19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 189

Заминларзаи сахте Чин ва Осиёи Марказиро ларзонд

0

Шаби гузашта заминларзаи сахте давлати Чин ва чанд кишвари Осиёи Марказиро ба ларза даровард, ки сокинони бархе шаҳрҳо шабро дар берун рӯз карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, маркази заминларза дар ғарби кишвари Чин буда, иқтидори он 7.1 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Мақомоти чинӣ дар пайи ин заминларза аз вайрон шудани 120 хона ва маконҳои ҷамъиятӣ гузориш додаанд.

Ҳамзамон хабаргузории давлатии “Шинҳува” (Xinhua)-и Чин гузориш дода, ки ин заминларза бештар бахшҳои кӯҳистонии ин кишварро осеб расондааст ва бар асари он то кунун 20 нафар ҷон бохта, теъдоди зиёда захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои қазоқӣ ва қирғизӣ низ аз вуқуи заминларза дар кишварҳояшон гузориш додаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодааи Қазоқистон иттилоъ дода, ки заминларза дар Қазоқистон вобаста ба минтақаҳо гуногун буд, аз ҷумла дар Алмаато то 2 дараҷаи Рихтер ва дар дигар минтақаҳо то 5.3 дараҷа ба вуқуъ павастааст.

Инчунин сокинони шаҳрҳои Бишкеку Тошканд низ заминларзаи давомдорро эҳсос кардаанд. Вале аз ҳама бештар шиддатнокии он дар Қазоқистон эҳсос шудааст. Гуфта мешавад, дар бархе шаҳрҳои ҳамсоякишварҳо сокинон аз тарси заминларза шабро дар берун рӯз кардаанд.

Расонаҳо аз маҷруҳ шудани 8 нафар дар Қазоқистон дар пайи ин заминларза гузориш додаанд. Аммо то ҳол аз омори хасорати ин заминларза дар Қирғизистон ва Узбекистон гузориш нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз вуқуи заминларза дар ҳудуди кишвар хабар надодаанд. То ҳол касе аз корбарон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуқуи чунин ҳолате иттилоъ надодааст.

Интернет дар Тоҷикистон қимат мешавад

0

Ширкатҳои “Вавилон” ва “МегаФон Тоҷикистон” ҳаққи хидматрасониҳои мобилӣ ва интернетии худро барои муштариёнаш дар Тоҷикистон беш аз 10% гаронтар мекунанд.

Бино ба иттилои корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, 22-юми январи соли 2024 бархе ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ба муштариёни худ тариқи паёмакҳо (SMS) хабар додаанд, ки шуруъ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ нархи хидматрасониҳои мобилӣ, аз ҷумла басатаҳои интернетӣ ва дақиқаҳои суҳбат кардан гаронтар мешаванд.

Дар ин бора бархе корбарон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, хабар доданд, субҳи имрӯз аз ширкати МегаФон-Тоҷикистон тариқи SMS чунин паёмҳое дарёфт кардаанд.

Рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов гуфтааст, “Хадамоти алоқа ваъдаи интернети арзону босифатро медиҳад, ширкатҳои мобилӣ ҳушдори гаронии онро (ва бе огоҳиву ҳушдор сифати хидматрасониро бадтар мекунанд). Ҳоло тарофаи бо арзиши 49 сомонӣ ба 55 сомонӣ мерасад ва барои гуфтугӯи телефонӣ пардохти иловагӣ роҳандозӣ мешавад.” Корбаре бо номи Шӯҳрат Тилалов, муштарии МегаФон-Тоҷикистон мегӯяд, “пардохти тарофаи ман моҳона 109,25с буд, ҳоло бошад смс паёмак омадаст, ки тарофаи Шумо 122с шудааст, яъне 11 сомони дигар зам шуд.”

Инчунин дар ин паёмакҳо таъкид шудааст, ки “ба арзиши зангҳои содиротӣ ба шабакаҳои мобилӣ, шаҳрӣ ва собити Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад, баъди ба поён расидани ҳаҷми дақиқаҳои тарофа нархи 1 дақиқа баробар ба 25 дирам” нархгузорӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳоле нархи хидматрасониҳои худро беш аз 10% қимат кардан мехоҳанд, ки тайи чанд соли ахир сатҳи пасти хидматрасонии молибӣ ва интернетии онҳо натанҳо мардуми деҳот, балки шаҳру ноҳияҳоро ҳам нигарон кардааст.

Байни Душанбеву Қатар санадҳои нав ба имзо расид

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ба давлати Қатар сафар кард. Зимни ин сафар ва мулоқот бо мақомҳои қатарӣ, чанд санади наве низ ба имзо расидаст.

Хадамоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин сафар Эмомалиро ёваронаш дар умури равобити хориҷӣ, иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, молия, кишоварзӣ ҳамроҳӣ кардаанд.

Инчунин раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигарон низ дар ин сафар шомил буданд.

Ба гуфтаи коршиносон, аз ҳайати ҳамроҳони Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари ӯ ба Қатарро метавон маълум кард, ки он маҳз ба хотири ҷалби сармояи бузурги Қатар ба Тоҷикистон ва инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷи Форс барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои бузурги кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот бо Амири Қатар, Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, инчунин дар чорчӯби Форуми соҳибкорони Точикистону Қатар бо иштироки вазири савдо ва саноати ин кишвар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад ва дар алоҳидагӣ бо мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб бин Қосим Оли Сонӣ ва дигар масъулони иқтисодӣ ва тиҷоратии он мулоқот кард.

Гуфта мешавад, яке аз масоили муҳиме, ки дар мулоқот бо мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” баррасӣ шудааст, ин зарурати бунёди шаҳраки нави дигар дар шаҳри Душанбе мебошад.

Ба иттилои расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқоти дуҷониба бо иштироки раҳбарони ду кишвар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

— Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

— Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

Бозии Тоҷикистону Лубнон

0

Бино ба иттилои расмӣ, 22-уми январи соли 2024 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мунтахаби миллии Лубнон дар доираи баргузории мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар қувваозмоӣ мекунад.

Пеш аз ин дар 13-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ бин Халифа”-и Давҳаи Қатар ба ҳисоби 0-0 мусовӣ анҷом дода буд.

Инчунин 17-уми январи соли ҷорӣ дар бозии баъдӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мутанахаби Қатар бар ҳисоби 0:1 ба нафъи кишвари мизбон дар Давҳа бохт. Қатар якуминшуда билофосила баъд аз пирӯзӣ ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон барои нахустин бор дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” иштирок мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон дар “гурӯҳи А” бозӣ мекунад. Ғолибони ин давра аз ҳама гурӯҳҳо ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Қатар бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки ҳоло дар ин кишвар қарор доранд, вохӯрда, онҳоро барои ин бозӣ тавшиқ кард, вале ҳеч гуна ваъдаи кумакҳои пулӣ ва молие, ки дили онҳоро гармтар кунад, надод.

Изҳори нигаронии CPJ аз шумораи зиёди рӯзноманигорони зиндонӣ

0

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри гузорише гуфт, ки 320 хабарнигор дар паси панҷара қарор доранд.

Ин гузориш, ки рӯзи 18-уми январ нашр шудааст, дар он гуфта мешавад, ки Исроил миёни кишварҳое, ки аз ҳама бештар рӯзноманигоронро зиндонӣ кардааст, пас аз Чин (44 рӯзноманигор), Мянмар (43), Беларус (28), Русия ва Ветнам, бо Эрон (17) дар ҷаҳон дар зинаи шашум қарор дорад.

Бино ба иттилои расонаҳо, бариловаи зиндонӣ шудани рӯзноманигорон тавассути Исроил, ҳангоми ҳамлаҳои ин кишвар ба Ғазза шумори журналистони кушташуда ба 119 нафар расидааст.

Ба гуфтаи гузоришгарони CPJ, рӯзноманигорон дар аксар зиндонҳои ҷаҳон шароити бад дошта, бо хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсӣ, пур будани зиндонҳо, камбуди ғизову об ва хидматрасонии бади тиббӣ рӯбарӯ мешаванд.

Аксари рӯзноманигорон ҳатто пас аз адои ҳукми зиндон бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ мешаванд ва ин натанҳо ба мавҷудияти онҳо таъсир мерасонад, балки ба ҳукуматҳои репрессивӣ имкон медиҳад, ки садои онҳоро хомӯш кунанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки баъзе ҳукуматҳо аз саркӯбии фаромиллӣ истифода бурда, хабарнигоронро берун аз ҳудуди худ таҳдид ва таъқиб мекунанд.

Пажӯҳишҳои CPJ ҳамчунин нишон додаанд, ки беш аз 65% (209) рӯзноманигорон барои гузоришҳои интиқодии худ аз ҷониби мақомомот ба паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва машғул шудан ба фаъолиятҳои зиддидавлатӣ, аз қабили терроризм муттаҳам шудаанд.

Инчунин гузоришгарони CPJ аз вазъи р=зноманигорон дар Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфтаанд, ки Тоҷикистон ҳамоно дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рӯзноманигорони зиндонияш дар ҷойи аввал қарор дорад ва мақомоти Тоҷикистон бо ҳукмҳои сангин фазои тарсолуд ва худсонсуриро дар миёни журналистон эҷод кардааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон танҳо дар солҳои 2022-2023 бо иттиҳоми сохтаи ҳамкорӣ бо “созмонҳои мамнуъ” Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов аз 7 то ба 7.5 сол, Хушом Ғулом – 8 сол, Далери Эмомалӣ – 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро ба 20 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Пештар аз ин низ, CPJ дар гузорише рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ навишта буд, ки матбуот пас аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон бадтарин аҳволро дорад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз се даҳаи дар сари қудрат будан, худро ҳамчун як ҳокими мутлақ муаррифӣ кард, ки таҳаммули мухолифатро надорад.

Халалдор шудани тиҷорат байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Бар асари танишҳои сиёсӣ ва иҷтимое, ки байни Ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон ва Покистон рух додааст, тиҷорат байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ халалдор шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Толибон таҳдид кардаанд, ки агар Покистон ба таваққуфи гузаргоҳҳои марзӣ байни ду кишвар идома диҳад, Ҳукумати муввақат барои ҳамеша ин гузаргоҳҳоро мебандад.

Ба қавли ин манобеъ, дар ҳоли ҳозир 5 гузаргоҳи марзӣ, ки молу колоҳои тиҷоратӣ байни Покистон ва Афғонистон аз тариқи онҳо интиқол дода мешаванд, ҳанӯз як ҳафта мешавад, ки мутаваққиф шудааст.

Пеш аз ин Нахуствазири муваққати Покистон Анворулҳақ Кокар гуфта буд, ки қочоқи бархе молу колоҳои тиҷоратӣ аз Афғонистон ба Покистон ба иқтисоди ин кишвар зарар овардааст. Вай аз мақомоти кишвараш хоста буд, ки назорат аз болои гузаргоҳҳои марзии Турхам, Чаман, Ғуломхонро сахттар кунанд.

Гузаргоҳи Турхам, ки яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ байни Покистону Афғонистон аст ва аксари молу колоҳои транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбекистон низ аз ҳамин масир интиқол дода мешаванд, як ҳафта боз баста аст.

Баста шудани ин гузаргоҳҳоро ҷониби Покистон дар надоштани шиноснома, виза ва набудани ҳуҷҷатгузориҳои дуруст аз ҷониби ронандагони мошинҳои борбарии Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, Толибон ҳам дар муқобил назорат аз болои шиноснома, виза ва дигар асноди ронандаҳои мошинҳои борбарии покистониро сахттар кардаанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки дар натиҷаи танишҳои сиёсӣ вазъи интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ байни Покистон ва Афғонистон ба мушкил дучор мешавад. Дар гузашта низ ин мушкил борҳо такрор шуда, дар натиҷа садҳо нафар аз тоҷироне, ки ба тиҷорати мева ва сабзавоту дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул ҳастанд, даҳҳо ҳазор доллар зарар дидаанд.

Парлумони Аврупо аз Тоҷикистон хост саркӯби расонаҳоро бас кунад

0

Парлумони Аврупо бо судури як қатънома аз саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми январи соли 2024 парлумони Аврупо бо судури як қатънома дар бораи “саркӯби давлатӣ алайҳи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон” гуфт, ки мақомот фишор болои расонаҳо ва журналистонро то ҳол идома медиҳад.

Дар ин қатъномаи пармулони Аврупо таъкид шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф садди роҳи кори хабарнигорони тоҷик дар Радиои Озодӣ ва “Азия-Плюс” мешаванд ва инчунин мақомот хешутабор ва пайвандони журналистони Azda tv-ро, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд, дар Тоҷикистон зери фишор қарор медиҳанд.

Инчунин ПА саркӯбҳои давомдор алайҳи расонаҳои мустақил, мунаққидони ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиносони мустақилро бо истифода аз қонуни зидди ифротгароӣ ва баста шудани сомонаҳои “Pamir Daily News”, “Akhbor.com” ва саҳфаи “Тоҷикистони нав 2” -ро маҳкум кардааст.

Парлумони Аврупо дар ин қатъномаи худ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз Қонуни ҶТ дар бораи терроризм ва Қонуни ҶТ дар бораи ифротгароӣ иддае аз журанлистони мустақили Тоҷикистон ба мисли Завқибек Сайидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумаев ва Хуршед Фозиловро аз 7 то 20 сол ба зиндон кардаанд.

Дар ин қатънома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бар асоси таъаҳуддоти худ дар назди созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои дунё бояд муҳити корӣ барои расонаҳо ва фаъолони мадание, ки дар бахши ҳуқуқи башар кор мекунанд, тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар таъмин намояд.

Муаллифони ин қатънома таъкид кардаанд, ки фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст ва вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад.

Парлумони Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамагуна фишору таҳдид ва шиканҷаи рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башару адвокатҳоро, ба мисли Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёров қатъ кунад. Парлумони Аврупо муътақид аст, ки ин афрод бо ангезаҳои сиёсӣ ва бар асоси ҳукмҳои ноодилона дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Тоҷикистон бояд бидуни чуну чаро онҳоро аз зиндонҳо озод кунад.

Инчунин аз созмонҳо ва кишварҳои дунё хоста шудааст, ки назорат барои таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро идома диҳанд. Ва ба журналистон ва фаъолони ҳуқуқи башарие, ки барои хориҷ шудан аз кишвар ниёз доранд, гирифтани раводидро осонтар кунанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки яке аз ниҳодҳои муътабари дунё аз вазъи ҳуқуқи инсон ва саркӯби расонаҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пеш аз ин ҳам Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ низ ҳамагуна фишору таҳдид ва таъқиби рӯзноманигорон дар Тоҷикистонро маҳкум карда буданд.

Барканории раҳбарони ВКД ва КДАМ. Ин хашми Эмомалӣ буд ё кордонии ӯ?

0

Имрӯз, 19-уми январ ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷалсаи мазкур “вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомтро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро қонеъкунанда надониста, барои боз ҳам пуршиддат кардани он фармон додааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, агар ҳукумати Эмомлаӣ мехост, метавонист ҷиноятҳои коррупсиноӣ ва фасодро дар доираҳои баланд решакан кунад, вале онҳо бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ фасодкории ҳукуматдоронро фаромӯш карда, озодандешону рафшанфикрони ҷомеаро барои интиқодҳояшон аз ҳукумат зиндонӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми январ парлумони Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шадидан интиқод карда, гуфта буд, ки мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ озодандешон ва рӯзноманигоронро зиндонӣ мекунанд ва пеши роҳи озодии матбуотро мегиранд.

Аммо, дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон иқрор карда, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасод ва ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт додааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа чанде аз мақомҳои баланди Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ҳамрои муовинонаш, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилиро аз мансабҳояшон озод кардааст.

Инчунин бо фармони Эмомалӣ Додситони вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Додситонии кули кишвар ва додситонҳои чанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шудаанд.

Ҳамзамон сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони чанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ аз вазифаҳо ронда шуданд.

Дар ин ҷаласа низ сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва чанде дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Раҳмон ҳамзамон ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода, ки 30 дарсади кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро ихтисор кунад.

Сабаби аз кор рондани сардорони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлон ва дигар навоҳии кишвар ба хотири вуҷуди “ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ” гуфта мешавад.

Якбора аз вазифа рондани масъулони калидии сохторҳои қудратӣ ва бахусус дар вилояти Хатлон суолҳоеро дар зеҳни коршиносон ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, пурсида мешавад, дар замоне ки Тоҷикистон ҳамеша аз вуҷуди хатар бо ҳамсояи худ – Толибон ҳушдор медиҳад, якбора шумори зиёди масъулони калидии сохторҳои қудратиро аз вазифаҳояшон барканор кардан чӣ паёме дорад? Аммо, бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар ин кор ду эҳтимол вуҷуд дорад: аввал ин ки дар ҳақиқат ин кормандони ниҳодҳои қудратӣ даст ба ҷиноятҳои бузурге задаанд, ки ҳаҷми онро худи Эмомалӣ медонад ва ҷуз рондани онҳо аз мақомҳояшон дигар чорае надорад ва ё ин ки дар муддати наздик Рустами Эмомалӣ ба сари қудрат мерасад ва ӯ аз ҳоло роҳро барои фарзандаш тоза дорад.

Ихтисори 30% кормандони БДА дар ВКД

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки сафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро кам кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ аз кори кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон интиқод кард.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз баргузории ҷаласаи мазкур билофосила бо судури як фармон гуфт, ки ҳадаф аз ихтисори кормандони БДА “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар фармонаш таъкид карда ки: “Воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсад ихтисор карда шаванд.”

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде аз раҳбарони мақомоти қудратӣ ва интизомӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ҳам ба сурати дастаҷамъӣ аз вазифа озод кард.

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар муддати беш аз 30 соли ҳукумронии Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно яке аз фасодзадатирин ниҳодҳо боқӣ мондааст.

Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз набуди озодии баён дар Тоҷикистон

0

Парлумони Иттиҳоди Аврупо 17-уми январи соли ҷорӣ вазъи ҳуқуқи башар ва озодии матбуот дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Шуморе аз вакилони ИА дирӯз зимни суханорониҳояшон аз мақомоти Тоҷикистон интиқоди шадид намуда, иброз доштанд, ин кишвар бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ рӯзноманигорону озодандешони зиёдеро барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст.

Комиссари ИА дар умури танзими ҷойҳои корӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ Николас Шмит мегӯяд, озодии баён ва матбуот яке аз принсипҳои асосоии ин иттиҳодия аст ва идомаи фишору маҳдудсозии мақомоти тоҷик дар масоили ҳуқуқи башар ва озодии васоити ахбори омма ба ояндаи муносибати Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон таъсири худро хоҳад расонд.

Намояндагони парлумони Иттиҳодияи Аврупо аз он изҳори таассуф кардаанд, ки ВАО дар Тоҷикистон дар як муҳити сахти монеагузоришуда, таъсири сиёсӣ ва набудани гуногунрангӣ маҳдуд боқӣ мемонад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз нигарониҳои Намояндаи САҲА дар умури озодии ВАО хонум Рибейро ёдовар шуда, ки номбурда моҳи октябри соли 2022 дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон дар бораи теъдоди зиёди хабарнигорони зиндонӣ ва ҳамчунин монеаҳои идомадор дар роҳи озодии ВАО гузориш дода, аз чунин вазъият изҳори нигаронӣ карда буд. 

Инчунин ИА Тоҷикистонро ба хотири амнияти ҷисмонӣ ва ҳуқуқии рӯзноманигорон, танзими ВАО, аккредитатсияи кормандони ВАО ва адами дастрасӣ ба иттилоот интиқод намуадааст.

Парлумони Аврупо мегӯяд: “Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз далоили амниятӣ, мубориза бо терроризм ва мубориза бо радикализми исломӣ рафторҳои маҳдудкунандаи худро асоснок мекунад. Дар ҳоле ки ИА ин нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро эътироф мекунад, аммо ин тадбирҳоро мутаносиб намедонад.” 

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо дар нишасте марбут ба ҳуқуқи башар ва озодии ВАО, ки 14 декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, вазъи расонаҳои мустақил ва рӯзноманигоронро баррасӣ карда буд. Дар он нишаст Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон даъват кард, ки озодии ВАО-ро таъмин намояд. Вале бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ ва гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи бад будани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мақомоти тоҷик ин интиқодоту мулоҳизаҳоро нодида мегиранд, ки ба гуфтаи коршиносон, дар ояндаи наздик ба мақоми кишвар дар сатҳи байналмилаӣ латмаи бузурге ворид мекунад.