Президети Тоҷикистон дар ин суханронии худ таъкид кард, ки имрӯзҳо бо саҳмгузорӣ кардани давлат ва бархе “соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ” ва кумакҳои онҳо “барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад.”
Хадамоти матбуоти Президент бо нашри гузорише гуфта, ки Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ таъкид кард, “дар вазъияти печидаи ҷаҳони имрӯза масъулияти ҳамаи сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, марзбонон даҳчанд меафзояд. Онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд ва омодагии худро ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.”
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки муддати беш аз се даҳсола дар раъси қудрати Тоҷикистон қарор дорад ва бо гузашти беш аз 30 сол то ҳол натавонистааст, ки мушкилоти рӯзмараи марзбонони кишвар, бахусус аскарону афсаронро бароварда кунад. Дар ин раванд, ба эътирофи худи ӯ, дар ҳоли ҳозир қисме аз мушкилоти зиндагӣ ва нигоҳубини онҳоро соҳибкорони ватанӣ ва бархе мушкилоти техникии онҳоро низ дар аксар маврид кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Чин бо таҷҳизоти куҳана ва қадимаи худ таъмин мекунанд.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хост, даст аз таъқиби хабарнигорони расонаи мустақили Azda.tv дар хориҷ ва пайвандонашон дар дохили кишвар бардоранд, то онҳо бидуни тарс аз фишор кор карда тавонанд.
CPJ аз қавли Муҳаммадҷон Кабиров, мудири “Azda.tv” навиштааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон пайвандони панҷ хабарнигори расонаро дар робита ба корашон борҳо даъват, бозпурсӣ ва таҳдид кардаанд. Кабиров мегӯяд, ки таъқиби аъзои хонаводаи хабарнигорон чанд сол боз идома дорад, аммо дар моҳҳои ахир шиддат гирифтааст.
Илова бар ин, чаҳор хабарнигори “Azda.tv” ҳамроҳ бо чандин рӯзноманигори тоҷики паноҳҷӯ дар рӯйхати ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Русия, ки дар авоили соли ҷорӣ нашр шуда буд, шомиланд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияи мустақили русии “Медиазона” рӯйхати пурраи афроди таҳти пайгарди Вазорати корҳои дохилии Русияро нашр кард. CPJ мегӯяд, дар ин рӯйхат метавон номи чанд рӯзноманигори тоҷик, аз ҷумла Кабиров, Раҳматулло, Низомов ва Мағзумзода аз Azda.tv, журналистон Шарифов, Абдуманон Шералиев, Тахмина Бобохонова ва Соима Саидова аз Паём, Муҳамадикбол Садриддинов (Садурдинов), муассиси пойгоҳи Ислоҳ ТВ, инчунин рӯзноманигори мустақил ва фаъол Темур Варқӣ (Кличев) ва рӯзноманигорони помирӣ Анора Саркорова ва Рустам Ҷонӣ (Ҷониев)-ро пайдо кард.
Муҳаммадҷон Кабиров ба CPJ гуфтааст, ки “шубҳае нест, ки мақомоти Русия онҳоро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар он ҷо ҷойгир кардаанд”.
Дар изҳороти CPJ гуфта мешавад, ки Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар пайваста Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо танқид мекунанд ва CPJ борҳо ҳуҷҷатгузорӣ кардааст, ки чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон аз хешовандони хабарнигоронро барои кори онҳо мавриди ҳадаф қарор медиҳанд ва қасос мегиранд.
CPJ қаблан гузориш дода буд, ки чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон хешовандони рӯзноманигорони дар хориҷбуда Ҳумайрои Бахтиёр, Мирзо Салимпур ва Анора Саркороваро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Соли гузашта мақомоти Русия бародари Шавкатҷон Шарипов, мудири хабаргузории “Паём”-ро ба Тоҷикистон истирдод карда буд ва мақомот барои интиқом аз Шарипов бародорашро бо иттиҳоми бардурӯғ дар ифротгароӣ боздошт кардаанд.
“Тоҷикистон ҳамчун яке аз бераҳмтарин омили таъқиби фаромиллӣ дар ҷаҳон эътибори нангини худро нигоҳ медорад. Даҳҳо рӯзноманигорро ба фирор аз кишвар маҷбур карда, мақомот таъқиби онҳоро идома дода, наздикони онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳеч рӯзноманигоре набояд ранҷи ношӣ аз донистани ин ки наздиконашро зери хатар қарор диҳад, бикашад. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи бади ҷазоҳои фаромиллӣ даст бардоранд.” – гуфт Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню Йорк.
Дар идома хонум Гулноза Саид таъкид мекунад, ки хабарнигорони паноҳҷӯ дар пахши ахбори мустақил ва муқобила бо таблиғоти Русия дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд ва ҳукуматҳову созмонҳои рӯзноманигории ғарбӣ бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд.
Муҳаммадҷон Кабиров дар суҳбат бо CPJ гуфтааст, ки маъмурони пулис ва додситонҳои Тоҷикистон дар моҳҳои гузашта падар ва хусуру хушдомани ӯро борҳо ба “суҳбат” хонда, фишор овардаанд, то корашро бас кунаду бо ҳамсараш ба кишвар баргардад. Ба иттилои ӯ, падарарӯси 72-солааш пас аз як рӯзи бозпурсии такрорӣ дар тирамоҳи соли 2023 аз сактаи дил даргузашт.
Инчунин мақомоти интизомии Тоҷикистон хешовандони Фирӯзи Ҳайит, Шӯҳрати Раҳматулло, Амрулло Низомов ва Маҳмадшариф Мағзумзодаро барои фаъолияташон таъқиб ва моҳе ду се маротиба барои бозпурсӣ даъват кардаанд.
Дар идома раҳбари ФСБ гуфтааст, ки “тафтиш идома дорад, аммо мо аллакай бо итминон гуфта метавонем, ки ба ин ҳамла бевосита хадамоти ҷосусии Украина рабт дорад”. Ӯ инчун таъкид кардааст, ки ҳадафи фармоишгарон “осеб расонидан ба равобити кишварҳои Иттиҳод бо истифода аз омилҳои динию миллӣ мебошад”.
Мақомоти Украина то ҳол ба гуфтаҳои Бортников вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта вақте ҷониби Русия аз даст доштани хадамоти ин кишвар дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” гуфта буд, мақомоти Украина онро рад карда буданд.
Дар ҳоле Бортников аз боздошти беш аз 20 нафар хабар медиҳад, ки то ҳол номи 13 нафари онҳо расонаӣ шуда, дар миёни онҳо 12 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.
Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз шуда, тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.
Аз ҷумла, мақомоти Русия иддао доранд, чор нафареро, ки бевосита дар ин ҳамлаҳо даст доранд, боздошт кардаанд ва онҳо гуноҳи худро бар дӯш гирифтаанд.
Аммо маълум нест, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола дар чи шароите гуноҳро бар душ гирифтаанд, чун дар наворҳое, ки аз мурофиаи охир нашр шуда буд дида мешавад, ки сари ҳамаашон хам асту хеле ошуфта ва хаста ба назар мерасанд ва чунин менамояд, мӯи сари онҳо бар асари шиканҷа бо даст чинда шудааст.
Ичнунин пештар наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуда буд ва дар мурофиаи додгоҳии гузашта онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.