Корея Ҷанубӣ ба тоҷикон раводиди корӣ намедод ва аксари онҳо бо раводиди сайёҳӣ ба ин кишвар сафар мекарданд ва пас аз се моҳ як бор хориҷ ва боз бармегаштанд. То ин дам мақомоти Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷиронро чунин ихроҷи маҷбурӣ ва дастаҷамъӣ намекарданд, вале ин бор дида мешавад, ки корро ҷиддӣ гирифтаанд.

Қаблан Azda tv хабар дода буд, ки мақомоти Кореяи Ҷанубӣ чанд муҳоҷири кории тоҷикро, ки чанд сол боз дар ин кишвар кор мекарданд, ихроҷ карда ва як нафари дигарро аз фурӯдгоҳ роҳ надодаанд, ки ба ин кишвар ворид шавад ва ӯро ба Душанбе бозпас фиристодаанд.

Дар гузориши қаблӣ манбаи мо гуфта буд, ки тамоми сохторҳои қудратии ин кишвар дастур гирифтаанд, ки тоҷиконро боздошт ва ихроҷ кунанд. Дар ин шабу рӯзҳо муҳоҷирони тоҷик аз тарси ихроҷ нашудан аз хонаҳо намебароянд. Ба гуфтаи онҳо, агар ба кӯча бароянд шояд аз тарафи пулис боздошт ва ихроҷ мешаванд, дар ҳоле, ки баъзе онҳо аз бонкҳо қарздоранд ва намехоҳанд дар ин вазъият ихроҷ шаванд.

Ниҳодҳои расмии Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин бора изҳороте нашр накардаанд ва сабаби аслии ихроҷи гурӯҳии тоҷикистониён маълум нест.

Солҳои ахир мушоҳида мешуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ғайр аз Русия кишварҳои дигари дунёро низ интихоб мекунанд ва аз ҷумла, Корея Ҷануиро. Вале пас аз ҳодисаҳои хунини Маскав, ки гумонбарони аслии он тоҷикон гуфта мешаванд, дар аксар кишварҳои дунё вазъи муҳоҷирон тоҷик ногувор шуда ва рӯзона даҳҳо тоҷикистонӣ аз Русия ва дигар кишварҳо ихроҷ мешаванд ва ё бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуи ифротӣ боздошт мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фаъоли Бадахшон Абру Алимардоншоев: Авф набояд интихобӣ бошад

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Абру Алимардоншоев аз равиши татбиқи қонуни авф, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шудааст, нигаронӣ кард.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.