10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 166

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия, Владимир Путин ба ин ниҳод дастур дода, ки Ситоди генералии ҳарбӣ ба машқҳои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ омода шавад.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар ин тамринот воҳидҳои мушакии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ, авиатсия ва нерӯҳои баҳрии Русия ширкат мекунанд.

Дар иттилои Вазорати дифои Русия ҳадафи ин тамринот “омодагии ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти воҳидҳо барои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ дар ҳолати вокуниш ва таъмини бечунучарои тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Русия” гуфта мешавад.

Русия ин размоиши худро “барои омодагӣ ва посух додан ба изҳороти иғвоангез ва таҳдидҳои кишварҳои ғарбӣ ба мукобили Русия” гуфтааст.

Рӯзи оғози размоиш маълум нашудааст, вале гуфта мешавад, дар рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Бори охир чунин разсоиш дар Русия соли 1990 гузаронида шуда буд. Моҳи феврали соли 2023 Путин фармоне ба Вазорати дифои Русия дод, ки дар майдони размоишии “Замини Нав” барои озмоиши силоҳи ҳастаӣ омода бошад.

Мақомоти баландпояи Русия борҳо дар хитоб ба кишварҳои ғарбӣ ва Амрико гуфтаанд, ки кумакҳои низомии ин кишварҳо ба Украина боис шуда, ки Русия тасмими омодагӣ барои истифода аз аслиҳаи ҳастаиро бигирад.

Моҳи октябри соли 2022 Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия дар як гузорише гуфт, “агар ҷанг бо Украина дар миқёси кунунӣ боқӣ монад, Маскав аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳад кард.” Аммо дар ин гузориш таъкид мешавад, ки хатари истифодаи воқеӣ аз силоҳи ҳастаӣ ва густариши он аз нуқтаи назари Маскав дар ҳоле вуҷуд дорад, ки “яке аз кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ дар ин ҷанг мустақим дахолат кунад.”

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои шадид алайҳи мақомдорони рус ин бори чандум аст, ки танишҳои лафзӣ байни Русия ва кишварҳои узви НАТО барои таҳдид аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ садо медиҳад.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

0

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷаи Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи ВКХ-и Русия, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин суҳбат Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Ситти Ҳолл” сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ин кишвар гаштааст.

Ҳамзамон вазири рус иддао кардааст, ки “чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо одӣ мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки пештар гурӯҳи зиёде аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят карда буданд, ки марзбонони Русия дар марзи Қазоқистон онҳоро намегузоранд вориди Русия бишаванд, аммо барои шаҳрвандони Узбекистону Қирғизистон ва ғайра чунин мушкилот вуҷуд надорад.

Инчунин садҳо муҳоҷир ва ҳатто донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия мехонанд дар фурӯдгоҳҳои Внуково, Жуковский, Домодедово ва Шереметевои Русия чанд рӯз боз банд мондаанд ва ба иқрори мақомоти Тоҷикистон, онҳо дар шароити баде қарор доранд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ дар баёнияе баръакси суханҳои Лавровро гуфта, таъкид карда буд, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Дар пайи банд мондани тоҷикон дар марзҳо ва фурӯдгоҳҳои Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, 29-уми апрели соли ҷорӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сергей Григоревро ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон даъват карда, нотаи эътирозӣ супориданд.

“Рейд”-и сатру риш дар Душанбе ва атрофи он

0

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар даст ба риштарошию сатргирии шаҳрвандони кишвар заданд.

Ба иттилои манобеи Azda tv, 30-уми апрели соли ҷорӣ мақомоти амниятӣ ва интизомии Душанбе дар кӯчаву мағозаҳо ва ҳатто дохили нақлиёти ҷамъиятӣ даромада, занони сатрпӯш ва мардони ришдорро бидуни фаҳмондан ва пешниҳоди қарору дастуре маҷбур кардаанд, ки сатрро аз сарашон бигиранд ва ришашонро битарошанд.

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи сешанбе дар тамос ба Azda tv гуфт, “имрӯз худам шоҳид будам, ки дар минтақаи 46-и пойтахт кормандони милиса ва дигар мақомот занҳои сатрдорро аз маршруткаҳо мефароранд ва маҷбур мекунанд сатрашро кашида, каме дуртар сатил дорнад, дар даруни он партоянд.”

Манбаъ афзуд, ки мақомоти интизомии кишвар занҳоро барои сатрҳояшон дашном карда, мегӯянд, “агар сатратро нагирӣ то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва илова бар ин 15 рӯз зиндонӣ мешавӣ ва дар ниҳоят сатратро ҳам мегирӣ”.

То ҳол Azda tv натавонист ин иттилоъро аз манобеи расмӣ тасдиқ кунад. Вале таҷрибаҳои гузашта нишон додаанд, ки мақомоти кишвар чунин қарорҳоеро худ қабул мекунанд ва ба ҳеч расонае низ маълумоти дақиқ пешниҳод намекунанд ва сабаби чунин иқдомоти ғайри қонунияшонро шарҳ намедиҳанд.

Ба навиштаи бархе корбарон, баъд аз ҳодисаи хунини Маскав мақомоти Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳо фишорро болои шаҳрвандонаш бештар кардааст.

Azda tv аз тамоми хонандагон ва бинандагони гиромӣ хоҳиш мекунад, ки ҳар маълумоте дар ин бора дошта бошанд ва ё агар шоҳида чунин воқеаҳо шуданд, сабт карда, барои расонаӣ кардани он ба мо фиристанд, ҳувияти онҳо пинҳон мемонад.

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми апрел нашр шудааст, зикр гардида, ки “То охири рӯзи 27 апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои пойтахти Русия 954 шаҳрванди Тоҷикистон бидуни таъмини шароити муносиби санитарӣ қарор доранд.

Дар ин изҳороти вазорат таъкид мешавад, ки ҳатто дар байни шаҳрвандони дармонда дар Фурӯдгоҳои Внуково донишҷӯёни тоҷике ҳастанд, ки дар Русия аз ҳисоби квотаҳои таълимии ин кишвар таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди он ки муҳоҷири корӣ нестанд, боз ҳам ба онҳо барои ворид шудан ба Русия роҳ дода намешаванд.

Гуфта мешавад, то кунун баъд аз интизориҳои зиёд мақомоти ин кишвар танҳо ба 322 нафар иҷозати вуруд додаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба “рӯйхати хориҷшудагон” ворид кунанд. Ва шумори онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафарро ташкил медиҳад.

Вазорат таъкид мекунад, ки “чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.”

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметевои пойтахти Русия “мураккаб” хонда, мегӯяд, ки “даҳҳо тоҷикистонӣ дар минтақаҳои нигоҳдории шаҳрвандон бе шароити зарурӣ қарор доранд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддао дорад, ки ба мардуми дармондаи тоҷик сафорат ва намояндагони дипломатии Тоҷикистон кумак расонида истодаанд ва барои “расондани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар маҳал намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Москва ситоди фаврии шабонарӯзӣ таъсис додааст.”

Аммо шаҳрвандони дармонда аз дохили фурӯдгоҳҳо наворҳо сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ки дар онҳо гуфта мешавад, занони тоҷик ва дигар мардуми оддӣ барои шаҳрвандони дармонда аз ҳисоби худашон хӯрок ва дигар кумакҳои заруриро мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” аз қавли Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки вазорат “сафири Русия дар кишвар Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорид.”

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

0

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронса қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқот Ҳузайфа Муҳаммадиқболиён, муҳоҷири тоҷики муқими Фаронса низ дар вазни 52 кг қувваозмоӣ кард.

Ҳузайфа дар даврҳои аввали мусобиқа се нафарро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ ба ҳарифаш Пектас Алӣ дастболо шуд ва сазовори медали тиллову қаҳрамони куштии озоди Фаронса гашт.

Бояд гуфт, ин навҷавони тоҷик барои роҳхат гирифтан ба қаҳрамонии Фаронса дар мусобиқоти ноҳиявӣ низ бо шикаст додани чор нафар сазовори ҷойи якум гашта буд.

Ҳузайфа дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки баъд аз пирӯзияш ба ӯ Федератсияи куштии Фаронса пешниҳод кардааст, ки шомили тими миллии Фаронса шавад ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз номи ин кишвар ширкат кунад.

Инчунин Ҳузайфа мегӯяд, ки ифтихор аз он дорад, ки номи худро ҳамчун як тоҷик назди фаронсавиҳо муаррифӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Ҳузайфа, ки ҳамагӣ 17 сол дорад дорои дипломи доварии куштии озод аст.

Ҳузайфа, писари мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин буда, ӯ соли 2016 ҳамроҳи оилааш ба Аврупо муҳоҷир шудааст ва ҳоло дар Фаронса зиндагӣ дорад.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

0

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

Тавре расонаҳои исроилӣ гузориш медиҳанд, эҳтимоли судури ҳукми боздошти Натанёҳу аз сӯи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ӯро бисёр нигарон ва ошуфта кардааст.

Ҳатто рӯзномаи “Маъарив”-и Исроил, ки яке аз пурхонандатарин рӯзномаҳои дар ин кишвар аст, ба нақл аз манобеи худаш навишта, ки “Натанёҳу дар ин шабу рӯзҳо аз эҳтимоли судури қарори боздошт алайҳи худаш аз сӯи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шадидан ва ба сурати ғайриоддӣ музтариб ва парешон аст.”

Дар ин гузориш таъкид шуда, ки Натанёҳу барои пешгирӣ аз судури ҳукми боздошташ дар давоми чанд рӯзи ахир бо раҳбарони мақомҳои байналмилалии гуногун, аз ҷумла бо Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико тамосҳои телефонии зиёде доштааст.

Гуфта мешавад, Натанёҳу ба таври ғайримустақим Бойденро таҳти фишор қарор дода ва талош дорад то пеши ҳукми боздошташ бо ҳар роҳе, ки бошад гирифта шавад.

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, Шӯрои амнияти миллии ин кишвар эълом карда, ки эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳамроҳи Натанёҳу инчунин ҳукми боздошти Юаф Галант, вазири дифоъ ва Ҳертси Ҳалеви, раиси Ситоди кулли артиши Исроилро низ содир кунад.

Худи Натанёҳу рӯзи 26-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Х бо нашри паёме навишта буд: “Исроил бо раҳбарии ман иҷозат нахоҳад дод, ки ҳаққи дифоъ аз худ бо иқдоми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ тазъиф шавад. Таҳдид ба асорати раҳбарон ва сарбозони танҳо давлати демократӣ дар Ховари Миёна ва танҳо кишвари яҳудӣ дар ҷаҳон ғайри қобили қабул аст.”

Натанёҳу дар ин посташ навишта, ки дар баробари чунин қарорҳо “сар хам намекунад” ва онро намепазирад.

Дар вокуниш ба ин изҳори назари нахуствазири Исроил бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки “аз ин навиштаи Натанёҳу маълум мешавад, ки ӯ аз ояндаи худ сахт нигарон аст, чун дар ҳолати боздошт зиндонӣ шудан барои солҳои тӯлонӣ ӯро интизор аст ва барои пешгирии ин кор тамоми талошашро мекунад, то ҷанг дар Ғазза идома дошта бошад. Ҳатто нисбати эътирози мардуми худаш барои таваққуфи ҷанг ва бозгардонидани асирон аз Ғазза бетаваҷҷуҳӣ мекунад.”

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми апрели соли 2024, Вазорати корҳои хориҷии кишварамон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки бе зарурат муваққатан ба қаламрави Русия сафар накунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни шарҳу тафсилоти иловагӣ таъкид кардааст, ки “ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд.”

Ин тавсияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки баъд аз ҳодисаҳои хунини Маскав ва иттиҳомоти мақомоти Русия алайҳи бархе муҳоҷирони тоҷикистонӣ фишорҳои мақомоти Русия болои муҳоҷирони корӣ дар Маскав ва бархе дигар шаҳру вилоятҳои ин кишвар мавҷи вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Инчунин мақомоти интизомии Русия баъд аз ин ҳодисаҳо дар вилояти Маскав ва бархе дигар шаҳру вилоятҳо амалиётҳои тафтиши ҳуҷҷату асноди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистонро хона ба хона ҳам рӯи даст гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дасти кам дар даҳ соли ахир ин бори аввал аст, ки муомилаи мақомоти Русия дар муносибат бо шаҳрвандони Тоҷикистон то ин ҳад нигаронкунанда шудааст, ки Вазорати корҳои хориҷии кишвар нимашаб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки “аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.”

Аксбардории падару духтар ва домод бо Попи Рум

0

Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск ва Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, ҷонибҳо дар мавриди таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо гуфтугӯ кардаанд.

Раҳмонов дар ин мулоқот иддао кардааст, ки дар Тоҷикистон “тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.

Ҳамзамон Раҳмонов ба Франсиск гуфтааст, ки саҳми доимии ӯ дар сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.

Гуфта мешавад, Попи Рум дар Тоҷикистон намояндаи худро дорад.

Дар аксҳое, ки сомонаҳои ҳукуматӣ нашр кардаанд, дар баробари Раҳмонов ва ҳайати расмиаш, духтар ва домоди раисҷумҳур, Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Шамсулло Соҳибов, раҳбари ширкати монополист “Фароз” дида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 22-уми апрел бо сафари расмӣ дар Италия қарор дорад. Зимни сафараш Раҳмонов бо президент ва сарвазири ин кишвар мулоқот карда, 7 санади нав ба имзо расондаанд.

Мухолифони тоҷик дар назди намояндагиҳои Италия дар кишварҳои аврупоӣ алайҳи сафари ӯ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Аъзои “Гурӯҳи 24” хостанд дар шаҳри Рум низ эътироз кунанд, аммо аз ҷониби пулиси Италия барои 26 соат боздошт гардида буданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба яке аз кишварҳои аврупоӣ ва демократӣ сафар кард, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳоҳукумати Тоҷикистонро худкома номида, ӯро барои поймолкунии ҳуқуқу озодҳои мардум, набуди озодии баён ва вуҷуди садҳо зиндонии сиёсии дар кишвар, танқид мекунад.

Ҳамзамон мухолифони тоҷик пеш аз сафари ӯ ба ин кишвари аврупоӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Италия ва дигар кишварҳои Аврупо хоста буданд, ки президенти худкома ва диктаторро пешвоз нагиранд ва мисли дигар прездиентҳои кишварҳои ИДМ алайҳи ӯ низ таҳрим ҷорӣ кунанд.

Чаро шаҳрдори Душанбе инро намебинад?

0

Чандест сокинони шаҳри Душанбе аз вазъи тозагии шаҳр, аз ҷумла тоза накадани партовгоҳҳои назди баландошёнаҳо шикоят доранд.

Имрӯзҳо наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, анбуҳи зиёде аз партовҳо дар назди хонаҳои истиқоматии сокинон ҷамъ шудааст ва кормандони комуналии шаҳр онҳоро сари вақт нагирифта ва партовгоҳро низ тоза накардаанд.

Корбаре бо номи мустаори Ozodi Ozodi наворе нашр карда, ки вазъи бади як партовгоҳроеро дар кӯчаи Сомон 33/1 ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе нишон медиҳад. Бо нашри навор ин корбар навишта, ки “Мо чи тавр метавонем, сайёҳони хориҷиро ба кишвар даъват намоем, хориҷиён инро бинанд, айб ҳаст, шармаст…”

Аксар вақт сокинони пойтахт аз он нигаронӣ мекунанд, ки сари вақт тоза накардани партовгоҳҳои шаҳр, ки бӯи бади он ба хонаҳо меравад, хусусан бо фаро расии баҳору оғози ҳавои гармӣ ин вазъ агар идома пайдо кунад, сабаби афзоиши бемориҳои зиёде мешавад.

Бори аввал нест, ки сокинон аз тоза накардани партовҳо дар шаҳри Душанбе шикоят мекунанд, хусусан дар фасли тобистон чунин шикоятҳо бештар мешаванд.

Сокинон дар хитоб ба масъулини шаҳр мегӯянд, ки дар телевизионҳо ҳамеша аз ободкорӣ ва тозагӣ намоиш медиҳед, гоҳҳо ин бемасъулиятии масъулони комуналӣ ва дигар масъулини дахлдорро низ намоиш диҳед то дар фикри саломатии мардум бошанд, зеро ин партовҳо сабаби аслии пайдоиши бемориҳост.

Вале то ҳол ҳам шаҳрдорӣ ва ҳам дигар ниҳодҳои марбута хомӯшанд ва ба ин наворҳо ва дархости батакрори сокинон посухе надодаанд.

Посухи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия ба номаи КШНГЗС

0

Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон посух дод.

Қаблан КШНГЗС пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолле”, ки чандин шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто наздикони онҳо дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, бо ирсоли номае хитоб ба ниҳодҳои марбутаи Русия, дархост карда буд, ки “пайвандони боздоштшудаи ин чаҳор ҷавон фавран озод карда шаванд”. Ва ҳамчунин КШНГЗС тақозо карда буд, ниҳодҳои марбута “ба ин вазъ фаъолона дахолат карда, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ андешад” ва ҳуқуқи онҳо поймол нашавад.

Ҳамчунин аз Омбудсмен хоста шуда буд, ки “ваколатҳои худро барои дидани шахсони гумонбаршуда ва таъмини ҳуқуқи онҳо ба шаъну шараф ва мурофиаи одилона” истифода баранд.

Аммо дар посухи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия, ки сомонаи КШНГЗС онро нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Омбудсмен “ҳақ надорад ба фаъолиятҳои мақомоти тафтишотӣ дахолат кунад”. Ва ҳамчунин илова шуда, ки ин ниҳод дархости ин кумитаро “ба инобат гирифта“-аст.

Ҳамчунин ин ниҳоди ҳуқуқи инсон дар Русия дар посухаш гуфта, ки “Айни замон, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор чораҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, барои муайян кардани ҳақиқати ҳодиса тамоми чораҳоро меандешанд.