18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 211

Таркиш дар Душанбе

0

Бар асари як таркиш дар маркази шаҳри Душанбе дасти кам ду нафар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, зуҳри имрӯз, 30-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, “тақрибан соати 13:24-дақиқа, дар ошхонаи “Мерве”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҳисоби гази моеъ таркиш ба амал омад.”

Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, “дар натиҷаи ин таркиш ду нафар шаҳрвандон, як нафар корманд ва як нафар мизоҷи ошхонаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус”, ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.”

Гуфта мешавад, мақомоти расмӣ дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса шарҳе надодаанд, вале Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, “аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.”

Ошхонаи Мерве яке аз ошхонаҳои шинохта дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки тайи тақрибан ду даҳсола фаъолият мекунад. Ин ошхона таомҳои тезтаёри туркиро ба мизоҷони худ пешниҳод мекунад. Солҳои 2009 ва 2018 низ дар ин ошхона сӯхторҳое ба қайд гирифта шуда буд.

Шумори хабарнигорони ҳалокшуда дар Ғазза афзоиш ёфт

0

Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза то имрӯз, 30-уми октябр 35 хабарнигор аз расонаҳои гуногун ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дафтари матбуоти ҳукумат дар Ғазза шоми якшанбе ному насаби рӯзноманигорони кушташударо нашр кард. Гуфта мешавад, ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон ҳадафмандона буда, худи онҳо ва ё хонаводаашон ҳадаф қарор мегиранд.

Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин даргирҳо 4 нафар аз як оилаи рӯзноманигор, аз ҷумла зан, духтар, писар ва набераи Воил Даҳдуҳ, мудири расонаи қатарии “Ал-Ҷазира” дар Ғазза кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзноманигор фаластинӣ дар Ғазза Ҳассуна Сулайм шоми дирӯз бо нашри наворе дар ҳисоби ТикТокаш гуфт, “ин видеое, ки ҳоло сабт мекунам, шояд охирин видиои ман бошад ва дигар сабт карда натавонам. Мо ҳамчун рӯзноманигорон дар Ғазза ҳар лаҳза ва ҳар соат мавриди ҳадафи Исроил қарор мегирем, аз 4 ҳамкоре, ки ҳакҷоя барои нашри ахбор ва воқеаҳо берун мебаромадем, 3 нафарашон кушта шуданд.” Ин рӯзноманигори фаластинӣ ҳамчунин афзуд, ки “Мутаассифона, тамоми саҳифа ва ҳисобҳои моро дар шабакаи иҷтимоӣ бастанд, вале мо роҳамонро идомам медиҳем.”

Аммо дар баробар ин ба гузориши расонаҳо, аз оғози ин даргириҳо то имрӯз 3 хабарнигорон аз Исроил низ кушта шудаанд.

Бино ба гузориши расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз дар маҷмуъ 8005 нафар кушта шудааст, ки дар байни онҳо 3324 кӯдак ва 2062 зану 460 пиронсол вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои мақомоти расмии Исроил, аз аввали даргирҳо то имрӯз 1538 нафар кушта шуда, шумори захмиён ба 5132 нафар расидааст. Ҳамчунин оморҳои расмии Исроил мегӯянд, ки ҲАМОС 239 нафар аз шаҳрвандони исроилӣ ва хориҷиро асир гирифтааст.

Навори Ғазза зери бомборони шадид қарор гирифт

0

Шаби 27-ум ба 28-уми октябр Исроил ҳамлаи шидид ва бесобиқаи худро дар қисмати шимолии Навори Ғазза анҷом дод. То ҳол дар бораи талафоти ҷонии ин ҳамла гузориши расмӣ нашудааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ин ҳамлаи густардаи Исроил барқу интернет тамоси телефонҳо дар ин минтақа ба таври комил қатъ шудааст. Ҳатто Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод, ки дар пайи ин ҳамлаи Исроил бо ҳамкоронаш дигар тамос барқарор карда наметавонад.

Хабарнигори “Ал-Ҷазира” аз макони бомборон хабар дод, ки дар пайи ин бмоборони шадид қурбониён хеле зиёд ҳастанд, бахусус кӯдакон, вале дақиқ шумори онро маълум накарданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷангандаҳои исроилӣ 4 соат бетаваққуф минтақаи шимолии Ғаззаро имшаб бомборон кардаанд. Чандин мушак дар наздикии беморхонаи “Инданезия”, дар шаҳраки Ҷаболияи Ғазза зада шудааст, ки чнадин хонаҳои маскунӣ пурра ва қисман хароб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол вазири хориҷаи Урдун Айман Сафадӣ дар ҳисоби Х-и худ навишт, ки Исроил ҳамлаи заминии худро ба Ғазза оғоз кардааст, аммо чанде пас сухангӯи артиши Исроил оғози ҳамлаи замиро рад кард.

Бархе коршиносони низомӣ мегӯянд, шиддат гирифтани ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ба маънои муқаддимаи ҳамлаи заминӣ аст, ҳар лаҳза эҳтимоли оғози он вуҷуд дорад. Вале Эрон, Арабистони Саудӣ ва чандин кишварҳои дигар Исроилро аз ин ҳамла ҳушдор додаанд.

Аммо аз сӯи дигар, гуфта мешавад, байни ҲАМОС ва Исроил гуфтушунидҳо дар мавриди таваққуфи ҷанг ва таслими асирон дар ҷараён аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар гуфтушунида аном шуда бошад, зоҳиран ин гуфтушунид бенатиҷа будааст.

Созмони Милали Муттаҳид озодии рӯзноманигорони зиндониро талаб кард

0

Созмони Милалали Муттаҳид бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон озодии хабарнигорони зиндониро талаб кард.

Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид Мери Лолор дар мулоқот бо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон Ҷонибек Ҳикмат Исмоил масъалаи озод кардани ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони зиндониро дар миён гузоштааст.

Мулоқоти гузоришгари вежа дар умури ҳуқуқи одамон бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми октябр дар Ню-Йорк гузаштааст.

Хонум Лолор дар бораи ин мулоқот дар саҳфаи X (собиқ твиттер) навиштааст, ки “бори дигар даъвати худро барои раҳоии ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорони зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоева такрор кардам”.

Инчунин Мэри Лолор, гузоришгари вежаи СММ дар моҳи декабри соли гузашта бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар зиндон мулоқот карда гуфта буд, ки ин ду рӯзноманигор, бахусус Далери Имомалӣ бояд аз ташхиси сил гузаранд.

Гуфта мешавад, дар бештар аз як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохта, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абусаттор Пирмуҳаммадзода, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом ва дигаронро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯби рӯзноманагирон, блогерон ва фаъолони маданӣ дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Эътирофи Тоҷикистон ба ноком будани тарғиботи идеологии ҳукумат

0
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон эътироф карда, ки табилоғот ва тарғиботи идеологии ҳукумат натавониста пеши роҳи ҷазби ҷавононро дар пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ бигирад.

Бино ба иттилои расмӣ, 26-уми октябри соли 2023 нишасти байналмилалии сатҳи баланди “Амнияти АвруОсиё: воқеият ва дурнамо дар ҷаҳони тағйирёбанда” дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус ба кори худ оғоз кард.

Ба қавли манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ намояндагӣ мекард. Содиқ Имомӣ, ки дар ин конфронс суҳбат мекард, гуфт: Мо густариши идеологияи бениҳоят харобиовари родикализми мазҳабӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро бузургтарин чолишҳои пешорӯӣ мебинем.”

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ бо истифода аз заъфи идеологияи (ҳукуматӣ) ва (кам будани донишҳои) мазҳабӣ мардум ва бахусус ҷавонон нафарони зиёдеро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмие, ки мақомот ва бахусус раҳбарони олии Тоҷикистон ба расонаҳо пешниҳод мекунанд, ки зиёда аз 97 дарсади аҳолии кишвар мусалмонанд. Беш аз 35 дарсади сокинони кишварро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳечгуна барномаи омӯзиши таълимоти мазҳабиро дар мактабу дошингоҳҳо барои онҳо тадорук надидааст.

Тоҷикистон дар ҳоле аз “густариши идеологияи харобиовар” суҳбат мекунад, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи 14 соли гузашта ҳамагуна дарҳои таълиму тарбияи мазҳабиро ба рӯи ҷавонон бастааст. Маҳдудиятҳои мазҳабие, ки Эмомалӣ Раҳмон барои мусалмонон дар Тоҷикистон ҷорӣ кардааст, дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Амнияти АвруОсиё: воқеият ва дурнамо дар ҷаҳони тағйирёбанда” имрӯз, 27-уми октябрис соли ҷорӣ ба кори худ поён медиҳад.

Ду зодаи Тоҷикистон аз комиссариатии ҳарбии Маскав фирор кардаанд

0

Ду ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро доранд, аз бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Маскав фирор кардаанд.

Бино ба иттилои Сарраёсати Кумитаи тафтишотии шаҳри Маскав, ин ду ҷавон (соли таваллуди яке 2004 ва дигарӣ 2005) солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии ин Русиро дарёфт карда будаанд ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд. Аммо 22-уми октябри соли ҷорӣ ин ду ҷавон аз як комиссариати ҳарбӣ, ки мебоист аз онҷо онҳоро ба қисми низомие барои хидмат мефиристоданд, фирор кардаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия номи ин ду ҷавонро расонаӣ накардааст, аммо шабакаи телеграмии “Shot” номи онҳоро Муҳаммаднабӣ С. ва Мақсуди М. гуфтааст.

Муҳаммаднабӣ аз хонаи зисташ пайдо ва аз ҷониби мақомоти рус боздошт шудааст. Мақсудро мақомоти интизомӣ то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Нисбати ин ду ҷавон, бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, яъне моддаи 328 қисми 1 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабари фирори ин ду ҷавони тоҷик аз комиссариати ҳарбии шаҳри Маскав дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки мақомоти интизомии ин кишвар чанд вақти охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия миёни муҳоҷирон ва хориҷиён тафтишот гузаронда, онҳоеро ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда истодаанд.

Инчунин Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кардааст, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина “муҳоҷирон” аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд.

Ҳамлаи заминӣ ба Ғазза

0
Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки шаби гузашта аз тариқи замин ба Ғазза ҳамла карданд. Аммо нерӯҳои фаластинӣ иддао доранд, ки ин ҳамла бо шикаст рӯбарӯ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти исроилӣ эълон карданд, ки ба хотири омодагӣ барои марҳилаҳои баъдии ҷанг дар ҷануби Ғазза “амалиёти маҳдуд”-еро анҷом дода, пас гашта омаданд.

Ҳамзамон дар як наворе, ки мақомоти исроилӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки чанд адад тонк, зиреҳпӯш ва дигар мошинҳои низомь деворҳои бетонӣ ва симхории атрофи Ғаззаро убур карда, зери ҳимояи гулулаборони тупхонаӣ ба ҷануби Ғазза ворид шудаанд.

Исроил иддао кардааст, ки дар рафти баргузории ин амалиёти маҳдуд даҳҳо адад нуқтаҳои муҳим, аз ҷумла бархе тунелҳои нерӯҳоии Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва дигар нерӯҳои фаластиниро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Аз сӯи дигар, бархе расонаҳо баакси иддаои мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои исроилӣ дар вақти баргузории ҳамлаҳои заминӣ ба Ғазза қасд доранд зери назорати амрикоиҳо бо сар додани газ ба тунелҳо дар Ғазза ба нерӯҳои фаластинӣ ҳамла кунанд.

Аз сӯи дигар, раҳбарони нерӯҳои фаластинӣ ҳам борҳо гуфтаанд, ки барои ҳар гуна сенаряҳои эҳтимолӣ ва ҳамлаҳои заминӣ ба Ғазза аз пеш омода шудаанд. Дар сурати ҳамлаи заминӣ шикасти бузурге дар интизори нерӯҳои исроилӣ хоҳад буд. Инчунин нерӯҳои ҲАМОС имрӯз эълон карданд, ки як чархболи низомии Исроилро дар осмони Ғазза мавриди ҳадаф қарор доданд.

Инчунин дар давоми ин 20 рӯзи ҷанг бархе коршиносони низомӣ аз дохили Исроил, кишварҳои Амрико, Фаронса, Бритониё ва Олмон ҳам борҳо ҳушдор додаанд, ки ҳаргуна амалиёти заминии низомӣ бар зарари нерӯҳои исроилӣ анҷом хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, субҳи 7-уми октябри соли ҷорӣ нерӯҳои фаластинӣ ба чанд шаҳрак ва пойгоҳҳои ҳарбии нерӯҳои исроилӣ дар атрофи Ғазза ҳамла карда, даҳҳо нафар аз афсарону сарбозони исроилиро ба асорат гирифтанд. Асри ҳамон рӯз Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро оғоз кард ва то ҳол идома доранд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза зиёда 7 ҳазор нафар кушта ва беш аз 17 ҳазору 440 каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомои исроилӣ омори талафоти худро ба пуррагӣ нашр накардаанд, вале бар асоси бархе гузоришҳо, ҳудуди 1500 нафар кушта ва наздик ба 3200 нафар захмӣ доранд. Дар бораи ҳаҷми хисороти молӣ аз ду ҷониб то ҳол гузоришҳои дақиқе ироа нашудааст.

Парлумони Либия хостори ихроҷи сафирони кишварҳои ҳомии Исроил шуд

0

Намояндагони парлумони Либия рӯзи 25-уми октябри соли ҷорӣ бо нашри изҳороте аз сафирони чанд кишвар хостанд, хоки ин кишаварро фавран тарк кунанд.

Парлумони Либия дар изҳороти худ, ки дирӯз дар сомонаи расмияш нашр шуд, кишварҳои Амрико, Бритониё, Фаронса ва Итолиёро ҳомиёни аслии Исроил дониста, таъкид карда, ки Исроил дорад мардуми Ғаззаро “қатли ъом” мекунад. Низ таъкид мешавад, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил болои мардуми Ғазза бояд сафирони ин кишварҳо аз Либия берун карда шаванд.

Ҳамчунин дар баёнияи парлумон омада, ки “агар куштори бегуноҳон тавассути Исроил дар Ғазза мутаваққиф нашавад, “мо аз давлати Либия мехоҳем, ки содироти нафту газ ба кишварҳои ҳомии Исроилро қатъ кунад.”

Парлумони Либия мегӯяд, ин кишварҳои мазкур дар ҳоле аз ҳамлаҳои мушакии Исроил болои мардуми Ғазза ва куштани кӯдакону ҷиноёти он ҳимоят мекунанд, ки раҳбаронашон ҳамеша дам аз демократия ва ҳуқуқи инсон мезананд.

Дар яке аз бандҳои баёния намояндагони парлумони Либия дар мавриди кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо аз Ғазза ба дигар ҷой ишора карда, гуфтанд, ки “мо бо қотеъияти том масъалаи кӯҷонидани фаластиноҳоро ба ҳар шакле, ки набодаш, маҳкум мекунем.”

Кумаки 30 млн евроии ИА ба Тоҷикистон

0

Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ ба Тоҷикистон 30 миллион евро кумак мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 25-уми октябри соли 2023 Сироҷиддин Муҳриддин ҳамроҳ бо Ютта Урпилайнен эъломияи кумаки 30 миллион евроиро ба буҷети Тоҷикистон дар ҳошияи форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Аврупо имзо карданд.

Ба қавли манбаъ, ин эъломияро Сироҷидин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ютта Урпилайнен, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми 30 миллион евро “ҷиҳати рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ” дар Тоҷикистон имзо карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “маблағи мазкур барои татбиқи барномаҳо баҳри таъмини ҷавонон ва бонувон бо шуғл дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили кишоварзӣ, энергетика ва саноати сабзу рақамӣ равона хоҳад шуд.”

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо ин 30 миллион евроро барои “дастгирии молиявии буҷет” анҷом медиҳад, то ҳукумат тавонад “унсурҳои нави муосир дар таҳсилоту таълими техникӣ ва касбиро” дар низоми таълим ва “гузариши сабз” анҷом диҳад.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, гузоришҳои расмӣ ва расонаӣ нишон медиҳанд, ки дар давоми беш аз 30 сол аз ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо миллион доллар аз кумакҳои фиристодаи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз буҷети Тоҷикистон ғорат карда шудаанд, ба ин хотир, ҳанӯз маълум нест, ки ин 30 миллион евро пурра дар ҷои худ истифода мешавад ё на?

Ҳелсинки: Тоҷикистон бояд фишор болои пайвандони мухолифонро бас кунад!

0

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки фишор болои пайвандони мухолифонро фавран бас кунад.

Дар изҳороти ин кумита, ки рӯзи 25-уми октябр нашр шудааст, гуфта мешавад, ду ҳафта боз баъзе аз пайвандони фаъолони дар хориҷбуда дастрасӣ ба нерӯи барқ ​​надоранд.

Дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман мегӯяд, ки “Вақте мақомоти Тоҷикистон пайвандони мунтақидонро бе муҳокима ҷазо медиҳанд, натанҳо муҷозоти дастҷамъиро таҷриба мекунанд ва волоияти қонунро зери по менамоянд, балки ба озодиҳои бунёдӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо низ таҳдид доранд”.

Хонум Линдеман аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки ҳамагуна фишор болои пайвандону наздикони мухолифонро фавран бас кунанд ва аз шарикони демократии Тоҷикистон ҳам хостааст, Душанберо барои чунин рафтораш ба ҷавобгарӣ кашанд.

Гуфта мешавад, 11-уми октбяри соли ҷорӣ, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.

Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ гуфтаанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст“.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст, ки рӯзи 20-уми октябр кормандони КДАМ ба хонаи бародараш дар Тоҷикистон рафта, ба аҳли хонаводаашон гуфтаанд, фаъолияти писаронашонро, ки дар Федератсияи Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд, дар интернет назорат мекунанд.

Инчунин рӯзи 12-уми октябр Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ҳам гуфта буд, мақомот сими барқи хонаашро буридаанд.

Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода, гуфтанд, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.

Рӯзи дигар, яъне 13-уми октябр, кормандони идораи барқ ва маъмурони интизомӣ ба манзили модари Фарҳод Одинаев дар рустои Турдибобои Ҳисор рафта, барқ ва оби ошомидании манзилашро қатъ кардаанд. Модари Одинаев, ки дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва барқ надошт, пас аз чанд рӯз аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рафтааст.

Ҳамзамон дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон мақомот интиқоли барқ ​​ба манзилҳои се амаки Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро қатъ карданд. Ҳар се амаки ин фаъоли тоҷик дар авоили моҳи октябри соли ҷорӣ боздошт ва танҳо пас аз сабти наворҳои маҳкумияти Ёқубов озод шуданд.

Дар суҳбат бо Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия фаъолони тоҷик гуфтаанд, ки теъдоди зиёди хонаводаҳои мухолифони тоҷик аз қатъи ҳадафмандонаи нерӯи барқ ​​осеб дидаанд, вале бештари онҳо аз тарси интиқоми минбаъдаи мақомот, аз гуфтани ин мушкилот худдорӣ кардаанд.

То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.

Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд. Гуфта мешавад, бузургтарин нафар аз боздоштшудаҳо пирамарди 81-сола ва хурдатаринаш ҳамагӣ якунимсола буд.