12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 199

Ҳамла ба сафорати Амрико

0

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 8-уми декабри соли 2023 сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Бархе расонаҳо навори видиоеро нашр кардаанд, ки дар он дида мешавад субҳи барвақт чанд ҳамлаи рокетӣ сурат мегирад ва гуфта мешавад, ки ин сабти лаҳзаи ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод мебошад.

Дар бораи осеб дидани кормадони ин сафорат гузориш нашудааст. Аммо сухангӯи сафорати Амрико дар Ироқ аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки амнияти кормандони дипломатии сафорат ва дигар ниҳодҳои нерӯҳои Эътилофи байналмилалиро таъмин кунад. Бо ин вуҷуд, то ҳол ҳеч як гурӯҳи мусаллаҳе ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Дар ҷанги Исроил бо фаластиниҳо дар Навори Ғазза Амрико дар паҳлӯи Исроил қарор гирифта, ба қавли расонаҳо, дар муддати ду моҳи ҷанг ҳазорҳо тонна силоҳ ва дигар муҳиммоти ҷангӣ ба нерӯҳои исроилӣ фиристодааст. Инчунин ҳудуди 2000 нафар аз нерӯҳои вежаи амрикоӣ мавсум ба “Делта” низ ҳамчун мушовирони ҷангӣ дар канори нерӯҳои исроилӣ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ва шиддат гирифтани ҳамлаҳои шаҳракнинони исроилӣ ба Каронаи Бохтарӣ дар Фаластин бархе нерӯҳои силоҳбадасти ироқӣ ҳудуди 100 маротиба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ва Сурияро мавриди ҳамлаҳои гунон қарор дода буданд. Аммо дар ин муддат ин бори аввал аст, ки сафорати Амрико дар Бағдод ҳам дар феҳристи ҳадафҳои ин нерӯҳо қарор мегирад.

Тоҷикистон сафи муҳоҷиронро ба хориҷи кишвар бештар мекунад?

0

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд барномаи муҳоҷирати сокинони кишвар ба хориҷро густариш диҳанд.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи диверсификатсия ё бисёрсамта кардани муҳоҷирати корӣ рӯй даст гирифтаанд ва дар робита ба ин масъала бо қарори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омӯзиши забони куриёӣ барои онҳое, ки мехоҳанд ҳамчун муҳоҷири корӣ ба ин кишвар сафар кунанд, роҳандозӣ мешавад.

Вазорати меҳнати кишвар иттилоъ дод, ки аз рӯзи 5-ум то 8-уми декабр ҳайате аз мақомоти корҳои хориҷӣ, адлия, вазорати шуғл, Хадамоти рушди захираҳои инсонӣ ва дигар масъулони Корея дар Душанбе бо мақомоти тоҷик мулоқоту гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисонро барои кор дар Ҷумҳурии Кория мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тоҷикистон талош дорад ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Ҷумҳурии Корея ворид шавад. Вазорати меҳнати кишвар мегӯяд, “ин низом имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар асоси шартнома бо кор таъмин шаванд.”

Бо нашри ин хабар корбарон дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ вокунишҳои зиёд карданд. Бархе мақомоти Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки барои таъмини аҳолӣ ба ҷоӣ кор оҷиз мондааст ва талош мекунад сафи муҳоҷиронро ба хориҷи кишвар боз ҳам бештар кунад.

Вокунишҳо ба талаби Сенои Амрико дар Тоҷикистон

0

Талаби Сенои Амрико аз Тоҷикистон дар бораи риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи ақалиятҳо ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуда мегӯянд, “беэзор почакандаро механдад.”

Бино ба иттилои расонаҳо, Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико Бен Кардин бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки даст аз саркӯби мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ бардорад.

Дар ин нома Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда гуфт буд: “Махсус ба Шумо муроҷиат мекунам, ки ба саркӯби давомдори мухолифон, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар беруни он, хотима диҳед. Дар бораи ҳабси худсарона, шиканҷа, ҳамла ва ҳатто куштори рӯзноманигорону мухолифони сиёсӣ, пешвоёни динӣ ва ҷомеаи маданӣ пайваста гузориш мерасад. Хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъқиби намояндагони камшумори этникиву динӣ, созмонҳо ва роҳбарони маҳаллии онҳо идома дорад.”

Аммо ин талаби Бен Кардин на танҳо дар байни бархе аз мубаллиғон ва ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, балки садои бархе мухолифонро баровард.

Раҳмоналӣ Мирализода, Сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, “Бен (ҷамин) Кардин (овский) сиёсатмадори яҳудитабори амрикоӣ аст, ки гузаштагонаш аз Русия ба Амрико кӯчидаанд. Кори ин фирқа ҷуз фитнаангезию иғво чизи дигаре нест. Мардуми Ғазза зери пӯшиши сиёсӣ ва пуштибонии низомии ҳамин тоифа қатли ом мешавад. Ва инҳо гӯё бо чунин таблиғоти бепояаашон аз адолати ҷаҳонӣ ҳимоят мекунанд, вале худро ба хандахариш гузоштаанд (аммо дарк намекунанд).”

Аз сӯи дигар, корбаре ҳам бо номи Лутфулло Ниёзов бар ин бовар аст, “имрӯз сиёсати демократикунонии Кардинҳо ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Сиёсати пешгирифтаи онҳо бисёре аз кишварҳоро ба харобазор табдил додааст. Афғонистону Фаластин натиҷаи демукросии онлҳост!”

Доктар Абдулло Давлатов, фаъоли мадании тоҷик ва муқими Русия ҳам ин талабро беарзиш хонада, чунин қайд кардааст: “Беизор почакандаро хандидаст”… Амрикоиҳо мусалмонкӯбиву кӯдаккӯшиву тифлдуздии саҳюнистонатонашон ва бомбаборони давлатҳои шарқиву тарконидани бемористонҳову ибодатхонаҳоро бас кунанд, шояд гапашон арзиш пайдо кунад…”

Аммо Сафаралӣ Амирхонов, яке аз фаъолони дигари тоҷик сиёсати абарқурдатҳоро интиқод карда, дар баробари ин бархурди ҳукуматдорони тоҷик бо мардумро муваққатӣ дониста, гуфтааст: “Мушкилиҳои дар ҷомеъаи мо вуҷудошта ҳалшавандаанд, чи тарафе хоҳад е нахоҳад бо гузаштани андак вақт гузариш хохад кард, чун гузариши наслҳо аст, дар чомеаи мо ва ба насли миемада нигох карда сиёсат кардан, як амри мантиқӣ аст.”

Ҷаннатуллоҳи Комил, яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин талаби Бен Кардинро зери суол қарор дода таъкид карда, ки “О мебахшеду неки ҳамин ҳукуматҳои диктотурӣ даҳхурагии шуморо дида ба чунин амалҳо даст мезананд. Инҳо вақте мебинанд, ки шумо ҳамчун модарашон бо номи демократия ва озодӣ мекушеду медуздеду нест мекунед, дигар инҳо ҳам аз шумо пайравӣ мекунанд. Хулоса: Аз насиҳат ва тавсиатон хело миннатдор, аммо фақат таги бинии худатонро низ каме тоза кунед,- дия!!!”

Келин аз ҷабри хусуру хушдоман худро ба дор овехт

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, як зани 33-солаи сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба сабаби фишори зиёди хусуру хушдоманаш худро ба дор овехта, ҷон бохтааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, нисбати хусури 65-сола ва хушдомани 63-солаи ин зан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст. Аммо маълум нест, ки гумонбаршудагон дар боздоштанд ва ё дар озодӣ.

“Гумонбаршавандагон аз соли 2021 то инҷониб нисбати келинашон, зани 33-солаи сокини ҳамон ҷо суханҳои кабеҳ гуфта, мунтазам шаъну шарафашро паст задааанд, ки дар натиҷа ҷабрдида 17-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 11:10-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин қазия мақомоти корҳои дохилӣ тафтишотро шуруъ кардаанд.

То ҳол назари наздикон ва вакили дифои гумонбаршудагон дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест, ки онҳо ин иттиҳомро эътироф кардаанд ё на.

Фаъол шудани моддаи 99 СММ Исроилро хашмгин кард

0

Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо истифода аз салоҳияти худ моддаи 99-и маншури ҷаҳонии ин созмонро фаъол кард.

Гуфта мешавад, Гутерриш вобаста ба вазъияти бади инсонӣ дар Ғазза аз ин салоҳияти қонунии худ, ки хеле кам рух медиҳад, кор гирифт, то барои ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани оташбаси доимӣ ва ворид кардани маводи ғизоӣ ба Ғазза болои Шӯрои амнияти СММ фишор ворид кунад.

Ин модда, ки дар торихи СММ ҳамагӣ 9 маротиба фаъол шудааст, аз салоҳиятиҳои Дабири кулли ин ниҳод аст, ки ҳар лаҳза эҳсоси зери хатар қарор гирифтани “амният ва сулҳи ҷаҳонӣ” кунад, метавонад бо фаъол кардани ин модда аъзои Шӯрои амнияти СММ-ро барои ҷаласаи фаврӣ даъват кунад ва аз онҳо бихоҳад, то қарори изтирориеро дар ин маврид бигиранд.

Гутерриш рӯзи 7-уми декабр дар ҳисоби “Х”-аш бо нашри паёме навишт, ки “Бори аввал аст, ки ҳамчун Дабири кулли СММ моддаи 99 ин ниҳодро фаъол мекунам. Бо назардошти хатари аз кор афтодани системаҳои кумакрасонии инсонӣ дар Ғазза, ман аз Шӯрои амният мехоҳам, ки пеши роҳи як фоҷеаи инсониро бигирад ва хоҳиш мекунам як оташбаси инсондӯстонаи фаврӣ эълом кунад.

Пас аз ин иқдом Гутерриш аз ҷониби сафири Исроил дар СММ Ҷалъод Эрдон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Намояндаи Исроил гуфт, ки Антонио Гутерриш аз “доираи ахлоқӣ” берун баромадааст ва бояд аз мансаби Дабири кулли СММ истеъфо бидиҳад.

Намояндаи Исроил иддао карда, ки кишвараш бо “террористҳо” дар ҷанг аст ва Дабири кулли СММ аз онҳо ҳимоят мекунад.

Ин бори аввал нест, ки намояндаи Исроил истеъфои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутерришро талаб мекунад. Қаблан ҳам замоне ки Дабири кул аз вазъи инсонӣ дар Ғазза интиқод кард ва гуфт, ки “Ғазза ба қабристони кӯдакон мубаддал шудааст“, талаби истеъфои ӯ аз ҷониби намояндаи Исроил садо дода буд. Гутерриш дар он изҳороташ гуфта буд, ки “Ҳуҷуми ҲАМОС ба Исроил аз фароғ ба вуҷуд наомадааст“. Зоҳиран манзураш муҳосираи шадиди Исроил бар Ғазза аст, ки солиёни дароз идома дорад. Ҳамчунин ӯ дар идома афзуд, ки “ҳамлаи ҲАМОС ин ҳақро ба Исроил намедиҳад, ки даст ба қатли оми мардуми Ғазза, бахусус кӯдакон бизанад.

Аммо дар баробари ин, аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин инқдоми Гутерриш ҳимояти худро эълом карданд. Аз ҷумла, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеф Боррел аз кишварҳои ин иттиҳодия хост аз тасмими Дабири кулли СММ ҳимоят кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Ғазза дар 7-уми октябри соли ҷорӣ Исроил ҳамлаҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳамоии худро шуруъ кард ва то кунун идома медиҳад. Бино ба иитилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил болои Ғазза беш аз 16 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва ҳамчунин омори захмиён марзи 43 ҳазорро гузаштааст.

Талаби Сенои Амрико аз Эмомалӣ Раҳмон: Даст аз саркӯби мухолифон бардоред!

0

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико Бен Кардин бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки даст аз саркӯби мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ бардорад.

Дар номаи Кардин, ки рӯзи 27-уми ноябри соли ҷорӣ ба Қасри Миллат, қароргоҳи Раҳмонов фиристода шудааст, гуфта мешавад, ки агар Тоҷикистон мехоҳад аз ҳамкориҳои бештари байналмилалӣ ва тиҷорату сармоягузориҳои хориҷӣ баҳра гирад, ҳукуматаш бояд тибқи ваъдаҳои супурдаи худ, аз ҷумла бар асоси Эъломияи ҳуқуқи башари СММ ва Санади ниҳоии Ҳелсинки, инчунин дигар уҳдадориҳои дар доираи САҲА доштааш амал кунад.

“Махсус ба Шумо муроҷиат мекунам, ки ба саркӯби давомдори мухолифон, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар беруни он, хотима диҳед. Дар бораи ҳабси худсарона, шиканҷа, ҳамла ва ҳатто куштори рӯзноманигорону мухолифони сиёсӣ, пешвоёни динӣ ва ҷомеаи маданӣ пайваста гузориш мерасад. Хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъқиби намояндагони камшумори этникиву динӣ, созмонҳо ва роҳбарони маҳаллии онҳо идома дорад,” – гуфтааст Бен Кардин дар нома ба Раҳмонов.

Инчунин дар ин нома аз гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи ҳуқуқи башар мисол оварда шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 бо таҳдид ва суистифода аз расмиёти додгоҳӣ шахсони берун аз ватан, рақибони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башару рӯзноманигоронро ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони Freedom House муайян кардааст, ки тақрибан сеяки ҳодисаҳои сабтшудаи саркӯбии мустақими фаромиллӣ дар саросари ҷаҳон ва ҳамчунин ҳодисаҳои бешумори таъқибу таҳдиди рақамӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико аз Раҳмонов хостааст, ки ба саркӯби эътирозгарони осоишта, пешвоёни ҷомеа, рӯзноманигорон ва фаъолон дар Тоҷикистон, инчунин ҳама шаклҳои таъқиби фаромиллӣ ва ба воситаи Интерпол маҷбуран ба ватан баргардондани дигарандешон хотима диҳад.

Дар охири Бен Кардин таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон таҳким бахшад ва риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар дарозмуддат ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд.

То ҳол маълум нест, ки Раҳмонов ба ин нома посух додааст ё на.

Режими Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ҷониби ниҳодҳои хориҷӣ дар мавриди риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ интиқод мешавад. Қабл аз интиқоди раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки даст аз таъқиби дигарандешон бардоранд ва маҳбусони бегуноҳро аз зиндонҳо озод кунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин тавсияву талаби созмонҳоро ҳамеша нодида мегирад.

Даргузашти собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон

0

Бино ба иттилои расмӣ, 6-уми декабри соли 2023 собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ дар бемористоне дар Туркия вафот кард.

Ба қавли расонаҳо, Амиршо Миралиев, собиқ раҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон аз дарди сутунмуҳра раҷн мебурдааст. Вай ба хотири табобат як ҳафта пештар ба бемористоне дар шаҳри Истанбули Туркия рафта буд. Баъд аз ҷароҳат, имрӯз вафот кардааст.

Дар назар аст, тобути чоркарата вакили парлумони Тоҷикистон Амиршо Миралиев имрӯз ба Тоҷикистон оварда, пагоҳ, 7-уми декабри соли ҷорӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара ба хок сипурда мешавад.

Марги яке аз ёрони наздики Президенти Тоҷикистон дар бемористоне дар Туркия мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ба вуҷуд овардааст. Бархе ҷонибдорони ҳукумат ӯро тавсифу тамҷид карда ходими давлатӣ ва марде қонунмеҳвар мегӯянд, вале бархеи дигар баръакс, собиқ раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиевро яке аз поягузорони зулму ноадолатӣ ва ҳомиёни мубориза алайҳи арзишҳои исломӣ дар даврони режими Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Инчунин гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ таблиғоти ҳукуматро дар робита ба беҳтар шудани вазъи низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон зери суол қарор дода, гуфтаанд, ки агар ин ҳама суханҳои ҳукумат ва ҷонибдорони он дуруст бошанд, чиро наздикони Эмомалӣ Раҳмон, ба мисли Амиршо Миралиев барои табобат ба бемористонҳои ватанӣ муроҷиат накарда, балки ба Туркия рафтааст?

Китоби “Шоҳнома” ба сокинон дастрас карда мешавад. Боз кӣ бой мешавад?

0

Президенти Тоҷикистон дастур дода, ки китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба тиражи бисёр зиёд чоп ва ба ҳама оилаҳо дар кишвар тақсим карда шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 5-уми декбари соли 2023, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар “Симпозиуми байланмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров” дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ аз китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавсиф карда, дастур дод, ки “ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.”

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон китобе барои ҳама чоп ва дастрас карда мешавад. Пеш аз ин дар соли 2020 китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба тиражҳои зиёд чоп ва ба сокинони кишвар тақсим гардида буд.

Аммо он замон як таҳқиқи “Радиои Озодӣ” нишон дода буд, ки дар рафти чопи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ҶСП “Нашриёти муосир”-и домоди Эмомалӣ Раҳмон ғолиби озмун эълон шуда буд. Рақиби домоди Президенти Тоҷикистон дар ин озмун ҶСК “Эр Граф” буд.

Бо вуҷуди он ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Эр Граф” нархи чопи ҳар як китобро бо тиражи 1,6 миллион нусха 2 сомониву 81 дирам гуфта буд, дар озмун ноком шуд. Аммо Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Нашриёти муосир”, ки барои чопи ҳар як китоб 83 сомониву 30 дирам талаб карда буд, барандаи озмун эълон шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз ҳисоби чопи китоби “Тоҷикон” домоди Эмомалӣ Раҳмон зиёда 128 миллион сомониро муфт ба даст овард. Ва эҳтимол меравад дар нашри “Шоҳнома” низ ширкати наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон боз чопи онро ба дӯш мегиранд ва аз ин роҳ миллионҳо сомонии маблағи буҷетро аз худ хоҳанд кард.

Беш аз 24 км марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд

0

Ҳайтҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти ахир ба таъйин ва аломатгузории 24,1 км хатти марз муваффақ шуданд.

Хабаргузории ҳукуматии “Ховар” дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз 29-уми ноябр то 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии худро гузарониданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди муайянкунӣ ва аломатгузории 24,01 км марзи муштараки байни ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расида, Протоколи навбатиро имзо карданд.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон шарҳ надодааст, ки ин мувофиқа дақиқан кадом минтақа ва ё қитъаи баҳсии марзо дар бар мегирад. Дар хабар танҳо миқдори киломатри марзи мувофиқашуда зикр шудааст.

Дар иттилоияи қаблие, ки ҷониби Тоҷикистон нашр карда буд, бори аввал аст, ки баъзе ҷузъиёти музокира гуфта шуд. Аз ҷумла, Саймумин Ятимо, раиси КДАМ-и Тоҷикистон таъкид кард, ки бо ҳамтои қирғизаш ба тавофуқоти усулӣ даст ёфтаанд. Ӯ зикр кард, ки “Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад.

Ҷониби Тоҷикистон аз рафти музокирот ва тавофуқоти ҳосилшуда ба расонаҳои тоҷик хабар намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ба расонаҳо каму беш аз раванди музокирот ва тавофуқоти ҳосилшуда иттилоъ медиҳад. Аз ҷумла, мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд то поёни соли 2023 масоили баҳсии марзро бо Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард ва ба мувофиқаи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиа ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт.

Freedom Now бори дигар аз Тоҷикистон озодии зиндониёни ҲНИТ-ро талаб кард

0

Созмони “Freedom Now” бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро фавран ва бечунучаро озод кунанд.

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳисоби “X”-и худ аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ёдовар шуда, навиштааст, ки “3000 рӯз пеш мақомоти Тоҷикистон сиёсатмадор Маҳмадалӣ Ҳаит ва 12 узви дигари аршади мухолифинро боздошт кард. Онҳо бо иттиҳомоти сохта аз 14 сол то якумрӣ равонаи зиндон гардиданд. Мо даъват мекунем, ки онҳо фавран ва бечунучаро озод карда шаванд”.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамроҳи дигар раҳбарони ҲНИТ 16-уми сентябри соли 2015 боздошт шуда буд. Пас аз боздошт моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А, ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифта буд ва дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифта буданд.

Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Дар ин муддат борҳо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.