21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 192

Африқои Ҷанубӣ аз Додгоҳи Лоҳа хост ҷанг дар Ғазза мутаваққиф шавад

0

Вазири адлияи Африқои Ҷанубӣ дар суҳбат бо хабарнигорон дар Лоҳа гуфт, ки аз Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ хостаанд, ки бояд ҷанг дар Ғазза мутаваққиф шавад.

Имрӯз, 11-уми январи соли 2024 нахустин ҷаласаи додгоҳии Исроил бо иттиҳоми наслкушӣ дар Навори Ғаззаи Фаластин дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа (ГААГА) баргузор шуд.

Қонундонҳои кишвари Африқои Ҷанубӣ бо раҳбарии вазири адлияи ин кишвар имрӯз дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа алайҳи Ирсоил шикоят карда, гуфтанд, ки ин кишвар 85% сокинони Навори Ғаззаро овора кардааст.

Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки Исроил дар Навори Ғаззаи Фаластин ба наслкӯшӣ даст задааст. Ба гуфтаи қонундонҳои он, дар давоми беш аз 95 рӯзи ҷанг мақомоти Исроил дар Навори Ғазза 2,3 миллон нафарро “зиндонӣ карда” аст. Исроил сокинони Навори Ғаззаро зери тиру тӯп қарор дода, аз хонаҳояшон маҳрум кардаанд. Инчунин ин кишвар мегӯяд, бархе вазирони исроилӣ сокинони Ғаззаро инсон намедонанд ва ҳукумати Исроил ҳам онҳоро аз нону об ва дорӯ маҳрум кардааст.

Қарор аст пагоҳ, 12-уми январи соли ҷорӣ гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳои давлати Исроил дар Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа дар муқобили ин иттиҳомоте, ки ҷониби кишвари Африқои Ҷанубӣ ироа кардааст, кишвари худро ҳимоят кунанд.

Гуфта мешавад, аз замони таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 ин барои нахустин аст, ки пойи он ба Додгоҳи Ҷинонии Ҷаҳонӣ кашида мешавад. Ҳамзамон бархе мақомоти исроилӣ кишвари Африқои Ҷанубиро ба намояндагӣ аз ҲАМОС дар Ғазза муттаҳам мекунанд, аммо Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки ин кишвар аз ҳеч гурӯҳе намояндагӣ намекунад.

Додгоҳи Ҷиноии Ҷаҳонӣ дар Лоҳа, олитарин ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки иҷрои қонунҳои инсонӣ ва байналмилалро дар байни кишварҳои узви ин созмон назорат ва танзим мекунад. Ин додгоҳ дар солҳои ахир алайҳи кишварҳои Миянмар ва Русия ҳам дар ин хусус ҳукмҳое содир карда буд, аммо Русия онро нодида гирифт.

Мардум дар Кӯҳистони Мастчоҳ аз дасти моликони кони ангишт ба дод омадаанд

0

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ аз мошинҳои боркаше, ки ангишт мекашонанд ва роҳҳои деҳаҳро пурра хароб намудаанд, шикоят доранд.

Як манбаъ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ бидуни зикри ном бо ирсоли наворе ба Azda tv мегӯяд, ки мошинҳои боркаши “Дулан” аз ин ноҳия ба ноҳияи Айнӣ ангишт мекашонанд, ин мошинҳо, ки хеле бори гарон мекашонанд, аз дохили деҳаҳои ин ноҳия мегузаранд. Роҳҳои деҳаҳо барои чунин борҳои гарон муносиб нестанд ва ронандагон бо ин корашон тамоми роҳҳои даруни деҳаҳоро хароб карда, асфалтҳоро аз байн бурдаанд.

Манбаъ мегӯяд, аз сабаби зиёд гузаштани “дуланҳо” дар байни деҳаҳо чанги зиёде ҳамаро фаро гирифта, дарахтонро хушк кардаанд. Ӯ мегӯяд, “дарахтон дигар мева намедиҳанд, мардум ҳосили худро ҷамъ карда наметавонад.” Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи хушк шудани дарахтҳо, сокинон ба бемориҳои гуногун мубтало шудаанд, ки пизишкон сабабашро чангу хоки аз ҳад зиёди мошинҳо гуфтаанд.

Манбаи Azda tv афзуд, ки борҳо ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат кардаанд, аммо касе пеши роҳи мошинҳои боркашро намегирад. “Баракс, мақомоти амниятӣ ва интизомӣ ҳушдор ва ҳатто таҳдид кардаанд, ки дар ҳеч ҷое шикоят набарем, агар ҷое шикоят кунем ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунем, моро дар ҳамкорӣ бо гуӯҳҳои мухолифи ҳукумат муттаҳам карда, зиндонӣ мекунанд.”, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кони ангишти Ғузн вуҷуд дорад, ки тибқи маълумотҳои расмӣ, ин конро ширкати ҶДММ “Қудрат 2010” идора мекунад ва ширкати мазкур ба номи Ашӯров Хусрав Бегиҷонович сабт шудааст. Ин маълумот то соли 2018 аст.

Аммо ба гуфтаи бархе огоҳони умур, чунин ҳолат натанҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, балки дар чандин навоҳии кишвар дида мешавад. Аз ҷумла, чанд соле пеш ширкати “Фароз”, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, бо чунин мошинҳои боркаши вазнин орду семент ва маводи сӯзишворӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мекашонд, ки дар натиҷа аксари роҳҳои байни деҳаҳоро дар ноҳия Ҷайҳун ва Панҷ ба хокзор мубаддал карда буд. Дар чунин ҳолат чун моликони ин ширкатҳои боркашонӣ наздикони раисҷумҳур ҳастанд, бо вуҷуде, ки роҳҳо пурра хароб мешаванд, зиндагии мардум табоҳ мешавад, вале касе наметавонад пеши роҳи онҳоро бигирад ва ҷое ҳам шикоят карда наметавонанд.

Эрон: Тарроҳи ҳамлаи Кирмон ҳам тоҷикистонӣ буд

0

Вазорати корҳои дохилии Эрон бо нашри иттилоияи дувум дар бораи ҳодисаҳои Кирмон тарроҳи ин ҳамлаҳоро ҳам шаҳрванди тоҷикистонӣ эълон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 11-уми январи соли 2024 Вазорати кишвари Эрон эълон кардааст, ки тарроҳи ҳодисаҳои хунин низ як шаҳрвандони Тоҷикистон бо исми мустаъори “Абдуллоҳи Тоҷикӣ” будааст. Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Эрон, Абдуллоҳи Тоҷикӣ, узви ДИИШ буда, аз марзҳои ҷанубу шарқии ин кишвар тавассути қочоқбарҳо ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак ворид шудааст.

Вай сипас ба Кирмон нақли макон карда, онҷо дар як утоқи иҷоравӣ чанд рӯз бар сар бурдааст. Вазорати корҳои дохилии Эрон меафзояд, ин мард, ки дар сохтани бомбҳои дастсоз тахассус доштааст. Пас аз “таркиби аҷзои мунқатеъ ва мутаъаддиди инфиҷорӣ ва электрикӣ ва тавлиди бомбҳо ниҳоятан ду рӯз пеш аз фоҷеъаи ғамбор” кишварро тарк кардааст.

Инчунин ин вазорати Эрон номи яке дигар аз омилони ин ҳодисаро низ эълон карда,гуфтааст, ки вай Бозоров Исроили Амонулло аст, ки 24 сол умр дорад. Тибқи охирин омори нашршуда, то кунун 94 нафар бар асари таркишҳои Кирмони ҷон бохта ва беш аз 200 каси дигар захмӣ шудаанд.

Тоҷикистон ва даҳҳо кишвари дунё ин ҳодисаи хунинро ба сурати расмӣ маҳкум карданд. ДИИШ расман ин ҳодисаро ба гардан гирифт. Аммо Эрон мегӯяд, пушти ин ҳодиса кишварҳои ҳомии ДИИШ, ба мисли Амрико ва Исроил қарор доранд. Иттиҳоме, ки Амрико ва Исроил онро рад кардаанд.

Додгоҳе дар Маскав аз боздошти як блогери тоҷик худдорӣ кард

0

Додгоҳи Симоновскийи Маскав дархости Кумитаи тафтишоти Русияро барои ба ҳабс гирифтани блогери тоҷик Салмон Ҷумъабой (Раҷабзода Салмон Ҷумъабой), ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, рад кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мурофиа рӯзи 9-уми январ баргузор шуда, додрас Салмонро аз толори додгоҳ озод кардааст. Гуфта мешавад, ин блогер рӯзи 7-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти Русия дар шаҳри Маскав боздошт шуда буд.

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати Салмон Ҷумъабой бо иттиҳоми “барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва бо ин иттиҳомҳо ба блогери тоҷик 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба иддаои ин кумита, Салмон “дар пайи муносибатҳои душманона бо як гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия” навореро бо нишонаҳои “таҳқири шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славянӣ” таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Инчунин моҳи декабри гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ садое нашр шуд, ки дар он нафаре мегӯяд, ки “ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд”. Ин навор дар баъзе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм вокуниши зиёд ба бор овард ва гуфта мешуд, ки ин садо ба Салмон Ҷумъабой тааллуқ дорад. Аммо ин блогери тоҷик мегӯяд, ки садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба барангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст.

Ин блогери тоҷик дар ҳоле аз ҷониби Кумитаи тафтишот боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, ки чанде пеш раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, дастур дода буд, ки наворҳои “таҳқиромез ва бадномкунанда”-ро дар бораи духтарони рус бисанҷанд ва омилони онро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин бори аввал нест, ки блогерони зодаи Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Пештар аз ин моҳи октябри соли 2021 додгоҳе дар Русия, блогери дигари тоҷик Руслан Бобиев (Талабҷон Муродҷонзода) барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар Маскав 10 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Инчунин дар моҳи феврали соли 2020 мақомоти Русия Кароматулло Ҷабборовро барои “пранк” ё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав боздошт ва ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум карда буд.

Туркия аз тавофуқи ниҳоии масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

0

Вазорати корҳои хоириҷаи Туркия 8-уми январ бо нашри баёнияе аз сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳакан Фидан ба Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Ҳакан Фидан вазири корҳои хориҷии Трукия рӯзи 9-ми январи 2024 ба Қирғизстон сафар кард ва баъд аз мулоқот бо Президент ва раиси порлумон Қирғизистон Бишкекро ба мақсади Душанбе тарк кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Туркия, имрӯз 10-ми январ Ҳакан Фидан баъд аз мулоқот бо Президент ва вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе зимни конфронси матбуотӣ ба расонаҳо гуфт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тавофуқи ниҳоии ихтилофоти марзиро имзо хоҳанд кард ва дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба ӯ хабар додааст. Аммо расонаҳои тоҷикиӣ дар ин бора ҷузъиёти бештаре нашр накардаанд.

Ин дарҳолест, ки музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон пушти дарҳои баста байни раисони Кумитаҳои давлатии амнияти милии ду кишвар ҷарён дорад ва ҳарду ҷониб дар бораи раванди музокирот ва ҷузъиёти тавофуқоти марзӣ мардум ва расонаҳоро дар ҷараён намегузоранд ва расонаӣ шудани хабари тавофуқи ниҳоии ихтилофоти марзӣ аз забони Ҳакан Фидан баёнгари нақши муҳими Туркия дар ҳалли ин ихтилофт мебошад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин лаҳза садҳо километри он муайян шудааст.

Дар соли 2023, бахусус дар 3 моҳи ахир, ҳайтҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро бештар карда, ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 100 километр марзи давлатӣ хабар доданд. Аммо гуфта намешавад, ки ҷонибҳо маҳз болои кадом қитъаҳои марз мувофиқа кардаанд, ки ин кор мояи ташвиши баъзе аз сокинони наздимарзӣ низ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиаи ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Ҳукми эъдоми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон

0

Расонаҳои эронӣ аз содир шудани ҳукми эъдом дар ҳаққи як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар хабар додаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, додгоҳе дар Эрон ҳукми эъдоми Раҳматулло Наврӯзов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар ҳамла ба мазори Шоҳчароғи Шероз муттаҳам мешавад, содир шудааст.

Ба қавли расонаҳо, раиси Девони олии Эрон эълом кардааст, ки ҳукми эъдоми Раҳматулло Наврӯзов ва ҳукми 5 соли зиндон ва ихроҷи онҳо аз Эрон ду нафари дигар аз муттаҳамони боздоштшуда дар ҳамла ба мазори Шоҳчароғи Шероз содир шудааст ва ҳукм ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда иҷро хоҳад шуд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомоти эронӣ, бар асари тирандозӣ ба сӯи зоирон ду нафар кушта ва 7 каси дигар захмӣ шуда буд, “ба ҷурми худ иқрор карда” ва додгоҳи Шероз ҳам ӯро ба “муҳориба, бағй ва иҷтимоъ, ва табонӣ алайҳи амнияти кишвар” маҳкум карда буд.

Раҳматулло Наврӯзов, шаҳрванди Тоҷикистон яке аз 3 нафар аз ин муттаҳамон аст, ки августи соли гузашта ҳангоми ҳамла ба зоирон дар мазори Шоҳчароғи Шероз боздошт гардида буд. Онҳо то кунун дар зиндон ба сар мебаранд.

Гуфта мешавад, мақомоти эронӣ Раҳматулло Наврӯзовро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар Туркия ба узвияти ДИИШ ворид шуда ва барои анҷоми аламалиётҳои террористӣ ба сурати ғайриқонунӣ вориди Эрон шудааст. Раҳматулло Наврӯзов ба дор маҳкум шуда, вале ду тани дигар аз ҳамроҳони ӯро ба 5 зиндони таъзирӣ ва ихроҷ аз Эрон маҳкум карда буданд.

Хабари содир шудани ҳукми эъдоми Раҳматулло Наврӯзов дар ҳоле дар Эрон содир шудааст, ки вазири кишвар (дохилӣ)-и Эрон гуфтааст, ки нафари дувуми амалиёти террористии Кирмони Эрон, ки ҳафтаи гузашта боиси марги ҳудуди 100 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 200 нафари дигар гардида буд, ба эҳтимол тоҷик аст.

Мулоқоти Раҳмон бо Фидан

0

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 10-уми январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президети Тоҷикистон бо Ҳакан Фидан, вазири корҳори хориҷии Туркия дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар мулоқоте, ки байни Президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Туркия дар Қасри миллат баргузор шуд, ҷонибҳо дар бораи бештар кардани ҳамкориҳои “иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ ” байни ду кишвар суҳбат карданд.

Дар мулоқоте, ки байни Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳакан Фидан баргузор шуд, бархе масоили амниятӣ низ вобаста ба Тоҷикистон ва масоили Афғонистон ва Фаластин ҳам баррасӣ шудаанд. Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили “рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ”-ро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи “баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд.”

9-уми январи соли ҷорӣ Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Вай пеш аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ карда буд.

Вокуниши ВКД: Дар шиносномаҳои хориҷӣ ҳеч иштибоҳе вуҷуд надорад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 9-уми январи соли ҷорӣ ба матлабе, ки дар бораи иштибоҳоти шиносномаҳои хориҷӣ нашр шуда буд, вокуниш кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри матлабе мегӯяд, ҳеч иштибоҳе дар шиносномаҳои хориҷӣ вуҷуд надорад ва агар ҳар иштибоҳе бошад, шаҳрвнадон метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд.

Гул Маҳбуба Талбӣ, палковники милитсия ва сардори шуъбаи сомонаи расмии ВКД, дар робита ба матлабе, ки чанд рӯзи пеш дар шабкаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуда буд ва дар он масъалаи навиштани номи шахс дар ҷойи насаб ва номи падар дар ҷойи номи соҳиби шиноснома баҳс мешуд, мегӯяд: “Бояд қайд намуд, ки чунин ҳолат умуман вуҷуд надорад.

ВКД иддао дорад, ҳар иштибоҳе, ки дар шиносномаҳои хориҷӣ вуҷуд дорад, аз шаҳодатнома вобаста аст. “Дар шиносномаи шаҳрвандӣ маълумотҳои шахс дар асоси маълумотҳои шаҳодатномаи таваллуд, ки аз ҷониби муассисаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, сабт карда мешавад. Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз рӯи ин санад амал менамоянд ва ин ба талаботҳои санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар матлабе, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук қаблан нашр шуда буд, иддао мешуд, ки кормандони Идораи шиносномадиҳӣ номи шахсро дар ҷойи насаб ва номи падарро дар ҷойи номи шахс қасдан менависанд, аммо ВКД мегӯяд, “маълумоти оне, ки гӯё кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ қасдан ба ҷойи номи соҳиби шиноснома номи падар ва номи падарро ба ҷойи номи фарзанд менависанд, асоси воқеӣ надорад.

Ин дар ҳолест, аксари шаҳрвандоне, ки барои худ ду ном интихоб кардаанд, аз но шикоят доранд, ки номҳояшон то гирифтани шиносномаи хориҷӣ тибқи шаҳодатномаи таваллуд пеш меравад, аммо вақте шиносномаи хориҷиро мегиранд, номашон дар ҷойи насаб ва номи падарашон дар ҷойи номи худи онҳо навишта мешавад, ки ин амал барои онҳо душвориҳои зиёдеро ба бор меорад.

Аз ҷумла, дар робита ба ин қазия як манбаъ ба Azda tv гуфт, мактаби миёнаро ба охир расонд ва хост дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсилро идома диҳад, “шиносномаро гирифтам, чандон диққат надодам, аммо вақте расидем Донишгоҳ ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, дар шаҳодатномаи хатми мактаб номам дуруст аст, вале дар шиносномаам номам дар ҷой насаб навишта шудааст, ин кор бароям чунон мушкилоте пеш овард, ки то иваз кардани он як соли таҳсилро аз даст додам.”, мегӯяд манбаъ.

Azda tv аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки назарҳои худро дар робита ба вокуниши ВКД бинависанд. Оё онҳое, ки номи худу номи падарро интихоб кардаанд, ному насабҳояшон дар шиносномаҳои хориҷӣ дуруст анвишта шудааст?

Фишори мақомот болои ҳамдеҳагони Додоҷон Атовуллоев

0

Раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” бо нашри як навори видеоӣ аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои наздикону пайвандон ва ҳамдеҳагонаш хабар дод.

Додоҷон Атовуллоев, раҳабари ҳаракати сиёсии “Ватандор” 8-уми январи соли 2024 бо нашри як навори видеоӣ аз афзоиши фишори мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ болои наздикону пайвандонаш дар шаҳри Панҷакент хабар дод.

Ба қавли раҳабари ҳаракати сиёсии “Ватандор”, намояндаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар Ворӯ-зодгоҳи Додоҷон Атовуллоев дар Панҷакент хона ба хона натанҳо наздикону пайвандони ӯро, балки хеле аз ҳамдеҳагонашро ҳам зери фишор қарор дода, аз онҳо пул талаб мекунанд.

Додоҷон Атовуллоев дар хитоб ба Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ ва Разамон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба онҳо ҳушдор додааст, ки аз ин ҳама фишору зӯроварӣ ва пулситонӣ аз наздикону пайвандони мухолифини Эмомалӣ Раҳмон даст бардоранд.

Вай гуфтааст, ки аз имрӯз бо тамоми мухолифон дӯст мешавад ва коре мекунад, ки натиҷаашро ҳама хоҳанд дид. Ӯ меафзояд, “ман гумон мекардам, ки шумо бо роҳи бозсозӣ ҳукуматро тағйир медиҳед, сохторҳоро тағйир медиҳед, адолатро ҷорӣ мекунед, аммо афсус, ман хато кардам!”

Гуфта мешавад, журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷон Атовуллоев, ки дар чанд соли ахири раҳбарии ҳаракати сиёсии “Ватандор”-ро бар уҳда дорад, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо гузашти беш аз 30 сол ҳамоно дар сангари мухолифат бо ин режим қарор дорад.

Дар ин чанд соли ахир, бахусус замоне ки чанде аз донишмандон ва нависандагони тоҷик, ки аз ҷониби ҳукумат мавриди интиқод қарор гирифта ва бархе онҳо боздошт шуданд, Додоҷони Атовуллоев яке аз онҳое буд, ки ин беадолатиро маҳкум кард.

Ин ҳама боис шуд, ки мошини таблиғотии ҳукумат аз нав алайҳи Додоҷон Атовуллоев борони туҳмату таҳқир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро оғоз намуда ва инак ба гуфтаи худи ӯ фишору зӯроварӣ ва бо баҳонаҳои мухталиф пулситонӣ кардан аз наздикону пайвандонашро ба роҳ мондаанд.

Афзоиши гардиши мол байни Афғонистон ва Узбекистон

0

Толибон мегӯянд, ки дар соли гузаштаи мелодӣ гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Афғонистон ва Узбекистон зиёда аз 260 миллион долларро ташкил додааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон гуфтааст, ки гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Афғонистон ва Узбекистон дар соли 2023 ба 266 миллион доллар баробар шуда, ки ин рақам дар соли 2022 ҳамагӣ 44 миллион доллар будааст.

Абдуссалом Охунзода, сухангӯи ин вазорат ба расонаҳо гуфтааст, ки Афғонистон бо Узбекистон тиҷорати дуҷониба дорад. Афғонистон дар давоми соли 2023 ба арзиши 27 миллион доллар ба Узбекистон маҳсулот содир карда аст ва ба арзиши 239 миллион доллар ҳам аз Узбекистон молу маҳсулот ворид кардааст.

Гуфта мешавад, Афғонистон ба Узбекистон меваи хушк, оби мева, зардолу, кунҷид, қолин ва ғайра содир мекунад. Аммо аз Узбеикистон нерӯи барқ, орд, лубӣ, доруҳои миниралӣ, газу сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад. Узбекистон бар хилофи Тоҷикистон тавониста муносиботи хуберо ба Толибон ба роҳ монад ва аз ин тариқ бахше аз бозори истеъмолии онро низ ба даст бигирад.