13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 196

Ҷопон дар тақвияти марзҳо ба Тоҷикистон кумак мекунад

0

Кишвари Ҷопон дар дидоре бо мақомоти тоҷик ваъда дода, ки дар робита ба тақвияти марзҳои Тоҷикистон ба Хадамоти гумруки кишвар кумак мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назид ҳукумати Тоҷикистон, 15-уми декабри соли ҷорӣ ҳайате аз Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) бо муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар дар Душанбе мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук ва таҳияи лоиҳа дар робита ба тақвияти марзи Тоҷикистон ва инчунин таъмини дидбонгоҳҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҷониби Ҷопон баррасӣ гардидааст.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук, таҳияи лоиҳа оид ба мустаҳкамгардонии сарҳад, такмил намудани вазъи иқтисодӣ ва амнияти назди сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон, пурзур намудани назорати гумрукӣ ва таъмини бехатарии интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, беҳтар намудани савдои наздисарҳадӣ ва таъмин кардани дидбонгоҳо бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони муоинаи гумрукӣ, мубодилаи афкор намуданд.“, омадааст дар хабари Хадамоти гумрук.

Пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон аз моҳи августи соли 2021, мақомоти Тоҷикистон бештар аз марзҳои худ нигарон аст ва ҳамеша бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва ё кишварҳои дигар масъалаи тақвияти марзҳоро ба миён мегузорад ва то кунун барои ин лоиҳа маблағҳои зиёде низ ба даст овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба дар суханрониҳояш низ таъкид карда, ки шумори дидбонгоҳҳои марзиро дар марзҳои кишвар бештар кардааст. Ва ҳатто аз мақомоти Русия низ дар ин бора кумак хоста буд.

Freedom Now аз Тоҷикистон озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб дорад

0

Созмони “Freedom Now” бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки вакили дифои шинохта ва маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунанд.

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон рӯзи 16-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳисоби “X”-и худ аз Бузурмгеҳр Ёров ёдовар шуда, навиштааст, ки “3000 рӯз пеш мақомоти Тоҷикистон вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба мухолифини сиёсӣ боздошт кард. Мо даъват менамоем, ки ӯ фавран ва бидуни шарт озод карда шавад”.

Чанде пеш ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон озодии зиндонёни сиёсии аъзои ҲНИТ, аз ҷумла муовини раиси ин ҳизб Маҳмадлӣ Ҳаитро талаб карда буд.

Гуфта мешавад, маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров соли 2015 замоне боздошт шуд, ки вакили мудофеи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. 

Мақомот баъд аз боздошт ӯро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла таҳқири мансабдорони давлатӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ, тавҳин ба президенту қаллобӣ ва дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Баъдан тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 шаш сол ва соли 2021 чор сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд ва дар умум дар ин марҳила 10 сол аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуд.

Вале дар моҳи июли соли ҷорӣ дар як мурофиаи дигар, ки паси дарҳои баста гузашт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд, ба ҳукми ӯ боз даҳ соли дигар бо иттиҳоми сохтаи қаллобӣ изофа карда шуд. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар муҳокимаҳо сохта номида буд. 

Гуфта мешавад, Бузургмеҳр Ёрови 52-сола дар маҳбас борҳо мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифтааст.   

Дар баробари созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ, соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ, боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ пойбанд набудааст.

Боздошти боз як мухолифи дигари тоҷик дар Русия

0

Собиқ узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шерафкан Миров, ки бо тахаллуси “Сайфулло” маъруф аст, дар шаҳри Маскав боздошт шуд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба дӯстони ин фаъоли тоҷик хабар додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти Русия “Сайфулло”-ро рӯзи 6 ё 7-уми декабри соли ҷорӣ аз назди манзиле, ки дар Маскав иҷора менишаст, дастгир кардаанд. 

Ин фаъоли тоҷик, рӯзи 9-уми декабр ба яке аз дӯстонаш дар Аврупо тамос гирифта, аз боздошташ хабар дода ва гуфтааст, ки ӯро ба зудӣ аз тавқифгоҳи шуъбаи пулис ба СИЗО интиқол медиҳанд ва дар боздоштгоҳ ӯ дигар имкони тамос нахоҳад дошт, чунки дар онҷо телефонашро аз ӯ хоҳанд гирифт.

То ҳол мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи боздошти Миров чизе нагуфтаанд, аммо худи “Сайфулло” гуфтааст, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Шерафкан Миров (санаи таваллудаш 30 декабри соли 1978) зодаи совхози Туркманистони ноҳияи Вахш буда, 10 сол қабл, вақте соҳибкори кушташудаи тоҷик Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод, ба ин ҳаракат пайваст ва дар силсилаи эътирозҳои ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия иштирок кардааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба дӯстони ин фаъоли тоҷик менависад, ки бар зидди Миров дар Тоҷикистон барои иштирокаш дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ парванда кушода буданд ва ин ҳама сол “Сайфулло” дар Маскав ғайриқонунӣ ва амалан ба сурати нимапинҳонӣ кору зиндагӣ мекард.

Гуфта мешавад, “Сайфулло” дар Маскав дар як устохонаи тармиму таъмири чархҳои мошин (вулканизация) кор мекард ва гӯё соҳиби ин устохона, ки як афсари дар гузашта баландпоя будааст,  ҳимояи ӯро ба дӯш гирифта будааст ва ба ҳамин хотир ин фаъоли тоҷик Русияро, бо қасди ҳиҷрат ба Урупо тарк накардааст.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон ба ин расона гуфтааст, ки “Сайфулло” баъди кушта шудани Қувватов бо дигар раҳбарони баъдии “Гурӯҳи 24” соз нагирифт ва аввал ҳамроҳи Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев, Сулаймон Давлатов ва чанде дигар аз аъзои ин ҳаракат ба Конгресси нирӯҳои демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Додоҷон Атовуллоев гузашт, вале дар ин созмон низ дер наистод.

““Сайфулло” мухолифи ҳукумати кунунӣ буду боқӣ монд, вале солҳои охир сари танҳо ба муборизаи худ идома медод. То ҷое медонам, ӯ вақтҳои охир ба ақидаҳои раҳбари ҳизби коммунисти Геннадий Зюганов майл пайдо карда буд ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравиро дар сар дошт”, – гуфтаааст Шарофиддин Гадоев. 

“Сайфулло” ҳатто саҳифаҳояш дар Фейсбукро низ дар ҳамин ҳавои ақидаҳои коммунистӣ ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравӣ  “Таджикская ССР” ва “Тоҷикони СССР” ном гузошта буд.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомоти Русия фаъолони тоҷик ва пайвандонашонро дар дохили ин кишвар боздошт мекунад. Чанде пеш мақомоти рус бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон бародари Шавкати Муҳаммад, мудири телевизиони “Паём”Аслиддин Шариповро рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт ва 1-уми октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон истирдод кард.

Вокуниши ҲАМОС ба тунели кашфшуда

0

Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бо интишори як навор ба тунели кашфшудаи худ тавассути нерӯҳои Исроил вокуниш кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 18-уми декабри соли 2023, нерӯҳои Иззуддини Қассом, шохаи низомии Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин бо нашри як навори видеоӣ дар бораи тунели кашфшуда тавассути нерӯҳои исроилӣ гуфтааст, “дер расидед!”

Қассом дар ин навори нашркардааш дар бораи наҳваи оғози ҳамлаҳои худ ба берун аз марзҳои бетонии Навори Ғазза дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба қароргоҳҳои низомии нерӯҳои исроилӣ қисса карда кӯтоҳ мегӯяд, ки “кор анҷом шуд, шумо дер расидед!”

ҲАМОС бо нашри ин навори ведиоӣ, ки рафти ҳамлаҳои сангин ва ба асорат гирифтани даҳҳо нафар аз нерӯҳои исроилиро тавассути нерӯҳои худ ба намоиш гузоштааст, ки ин тунел дигар ба дардашон намехӯрад.

Гуфта мешавад, нерӯҳои исроилӣ пас за 70 рӯзи ҷанг алайҳи Навори Ғазза ва зиёда аз 50 ҳозор тонна тиру тӯп ва бобмҳои вайронгар рехтан болои мардуми он аз кашфи як тунеле хабар дода буданд, ки ба дарозои зиёда аз 4 километр роҳ сохта шудааст.

Ба қавли бархе расонаҳо, ин тунел то ба гузаргоҳи Ерези Исроил ҳудуди 400 метр фосила дорад. Он ба андозае бузург сохта шудааст, ки ҳатто як мошини майда ҳам метавонад ба осонӣ дар дохилаш ҳаракат кунад.

Бо вуҷуди он ки ду рӯз пеш нерӯҳои исроилӣ онро кашф карда буданд ва то ҳол дар ҳама расонаҳо аз кашфиёт ва пирӯзии худ дар бораи он суҳбат мекунанд, нерӯҳои Қассом мегӯянд, ки ин тунел ба хотири ҳамла ба Исроил сохта шуда буд, рӯзе, ки ҳамла карда буданд, ин тунел ҳамон рӯз аз истифода хориҷ шудааст.

Омори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза ба 95 нафар расид

0

Дар пайи як ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи паноҳандагони Нусайрот дар Ғазза, рӯзноманигор хонум Ҳунайн Қаштони 33-сола кушта шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҷангандаҳои исроилӣ шаби гузашта хонаи ин рӯзноманигорро бомборон карданд, худи ӯ ва чанд нафар аз хонаводаашон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамла чанд нафари дигар аз сокинони маҳаллӣ низ кушта ва захмӣ шудаанд.

Дафтари матбуотӣ дар Ғазза субҳи рӯзи 18-уми декабр омори наверо нашр кард, ки тибқи он аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз шумори рӯзноманигороне, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза кушта шудаанд, ба 95 нафар расидааст.

Қабл аз ин шоми рӯзи ҷумъа дар пайи як ҳамлаи ҷангандаҳои Исроил ба мактаби Фарҳона дар шаҳри Хонюнус, ҷануби Ғазза наворбардори шабакаи “Ал-Ҷазира” Сомир Абудаққа кушта шуд ва рӯзноманигор Воил Даҳдуҳ захмӣ гашт. Барои наҷоти рӯзноманигорон як худрав аз гуӯрӯҳҳои кумакрасон фиристода шуд, аммо нерӯҳои исроилӣ ба онҳо низ ҳамла карда, 3 нафар аз кормандони гурӯҳҳои наҷотро низ куштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз оғози ҷанг байни ҲАМОС ва Исроил 73 рӯз мегузарад. Танҳо дар пайи ҳамлаҳои имрӯзаи Исроил 100 нафар аз аҳолии Ғазза кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то имрӯз наздики 19 ҳазор кушта шуда ва беш аз 51 ҳазор захмӣ баҷо гузоштааст.

Артиши Исроил расман аз кушта шудани 133 сарбозаш аз оғози ҳамлаҳаои заминӣ ба Ғазза хабар дода ва омори сарбозони захмиҳояшро 704 нафар эълон кардааст, ки ба иттилои расмӣ, ҳолати 160 нафарашон хатарнок арзёбӣ мешавад.

Ҷавони тоҷике, ки бо пулиси Русия муноқиша кард, ба ҳабс гирифта шуд

0

Юсупов Сӯҳроб, ҷавони 21-солаи тоҷике, ки чанд рӯзи пеш бо пулиси Маскав муноқиша карда буд, аз тарафи додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Люблинскии шаҳри Маскав 16-уми декабри соли ҷорӣ бо нашри паёме хабар дод, ки Юсупов Сӯҳроб Хурсандович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия муттаҳам дониста шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, Сӯҳроб тибқи моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 (таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) айбдор дониста шуда, то 16-уми феврали соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти додгоҳӣ, 15 декабри соли 2023 корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ мекунанд, аммо ронанда ба фармони пулис итоат накарда, фирор кардааст.

Ӯ мехост бо худрав фирор кунад, ба болои афсари пулис мошинро ронда, ӯро пахш кард, ки дар натиҷа ба саломатии ӯ осеб расонд. Ва пас аз боздошташ Юсупов боз чанд маротибаи дигар пулисро мезанад ва дашноми қабеҳ мекунад.“, омадааст дар хабари мақомоти Додгоҳи ноҳияи Люблинскии шаҳри Маскав.

Аммо наворҳое, ки аз ин боздошт дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки пулис ин ҷавони тоҷикро дар рӯи барф хобонда, зӯран мехоҳанд ба дастонаш завлона бизананд.

Мақомоти Русия дар шарҳи ин қазия мегӯянд, ин ҷавони тоҷик бо пулис задухӯрд кард, ки дар натиҷа дигар пулисон низ дахолат карда, ӯро латтукӯб карданд ва зӯран боздошташ намуданд.

Аммо то ҳол назари худи ин ҷавони тоҷик ва ё адвокату наздиконаш дар робита ба қазияи боздошташ ва тафсилоти ин ҳодиса дастраси расонаҳо нагардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳангоми боздошт Сӯҳроб Юсупов аз ҳуш меравад ва муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота мекунанд. Пас аз ин пулис 82 нафарро дастгир мекунад.

Ҳоло Додгоҳи Русия 22 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ карда, 51 нафари дигарро ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.

Бошгоҳи варзишии Юсуф Абдусаломов дар Варшава

0

Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 Юсуф Абдусаломов дар Лаҳистон бошгоҳи варзишии худро боз кардааст.

Ин бошгоҳ “Wrestling Family Club” ном дошта, дар шаҳри Варшава қарор дорад.

Варзишгари маъруф ва устоди куштии озод Юсуф Абдусаломов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки муддати тӯлонӣ ҳамчун сармураббии дастаи куштии озоди Лаҳистон кор кардаасту оилаашро ба Варшава бурдааст ва фарзандонаш дар ин кишвар таҳсил мекунанд.

Юсуф Абдусаломов мегӯяд, ки ҳоло пешниҳоди кишварҳо ва тимҳои миллии дигарро барои кор баррасӣ намекунад ва нақша дорад, ки боз ду бошгоҳи дигар – яке дар Аврупо ва дуюмӣ дар Арабистони Саудӣ боз кунад.

Ин варзишгари шинохта зодаи Доғистон буда, аз номи кишварҳои Русия, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок кардааст.

Ӯ дар таърихи варзиши муосири тоҷик аввалин нуқраи Бозиҳои олимпиро дар соли 2008 ба даст овардааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти варзишӣ Абдусаломов дар тимҳои миллии куштии озоди Лаҳистон (2013) ва Руминия (солҳои 2021-2022) ба ҳайси сармуррабӣ кор кардааст. Пас аз тарки раҳбарии тими миллии Руминия ӯ аввали феврали соли 2023 муррабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд.

Аммо ӯ пас аз ду моҳи фаъолият аз ин мақом истеъфо дод ва дар мусоҳибае сабаби ин амалашро ба “набудани шароити ташкиливу молӣ” рабт дод.

Як вакили укроинӣ дар дохили толор чанд норинҷакро тарконд

0

Дар вилояти Закарпатияи Украина як вакили маҳаллӣ се норинҷак (граната)-ро дар дохили толор ҳангоми ҷаласа дар байни мардум мунфаҷир кард.

Бино ба иттилои пулиси миллии Украина, ин ҷаласа дар бинои шӯрои деҳаи Керетсковский мегузашт ва бар асари таркиши норинҷакҳо 26 нафар захмӣ шудааанд, ки вазъи шаш нафари онҳо, аз ҷумла худи ин вакил вазнин арзёбӣ мешавад.

Пулиси миллии Украина видеои ин ҳодисаро нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки ин вакил ба маҷлисгоҳ даромада, пас аз чанд сония се норинҷакро ба замин мепартояд ва баъди он се таркиш ба амал меояд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса субҳи 15-уми декабр рух дода, норинҷакҳоро Сергей Батрин, намояндаи ҳизби ҳокими “Слуга Народа”-и президент Владимир Зеленский мунфаҷир кардааст.

Ангезаи ин кор чӣ будааст, то ҳанӯз маълум нест, аммо тибқи баъзе хабари расонаҳо, дар рафти ҷаласа миёни вакилон дар масъалаи буҷаи соли 2024 баҳс сар мезанад. Батрин дар ин ҳолат аз ҳуҷра берун шуда, пас аз чанд дақиқа бармегардад ва бо саволи “Мумкин аст ман гап занам?”, баҳси иштирокчиёнро бурида, якбора се норинҷакро ба замин меандозад.

Пулиси ин кишвар хабар дод, ки Хадамоти амнияти Украина дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи ҳамлаи террористӣ тафтишот оғоз кардааст.

Қочоқи даҳҳо кг маводи мухаддир аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Узбекистон

0

Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар ду вилояти ин кишвар беш аз 36 кг маводи мухаддирро мусодира кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, кормандони ин ниҳоди амниятии Узбекистон аз хонаи як сокини 17-солаи ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона 27 килою 573 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 3 килою 967 грамм маводи нашъадори афюн пайдо кардаанд, ки барои фурӯш нигаҳдорӣ мешудаанд.

Хадамоти амнияти миллии Узбекистон мегӯяд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ба ин кишвар ворид шудааст.

Инчунин кормандони ин ниҳод як сокини 37-солаи ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷонро ҳангоми кӯшиши фурӯши 1 килою 806 грамм маводи сунъии мефедрон ба маблағи 80 ҳазор доллар дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, аз хонаи боздоштшуда боз 2 килою 698 грамм мефедрон дарёфт ва мусодира шудааст. Муайян гардидааст, ки ин маводи мухаддири синтетикӣ аз Қирғизистон ворид гардидааст.

Ҳамзамон дар вилояти Андиҷон кормандони амниятӣ аз мошини навъи “Дамас” 2800 адад “Репаган” ва 957 адад “Тропикамид” дарёфт кардаанд. Гуфта мешавад, қочоқчиён ин навъи доруҳои психотропиро низ аз Қирғизистон вориди Узбекистон кардаанд.

Ба гуфтаи ниҳоди амниятии ин кишвар, ҳама ин нафарон боздошт ва аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар расонаҳо хабари қоҷоқи даҳҳо килограмм маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбекистонро нашр мекунанд.

Пештар аз ин, дар охирҳои моҳи октябри соли ҷорӣ Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз боздошти чанд қочоқбар ва мусодираи даҳҳо килограмм маводи мухаддир хабар дода буданд. Ин нафарон қасд доштаанд ҳудуди 90 кг ҳероин, афюн ва ҳашишро аз Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон ворид кунанд.

Инчунин дар охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ кормандони гумрук ва марзбонони Узбекистон дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистон аз як мошин беш аз 55 кг маводи мухаддирро боздошт ва мусодира карда буданд.

Дар як ҳамла 17 пулиси Эрон кушта ва захмӣ шуд

0

Бомдоди имрӯз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон дасти кам 17 нафар кормандони мақомоти дохилӣ кушат ва захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, бомдоди имрӯз тақрибан соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ ба мақарри интизомии шаҳристони Росак дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Ҷумҳурии исломӣ ба сурати расмӣ ин ҳамларо “террористӣ” хонда гуфтааст, ки нерӯҳои мавсум ба “Ҷайшул адл” ба мақарри интизомии шаҳристони Расоки устони Сиистон ва Балучистон ҳамла карда, дасти кам 11 нафарро кушта, 6 каси дигарро захмӣ кардаанд. Вазъи бархе захмиҳо низ вахим гузориш шудааст.

Мақомоти эронӣ теъдоди дақиқи афроди ҳамлакунандаро нагуфтаанд, вале дар гузоришҳои расмӣ ишора шудааст, ки дар вақти набардҳои хунине, ки сурат гирифт, чанд нафар аз ҳамлагарон ҳам кушта ва захмӣ шудаанд ва як нафари онҳо зинда дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, устони Сиистон ва Балучистони Эрон яке аз минтақаҳои суннинишини ин кишвар аст. Ин минтақа дар 40 соли ахир ба яке аз маҳрумтарин минтақаҳои Эрон табдил ёфта, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нисбат ба дигар устонҳои маъмулан шианишин ба маротиб пойинтар аст.

Ин ҳамла дар замоне сурат гирифта, ки ҳудуди 14 моҳ қабл, замоне ки эътирозҳои мухолифони Ҷумҳурии исломӣ зери унвони “зан, зиндагӣ ва озодӣ” авҷ гирифта буд, нерӯҳои Ҷумҳурии исломӣ дар рӯзи ҷумъа ба намозгузорон ҳамла карда, ҳудуди 400 нафарро кушта ва захмӣ карда буданд, ки он ба “ҷумъаи хунин” машҳур аст.

Ба гуфтаи коршиносон, аз он ҷумъаи хунин ба баъд эътимод ва боварии мардуми ин устон, ки ба Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон раъй дода буданд, нисбат ба ин ҳукумат хел кам шуд. Инчунин муносибат байни мардуми ин утсон ва бахусус сунниҳо бо ҳукумат камрангтар гардида, душмантарошӣ аз якдигар авҷ гирифт.