12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 198

Боз як рӯзноманигорои дигар дар Ғазза кушта шуд

0
Акс аз Анадолу

Рӯзи 13-уми декабр Маркази матбуоти ҳукуматии Ғазза аз кушта шудани як рӯзноманигор хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳоди фаластинӣ, бо марги ӯ омори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза аз шуруи ҷанг дар 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз ба 87 нафар расид.

Дар давоми беш аз ду моҳи ҳамлаҳои Исроил болои мардуми Ғазза, дар баробари кушта шудани аҳолии осоишта рӯзноманигорони зиёде низ ҳангоми фаъолияти касбӣ ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, дар таърихи ҷангҳо ин аввалин ҷангест, ки дар муддати бештар аз ду моҳ наздики 90 рӯзноманигор ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мақомоти фаластинӣ аз ин рӯзноманигори кушташуда ном набурдааст ва ҳоло маълум нест ӯ барои кадом расона фаъолият мекард. Аммо бо шуруи ҷанг дар Ғазза бар иловаи рӯзноманигорони расонаҳо боз шахсони алоҳида ва блогерони зиёде вазъияти фоҷиабори Ғазза ва мардуми онро дар шабакаҳо нашр мекарданд, ки чанде аз онҳо низ кушта шудаанд.

Ба гуфтаи бархе расонаҳо, ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон дар Ғазза ҳадафмандона буда, худи онҳо ва ё хонаводаашон ҳадаф қарор мегиранд. Барои мисол, дар пайи ин даргирҳо 4 нафар аз як оилаи рӯзноманигор, аз ҷумла зан, духтар, писар ва набераи Воил Даҳдуҳ, мудири расонаи “Ал-Ҷазира” дар Ғазза кушта шудаанд.

Чанде пас як рӯзноманигор фаластинӣ дар Ғазза ба номи Ҳассуна Сулайм 29-уми октябр, пеш аз кушта шуданаш бо нашри наворе дар ҳисоби ТикТокаш гуфт: “Ин видеое, ки ҳоло сабт мекунам, шояд охирин видиои ман бошад ва дигар сабт карда натавонам. Мо ҳамчун рӯзноманигорон дар Ғазза ҳар лаҳза ва ҳар соат мавриди ҳадафи Исроил қарор мегирем. Аз 4 ҳамкоре, ки якҷоя барои нашри ахбор ва воқеаҳо берун мебаромадем, 3 нафарашон кушта шуданд.” Ин рӯзноманигори фаластинӣ ҳамчунин гуфта буд, ки “Мутаассифона, тамоми саҳифа ва ҳисобҳои моро дар шабакаи иҷтимоӣ бастанд, вале мо роҳамонро идомам медиҳем.” Ва чанд рӯзи пас аз нашри ин навор худи ӯ ҳамроҳи як ҳамкори дигараш кушта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз замони шуруи ҷанг дар Ғазза то кунун 18 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин омори захмиён низ аз 50 ҳазор бештар гуфта мешавад.

Исроил низ дар навбати худ аз замони ҳуҷуми заминияш ба дохили Ғазза дар 27-уми октябри соли ҷорӣ то кунун аз кушта шудани 115 сарбозаш, ки аксарашон рутбаҳои олии низомӣ доштанд, хабар додааст.

Покистон қасд дорад заминҳояшро аз Тоҷикистон обёрӣ кунад

0

Покистон қадс дорад бархе заминҳои лалмии худ дар иёлати Балучистонро аз обҳои Тоҷикистон “зархез” кунад.

Бино ба иттилои шабакаи хабаррасонии покистонӣ “Оҷ.тв“, Осиф Алӣ Зардорӣ, собиқ нахуствазири Покистон аз иҷрои тарҳе хабар додааст, ки зарфи ду сол метавонад оби дарёи Вахшро ба иёлати Балучистон интиқол диҳад.

Ба қавли манбаъ, Осиф Алӣ Зардорӣ гуфтааст, ки вай дар бораи ин тарҳи инқтиқоли оби дарёи Вахш аз тариқи Чин ба Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кардааст. Бар асоси ин тарҳи собиқ Садри аъзами Покистон “оби дарёи Вахш аз тариқи Чин ба дарёи Гилгит Билтистон сарозер шуда ва аз он ҷо сипас ба иёлати Балучистон интиқол дода хоҳад шуд.”

Собиқ Садри аъзами Покистон афзуда, ки заминҳои корам дар иёлати Балучистон аз заминҳои корам дар иёлатҳои Синд ва Панҷоб зиёдтар аст ва он заминҳоро наметавон бо гарду хок ҳосилхез кард, балки барои “зархез” шудани он ба обёрӣ зарурат доранд.

Бо ин вуҷуд, дар бораи тарҳи интиқоли оби дарёи Вахш аз тариқи Чин ба Покистон ба сурати расмӣ то замони таҳия ин матлаб мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон изҳори назар накардаанд.

Гуфта мешавад, саҳми дарёи Вахш дар обҳои Омударё хеле зиёд аст. Толибон тарҳи солҳо хобидаи “канали Қуштеппа”-ро тайи ду соли ахир рӯи даст гирифтанд ва дар давоми камтар аз ду сол тавонистанд, ки марҳилаи аввали онро дар ҳаҷми беш аз 170 километ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Тарҳе, ки кишварҳои минтақа Узбекистон ва Туркманистон сахт нигарон кардааст.

Аммо акнун, ки муносибат байни Афғонистон ва Покистон хеле сард шуда, Исломобод тасмим гирифтааст, ки беш аз 1,7 миллион муҳоҷирони афғонистониро, ки санади иқомати расмӣ надоранд, аз ин кишвар ихроҷ кунад, садои Толибон дар Кобулро даровардааст.

Пешниҳоди тарҳи интиқоли оби дарёи Вахш аз тариқи Чин ба Покистон ҳам дар шароите матраҳ шудааст, ки даҳҳо ҳозор гектар замин дар Тоҷикистон ба сабаби камбуди об, сари вақт обёрӣ накардан ба заминҳои бекорхобида ва беҳосил табдил шудаанд.

Қатъи фаъолияти беш аз як ҳазор созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

0

Дар чанд соли ахир фаъолияти беш аз як ҳазор созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, танҳо тайи як соли ахир зиёда аз 700 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон қатъи фаъолият кардаанд, ки қисме аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекарданд.

Ба қавли Радиои Озодӣ, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар суханронии худ дар як семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ, Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон гуфт, ки “соли гузашта 700 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон баста шудааст, ки ин ба нафъи демкоратисозии ҷомеа нест.”

Аз сӯи дигар, бархе масъулини Тоҷикистон баста шудани созмонҳои ҷамъиятиро на ба сабаби фишорҳои мақомот ва ҳукуматдорон балки ба сабаби надоштани барномаи корӣ ва маблағ арзёбӣ кардаанд.

Пеш аз ин бархе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид низ аз бад шудан ваъз барои идомаи корҳои созмонҳои манданӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфта буданд, ки барҳам додани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ба нафъи ҳукумат нест.

Гуфта мешавад, раванди тезонидани барҳам додани фаъолияти хеле аз созмонҳои ҷамъиятӣ кори як солу ду соли ахир нест, балки Ҳукумати Тоҷикистон ин равандро ҳанӯз 10 сол қабл оғоз карда буд. Дар ин муддат натанҳо фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, балки садҳо иттиҳодияҳои динӣ-масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ҳам дар сартосари Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст.

Дар Тоҷикистон барқ боз ҳам гарон мешавад

0

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 16 дарсад гарон мешавад. Дар ин бора Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар ба “Азия-Плюс” хабар додааст.

Хабари гароншавии барқ дар чунин вазъият шаҳрвандони кишварро сахт нигарон кардааст. Гуфта мешавад, нархи барқ аз аввали моҳи январ аз 26,55 дирами нархи ҳозира барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам гарон мешавад.

Ба иттилои манбаи “Азия-Плюс”, дар бора 16 дарсад гарон шудани нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон Ҳукумати Тоҷикистон 29-уми ноябри соли 2023 зери рақами №546 қарор карда буд.

Ба гуфтаи бархе сокинон, гароншавии барқ барои ҳукуматдорон ва хусусан ширкатҳои наздикони раисҷумҳур чандон мушкил нест, вале барои мардуми оддӣ, ки ҳоло ҳамагӣ 8 то 10 соат барқ доранд, хеле гарон мешавад.

Нархномаи нави Ҳукумати Тоҷикистон барои тиърифаҳои барқ барои сокинони оддӣ 26,61 дирам бошад, барои ширкати додараруси Эмомалӣ Раҳмон, “Ширкати алюминийи тоҷик” ё ТАЛКО 15,57 дирам дар давоми сол аст. Ин дар ҳолест, ки мебояд нархи нерӯи барқи корхонаҳо аз барқи сокинони оддӣ гаронтар бошад, аммо чун ин ширкат аз наздикони раисҷумҳур аст, аз хеле имтиёзҳо бархӯрдор аст.

Бо вуҷуди имтиёзҳои зиёд ва арзон будани нархи нерӯи барқ барои ТАЛКО, боз ҳам ин ширкати додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 300 миллион сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор аст.

Бино ба иттилои расмӣ, ТАЛКО 320 миллион сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор буд, баъд аз дархостҳои зиёд раҳбарияти ин ширкат камтар аз 0,7%-и онро пардохт кардааст.

Гуфта мешавад, ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” як корхонаи давлатӣ аст, ки тайи беш аз ду даҳсола раҳбарии онро Ҳасан Асадуллозода, додарӯси Эмомаӣ Раҳмон бар уҳда дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта чанд бор даҳҳо миллион сомонӣ қарзҳои онро бахшида буд, аммо бо вуҷуди имтиёзҳои зиёди ҳукуматӣ боз ҳам маблағи барқро сари вақт пардохт намекунад. Ва Ҳукумат маҷбур мешавад пули барқҳои истифодашударо ҳар сол аз сокинон бо роҳи гарон кардан бигирад.

Мулоқоти Ятимову Тошиев дар Бодканд

0

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев бори дуввум аст, ки дар моҳи ҷорӣ мулоқот мекунанд.

Бино ба иттилои расонаи ҳукуматии “Ховар”, Ятимову Тошиев рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон, дар чорчӯби ҳайатҳои кории ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин мулоқоти навбатӣ натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро дар соли 2023 баррасӣ намуда, барои тақвияти корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар “супоришҳои мушаххас” додаанд. Аммо маълум нест ин “супоришҳои мушаххас” дақиқан чиро дар бар мегиранд ва ҷузъиёте дода нашудааст.

Пештар аз ин, раҳбарони Кумитаи амниятии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар мулоқот карда буданд.

Бояд қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба фарқ аз қирғизҳо ҷузъиёти нишастҳоро ба расонаҳо шарҳ намедиҳад.

Мулоқоти Ятимову Тошиев дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз, 11-уми декабр раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мулоқот бо сокинони Бодканд гуфт, ки душвории вобаста ба сарҳад бо Тоҷикистон дар остонаи тамомшавист ва эҳтимол дар баҳори соли 2024 ҳал шавад.

“Гуфтушунидҳо дар бораи марз ба зудӣ анҷом меёбанд. Бовар доштем, ки масъала то Ҷашни соли нав ба охир мерасад, аммо андаке дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир бирасад. Мо талош дорем, масъалаи сарҳадро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунем. Ҳайати кории байниҳукуматӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории марз низ пайваста кор мекунад”, – гуфтааст Содир Ҷабборов дар мулоқот бо сокинон Бодканд.

Пештар аз ин, мақомоти Қирғизистон борҳо гуфта буданд, ки ба эҳтимоли зиёд то поёни соли 2023 масоили баҳсии марзро бо Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард ва ба мувофиқаи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша хомӯшанд ва ба сокинон дар мавриди раванди музокироти варзӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда чизе намегӯянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин лаҳза садҳо километри он муайян шудааст.

Дар соли 2023, бахусус дар 3 моҳи ахир, ҳайтҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизизистон фаъолияти худро бештар карда, ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 100 километр марзи давлатӣ хабар доданд. Аммо гуфта намешавад, ки ҷонибҳо маҳз болои кадом қитъаҳои марз мувофиқа кардаанд, ки ин кор мояи ташвиши баъзе аз сокинони наздимарзӣ низ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиаи ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Як тоҷик президенти Амрико шуданист

0

Як зодаи Тоҷикистон дар Амрико тасмим гирифтааст, ки ба сурати худпешбарӣ барои президент шудан бо Ҷо Бойдан ва Трамп вориди рақобатҳои сиёсӣ шавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин мард Дилшод Бурҳонови 42-сола, зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад.

Ба қавли манбаъ, Дилшод Бурҳонов ҳамчун номзади мустақил ба сурати худпешбарӣ мехоҳад вориди рақобатҳои сиёсӣ шуда, барои соҳиб ба курсии президентӣ бо дигарон рақобат кунад.

Ин зодаи Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ се аслро қарор дода, мехоҳад пас аз пирӯз шудан бо инҳисоргарон мубориза карда, нархи захираҳои табииро ба танзим дарорад. Инчунин таблиғоти ҳамҷинсгароӣ дар мактабҳоро мамнуъ эълон кунад.

Гуфта мешавад, интихоботи президентӣ дар Амрико моҳи ноябри соли 2024 баргузор мегардад. Аммо аз ҳоли ҳозир номзадҳои зиёде ба хотири сабти ном кардан эъломи омодагӣ кардаанд.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсии Амрико ба ғайр аз номзадҳои ду ҳизби асосии ин кишвар Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ шанси дигарон барои пирӯзӣ хеле кам ва дар хеле мавридҳо ғайри имкон аст, вале шаҳрвандони зиёде ҳамчун номзадҳои мустақил ба сурати худпешбарӣ мехоҳанд барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.

Мусодираи наздики 30 ҳазор “хлапушка” аз як нафар дар Тоҷикистон

0

Пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз як ҷавони 22-солаи сокини маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи мазкур ҳудуди 28800 дона маводи тарфгарии навъи “Хлопушка” дарёфт ва мусодира кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, ин ниҳод дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин миқдори маводи мамнуъаро шаби 10-уми декабри соли ҷорӣ, аз “шаҳрванд Амакиев Қурбоналӣ Иброҳимович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи маҳаллаи зикршуда бо гумони муомилоти маводи пиротехникӣ боздошт карда шуд.”

Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, бо вуҷуди мамнуъ будани ин навъи маводҳои тарканда, дар оғози ҷашни соли нав фурӯши пинҳонии он бо мақсади тиҷорат ва даромади “муфт” зиёд мешавад.

Гуфта мешавад, айни ҳол Амакиев Қурбоналӣ дар боздошт қарор дошта, алайҳи ӯ бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Толибон назорати марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро сахттар мекунанд

0

Толибон таъкид кардаанд, ки назорати марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистонро сахттар мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди артиши Толибон пас аз дидор бо марзбони Афғонистон дар шимоли ин кишвар таъкид кардааст, ки назорати марзҳо бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро қаввитар кунанд.

Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, ки чандест дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур дорад ва бештар вақти худро дар боздиди марзбонони Афғонистон мегузаронад, дар суҳбат бо нерӯҳои марзбонии ин кишвар таъкид карда, ки ба хотири пешрафти низом ва муҳофизат аз он таълим ва тамринҳои худро зиёдтар кунанд.

Раиси Ситоди артиши Афғонистон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки “ҷанг роҳи ҳал нест, касоне, ки мухолифи низом (Толибон) ҳастанд, даст аз ҷанг бардоранд ва мушкилоташонро аз роҳҳои гуфтугӯ ва музокира матраҳ намоянд.”

Ин пешниҳоди гуфтугӯ ва музокира байни Толибон ва мухолифони онҳо дар замоне матраҳ мешавад, ки нерӯҳои муқовимати Афғонистон ва собиқ раҳбарони ин кишвар нишасту гуфтугӯҳои худашонро дар ин чанд моҳи ахир дар хориҷ зиёдтар кардаанд.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон (15.08.2021) то ҳол беш аз 28 моҳ мегузарад ва дар ин беш аз як соли ахир муқовиматҳои низомии нерӯҳои пешини Афғонистон ва дигар мухолифин алайҳи Иморати исломӣ хеле кам шудааст.

Аммо дар ин давра раванди муқовиматҳои сиёсӣ ва ташкили ҷаласаву нишастҳои онҳо нисбат ба гузашта зиёдтар шудааст. Баргузории нишастҳои мухолифони Иморати исломӣ дар чанд моҳи ахир ва бахусус нишастҳои Утриш, Русия ва Тоҷикистон Толибонро хеле нороҳат карда буд.

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ наздики 40 млн доллар грант дарёфт кард

0

Ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба бекорон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 37,50 миллион доллар грант дарёфт кард.

Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин грант аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ду мақомоти иҷроия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо дарёфти ин грант Вазорати меҳнати кишвар сокинонро барои кор даъват мекунад. Ин вазорат рӯйхати гурӯҳе аз мутахассисонеро, ки дар ин барнома шомил мешаванд, эълон кардааст. Аз ҷумла, иқтисоддонҳо, тарҷумонҳо, ҳуқуқшиносон ва ғайра дар ин рӯйхат ҷой гирифтаанд.

Вазорати меҳнат барои қабули ин гурӯҳи мутахассисон шартҳо ва талаботи худро низ гузоштааст. Аз ҷумла, аз довталабон таҳсилоти олӣ, ҳаддиақал 5 соли таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои фарогирии иқтисодӣ, лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар шуғли худ ва кор дар лоиҳаи рушди соҳибкорӣ барои одамони осебпазир, таҷрибаи банақшагирӣ, омоданамудани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ, таҷрибаи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, таҷриба дар ҷамъоварии маблағ, навиштани грантҳо, идоракунии грантҳо, тарҳрезӣ, татбиқ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии фаъолиятҳои лоиҳа ва ғайра талаб карда мешавад.

Мақомоти Тоҷикистонро бештар барои таъмин накардани ҷои корӣ барои аҳолӣ ва фиристодани сокинон ба кишварҳои дигар барои муҳоҷират мавриди интиқоди сахт қарор медиҳанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик барои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодии аҳолӣ аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ маблағҳои ҳангуфт мегиранд, вале бино ба таҳлилҳо, то рафт омори муҳоҷират ва сатҳи бекорӣ дар кишвар меафзод. Таҳлилгарон вуҷуди фасоди бузург дар байни ҳукуматдорони тоҷикро сабаби асосии беҳтар нашудани вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон медонанд.

Истирдоди як узви “Гурӯҳи 24” аз Олмон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Олмон Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24”-ро, ки моҳи октябри соли ҷорӣ боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод кард.

Дар ин бора “Гурӯҳи 24” дар сомонаи расмии худ рӯзи 8-уми декабр бо такя ба Маркази истирдоди Вазорати муҳоҷирати Олмон дар шаҳри Ҳоф хабар дод. Гуфта мешавад, Қурбоналиев моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Зирндорфи Олмон барои риоя накардани қоидаи будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд.

Вакили дифои ӯ хабар дод, ки Вазорати муҳоҷират 24 ноябри соли равон дар бораи ба Тоҷикистон истирдод шудани Билол Қурбоналиев қарор қабул кард ва худи ҳамон рӯз Маркази истирдоди ин ниҳод номбурдаро ба Тоҷикистон истирдод кард.“, омадааст дар хабар.

Бино ба иттилои ин ҳаракати сиёсӣ, қарори истирдоди Қурбоналиев се рӯз пас аз истирдоди ӯ ба дасти вакили дифоаш расидааст. Вакили дифоъ ин амалро ғайриқонунӣ дониста, иддао кардааст, ки аз болои қарори Вазорати муҳоҷирати Олмон ба додгоҳ шикоят мебарад.

Гуфта мешавад, Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гурӯҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан дар баробари афзудани хатари боздошти мухолифони сиёсии ҳукумати Раҳмонов дар Русия ба Украина паноҳ бурд. Ӯ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба Олмон рафт ва дархости паноҳандагӣ дод.

Билол Қурбоналиев мебоист мутобиқи банди 24 Қонуни ин кишвар новобаста аз санади паноҳандагии Укроин надоштан, дар сурати хатар доштани истирдодаш ба Тоҷикистон дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кунад. Вале аз сабаби бекор шудани банди 24 ин Қонун ва мақоми паноҳандагӣ надоштанаш дар Укроин пулиси Олмон Билол Қурбоналиевро боздошт кард.” – омадааст дар иттилоияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

“Гурӯҳи 24” аз замони боздошти ин узваш гуфта буд, ки ӯро хатари истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Вале дар ниҳоят бо вуҷуди доштани вакили дифоу талоши ҳамсафонаш, мақомоти Олмон ин мухолифи сиёсиро истирдод кард.

Дар давоми як сол Қурбоналиев дуюмин мухолифи сиёсӣ аст, ки аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Пеш аз ӯ моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ин кишвари аврупоӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон истирдод кард. Абдуллоҳ расидан баробар дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва баъдтар барои 7 сол равонаи зиндон шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, Билол Қурбоналиевро дар Тоҷикистон шиканҷа ва ҳукми зиндони тӯлонӣ интизор аст, чунки дар эътирозҳои бар зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ва дар партоби тухм ба мошини ӯ фаъолона иштирок карда буд ва ин кор мақомоти Тоҷикистонро сахт нороҳат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд. Тухм айнан дар ҳамон шишае бархӯрд, ки Раҳмон нишаста буд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд. Гуфта мешавад, бузургтарин нафар аз боздоштшудаҳо пирамарди 81-сола ва хурдатаринаш ҳамагӣ якунимсола буд.