10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 13

Афтид ё афтонданд? Марги як додрас ба сабаби афтодан аз ошёнаи 9-ум

0

Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон аз хонааш аз ошёнаи 9-уми биное дар шаҳри Душанбе афтода, ҷон додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ин ҳодиса пеш аз нисфирӯзии 13-уми январ дар маҳаллаи Гулистон ва ё маъруф ба “Сирк” рух додааст.

Дар маҳали ҳодиса гурӯҳе аз мардум ва кормандони милиса низ ҷамъ омада, як маъмури милиса афтодани додрасро ба ин расона тасдиқ карда, гуфтааст, ки тафтиши ҳодиса идома дорад ва ҷузъиётро баъдан маълум хоҳанд кард.

Маълум нест, ки ин мақомдори тоҷик тасодуфан афтодааст ё худро партофтааст ва ё ӯро касе куштааст.

Гуфта мешавад, Ҷамшед Ҷамшедзодаи 52-сола зодаи деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа, соҳиби се фарзанд будааст. Ӯ аз соли 2011 то соли 2019 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буда, соли 2019 бо пешниҳоди раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додраси Додгоҳи конститутсионӣ интихоб шуда буд.

Дар ҳолати ҷангӣ ҳам сокинони Украина барқ доранд. Дар Тоҷикистон чӣ?

0


Пас аз ҳамлаи мушакии Русия дар шаби 8-уми январи соли ҷорӣ, ки инфрасохтори энергетикии Днепр зарари ҷиддӣ дид, сокинони баъзе аз ноҳияҳои ин шаҳр беш аз чор шабонарӯз аст, ки бе барқ мондаанд.

Дар робита ба вазъияти душвори пешомада, мақомоти шаҳр ба чораҳои изтирорӣ даст зада, генераторҳои сайёрро назди биноҳои истиқоматӣ бурда, мардумро бо барқ таъмин карданд.

Яке аз чунин генераторҳоро шаҳрдори Днепр Борис Филатов нишон дода, ба расонаҳо гуфтааст, ки ширкатҳои энергетикӣ наметавонанд қисме аз ноҳияҳои соҳили чапи Днепрро зуд ба шабака пайваст кунанд, бинобар ин қарор қабул шуд, ки хонаҳои бисёрошёнаро мустақиман аз генераторҳои сайёр бо барқ таъмин намоянд.

Шаҳрдор ҳамчунин таъкид карда, ки корҳо дар шароити ниҳоят мушкил анҷом дода шуда, ҳарорати ҳаво то –12 дараҷа паст шудааст ва ҳатто сӯзишвории дизелӣ ях мебандад. Ба гуфтаи ӯ, баъзе энергетикҳо беш аз 72 соат хоб накардаанд ва маҷбуранд назди генераторҳо истироҳат ва сокинонро бо барқ таъмин кунанд.

Дар пасманзари рӯйдодҳои Украина, вазъият дар баъзе кишварҳои осоишта боз ҳам барҷастатар менамояд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҷанг ва ҳамла ба инфрасохтори энергетикӣ вуҷуд надорад, солҳост лимити нерӯи барқ, махсусан дар фасли тирамоҳу зимистон ҷорӣ аст.

Мақомотии Тоҷикистон қатъшавӣ ва маҳдудиятҳои барқро ба “шароити обу ҳаво” ва “норасоии об” дар обанборҳо барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ рабт медиҳанд. Дар натиҷа, сокинони бисёре аз ноҳияҳои деҳот ва ҳатто шаҳрҳо ҳамагӣ 2 соат барқ доранд, ки вазъи зиндагии сокинонро ин ҳолат бадтар кардааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин тафовут бозгӯйи он аст, ки на ҳама чиз танҳо ба шароити беруна вобаста буда, балки бисёр чиз аз авлавиятҳои сиёсати мақомдорони кишварҳо низ рабт дорад.

Созишномаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон тасвиб шуд

0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 9-уми январи соли 2026 созишномае миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тасвиб расонид, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ дар қаламрави якдигар ҳузур дошта бошанд.

Ба гуфтаи намояндагони парлумон, тарҳи ин созишнома ҳанӯз 1-уми феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Аммо ба сабаби даргириҳои мусаллаҳона миёни ду кишвар сари марзҳои муштарк, иҷрои он ба таъхир афтод.

Гуфта мешавад, “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандон” ба танзими ҳуқуқии сафар ва иқомати муваққатии шаҳрвандони ду кишвар дахл дорад.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфта, ки созишнома ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, осон кардани рафтуомад ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони ҳар ду давлат мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар созишнома тартиби воридшавӣ, будубоши муваққатӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин вакили парлумон Шуҳрат Ғанизода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ин созишномаро шаҳрдода, таъкид кардааст, ки мутобиқи ин созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳақ доранд то 60 рӯз бе сабти расмӣ дар қаламрави якдигар қарор дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ин қарор дар ҳоле қабул мешавад, ки моҳи марти соли 2025 президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоӣ оид ба муайянсозии марзи давлатии ду кишварро ба имзо расониданд.

Пас аз имзои раисҷумҳурон, бо ҳузури сарони давлатҳо ду гузаргоҳи марзӣ боз гардид, марзе, ки беш аз чор сол баста буд, расман дубора фаъол шуд. Рӯзҳои 18–19-уми марти соли 2025 парлумонҳои ҳар ду кишвар ин санадро тасдиқ карданд.

Қуръакашии Ҷоми ФФТ-2026: 10 даста дар минтақаи Душанбе ба рақобат мепардозанд

0

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми январ маросими қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 баргузор гардид.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа пеш аз оғози мавсими нав доир шуда, ба унвони яке аз рақобатҳои муҳими сол ба ҳисоб меравад.

Марҳилаи аввал дар се минтақа — Душанбе, Суғд ва Хатлон сурат мегирад. Дар минтақаи Душанбе бозиҳо аз 23-уми январ оғоз ёфта, 10 даста барои роҳхат ба даври ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Пас аз қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Аз ин минтақа танҳо чаҳор дастаи пешсаф имкон пайдо мекунанд, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ ёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Рангон», «Сардор», «Регар-ТадАЗ», «Шоҳмансур», «Шодмон».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе», «Ҳосилот», «Саройкамар», КМВА, «Барқчӣ».

Ҷоми Федератсия бо фонди умумии ҷоизавии 100 ҳазор сомонӣ баргузор мегардад. Ғолиби мусобиқа бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад. Барои ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши омори кушташудаҳо дар эътирозҳои хиёбонии Эрон

0

Дар пайи эътирозҳои хиёбонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон наздики 650 нафар аз тазоҳургарон ва ҳудуди 110 нафар аз маъмури интизомӣ кушта шудаанд.

Расонаи ғайридавлати “Ҳароно”, ки марбут ба гурӯҳҳои мухолифи режими Эрон аст, дар як гузорише аз кушта шудани 250 нафар танҳо дар шаҳри Каҳрезаки шаҳристони Рай, ҷануби Теҳрон хабар додааст. Ин расона омори кушташудагон дар тазоҳуроти Эронро ҳудуди 540 нафар мегӯяд. Аммо то ҳол оморҳои расмие вуҷуд надорад, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ кунад.

Дар ҳамин ҳол Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар гузорише рӯзи сешанбе омори кушташудагон аз ҷониби тазоҳургаронро 648 нафар эълон кард. Ин созмони байналмилалӣ таъкид мекунад, ки омори пешниҳодшуда ҳадди ақал аст ва шояд омори воқеӣ аз ин ҳам бештар бошад. Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки мақомоти эронӣ дасти кам то 10 ҳазор нафар аз тазоҳургаронро боздошт кардаанд.

Аммо расонаҳои давлатӣ аз Абдураҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон анвиштанд, ки мегӯяд, Исроил ва Амрико бо истифода аз вазъи ноороми кишвар гурӯҳҳои силоҳбадасти аъзои ДИИШ-ро барои куштани нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ ва мардуми осоишта вориди Эрон кардаанд.

Хабаргузории давлатии Эрон – “Тасним” иттилоъ дод, ки ҷомеаи варзишии кишвар аз мардум талаб намуда, ки бар зидди тазоҳургарон ба майдо бароянд. Ин расонаи давлатӣ мегӯяд, ҷомеаи варзишии кишвар аз ҳама мардум, бавежа варзишгарон даъват намуда, ки 12-уми январ дар саросари кишвар ба майдонҳо бароянд ва “мушти маҳкаме бар даҳони террористҳои амрикоии саҳюнистӣ бизананд.”

Ин дар ҳолест, ки мавҷи эътирозҳо дар ин кишвар то рафт афзоиш ёфта, аксар шаҳру вилоятҳои ин кишвар шоми рӯзи душанбе низ шоҳиди таҷаммуоти густарда буданд. Эътирозгарон бар иловаи талаби ислоҳоти вазъи иқтисодӣ, инчунин истеъфои ҳукуматро низ талаб доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гашта, ки гуфта мешавад, бархе аз тазоҳургарони хиёбонӣ, ки маълум нест аз кадом гурӯҳанд, даст ба харобкориҳо зада, бинои давлатӣ, аз ҷумла идораҳои пулис ва амниятро ба оташ кашиданд.

Расонаи ББС ва дигар расонаҳои мухолифи Эрон аз манобеи худ менависанд, ки пулис дар либоси мардуми оддӣ дар байни эътирозгарон ворид шуда, ба сӯи мардум тир мекушоянд. Аммо расонаҳои давлатӣ Эрон мегӯянд, инҳо гурӯҳҳои махсуси силоҳбадасти ҷонибдори Исроилу Амрико ҳастанд, ки вориди майдонҳо шуда, нерӯҳои амниятӣ ва мардуми оддиро мекушанд.

Идомаи ҷойивазкунии мақомдорон

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро бо таъйину ҷойивазкунии мақомдорон оғоз кард.

Имрӯз, 12-уми январ дар Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироту ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон собиқ муовини якуми вазири адлия Ализода Нигина, собиқ сафири Тоҷикистон дар Утриш Қаландар Идибек ва Бойзода Санои Шодӣ муовинони вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудаанд.

Бо як қарори дигари Ҳукумат курсии холии директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Ализода Довуд муовини якум ва Муқимӣ Дилором муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Дар идомаи ин тағйироту ҷойивазкуниҳо Раҳмон номзадии Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икромро барои вазифаи додраси Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одилро барои вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ, ҳамчунин муовинони додрасҳоро дар додгоҳҳо ва додгоҳҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз кардааст.

Бояд гуфт, ин ягона тағйиру ҷойивазкунии мақомдорон дар соли 2026 набуда, пештар раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аксари раҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва чанд раиси шаҳру ноҳияҳои кишварро низ иваз карда буд.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Маблағи ҳаҷ барои соли 2026 маълум шуд

0

Маблағе, ки ҳоҷиён соли ҷорӣ барои анҷоми фаризаи ҳаҷ пардохт мекунанд, аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Хабаргузории “Авесто” бо такя ба сухангӯи ин ниҳод Афшин Муқим иттилоъ дод, ки арзиши анҷом додани фаризаи ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2026, 53 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид. Ба гуфтаи манбаъ, ин маблағ нисбат ба соли гузашта 3,8 ҳазор сомонӣ камтар аст. Соли гузашта арзиши ҳаҷ 56,8 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

Ба таъкиди сухангӯи Кумитаи дин, маблағе, ки ҳоҷиён барои ин сафари ибодатӣ пардохт мекунанд, танҳо ба таври ғайринақдӣ ва тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Кумитаи дин ҳамчунин тавзеҳ дода, ки маблағи муайяншуда барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхонаҳо дар Макка ва Мадина, таъмини севақтаи хӯрок, пардохти хизматрасонии роҳбаладон, фароҳам овардани шароит дар Мино, Арафот ва Муздалифа, инчунин барои қурбонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, маблағҳо барои нақлиёт, суғуртаи тиббӣ, боҷу пардохтҳои давлатӣ ва таъмин намудани зоирон бо адабиёти динӣ масраф мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи дин аллакай қабули ҳуҷҷатҳо барои адои ҳаҷ дар соли 2026-ро ба анҷом расонидааст. Ба гуфтаи Афшин Муқим, “Имсол тибқи талаботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ қабули ҳуҷҷатҳо дар кишварҳо нисбат ба солҳои гузашта барвақт оғоз гардид.”

Кумитаи дин шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки ба таблиғоти ширкатҳое, ки иддао доранд мардумро ба ҳаҷ мефиристанд, бовар накунанд, зеро чунин ташкилотҳо салоҳияти расмӣ надоранд. Ирсоли шаҳрвандон ба ҳаҷ танҳо тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.

Аммо ба назари бархе сокинон, маблағи муайян намудаи Кумитаи дин барои адои фаризаи ҳаҷ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гарон аст. Аз ин хотир чанд соли ахир аксари шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба ҳаҷ бираванд, тариқи Узбекистон ва ё ба тариқи Русия арзонтар ва бо шароити беҳтар сафар мекунанд.

Ҳамла ба муътаризони эронӣ дар Лос-Анҷелес

0

Рӯзҳои охир сокинони Эрон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба баргузории роҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эрон идома медиҳанд.

Рӯзи 11-уми январ ҳангоми баргузории тазоҳурот дар минтақаи Westwood-и шаҳри Лос-Анҷелес, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок доштанд, як ҳодисаи пуртаниш рух дод. Ба иттилои шоҳидон, як мошини боркаш ба самти эътирозгарон ҳаракат кард, ки боиси хашму изтироби ҷамъомадагон гардид.

Гуфта мешавад, ронандаи мошин бо шиорҳое чун “No Shah” (зидди бозгашти шоҳи пешин), “No Regime” (зидди режими ҳокими кунунӣ дар Эрон), “USA: Don’t Repeat 1953” (ишора ба рӯйдодҳои соли 1953 бо дахолати ИМА ва Бритониё) ва “No Mullah” (мухолифат бо ҳукумати рӯҳониён) мавқеи худро баён кардааст.

Пас аз ин ҳодиса, бархе аз эътирозгарон талош карданд, ронандаро боздоранд ва ӯро маҷбур созанд мошинро тарк кунад,чанде аз онҳо ба сӯйи мошин давида, ронандаро бо мушт ва чӯб задаанд ва тирезаҳои мошинро шикастаанд.

Пулис ба ҷойи ҳодиса расида, ронандаро боздошт кардааст. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин даргирӣ як нафар ҷароҳат бардоштааст. Мақомот ҷузъиёти бештар дар бораи вазъи саломатии ҷароҳатдида ва ангезаҳои дақиқи ҳодисаро то ҳол эълон накардаанд.

Кушта шудани як варзишгари тоҷик

0

Шаби 10 ба 11-уми январи соли 2026 варзишгари 19-солаи тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар як муноқиша кушта шудааст. Дар бораи маҳалли дақиқи рух додани ҳодиса то ҳол маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.

Ба иттилои блогери муқими Амрико Сироҷов Шаҳром, маъруф ба “Шаҳромак Америка”, ки бо истинод ба наздикони ин варзишгар хабар додааст, ҳодиса дар ҷараёни муноқиша миёни ҷавонон дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадалӣ бар асари зарби корд ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Сироҷов Шаҳром дар як навор изҳор доштааст, ки ҳодиса дар шаҳри Душанбе рух додааст. Аммо дертар бо нашри навори дигар гуфт, ки ин воқеа на дар Душанбе, балки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон рух додани ҳодисаро ба хабаргузории “Азия-Плюс” тасдиқ кардааст. Аммо намояндагони ин ниҳод маҳалли дақиқи ҳодисаро зикр накардаанд. Онҳо танҳо гуфтаанд, ки ҷасади Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудааст.

Ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дурбинҳои мадорбастаи маркази бозиҳои компютерӣ паҳн гардидааст. Дар ин навор дида мешавад, ки тақрибан нуҳ наврас бо ҳамдигар муноқиша доранд. Муноқиша чанд сония идома карда, сипас мушоҳида мешавад, ки яке аз наврасон ба замин меафтад. Мақомот то ҳол аслияти навор ва иртиботи онро бо ин ҳодиса расман шарҳ надодаанд.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки чунин ҳодиса дар қаламрави ин шаҳр ба қайд гирифта нашудааст. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон изҳор доштаанд, ки дертар дар ин бора шарҳи расмӣ медиҳанд. Аз идораи пулиси пойтахт ва ВКД Тоҷикистон то ин лаҳза ба зангҳои пайвастаи рӯзноманигорон посух надодаанд.

Ба ҳамин далел, сабаби ихтилоф дар бораи маҳалли рух додани ҳодиса то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар риштаи муҳорибаҳои омехта тамрин мекард вв яке аз наврасони умедбахши варзиши тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, аз ҷумла қаҳрамони соли 2024 буд. Дар соли 2025 дар корномаи варзишии худ 8 ғалаба дар рақобатҳои касбӣ сабт карда буд. Инчунин ӯ барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ Муҳорибаҳои омехта ба шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуда, дар он мусобиқа сазовори ҷои аввал гардида буд.

Занозанӣ ва муноқиша дар миёни наврасон ва ҷавонон, бахусус хонандагони мактаб, бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Мақомот ва воситаҳои ахбори омма борҳо аз занозаниҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ гузориш додаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба марг анҷомидааст.

Буҳрони сиёсӣ дар Эрон. Эътирозҳои густарда кишварро ба куҷо мебарад?

0

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукумат густардатар шуда, мардум истеъфои раҳбарони феълии ин кишварро талаб доранд.

Охири моҳи декабр эътирозҳои мардумӣ дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон сар зад. Дар рӯзҳои аввал эътирозҳо бо норозигӣ аз вазъи иқтисодӣ, болоравии нархҳо, коҳиши арзиши пули миллӣ дар баробари доллар ва мушкилоти маишӣ оғоз шуданд, вале тадриҷан онҳо ба талабҳои сиёсӣ ва шиорҳои зидди ҳукуматӣ табдил ёфтанд.

Ба иттилои манбаъҳои гуногун, эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Машҳад, Шероз, Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои бузург баргузор шуда, дар баъзе мавридҳо ба бархӯрд миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон анҷомид. Гузоришҳо аз кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандон, ҳамчунин боздошти даҳҳо нафар ҳикоят мекунанд, вале ба далели маҳдудиятҳои иттилоотӣ дар ин бора омори дақиқ вуҷуд надорад.

Телевизиони расмии Эрон рӯзи ҷумъа, 9-уми январ аз эътирозҳои майдонӣ гузориш дода, аз кушта шудани эътирозгарон хабар дод. Мақомоти расмии ин кишвар эътирозгаронро “агентҳои хориҷии террористӣ”-и вобаста ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил номида, мегӯянд, ки маҳз ин гурӯҳ даст ба хушунат мезананд ва чандин маконҳои асосӣ ва идраҳои давлатиро оташ заданд.

Расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти Эрон дар посух ба авҷ гирифтани эътирозҳо, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бисёре аз минтақаҳо маҳдуд кардаанд. Ба гуфтаи мақомдорони эронӣ, ин чораҳо барои “таъмини амният ва пешгирӣ аз бесуботӣ” андешида шудаанд. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ ин иқдомҳоро ҳамчун маҳдудсозии озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот интиқод мекунанд.

Раҳбарони Эрон мегӯянд, дар паси ин эътирозҳо дасти хориҷиён аст ва ҳушдор додаанд, ки бо ҳар гуна нооромӣ бархӯрди қонунӣ сурат хоҳад гирифт. Дар айни замон, гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон ва шахсиятҳои сиёсии дар хориҷ аз кишвар мардумро ба идомаи эътирозҳо даъват мекунанд.

Ба назари таҳлилгарон ва ва ниҳодҳои байналмилалӣ, таҳаввулоти ахири Эрон нисбат ба солҳои 2022-2023 ба сабаби истифодаи зӯр ва хушунат алайҳи эътирозгарон ва инчунин оташ задани мошинҳо ва идораҳои давлатӣ аз ҷониби эътирозгарон вазъро ташвишовар ва ҷиддитар кардааст. Бархе кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҳукумати Эрон хостаанд ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодиҳои асосиро риоя намояд.

Нозирон бар ин назаранд, ки идомаи буҳрони иқтисодӣ дар баробари норозигии амиқи иҷтимоӣ метавонад вазъро боз ҳам печидатар кунад. Гуфта мешавад, ояндаи ин эътирозҳо то ҳадди зиёд ба шеваи бархӯрди ҳукумат ва тавоноии он дар идораи буҳрони кунунӣ вобастааст.