13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 197

Маҷористон кумаки 50 миллиард евроии ИТ ба Украинаро масдуд кард

0

Президенти Маҷористон, ки мухолифи пайваст шудани Украина ба Иттиҳоди Аврупо аст, кумаки 50 миллиард евроии ин созмон ба Украинаро масдуд кард.

Бино ба иттилои ББС, 14-уми декабри соли 2023 замоне ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар барои оғози раванди гуфтугӯҳои узвияти Украина ва Малдовияро ба миён гузоштанд, ҳангоми овоздиҳӣ Президенти Маҷористон бар асоси тавофуқе аз пеш ҳосилшуда толорро тарк кард.

Президенти Маҷористон баъд аз раъйгирии раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар бораи оғози раванди гуфтугӯҳо дар бораи узвияти Украина ва Молдава дар як навори видеоӣ эълом кард, “узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо як тасмим бад аст. Маҷористон намехоҳад дар ин тасмими бад ширкат кунад ва ба ҳамин далел имрӯз аз ин тасмим фосила гирифт.”

Виктор Орбан, Президенти Маҷористон, ки дар идома дар саҳфаи фейсбукии худ навишт, ки “натиҷаи шабкорӣ, ветои кумаки иловагии 50 миллиардии Иттиҳоди Аврупо ба Украина аст.”

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо раванди оғози гутугӯҳо барои узвияти Украина ва Молаваро соли 2024 оғоз мекунад. Ба хотири узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо шудан, чанд сол вақт мегирад. Кишварҳои довталаб бояд як қатор ислоҳотро дар низоми кишвардорӣ ва иқтисодиёт ба вуҷуд биоранд, то решаҳои фасод хушконда шавад.

Путин: Русия ба басиҷи дувум ниёз надорад

0

Владимир Путин гуфт, Русия барои идомаи ҷанг дар Украина ба ҷалби дигарбораи сарбозон ба артиш ё басиҷи дувум зарурат надорад.

Бино ба иттилои расонаҳо, 14-уми декабри соли 2023 Президенти Русия Владимир Путин дар сунханронии солонаи худ гуфт, дар ҳоли ҳозир Русия барои идомаи ҷанг дар Украина ба басиҷи дувум зарурат надорад.

Ба қавли Владимир Путин, “Кремл дар бораи мавҷи дувуми сафарбаркунӣ ё басиҷи нерӯҳоро дар назар надорад, чун ба он зарурате вуҷудо надорад, зеро то охири сол шумораи кофии ихтиёриён ҷалб карда мешаванд.”

Вай хотирнишон кард, ки дар давраи басиҷи аввал ҳудуди 300 ҳазор нерӯ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҷалб шуда буд ва теъдоди ихтиёриён барои сафарбаркунӣ ба ин ҷанг хеле зиёд аст.

Пеш аз ин Ҷо Байдан, Президенти Амрико гуфта буд, ки эҳтимол меравад, Русия дар ҷанги Украина ҳудуди 320 ҳазор нерӯҳои худро талаф додааст. Ин рақам ба андозаи теъдоди сарбозон дар ҷанги ҷаҳонии дувум тахмин зада мешавад.

Президенти Русия дар бораи ҷанги Исроил бо Фалстин низ ишора карда, гуфт, дар муқоиса бо тахриби манозил ва вайрониҳое, ки нерӯҳои исроилӣ дар Ғазза анҷом доданд, вайрониҳо дар Украина ҳеч аст.

Гуфта мешавад, Русия ҳамлаҳои худ ба Украинаро аз 24-уми феврали соли 2022 оғоз карда буд ва Маскав дар давоми ин ҷанг барои эъзоми нерӯҳои худ дасти кам ду маротиба басиҷи умумӣ эълон кардааст, ки бахше аз онҳоро муҳоҷирон ва зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, аз он ҷумла зодагони Тоҷикистон низ ташкил медиҳанд.

Президенти Русия муътақид аст, ки ин ҷанг то замони даст ёфтани Кремлин ба ҳадафҳои асосии худ, ки яке халъи силоҳ ва дигаре ба қавли Путин, нобуд кардани “нозиҳои украинӣ” аст, идома хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд, сулҳ дар Украина пас аз пирӯзии Русия ҳосил хоҳад шуд.

Чиниҳо ба Тоҷикистон 5G меоранд. Суръати интернет боло меравад?

0

Мутахассисони Чин дар Тоҷикистон 7600 истгоҳи базавиро бо стандартҳои GSM/UMS/LTE/ 5G насб хоҳанд кард.

Бино ба иттиллои расонаҳо, 12-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” баргузор гардида, зимни он Бек Сабур ва Ма Тиан “Меморандум” ба имзо расондаанд.

Дар иттилои Хадамоти алоқаи кишвар гуфта мешавад, ки ин ҳуҷҷат “ҳамкориҳои фаррохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳои ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад”.

Инчунин Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, операторон дар оянда ба таҷҳизоти навтарин дастрасии фаврӣ пайдо хоҳанд кард.  

Дар ин санад ҳамчунин ҳамкорӣ ва ҷалби ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарт GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷуҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ Бек Сабур бо Сергей Емелченков, директори генералии ҶДММ “Цифра” ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расондааст.

Ин санад робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим мекунад.

Инчунин тибқи ин санад ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷ, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст

Гуфта мешавад, ин мулоқотҳои Бек Сабур бо раҳбарони дигар ширкатҳо барои амалӣ кардани нақшаи Хадамоти алоқаи кишвар дар барои “навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024-2028  мебошад”.

Пештар аз ин низ, раҳбари Хадамоти алоқа бо зердастонаш ва намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар мулоқот карда, аз онҳо хоста буд, дар зудтарин фурсат мушкилоти суръати интернетро пайдо намуда, ба ӯ гузориш диҳанд ва онро бартараф кунанд.

Бег Сабур дар ҳоле зоҳиран даст ба кор шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, Бег Сабури 61-сола қудои президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур, ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва ин боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Гуфта мешавад, Бег Сабур ба ғайр аз раҳбарияш дар яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, боз ҳамроҳи оилааш чандин тиҷоратҳоро, ба мисли сохтани хонаҳо дар даст дорад ва ба гуфтаи бархе шоҳидон, замоне ҳам дар бинои Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳо машғул буд, ки ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барпо карда буд.

Сафари Эмомалӣ ба вилояти Хатлон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми декабр бо ҳадафи ифтитоҳи чанд бинову иншооти давлатӣ ва ҷамъиятӣ роҳии вилояти Хатлон шуд.

Ӯ сафари худро аз шаҳри Левакант (собиқ шаҳри Сарбанд)-и вилояти Хатлон оғоз карда, дар ин шаҳр чанд бинову майдончаҳо, аз ҷумла бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ кард. Гуфта мешавад, ин бино дорои 7 табақа буда, дар як баст то 2500 донишҷӯ таълим мегирад.

Эмомаӣ пас аз он ба ноҳияи Кӯшониён рафта, дар онҷо низ маркази тиҷоративу сардхонае барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзиро ифтитоҳ карда, баъдан аз чанд дегдону чакдонҳо дидан кард. Раҳмон сипас ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар рафт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Раҳмон дар шаҳри Бохтар “бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор дод.”

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин бинои марбути КДАМ-и Тоҷикистон аз ҳисоби кӣ ва ё бо кадом буҷа сохта шудааст. Аксари бинову иншооти давлатӣ ва ғайридавлатие, ки пеш аз сафари Раҳмон сохта мешаванд, одатан аз ҳисоби мардуми оддӣ ва бахусус аз ҳисоби соҳибкорон аст.

Ба гуфтаи сокинон, мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз омадани Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро маҷбур месозанд то дар ободии маконе саҳм гузоранд, аммо масъулон маблағи онро ҳатман аз буҷаи давлат ба ҳисоби шахсии худ масраф мекунанд. Чунин бинову корхонаҳои хурд баъд аз рафтани Эмомлаӣ ободии онҳо як моҳ ҳам тӯл намекашад ва ҳама ба харобазор табдил меёбад.

Аммо ҳеч ниҳод ва ё масъули давлате омода нест, ки бипурсад ин маблағҳои ҳангуфт ва масрафҳои беҷо аз ҳисоби кист ва омилони онро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Амрико як ширкати тоҷикистониро таҳрим кард

0

Вазорати хазинадории Иёлоти Муттиҳидаи Амрико як ширкати тоҷикистониро таҳрим кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми декабри соли 2023 Вазорати хазинадории Амрико бо судури қароре як ширкати тоҷикистонӣ ва як ширкати қирғизистониро таҳрим кард.

Ба қавли манбаъ, вазири хазинадории Амрико Ҷанет Л. Йеллин гуфтааст, “Кремлин Русияро ба як иқтисоди даврони ҷангӣ табдил кардааст, аммо мошини ҷангии Владимир Путин наметавонад ба танҳоӣ ба истиҳсолоти дохилӣ давом биоварад.”

Вазорати хазинадории Амрико Ҷамъияти дорои масъулиташ маҳдуди “Кафолати Комил”-ро, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, ба интиқоли қисмҳои эҳтиётии авиатсионии хориҷӣ аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Русия муттаҳам кардааст. Вазири хазинадорӣ мегӯяд, “таҳримҳои кунунии мо идома доранд. Мо фишорҳо алайҳи ширкатҳо ва шабакаҳои бархоста аз кишварҳои сеюм, ки ба хотири пойдорӣ пойгоҳии низомии Русияро (аз хориҷ) таъмин мекунанд, сахттар мекунем.”

Вазорати хазинадории Амрико алайҳи беш аз 150 нафар ва созмонҳое, ки пойгоҳи низомию саноатии Русияро таъмин мекунанд, аз он ҷумла як ширкати қирғизистонӣ, чанд ширкати чинӣ ва покистонӣ низ таҳримҳо ҷорӣ кардааст.

Пеш аз ин дар моҳи августи соли ҷорӣ хабаргузории “Reuters” бо нашри як гузориши таҳқиқотӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон дар хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо дар соли 2022 кумак кардааст.

Дар он таҳқиқ гуфта мешуд, барои сабуксозии таҳримҳои Русия бар иловаи Тоҷикистон бархе ширкатҳо аз Чин, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қирғизистон ҳам ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар ҳаҷми беш аз 1,2 миллиард доллар ба Русия кумак кардаанд.

Дар он гузориш таъкид шуда буд, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ду ширкат аз Тоҷкиистон бо номҳои “Истиқлолият 20” ва “Кафолати Комил” саҳмгузорӣ кардаанд. Ин ду ширкат ба он муттаҳам мешаванд, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.

“Ройтерз” мегӯяд, талошҳои онҳо барои гирифтани маълумоти бештар бо моликони ин ширкатҳо, ки яке Маҳмадбашир Ёқубов, раиси иҷроияи “Истиқлолият 20”, ва дигаре Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати “Кафолати Комил” бенатиҷа будааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ИСТИҚЛОЛИЯТ 20”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 040033774 мебошад, аз 22-уми апрели соли 2011 дар назди мақомот сабт шуда, дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аст. Суроғаи ин ширкат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сабти ном шудааст.

Тибқи бархе санадҳои расмӣ, Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуд (ҶДММ) “КАФОЛАТИ КОМИЛ”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 010099789 нишон дода мешавад, дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 16/1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шуда ва дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хӯрд (ҶДДМ ТАҚХ) “Сомон-Тиҷорат” суратҳисоби расмӣ бо ин шумора: “20202972900000000172” дорад, аммо Кумиати андоз дар бораи ин ширкат ҳамагуна маълумотро дар сомонааш пинҳон медорад.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ин ширкатҳо яке дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Душанбе сабти ном шудаанд, аммо бархе санадҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки моликони онҳо бар иловаи насаби ягона доштан, ҳамкориҳои наздик доранд. Барои дур зудани афкори дигарон дар хусуси ин ҳамкориҳои зич дар назди мақомот худро “рақиби” ҳамдигар нишон дода, дар хеле аз тендерҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани маблағ ва кор якҷо ширкат кардаанд. Аммо, оё ин ширкат ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ё не, як мавзуи алоҳида аст.

Тавофуқи нави Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз

0

Гурӯҳи кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти ахири худ дар таъйин ва аломатгузории 47,05 кимломатери марзи муштарак ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои раоснаҳои расмии тоҷикӣ ва қирғизӣ, ин мулоқоти гурӯҳҳои корӣ аз 8-ум то 14-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон идома дошт.

Ду ҷониб танҳо аз тавофуқи беш аз 47 километри марз хабар додаанд, аммо ин нуқтаи мувофиқашуда дар кадом қитъаи марз ва ё кадом ноҳияҳои марзӣ аст ва ё бо кадом шарту гузаштҳое ҳосил шудааст, чизе гуфта намешавад.

Мақомоти ду кишвар аз натиҷаҳои хуби музокирот дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштарак мегӯянд ва ба гуфтаи раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, ба эҳтимоли зиёд тавофуқи ниҳоӣ дар ин масъала то баҳори соли оянда ҳал хоҳад шуд.

Ҳамзамон дар мулоқоти расиноми КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ таъкид карданд, тақрибан дар таъйин ва аломатгузории беш аз 90 дарсади марзи ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин лаҳза садҳо километри он муайян шудааст.

Дар соли 2023, бахусус дар 3 моҳи ахир, ҳайтҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизизистон фаъолияти худро бештар карда, ҷонибҳо аз мувофиқаи беш аз 100 километр марзи давлатӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиаи ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Латтукӯби бераҳмонаи як ҷавони тоҷик дар Русия

0

Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду навор аз латтукӯби як ҷавони тоҷик ва узрхоҳии ӯ аз мардуми Доғистон бо сару руйи пур аз хун, давр мезанад.

Ин наворҳои кутоҳ рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ нашр шудаанд ва дар яке оз онҳо дида мешавад, ки чанд ҷавон як нафарро латтукӯб доранд ва ин нафари латтукӯбшуда бо забони русӣ мегӯяд, ки “Илтимос ба ман иҷозат диҳед, ки фаҳмонам. Ба Аллоҳ қасам, ман нагуфтам, ки доғистониҳоро мерасам.” Аммо ӯро намегузоранд суҳбаташро идома диҳад ва шуруъ мекунанд ба задан.

Ин ҷавон, ки аз ӯ Суҳроб ва шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, дар навори дувум бо сару руйи пур аз хун мегӯяд, ки “Чунин иштибоҳ дигар аз ҷониби ман рӯй намедиҳад. Ба ман ин одамҳо фаҳмонданд. Аз тамоми мардуми Доғистон барои суҳбат бо духтари доғистонӣ узр мехоҳам. Ба ҳамаи ҳамватанонам ва дигарон маслиҳат медиҳам, ки ба духтарони доғистонӣ наздик нашавед ва муошират накунед ва ба зиёдаравӣ роҳ надиҳед”.

Дар охири ин навор садои нафаре шунида мешавад, ки аз ин ҷавон талаб мекунад, ки аз ҳама боз бахшиш пурс ва ӯ дубора узрхоҳӣ мекунад.

Вокуниши мақомоти интизомии Доғистон ё дар умум Русия ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Русия низ ба ин шиканҷаи шаҳрвандаш то ҳол вокуниш накардааст.

Сабаби аслии ин латтукӯби бераҳмонаи шаҳрвнади Тоҷикистон маълум нест. Танҳо он чизе, ки сабаби ин ҳодисаро мешавад тахмин зад, узрхоҳии худи ҷавони тоҷик аст, ки мегӯяд, бо духтари доғистоние гуфтугӯ кардааст. Аммо маълумоти расмие, ки мушаххас кунад робитаи ин ҷавон бо духтари доғистонӣ дар кадом сатҳ будааст, дастрас нест.

Эрон раводиди шарҳвандони Тоҷикистон ва 32 кишвари дигарро бекор кард

0

Эрон ба сурати яктарафа раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва 32 кишвари дунёро барои вуруд ба ин кишвар лағв кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 13-уми декабри соли 2023 Ҷумҳурии исломии Эрон раводиди шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон ва 30 кишвари дигарро ба сурати яктарафа бекор кард.

Ба қавли манбаъ, Эрон дар маҷмуъ раводиди шаҳрвандони 17 кишвари ссиёӣ, 6 кишвари африқоӣ, 5 кишвари аврупоӣ ва 5 кишвари дигар аз Амрикои Лотин ҳам дар ин иқдоми якҷонибаи худ бекор кардааст. Дар байни кишварҳои осиёӣ кишварҳои подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Лубнон, Тунис, Малайзия ва Сингапур низ ҳастанд.

Ҷолиб он ки дар байни ин 33 кишвар исми ҳеч аз кишварҳои ҳамсояи Эрон ба мисли Афғонистону Покистон, Туркманистону Озарбойҷон ва Туркияву Ироқ, ки бо ин кишвар марзҳои муштараки заминӣ доранд, вуҷуд надорад. Эрон раводид шаҳрвандони Ҳиндустонро низ бекор карда, вале Афғонустону Покистонро на.

Гуфта мешавад, 8-ноябри соли ҷорӣ ҳангоми сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон вазирони корҳои хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури сарони ду кишвар санади рафтуомади бераводид (виза) миёни ду кишварро имзо карда буданд.

Бо гузашти беш аз як моҳ ҳамоно ҷониби Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи мавриди амал қарор гирифтани ин санади рафтуомади бераводид байни Тоҷикистон ва Эрон хабар надодааст. Аммо ҷониби Эрон мегӯяд, ки лағви раводид барои шаҳрвандони 33 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро ба сурати яктарафа мавриди амал қарор додааст.

Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кард

0

Ба гузориши расонаҳои лаҳистонӣ, Нерӯҳои марзбонӣ ва Амнияти дохилии Лаҳистон дар як амалиёти муштарк як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз Лаҳистон ихроҷ кардаанд.

Департаменти Амнияти Миллии дафтари Сарвазири Лаҳистон субҳи рӯзи 13-уми декабр дар як баёния аз боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ва ихроҷи ӯ аз ин кишвар хабар дод. Мақомоти Лаҳистон ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми “таҳдид ба амнияти миллӣ” боздошт намуда, 10-ми декабр ихроҷ кардаанд, вале аз ҷузиёти ихроҷаш хабаре нест.

Радиои Лаҳистон аз қавли Ожонси Амнияти дохилии Лаҳистон хабар медиҳад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон рафторҳои ифротгароёна дошта ва дар гузашта дар фаъолиятҳои даҳшатафканона ширкат доштааст ва ҳамзамон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дошт, ки Лаҳистон низ ӯро дар рӯйхати пайгарди дохили ва афроди “номатлуб” ҷой дод.

Мақомоти Лаҳистон ин шаҳрванди Тоҷикистонро барои 10 сол аз ин кишвар ва кишварҳои Иттиҳои Аврупо (минтақаи ШЕНГЕН) ихроҷ кардааст ва дар ин муддат ӯ ҳаққи бозгашт ба Аврупоро нахоҳад дошт.“, омадааст дар гузориши Радиои Лаҳистон.

Дар расонаҳои лаҳистонӣ ва баёнияи мақомоти ин кишвар ҷузиёти ихроҷи ин шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ном насаб ва ин ки ӯ паноҳанда буд ё муҳоҷири корӣ чизе гуфта намешавад.

Ин бори аввал нест, ки Лаҳистон шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели “ифротгароӣ” ва ё “ширкат дар гурӯҳҳои даҳшатафкан” ихроҷ мекунад. Аз ин қабл низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба далоили мушобеҳ ихроҷ карда буд.

Ҳамзамон чанде пеш мақомоти Олмон низ як узви “Гурӯҳи 24”, Билол Қурбоналиевро низ ба далели камбуд дар асноди будубош ба Тоҷикистон истирдод кард. Ин кишвар моҳи январи соли ҷорӣ низ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, як узви фаъоли ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон ихроҷ кард, ки ӯ ҳангоми расидан ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ боздошт ва баъдан ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Қабули Катънома дар бораи оташбаси фаврӣ дар Ғазза

0

Аксари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро гуфтанд, ки ҷанг дар Фаластин қатъ карда шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 12- уми декабри соли 2023 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо баргузории як нишаст Қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он ҷанг дар Навори Ғазза бояд фавран қатъ карда шавад.

Дар вақти раъйгирӣ 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, ҳама кишварҳои исломӣ ва арабӣ, инчунин аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба ҷонибдорӣ аз ин Қатънома раъйи мусбат доданд.

Аммо дар муқобил 10 кишвари дунё, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва 8 кишвари дигар аз он ҷонибдорӣ накарда, раъйи манфӣ додаанд.

Инчунин кишварҳое мисли Олмон, Утриш (Австрия) Итолиёву Гурҷистон ва 19 кишвари дигар ҳам дар вақти овоздиҳӣ ба ин Қатънома аз ҳар гуна раъй додан имтиноъ карданд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза 67 рӯз мегузарад, аммо бо гузашти беш аз ду моҳ Телавив натавонистааст, ки ба ҳеч яке аз ҳадафҳои асосии худ, ки иборат аз озодии асирон, саркӯби нерӯҳои фаластинӣ ва аз байн бурдани ҲАМОС аст, даст ёбад.

Исроил ин ҷангро пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои фаластинӣ ва бахусус ҲАМОС ба минтақаи Девори Ғазза, ки тибқи қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид бахше аз заминҳои ишғолшуда тавассути Исроил дониста мешаванд, оғоз карда буд.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тайи 5 соли ахир зиёда аз 150 қарор ва қатънома дар бораи қатъи зулму ситамҳои Исроил алайҳи фаластиниҳо қабул карда аст, аммо Телавив ҳеч яке аз онҳоро дар амал пурра татбиқ накардааст. Ба ҳамин хотир, бисёриҳо амалӣ шудани ин Қатъномаро ҳам зери суол мебаранд.