9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 183

Барқи тоҷик намедонад, ки “лимит” кай бардошта мешавад?

0

Ширкати “Барқи тоҷик” ду омилии асосии ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқилоти нерӯи барқро эълон кард, аммо нагуфт, ки кай “лимит” бардошта мешавад?

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар барои бекор шудани “лимити барқ” ба сокинони кишвар гуфт, ки намедонад, кай он бардошта мешавад. Зеро “ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад”.

Ҳамзамон масъулини ин ширкат яке аз сабабҳои асосии ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ ба мардумро дар набудани “тавозун” байни истифодабарандагон ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва замистон арзрёбӣ карда, таъкид мекунанд, ки “бо беҳтар шудани ҳаҷми резиши об, барқ ба пуррагӣ таъмин мегардад”.

Аз сӯи дигар, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” шикоят аз он доранд, ки дар соли 2023 ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 3,1 миллиард киловатсоат баробар шудааст. Ва сабабгори асосии зиёд шудани ҳаҷми талафоти нерӯи барқ омилҳои иснонӣ мебошанд.

Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” густариши фасод дар байни кормандони худро эътироф карда гуфтанд, ки “дар ҳолатҳои қоидавайркунии нерӯи барқ ҳам кормандони ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳам истифодабардагон” даст доранд ва онҳо “бо маслиҳати якдигар” чунин корҳоеро анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, ширкати “Барқи тоҷик” барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва камтар кардани “лимит” тайи 10 соли гузашта зиёда аз 14 лоиҳаҳои гуногунро бо харҷи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ амалӣ кардааст, аммо имрӯз масъулини он эътироф карданд, ки сабабгории асосии зиёд шудани ҳаҷми талафоти нерӯи барқ бархе кормандони худи ин ширкат мебошанд.

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми дуздии BMW-и 850 ҳазора

0

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мошииндуздӣ дар гузаргоҳи марзии “Тереспол”, ки бо Белорус ҳаммарз аст, боздошт кардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи мошини BMW XM -2023, ки 850 ҳазор злот (тақрибан 212 ҳазор доллар) арзиш доштааст, боздошт кардаанд.

Марзбонони лаҳистонӣ мегӯянд, ки BMW XM гаронтарин мошине ҳаст, ки дар соли ҷори мусодира шудааст ва дар соли гузашта бошад 192 худрав ба арзиши 19 миллион злот (беш аз 4 миллиону 734 ҳазор доллар) мусодира шуд аст.

Дар замони бозрасӣ аз тарафи марзбонони Лаҳистон мушахас шудааст, ки BMW XM -2023 дар Олмон ҳамчун мошини гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва дар ин бора парванда боз шудааст. Ҳоло ронанда ва мошини BMW XM -2023 барои иқдомҳои баъдӣ ба пулиси шаҳри “Тереспол” таҳвил дода шудаанд.

То ҳол назари боздоштшуда дастраси расонаҳо нашудааст ва ҳувияти ӯ низ маълум нест. Инчунин мақомоти Лаҳистон ҳам аз ҷузъиёти ин боздошт чизе нагуфтаанд.

Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла қочоқи инсон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷосусӣ, сохтани санадҳои қалбакӣ ва ифротгароӣ боздошт мекунанд, ба гуфтаи коршиносон ин боздоштҳо ба будубоши дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда таъсири манфӣ мерасонад.

Афзоиши шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон дар соли 2023 мизбони наздик ба 1,4 миллион шаҳрвандони дигар кишварҳо будааст.

Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки шумораи умумии меҳмонони кишвар дар соли гузашта 1 миллиону 358 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1 миллиону 256,2 ҳазор нафар ё 92,5 дарсад ба кишварҳои ИДМ ва 101,8 ҳазор нафар ё 7,5 дарсад ба дигар кишварҳо рост меояд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 201 000 нафарашонро сайёҳон ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 201 ҳазор сайёҳ ё 20,2% зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ба Тоҷикистон аз 121 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Узбекистон 805,9 ҳазор нафар, Русия 262,4 ҳазор, Қазоқистон 31,5 ҳазор, Чин 13,0 ҳазор, 10,8 ҳазор аз Туркия ва адигар кишварҳо сайёҳон омадаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 224 ширкати сайёҳӣ расман фаъолият доранд, ки аз ин дар ВМКБ 41 ширкати сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе 106 адад, Вилояти Суғд 45 адад, вилояти Хатлон 17 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 ширкат сабти ном шудаанд.

Дар ҳоле сафи сайёҳон дар кишвар зиёд шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ аз Бонки Осиёии Рушд 10,0 миллион доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ 15,7 миллион доллар дарёфт кардааст.

Норасоии кадрӣ ва вуҷуди фасод дар соҳаи тиби Тоҷикистон

0

Соли гузашта вазъи норасонии кадрии соҳаи тиб дар Тоҷикистон дар қиёс ба соли қаблӣ беҳтар шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми феврал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Абдуллозода, норасоии кадрӣ дар вилояти Хатлон 748 табиб, дар вилояти Суғд 545 табиб ва 55 ҳамшираи тиб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 361 табиб ва 151 ҳамшираи тиб ва дар ВМКБ 23 табиб ва 7 ҳамшираи тиб намерасад.

Вай мегӯяд, пештар ин соҳа беш аз 4 ҳазор норасоии кадрӣ дошт, вале ҳоло ин омор ба 2391 корманди миёнаи тиб расидааст. Ҳоло 91% воҳидҳои кории соҳаи тиб банд аст, ба гуфтаи ӯ, фақат 9% ҷойи кории холӣ вуҷуд дорад. Аммо ҳамшираҳои тиб 99% банд аст.

Абдуллозода мегӯяд, норасоии тақрибан 2 ҳазору 400 кадри тиббӣ чандон мушкили ҷиддӣ ба шумор намеравад, зеро ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта тақрибан 14 ҳазору 800 донишҷӯ аз колеҷҳои тиббӣ ва 2348 нафар аз донишгоҳҳои тиббии кишвар фориғу таҳсил шудаанд, ки агар инҳо ба машғул шаванд дигар мушкилӣ кадрӣ дар ин соҳа пурра бартараф мешавад.

Сабаби норасоии кадриро вазири тандурустӣ ба пиронсол шудани табибон марбут дониста, инчунин афзуд, ки яке аз сабабҳои дигари ин мушкилӣ дар давраи пандемияи COVID-19 иваз кардаеи ихтисосҳояшон будааст.

Абдуллозада мегӯяд, соли гузашта 274 табиб корро тарк карда, ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, дар ҳоле, ки ин омор соли гузашта 457 нафар буд. Ӯ гуфт, аз хориҷи кишвар 119 табиб ва 113 ҳамшираи тиб баргашта дар бемористонҳо кор мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳоле аз беҳбуд ёфтани вазъи норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ мегӯяд, ки моҳи августи соли 2023 дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, “айни замон дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 нафар ҳамшираҳои тиб намерасанд.”

Омори имрӯз пешниҳоднамудаи ӯ аз 6 моҳи пеш нишон медиҳад, ки наздики 100 нафар норасоии кадрӣ дар соҳаи тиб бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол як таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2023 дар соҳаи тандурустии кишвар гузаронида шуд, нишон дода, ки сатҳи фасод дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон хеле зиёд аст ва он дар ҳоли афзоиш аст.

Дар он таҳқиқон гуфта мешавад, ки фасоду ришвар дар ин соҳа “бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад”. Ин омил боиси тарки соҳа намудан ё ба муҳоҷират рафтани табибон мегардад. Вале Абдуллозода вуҷуди фасодро дар ин соҳа рад мекунад.

Ҳизби Имрон Хон пирӯзи интихобот шуд

0

Дар интихоботи сартосарии парлумонии Покистон ва иёлатҳои он намояндаҳои Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон аксари орои мардумфро ба даст оварданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 8-уми феврали соли 2024 интихоботи парлумонии сартосарӣ ва иёлатӣ дар Покистон баргузор шуд. Аммо Кумитаи интихобот ва раъйпурсии ин кишвар баъди 48 соат аз баргузории интихобот натиҷаҳои онро эълон кард.

Бар асоси оморҳои расмӣ, номзадҳои Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон бо раҳбарии Имрон Хон, ки пас аз мамнуъ эълон шудани иштироки ин ҳизб дар интихобот ба сурати мустақил номазадии худро пешбарӣ карда буданд, бо касби 93 курсӣ пештози ин рақобатҳои сиёсӣ мебошанд.

Ҳамзамон Ҳизби Муслим Лег-н бо раҳбарии Муҳаммад Миён Навоз Шариф низ тавонистааст, ки 75 курсӣ дар парлумонро соҳиб шавад. Ҳизби Мардуми Покистон бо раҳбарии Баловал Буту, писари Беназир Буту бошад, тавонистааст, ки ҳамагӣ 54 курсӣ дар парлумонро ба даст биоварад. Дар ин васат 60 курсиро ҳам занон ва 10 адади дигарро ақаллиятҳо миллӣ ва мазҳабӣ касб касб кардаанд. 74 курсии боқимандаро низ аҳзоб ва дигар номзадҳои мустақил соҳиб шудаанд.

Муҳаммад Навоз Шариф, раҳбари Ҳизби Муслим Лег-Н ва Биловал Буту раҳбари Ҳизби Мардуми Покистон эълон кардаанд, ки барои ташкили ҳукумат бо ҳам ба тавофуқ расидаанд. Бо ин вуҷуд ин ду ҳизб, ки аз бузургтарин ташаккулҳои сиёсӣ дар Покистон дониста мешаванд, ба танҳоӣ наметавонанд, ки ташкили ҳукумат кунанд. Зеро натавонистаанд ҳадди нисобро дар парлумон пур намоянд.

Парлумони Покистон 366 курсӣ дорад. Ҳизби Муслим Лег-Н бо раҳбарии Муҳаммад Навоз Шариф ва Ҳизби Мардуми Покистон ҳар ду дар маҷмуъ 129 курсии парлумонро ба даст овардаанд ва барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дасти кам ба 54 курсии дигар ниёз доранд.

Аз сӯи дигар хеле аз номзадҳои Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон, ки ба сурати мустақил номзадии худро пешбарӣ карда буданд, вале дар ин рақобатҳои пирӯз нашуданд, даъво доранд, ва ба додгоҳҳои маҳаллӣ шикоят бурдаанд, ки дар вақти баргузории интихобот ва шумориши оро барои ноком гузоштани онҳо мақомот ба тақаллубкорӣ даст задаанд. Иддаъоҳое, ки ҷониби ҳукумат дар ҳоли ҳозир онҳоро қабул надорад.

Гуфта мешавад, Имрон Хон, раҳбари Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон соли 2022 аз қудрат барканор карда шуд. Соли 2023 бар асоси парвандае ба 3 соли зиндон маҳкум гардид. Охири январ ва ибтидои феврали соли ҷорӣ низ бар асоси се парвандаи дигар дар маҷмуъ ба 24 соли дигар маҳкум шуд. Мақомоти расмӣ ҳузури Имрон Хон ва ҳизбашро дар ин интихобот мамнуъ эълон карданд. Номзадҳои ин ҳизб ба сурати мустақил номзадии худро пешбарӣ карда, пирӯз шуданд.

Муҳаммад Навоз Шариф эълон карда буд, ки натиҷаҳои ин интихоботро мепазирад ва аз дигар ҳизбҳои даъват карда буд, ки барои раҳоии Покистон аз мушкилот ва берун рафтан аз буҳронҳои кунунӣ бо ҳизби ӯ ҳамроҳ шуда, дар якҷогӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд. Аз сӯи дигар бархе коршиносон мегӯянд, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки талошҳои раҳбари Ҳизби Муслим Лег-Н барои ташкили ҳукумат ноком ва дубора ҳизби Имрон Хон сари қудрат биояд.

Барканории муовини Бег Сабур. Худи раис барканор намешавад?

0

Илҳомҷон Атоев, муовини қудои раисҷумҳур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар Бег Сабур аз вазифааш барканор шуд.

Дар қарори ҳукумат аз 9-уми феврал сабаби барканории Атоев “гузаштан ба кори дигар” гуфта мешавад, аммо вазифаи нави ӯ маълум нест. Инчунин то ҳол исми муовини нави Бег Сабур дар Хадамоти алоқа эълон нашудааст.

Гуфта мешавад, Илҳомҷон Атоев чанд сол боз муовини Бег Сабур буд ва дар нишастҳои матбуотӣ ба ҷойи раиси Хадамоти алоқа ӯ иштирок мекарду ба суолҳои рӯзноманигорон посух медод. Посухҳои ӯ ба суоли рӯзноманигорон баҳсбарангез ва хандахариш дар миёни мардум шуда буд. Аз ҷумла, Атоев сабабҳои суст будани суръати интернетро ба бунёди босуръати биноҳои баландошёна ва фаъол будани “bluetooth” дар телефонҳои мобилӣ гуфта буд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё баъд аз муовинаш Бег Сабур низ аз вазифа барканор мешавад. Чун корбарон бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз идораи Хадамоти алоқаро ба даст гирифтани Бег Сабур ва тимаш ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи онҳо боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Инчунин имрӯз дар дигар ниҳодҳои ҳукумат низ ҷойивазкунӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Иброҳимзода Дилшод Эмом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ” озод ва ба ҷойи ӯ Шарифзода Мумин Машокир, ки ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буд, таъйин шудааст.

Ҳамзамон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Ҷалолиддин Пириев аз мақоми муовини якуми раиси Кумитаи дин “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор шудаанд.

То ҳол вазифаҳои нави ин афрод ва ба ҷойи онҳо кӣ оварда омадааст маълум нест.

Дафтари матбуоти президент ҳамчунин аз иваз шудани сардорони чанд раёсати КДАМ бидун ному насаби онҳо хабар додааст.

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.  

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Ҳаҷ зиёрат ё тиҷорат?

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки то ҳол нархномаи хароҷоти сафари Ҳаҷ маълум нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 9-уми феврал раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфт, нархномаи хароҷоти сафари Ҳаҷ дар соли 2024 то ҳол аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор муайян нашудааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст: “Нархи сафари ҳаҷи фарзӣ то ба ҳол муайян нашудааст, нархи он бо ҳамкорӣ бо Хадамоти инҳисорӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян карда мешавад.”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки масъулияти фиристодании зоирон дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудиро дар ихтиёр дорад ва аз замоне, ки ҳукумат ин маъулиятро ба он додааст, дар муддати беш аз 14 соли ахир нархномаҳои он ҳамасола гаронтарин нархномаҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрону Покистон ва ҳатто Русия будааст.

Бо ин вуҷуд, бархе кормандони Кумитаи дин борҳо шуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амният, прокуратура ва ғайра ба гирифтани пора ва ё даст доштан дар фасод муттаҳам шудаанд.

Ҳамзамон фиристодани зоирони тоҷикистонӣ барои адои зиёрати умра низ ба сурати озод барои ҳама ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст. Ин корро Кумитаи дин ва ду ширкати хусусии дигар, ки ба он наздик мебошанд, анҷом медиҳанд.

Нархномаи зиёрати умраи ин се ниҳод нисбат ба нархномаҳои бархе ширкатҳои сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва Русия хеле гарон аст. Ба ҳамин хотир, бисёре аз тоҷикистониҳо барои анҷоми умра аз хидматрасониҳои ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ва бахусус Узбекистону Қазоқистон ва Русия истифода мекунанд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо нороҳатӣ аз ин масъала ба хабарнигорон гуфт, ки “мутаасифона, ҳастанд нафароне, ки танҳо бо дар назар гирифтани на он қадар фарқияти зиёд, ҳудуди 1000-2000 сомонӣ худашонро сарсон карда, ба воситаи кишвари ҳамсоя мераванд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо фирефтаи эълонҳо ё миёнаравҳои бардурӯғ мешаванд. Масалан, арзонтарин нархи умра аз Тошканд аз 1100 то 1400 доллар аст. Вале онҳо дар назар намегиранд, ки хароҷоти аз Душанбе то Тошканд рафтан чӣ қадар аст”.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ маъмулан барои ҳама кишварҳои исломӣ бар асоси нуфуси сокинони мусалмони онҳо, сари ҳар як миллион нафар 1000 адад саҳмия ҷудо мекунад, аммо бо вуҷуди ба 10 миллион нафар расидани шумори аҳолии Тоҷикистон то ҳол теъдоди зоирони кишвар дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ дасти кам ба 6000 нафар нарасидааст.

Гуфта мешавад, Ҳаҷҷи фарзӣ панҷумин рукне аз аркони дини ислом аст, ки вобаста ба тавонмандиҳои ҷисмонӣ, молӣ ва бехатару дар амон будан барои ҳар як мусалмон ба ҷо овардани он як маротиба дар умр фарз аст. Ҳаҷҷи фарзӣ вақту замони муайян дорад.

Маносики Ҳаҷҷи фарзӣ аз қабили тавофи Каъбаву саъйи байни Сафо ва Марва, рафтан ба Минову истодан дар Муздалифа, майдони Арафоту санг задан ҳама корҳои маълум мебошанд. Аммо умра як амри ибодатӣ буда, ҳар мусалмоне ҳар вақте хоҳад, метавонад рафта бо анҷоми тавофи Каъбаву саъйи байни Сафо ва Марва онро анҷом диҳад.

Ба иборати дираг, агар рафтан ба дидори Каъбаву зиёрат кардани мақоми Иброҳим, рафтан ба Мадинаву дидори марқади ҳазрати Паёмабари ислом Муҳаммад (с) ва ёрони бовафои ӯ, ба мисли Абубакару Умар барои зиорон ибодат бошад, ин масъала барои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ва ширкатҳои наздик ба он тайи чанд соли ахир ба як тиҷорати пурдаромад табдил шудааст. Ба ҳамин хотир гарон будани нархномаҳои хидматрасонии онҳо хеле тоҷикистониҳоро маҷбур карда, ки рафта, ба қавле “пулро бегона” карда, аз хидматрасонии ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Нархи аттестатҳо маълум шуд

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нархи ҳуҷҷатҳои хатм (аттестатҳо)-и мактабҳоро барои соли ҷорӣ эълон кардааст.

8-уми феврали соли 2024 Сарраёсати маориф шаҳри Душанбе эълон кард, ки “маблағи ҳуҷҷатҳои хатм (аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ) камтар аз 9 сомонӣ мебошанд.

Ба қавли манбаъ, нархи “ҳуҷҷатҳои хатм (аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар соли 2024 8 сомониву 63 дирам арзиш доранд ва дар сурате, ки масъулин аз он зиёдтар пул талаб карданд, тариқи телефонҳои боварӣ аз болои онҳо шикоят кунанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ниҳодҳои фасодзада ва ба қавли худи Эмомалӣ Рамҳон, хеле аз раҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, додгоҳҳову додситонҳо ва Агентии давлатии назорати моливиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба фасод даст зада, ба гирифтани пора ба маблағҳои хеле калон муттаҳам мешаванд, вале кормандони ин мақомот дар аксар маврид омӯзгоронро барои гирифтани пора дар ҳаҷми начандон зиёд боздошту зидонӣ мекунанд.

Аз як сӯ маъоши кам ва аз сӯи дигар зиёд шудани ҳазинаҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон аксари омӯзгорони кишварро муҳтоҷу дастнигар карда, Вазорати маорифро дар ҷомеа ҳамчун яке аз ниҳодҳои фасодза машҳур кардааст.

Истирдоди як муҳоҷири тоҷик аз Русия бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз “ҲАМОС”

0

Як муҳоҷири тоҷикро барои паҳн кардани наворҳои “ҲАМОС” дар Русия боздошт ва ба мақомоти интизомии Тоҷикистон сипурдаанд.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Муҳаммаднабӣ Ҷалилови 23-соларо чор нафар шоми 31-уми январи соли ҷорӣ аз ҷои иқоматаш дар Русия боздошт ва бо худ бурда буданд. Ӯ чанд муддат бе ному нишон буд, вале чанде рӯз пас дар боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе пайдо шуд.

Шоҳидон мегӯянд, се нафар аз кормандони ФМС-и Русия ва як нафар, ки худро корманди мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кард, барои боздошти Ҷалилов омада буданд.

Ин муҳоҷир дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ташкили гурӯҳи ифротгаро ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” боздошт шуда, ба ӯ аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамроҳи Ҷалилов се муҳоҷири дигари ихроҷшуда низ боздошт шудаанд.

Маълум нест муҳоҷирони ихроҷшуда бо кадом “созмони мамнуъ” ҳамкорӣ кардаанд, вале ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, “дар парванда зикр шудааст, ки ин гурӯҳ наворҳои хусусияти ифротидошта, аз ҷумла наворҳои “ҲАМОС” ва ҷангро дар Ғазза паҳн мекардаанд.”

То ҳол мақомоти Тоҷикистон боздошти ин муҳоҷирро расман шарҳ надодаанд ва пайвандонаш низ дар ин бора чизе намегӯянд.

Чанде пеш яке аз дӯстони Муҳаммаднабӣ Ҷалилов ба расонаҳо гуфта буд, ки сабаби боздошти ӯро намедонад, вале танҳо пас аз нопадид шуданаш фаҳмидааст, ки дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои “ҲАМОС”-ро паҳн мекард.

Инчунин яке аз дӯстони дигари ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки шояд барномаҳои ютубии мухолифонро тамошо карда бошад, вале дар онҳо иштирок намекард.

Гуфта мешавад, Муҳаммаднабӣ сокини ноҳияи Ёвон буда, дар ширкате дар Русия ба ҳайси ҷангалбур кор мекард. Бино ба навиштаи расонаҳо, дар саҳифаи асосии Муҳаммаднабӣ дар Телеграм акси Абу Убайда, сухангӯйи Иззуддин Қассом, шохаи низомии гурӯҳи “ҲАМОС”, гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Русия ба фарқ аз Амрикову Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “ҲАМОС”-ро созмони террористӣ намедонанд.

Интихоботи хунин дар Покистон

0

Бо вуҷуди тадобири шадиди амниятӣ интихоботи парлумонии Покистон дар Балучистон ба хоку хун кашида шуд.

Имрӯз, 8-уми феврали соли 2024 интихоботи маҷлисҳои миллии Покистон ва иёлатҳои он дар фазои шадиди амниятӣ оғоз шуд. Бо ин вуҷуди чунин вазъият, дар ду маркази раъйдиҳӣ дар Балучистон таркишҳо сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Мақомоти Покистон ба сурати расмӣ эълон карданд, ки барои таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои террористӣ ҳудуди 500 ҳазар нафар аз кормандони полис ва амниятиро дар сартосари кишвар сафарбар кардаанд. Инчунин ҳар гуна тамосҳои телефонҳои мобилӣ ва интернетиро ба сурати муваққат қатъ карданд.

Ду таркише, ки дар иёлати Балучистони ин кишвар рух дод, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ баҷо гузошт. ББС ба нақл аз шоҳидони ин ду ҳодиса ва мақомоти покистонӣ бо нашри гузорише гуфтааст, ки 28 нафар кушта ва зиёда аз 43 нафари дигар замхӣ шудаанд. Афроди кушташуда аксар онҳое будаанд, ки барои раъй додан дар интихоботи парлумонӣ аз дигар минтақаҳои Покистон ва кишварҳои хориҷӣ ба зодгоҳи худ баргашта буданд.

Гуфта мешавад, мақомоти покистонӣ таҳқиқоти худро оғоз карда, гуфтаанд, ки эҳтимол меравад, ин таркишҳо бар асари бамбҳои идорашаванда, аз пеш дар ин маконҳо ҷогузорӣ шуда, сипас аз дур тарконда шудаанд.

То ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар уҳда нагирифтааст.