5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 101

Чаро Аврупо мехоҳад қонуни муҳоҷиратро бознигарӣ кунад?

0

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Қатъномаи соли 1951 дар бораи паноҳҷуёнро бознигарӣ кунад.

Ин Қатънома кишварҳоро аз напазируфтан ва бозпас фиристодани паноҳҷуён ба кишварҳое, ки онҳоро хатар таҳдид мекунад, боз медорад. Ин тағйирот метавонад яке аз муҳимтарин тағйирот дар сиёстаи муҳоҷирати Аврупо дар даҳсолаи ахир бошад. 

Ба навиштаи The Times, дар Аврупо бар ин боваранд, ки Қатъномаи мазкур дигар чандон ба дард намехӯрад, зеро он пас аз ҷанги дуюми ҷахонӣ таҳия шуда, ниёз ба бознигарӣ дорад. 

“Лозим ба зикр аст, ки ин қатънома дар шароити комилан мухталиф таҳия шуда буд, ки имрӯз ба вазъити геополитикӣ комилан мувофиқ нест”, омадааст дар хабар. 

Бояд гуфт, ки ин Қатънома дар соли 1951 таҳия шуда, аз сӯи 144 кишвари дунё қабул шудааст. Он таъаҳҳудоти қонунии кишварҳоро дар барои ухдадориҳо ва напазируфтани паноҳҷӯён муайян мекунад.

Ҳоло кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо муҳоҷирати афзоянда рубарӯ шудаанд, ки миллионҳо паноҳҷӯ дар ин кишварҳо талаби паноҳандагӣ кардаанд. Аз сӯи дигар Аврупо ҳазорҳо паноҳҷӯе, ки ба талаби панохандаигяишон ҷавоби рад гирифтаанд, наметавонад ихроҷ кунад. 

Ҳамчунин гуфта мешавад, теъдоди дархостҳои паноҳандагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон зиёд арзёбӣ мешавад. Танҳо соли гузашта шумори онҳо беш аз як миллион нафар будааст. Ин қисман боис шуда, ки норозигии мардум аз ин низом бештар шавад ва ҳамчунин сафи тарафдорони ҳизбҳои миллатгаро ва радикалии популистӣ дар саросари Аврупо афзоиш ёбад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки “баъзе муҳоҷирон ба ҷомеаи мизбон мутобиқ намешаванд, балки ба ҷои он ҷомеаҳои алоҳида ташкил мекунанд, ки дар онҳо меъёрҳо ва қоидаҳои аз арзишҳои аврупоӣ дуршуда метавонанд парвариш карда шаванд”.

Бояд дар бораи баргардонидани афроде, ки ба амнияти давлат таҳдид мекунанд ё собиқаи ҷиняткорӣ доранд ва хусусан агар ҳаққи иҷозати доимро гирфтаанд, ба кишварҳо сеюм андешида шавад. 

Ҳамингуна гап дар бораи на ҳамаи муҳоҷирон, балки афроде, ки ба талаби паноҳҷуӣ ҷавоби рад гирфитаанд ё ҷиноят содир кардаанд, меравад.

Масъалаи муҳоҷират ҳоло ба яке аз мушкилоти асосӣ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо табдил ёфта, ҷузъи барномаҳои пешазинтихотии аҳзоб, бахусус ҳизбҳои муҳофизакор гаштааст. Ҳамзамон ин падида фурсати бештареро барои пешсаф шудан дар рақобатҳои интихоботӣ ба ин ҳизбҳо низ додааст. 

Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт

0

Собиқ додситони кул ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амнияти кишвар таъйин шуд.

Фармони ба ин вазифа таъйин кардани ӯро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми феврал содир кардааст.

Одатан дар Тоҷикистон мақомдорони қудратӣ пас аз расидан ба синни бознишастагӣ барои кор дар Шӯрои амнияти кишвар фиристода мешаванд, вале индафъа ба ин мақом таъйин шудани Юсуф Раҳмони 58-сола суолҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Юсуф Раҳмон, ки беш аз даҳ сол додситони кулли кишвар буд, 23-юми январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор шуда буд.

Дертар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон қабул кард.

Инчунин аъзои Маҷлиси миллии кишвар розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кулли кишвар таъйин шавад.

Дар замони раҳбарии Юсуф Раҳмон ин ниҳоди қазоии кишвар ба ниҳоди саркӯбгари мухолифону озодии баён табдил ёфта, дар Тоҷикистон боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани фаъолону хабарнигорон бештар шуда буд.

Навбатдории шабонаи сокинони Конибодом идома дорад

0

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду моҳ аз боздошти бархе гумонбарони ҳодисаҳои хунин дар шаҳри Конибодом ҳанӯз натавонистаанд оромишро дар ин шаҳр таъмин кунанд.

Имрӯз, 4-уми феврал Даврон Зоҳидзод, раиси нави шаҳри Конибодом, дар нишасти матбуотии худ эълом кард, ки бо вуҷуди он ки вазъ каме беҳтар шудааст, вале ҳоло ҳам навбатдории шабонарӯзии сокинон барои таъмини амният ва оромиши сокинон идома дорад.

Ба гуфтаи вай, “бо гузашти беш аз ду моҳ аз боздошти гумонбарон дар кушторҳои пурсарусадо, сокинони Конибодом ҳанӯз ҳам навбатдории шабонаи худро барои таъмини амният ва оримш ҳар шаб анҷом медиҳанд.”

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати шаҳр талош дорад, то сокиноне, ки аз тарс хонаҳои худро тарк кардаанд, дубора ба манзилҳои худ баргарданд. Ҳамзамон тафтиши парвандаи кушторҳо аз ҷониби мақомоти кишвар кишвар идома дорад.

Зоҳидзод инчунин афзуд, чор нафаре, ки бо гумони даст доштан дар ҳодисаҳои куштори силсилавии ин шаҳр боздошт шудаанд, талош доранд бо додани номҳои нав тафтишотро гумроҳ кунанд. Аммо мақомот ба сурати ҷиддӣ вориди ин масъала шуда, дар пайи ҳалли комили қазия ҳастанд.

Гуфта мешавад, давмои соли 2024 даҳҳо нафар бо шумули аъзои хонавода, аз ҷумла занону фарзандони ноболиғ тавассути афроди ношинос дар хонаҳои худ кушта шуданд. Ин ҳодисаҳои хунин сабаби ба вуҷуд омадани тарсу ҳароси бахе сокинон гардида, хонаву кошонаҳои худро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол бархе сокинон мепурсанд, ки чаро мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва додситонии кишвар ҳар аз гоҳе иддао мекунанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта чанд нафар “террорист”-ро боздошт ё безарар мекунанд, вале бо гузашти ин чанд моҳ ҳанӯз натавонистаанд, ин кушторҳои бераҳмонаро ошкор ва омилони асосиро боздошт кунанд.

Як узви баландмақоми ҲНИТ аз зиндон озод шуд

0

Яке аз аъзои аршад ва зиндонии сиёсии Ҳизби наҳзати нсломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуд.

Сайидисҳоқ Бобоев, узви ҲНИТ, ки домулло Исломиддини Файзалиро аз наздик мешиносад, мегӯяд, ин зиндонии сиёсӣ 1-уми феврали соли 2025 аз маҳбас озод шудааст.

Домулло Исломиддини Файзалӣ дар оғози моҳи октябри соли 2020 аз манзили истиқоматиаш дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт тавассути мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки далели боздошти домулло Исломиддини Файзалӣ иштирок ва суханронӣ накардани ӯ алайҳи раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як филми сохтаи мақомоти амниятӣ зери унвони “Хиёнат” дониста мешавад.

Домулло Исломиддини Файзалӣ собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз кормадони илмии Академияи илми ин ҳизб буд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба сурати густурда алайҳи раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамла карда, садҳо нафарро боздшоту бозпурсӣ ва мавриди шиканҷа қарор доданд. Сипас пушти дарҳои баста раҳбарони ин ҳизбро бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳодисаҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Иттиҳоме, ки раҳбарони ин ҳизб онро пурра рад карда, сабаби боздошту зиндонӣ карданҳоро ангезаи сиёсӣ унвон карданд.

ФАВРӢ! Хабари “ошӯб” дар зиндони шаҳри Ваҳдат тасдиқ шуд

0

Azda.TV аз тариқи як манбаи худ тасдиқ кард, ки хабари “ошӯб” дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳақиқат дорад ва инчунин номи баъзе кушташудаҳо низ ба дасти расона расид.

Azda.TV ҳоло номи танҳо 7 маҳбусеро, ки гуфта мешавад, дар ошӯби имрӯза дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шудаанд, дастрас кард. Дар ҳоли ҳозир номи ду нафари онҳо дурустсанҷӣ шуда, боқӣ танҳо афроде ҳастанд, ки манбаъ мегӯяд, кушта шудаанд. Номҳо аз ин қабиланд:

Ҳасанов Суҳроб Сафармадович
Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович
Тилабов Али Тилабович
Орузев Шаҳзод Ҷамшедович
Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич
Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович
Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович

Дар ҳамин ҳол хабаргузории давлатии “Ховар” низ ин хабарро аз баёнияи Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард. Аммо ин хабаргузории давлатӣ адади кушташудоҳоро танҳо 3 нафар гуфтааст.

Бино ба гузориши “Ховар”, як гурӯҳи маҳбусони 9-нафара бо истифода аз асбобҳои худсохти халландаву бурранда ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷум кардаанд. Дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хидматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Сабаби ҳуҷуми ин маҳбусонро баёнияи расмӣ “қасди фирор аз маҳбас” гутфааст.

“Муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд”, – омадааст дар баёнияи расмӣ.

Гуфта мешавад, ҳоло вазъ дар маҳбас ба эътидол дароварда шуда ва ба маҷруҳон ёрии таъҷилӣ расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Azda.TV бо такя ба сомонаи Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз ошӯбе дар зиндони куҳнаи шаҳри Ваҳдат хабар нашр кард. Гуфта мешуд, дар пайи ин ошӯб 10 маҳбус кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Ошӯб”-и навбатӣ дар зиндони Ваҳдат. То куҷо ҳақиқат дорад?

0

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз исёни навбатӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Дар иттилоияи ин Кумита, ки 3-юми феврали соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар пайи исён 10 маҳбус кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Кумитаи наҷоти зиндониён аз ҷузъиёт ва дар кадом зиндон сурат гирифтани исён чизе нагуфтааст.

Ҳамчунин мақомоти расмии кишвар то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо чанд манбаъ имрӯз дар суҳбат бо Azda.tv аз эҳтимоли вуқуи ҳодисае дар зиндони куҳнаи шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Аз ҷумла, як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки “имрӯз соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ дар зиндони куҳнаи Ваҳдат чӣ ҳодисае рух додааст, аммо аз тафсилоташ хабар надорам”.

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар гуфт, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мошинҳои низомиро дидааст, ки сӯйи шаҳри Ваҳдат мерафтанд. Ӯ илова кард, ки алоқаи мобилӣ дар атрофи зиндони шаҳри Ваҳдат қатъ шудааст.

Инчунин Сайидисҳоқ Бобоев, узви ҲНИТ дар суҳбат ба Azda.TV гуфт, ки “нафаре барои расондани озуқаворӣ ба пайвандаш дар назди зиндон мунтазир будааст, ки ҳамон вақт тирпаронӣ шуруъ мешавад ва ӯро кормандони зиндон аз он ҷой меронанд.” Ба гуфтаи Бобоев, дар пайи ин ҳодиса 11 зиндонӣ кушта ва 4 нигаҳбон захм бардоштаанд.

Azda.tv ин хабарро натавонист мустақим аз манобеи расмӣ тасдиқ кунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2019 бар асари ошӯби сохтаи мақомот дар зиндони шаҳри Ваҳдат 29 маҳбус ва се нозири зиндон, аз ҷумла Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) кушта шуда буданд.

Тақлиди хонасозии Душанбе аз Дубай ва шикояти сокинон аз нархи хонаҳои бесифат

0

Биносозиҳои худсарона ва бемасъулиятона дар шаҳри Душанбе вокуниши сокинони пойтахтро ба бор овардааст.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, биносозон девори як бинои баландошёнаро мекананд ва порае аз девор ба замин назди як роҳгузар меафтад, ки байни ӯ ва фоҷеа хеле фосилаи кам боқӣ мемонад, хушбахтона ӯ осеб намебинад. 

Чунин наворе ҳафтае пеш дар саҳифаи “intercomlte” дар шабакаи Инстаграм гузошта шудааст, ки то ҳол онро беш аз 11 ҳазор корбар дидааст. Дар навор садои зане шунида мешавад, ки ҳодисаро шарҳ медиҳад ва ӯ бо тааҷҷуб мегӯяд, ки чӣ гуна мешавад бидуни ба назар гирифтани қоидаҳои бехатарӣ дар маркази Душанбе чунин кореро анҷом дод?

Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҳодиса дар кӯчаи Беҳзод 2, дар маркази пойтахт ҳангоми вайрон кардани бинои дуошёна рух дода ва ин ки касе дар ин ҳодиса зазрар надидааст, ба муъҷиза монанд аст. Чун ҳангоми ғалтидани девор ҳам мошине аз он ҷо убур мекард ва ҳам марде дар роҳрав истода буд ва девор дақиқан дар пеши пои мард меафтад. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овардааст. 

Дар гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ ҳамчуин навори дигаре нашр шуда, ки дар он сифати пасти хонаи баландошянаи сохташуда дар Душанбе интиқод мешавад. Ба гуфтаи шореҳи ин навор, (арматировнияи) ин бино комилан хато ҷобаҷо шудаву аз стандарти биносозӣ хело дур аст. 

Чанд соли охир дар Тоҷикистон бо шиори “Душанбе мисли Дубай шидааст” биноҳои зиёде сохта шуд, ки аксаран аз ҷониби ширкатҳо ё мақомдорон ва ё шахсони ба онҳо наздик бунёд шудаанд. Аммо ба назар мерасад, ки мақомот ба сифати паст ва ба меъёрҳои биносозӣ ҷавобгӯ набудани чунин биноҳоро таваҷҷуҳе намекунанд.

Чанд сол пеш рӯзноманигорон, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ бо нашри наворҳо аз биноҳои сохтаи қудои раисҷумуҳур, Бег Сабур навор паҳн карданд, ки дида мешуд, ҳангоми сохатни боноҳо қоидаҳои биносозӣ ба назар гирифта нашудаанд. Аммо мақомот ҳеч чорае барои рафъи ин мушкилӣ наадешиданд. Баракс, худи ин рӯзноманигоронро барои нашри ин наворҳо ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд. 

Дар ҳамин ҳол нархи хонаҳо дар Душанбе хело гаронанд, ки дар ҳоли ҳозири нархи як метри бурббаъ ба ҳисоби миёна ба 8470 сомнӣ ё 780 доллар баробараст. Аммо на якбору ду бор муштариёни хона дар Тоҷикистон дучори фиреби қаллобон шудаанд, ки пас аз додани маблағи хона биносоз ғайб задааст, ё як хона ба чанд нафар фурӯхта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар идораи ин масъала оҷиз мондааст. Дар ҳолатҳое, ки муштариён тибқи қарордод хонаҳояшонро дастрас намекнунанд ё бо сад камбудӣ ва норасоӣ ин хонаҳо ба онҳо мерасад. Шаҳрвандоне, ки хона мехаранд, намедонанд шикояташонро ба кӣ баранд, чун дар аксари ҳолатҳо мақомот ба доди онҳо намерасанд.

Шоҳиён ва Раҳмон расман аз мақомҳояшон барканор шуданд

0

Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби Додситони кул ва Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ пазируфт.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳоди раисҷумҳури худкомаи кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлоси 21-уми худ рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ, ки бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон қабул кард.

Инчунин аъзои Маҷлиси миллии кишвар розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кул ва Рустам Мирзозодаи 50-сола раиси Додгоҳи олии кишвар таъйин шаванд.

Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён беш аз даҳ сол раҳбарии ниҳодҳои қазоии кишварро бар уҳда доштанд.

Дар замони раҳбарии онҳо ниҳодҳои қазоии кишвар ба ниҳоди саркӯбгари мухолифону озодии баён табдил ёфта, дар Тоҷикистон боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани фаъолону хабарнигорон бештар шуда буд.

Шоҳиён дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад, аммо то ҳол Юсуф Раҳмон, ки қудои раисҷумҳур низ мебошад ба ҳеҷ мақоме таъйин нашудааст.

Посухҳои норӯшани масъулони дини Тоҷикистон баёнгари чист? Тарс ё эҳтиёт?

0

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфитии кишвар ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҷашни Сада ба ақидаи мусалмон зиддият надорад.

Дар ин бора Абдулқодирзода рӯзи 31-уми январ зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон посух дод.

Ин ҳам дар ҳолест, аксар коршиносони масоили динӣ ҷашни Садаро, ки оташ равшан кардану гирди он ниёйиш кардан аз маросими аслии он ба шумор меравад, мухолифи эътиқоди исломӣ дониста, ҷашн гирифтани онро дуруст намешуморанд.

Абдулқодирзода дар посух ба ин суол инчунин таъкид кард, ки ислом дар мавриди ҷашнҳои фарҳангӣ ва миллии миллатҳо мегӯяд: “Кадом ҷашне, ки ба ақидаи мусалмон, ибодати мусалмон ва ба шахсияти мусалмон зарар нарасонад, ҷашн гирифтани он мушкиле надорад.” Ӯ аз мазҳаби Ҳанафӣ мисол оварда гуфт, ки “Ҳар урфу анъанае, ки муқобил ба ислом нест, он иҷозат аст.”

Аммо муфтӣ дар мавриди ҷашни Сада, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ба ақидаи исломӣ муғойрат дорад ё на, аз посухи равшан худдорӣ кард, вале ин гуна ҷашнҳоро ҷашнҳои миллӣ хонд ва гуфт, барпо кардани ҷашнҳои миллӣ зарар надорад.

Аммо рӯзи душанбе, 3-юми феврал дар суҳбат бо Azda TV як коршиносони масоили динӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҷашни Сада агарчи аз ҷашнҳои қадимии миллати форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, вале аз нигоҳи динӣ мухолифи ақидаи исломӣ аст. Ӯ барои исбот ба иддаояш гуфт: “Дар ин ҷашн оташ аз як сӯ мазҳари қувват ва нерӯи ҷудо аз Худо аст ва аз сӯи дигар аз Худо ҳам ҷудо нест, ки маҳз ингуна боварҳо мухолифи ақидаи исломиянд.”

Инчунин дар ин нишасти матбуотӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз ошкор посух додан худдорӣ кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин нишаст аз Давлатзода пурсид, омори як сол пеши Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гаравидани 4500 ҷавони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ боис шуд, ки расонаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро кишвари дорои сатҳи баланди ифротгароӣ арзёбӣ кунанд, таҳлилҳо ва ташхиси Кумитаи дин чӣ гуна аст, оё дар Тоҷикистон воқеан рӯҳияи ифротгароӣ зиёд аст ё ин омор ягон ангезаи дигар дорад?

Давлатзода дар посух ба ин суол гуфт, ки “Шумо ҳамаатон огоҳ ҳастед, ки беш аз 2 ҳазор шаҳрвандони мо дар сафҳои ДИИШ буданд, ин як чизи исботшуда аст. Ва дар баробари ин ҳолатҳое ҳаст, ки ҷавонон аз нафаҳмидан ё ин ки фирефта шудан ба гурӯҳҳои экстремисӣ мепайванданд ва ин то ҳол идома дорад.” Ӯ бо таъкид гуфт, “он чизҳое, ки дар суханони президенти кишвар дарҷ гардида буданд, воқеият дорад.”

Раиси Кумитаи дини кишвар ба ҷуз таъйиди суханҳои раисҷумҳур мисли Абдулқодирзода аз посухи рӯшан худдорӣ кард ва нагуфт, ки таҳлилҳои худи Кумитаи дин дар ин маврид чӣ аст ва оё сатҳи ифротгароӣ дар кишвар дар ҳақиқат рӯ ба афзоиш аст?

“Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои Boeing-и нав мехарад

0

Бино ба гузориши Flightglobal, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон қарордоди харид аз ҳавопаймоҳои Boeing 737 MAX 8-и ширкати “Боинг”-ро имзо кардааст.

Дар ҳоли ҳозир “Сомон Эйр” аз ҳавопаймоҳои Boeing-и 737-и 800 ва 737-и 900 истифода мекунад.

Манбаъ гузориш медиҳад, ки навъҳои Max 8-и ширкати ҳавопаймоии Boeing соли 2026 ба ширкати “Сомон Эйр” таҳвил дода мешаванд.

Абдулқосим Валиев, мудири кулли “Сомон Эйр” дар ин бора мегӯяд: “Бастани ин қарордод ҷузъе аз барномарезии дарозмуддати мо аст, ки он аз ҷумлаи навсозӣ ҳавопаймоҳо ва боло бурдани кайфияти хидматрасонӣ ба муштариён аст.”

“Ин ҳавопаймоҳо ба оператор имкон медиҳанд то шабакаи парвозҳои худро вусъат бахшад, теъдоди парвозҳои худро зиёд кунад ва баҳрабардорӣ аз технологияҳои навин дар ихтиёрашон қарор мегирад”, – мегӯяд Валиев.

Ин шабака роҳҳои мустақим аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистонро шомил мешавад.

Гуфта мешавад, аз соли 2019 инҷониб ин ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ ба дунболи ба даст овардани 2 адад аз ҳавопаймоҳои “Boeing 737-и MAX 8” буд. Ин ширкат мехоҳад ҳавопаймоҳои кӯҳнашудаи Boeing 737 NG-ро иваз кунад. Пештар “Сомон Эйр” дар фикри харидани ҳавопаймоҳои арзонтар аз дигар ширкатҳо буд.