25.9 C
Dushanbe

Лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар уҳдадор шуда, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи татбиқи онро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

16-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуда, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Гуфтанист, дар ин нишаст, ки бо ҳузур намояндаҳои ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон баргузор шуд, таъкид гардида, ки “Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.