12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 263

Истеъфои сармуррабии футбол

0

Сармураббии дастаи пуровазадори “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 25-уми майи соли 2023 аз шикастҳои пай дар пайи дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода Алиёр Ашурмамадов, сармураббии он аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар ҳамин мавсими бозиҳои даври 11-уми Лигаи Олӣ Регар-ТадАЗ, “зери роҳбарии Ашурмамадов 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикастро ба қайд гирифта аст.

Гуфта мешавад, Алишер Ашурмамадов пас аз ин бозиҳои даври 11-уми Лигаи Олӣ, ки дастаи зери раҳбариаш дар раддабандии беҳтаринҳо аз охир ҷои дуввумро ишғол кард, ба гуфтаи “ВАРЗИШ ТВ” сармураббӣ бо раҳбарияти ин даста “барои қатъи қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.” Ва дар ҳоли ҳозир ин дастаро  Фарҳод Холбеков, ки қаблан ёвари сармураббӣ буд, идора мекунад. 

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

0

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расида, дар бархе минтақаҳо хисороти зиёдеро ба бор овардааст.

Рӯзи 25-уми майи соли 2023, Вазорати ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон иттилоъ дод: “Як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарби раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ буд.”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи кишвар иттилоъ дод, ки “24 майи соли 2023 сооати 14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд.”

Ба қавли манбаъ, 23-уми майи соли равон низ “ба деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сел омад ва лойоба ба манзили истиқоматии се сокини деҳа ворид гардид, ҳамчунин 10 қитъаи наздиҳавлигӣ қисман зарар дид.”

Гуфтанист, дар бархе наворҳое, ки аз шаҳри Ваҳдат бардошта шудаанд, дида мешавад, ки бар асари боришоти зиёд ва ҷорӣ шудани селу лойоба бархе мошинҳоро бо худ мебарад ва ҳамзамон дар яке аз онҳо бо садои баланд гуфта мешавад, ки ин селу лойоба сокинеро бо номи Сайфулло, ки дар дохили мошинаш чанд нафар мусофир ҳам будааст, ҳамаро якҷоя гирифта бурдааст.

Инчунин дар бархе наворҳо дида мешавад, ки ин селу ва обхезеҳо ба роҳҳо ва хонаҳои мардум зарар расонидаву даҳҳо гову гусфанди мардумро низ аз по афтондааст. Мардум тавонистаад, ки қисмеро ҳалол кунанд, аммо қисми зиёди дигар талаф ёфтааст.

Бархе сокинон мегӯянд, яке аз иллатҳои асосии сар задани селу обхезиҳо дар Тоҷикистон сари вақт даруст мустаҳкам накардани соҳилҳо ва тоза накардани ҷӯю каналҳо мебошад.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 24 майи соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрии масъулони ин ниҳод бо сафири Русия дар Тоҷикистон С. Григорев сурат гирифт.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд. Ҳамзамон зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак қайд карда шуд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “инчунин ҳодисаи субҳи 19 май дар хобгоҳи № 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии “Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур”-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Россия бавуқуъомада, ки зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муҳассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия мавриди бозпурсӣ ва муносибати бераҳмона қарор дода шуданд, муфассал баррасӣ гардид.”

Гуфта мешавад, аз як сӯ дар рӯзҳои ахир боздошту шиканҷаи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар шаҳри Маскав ва дигар бузургшаҳрҳои он мавҷи вокунишҳои муҳоҷирон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст. Ва аз сӯи дигар, хеле аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар суҳбатҳои алоҳида бо расонаҳо таъкид мекунанд, ҳангоми муроҷиат кардан барои тамдиди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти расмӣ, дар аксар ҳолатҳо бо ваъдаҳои зиёд онҳоро барои иштирок кардан дар ҷангҳои Украина даъват мекунанд.

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов паси дарҳои баста

0

25-уми майи соли 2023 дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Хуршед Фозилов паси дарҳои баста баргузор гардид. Додситон ба рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб кард.

Пайвандони ин рӯзноманигори боздоштшуда дар суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳоро расман ба мурофиа даъват накарда буданд. Аммо пас аз талаби додситон ва суханронии вакили мудофеъ баҳс ба миён омада, бародар ва модари Хуршед Фозиловро ба макони мурофиа роҳ додаанд.

Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов мегӯяд, аз ӯ пурсидаанд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард ё не? “Суол доданд, ки кумаки молӣ менамуд? Гуфтам, фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам.”

Дар мурофиа аз рӯзноманигор ду вакили мудофеъ – Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов ҳимоят кардаанд. Вакили мудофеъ Анвар Бобохонов гуфтааст, ки иттиҳом нисбати зерҳимояааш беасос аст ва аз додрас хостааст, ки ин рӯзноманигорро аз толор озод кунад.

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ду ҳафта пеш ба охир расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.

Модари рӯзноманигор аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов дар ҳоле дар боздоштгоҳ баргузор мешавад, ки пештар Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хост, ки мурофиаро дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор кунанд ва ба наздикону пайвандонаш иҷозаи ширкатро диҳанд. Аммо ин дархостро додрас рад кардааст.

Одатан мурофиаҳои додгоҳии фаъолону рӯзноманигорон ва мухолифон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ паси дарҳои баста баргузор мешавад. Мақомот ҳамингуна мехоҳад далелҳоеро, ки бегуноҳии ин афродро собит мекунанд, аз чашми ҷомеа пинҳон нигаҳ доранд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. 

Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, ки мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад. 

Саҷдаи Роналду баъди гол задан. Ӯ мусалмон шудааст?

0
A Lebanese woman protester walks draped in a national flag along the Fuad Chehab avenue, near the Martyrs' Square, in the centre of the capital Beirut on October 29, 2019 on the 13th day of anti-government protests. - An unprecedented cross-sectarian movement has brought major cities across Lebanon to a standstill since October 17, as protesters keep up demands for a complete overhaul of the political system. (Photo by JOSEPH EID / AFP)

Криштиано Роналду ҳамлагари дастаи футболи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ шоми сешанбе дар бозии мусобиқавӣ бо дастаи “Ал-Шабоб” пас аз расондани ҳадаф аз хушҳолӣ ба замин афтода, саҷда кард.

Гуфта мешавад, саҷда кардани ин бозигари партуғолӣ дар ҷараёни бозиҳои даври 28-уми чемпионати Лигаи касбии Арабистони Саудӣ, мавсими 2022-2023, ки дар варзишгоҳи “Марсол Парк” анҷом ёфт, ба титри расонаҳо роҳ ёфта, вокунишҳои зиёди корбаронро ба бор овардааст.

Бархе навиштаанд, ки Роналду мусалмон шудааст, аммо бархе дигар инро рад карда, мегӯяд, саҷда кардан дар ҳама динҳо ҳаст ва ӯ танҳо барои хушҳолияш ин корро кардааст. Ҳамчунин бархе аз корбарони дигар менависанд, ки Роналду аз рафиқону ҳамтимҳояш, ки қариб ҳама мусалмонанд, тақлид намуда, саҷда кард.

Аммо то ҳол худи ӯ расман дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Дар ин бозӣ дастаи “Ал-Шабоб” ду голро ба ҳадаф расонд, аммо дастаи “Ан-Наср” бо 3 гол, ки якумиро дар дақиқи 44-уми бозӣ ҳамлагар Талеско, голи дуюмро дар дақиқи 51 Абдураҳмон Ғариб ва дар дақиқаи 59 Криштиано Роналду заданд, ки бо ҳамин ин даста ғолиби бозӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки январи соли ҷорӣ Роналду бо Бошгоҳи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ шартномаи 200 миллонӣ дар сол баста, вориди он шуд.

Гуфта мешавад, 90 дарсади ин маблағ аз ҷониби ҳукумати Саудӣ ба ин бозингар дода мешавад ва боқӣ 10 дарсади он аз ҷониби худи Бошгоҳи “Ан-Наср”.

Мулоқоти Президенти Узбекистон бо Президенти Сингапур

0

Президенти Узбекистон бо Президенти Сингапур дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 23-уми майи соли 2023 Ҳалима Яъқуб, Президенти Сингапур бо сафари расмӣ вориди Узбекистон шуда, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти ин кишвар дидору мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, зимини барномаи сафарии Президенти Сингапур ба Узбекистон, қарор аст хонум Ҳалимаҳ Яъқуб бо раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳдори Тошканд ва шуморе аз раҳбарони мазҳабӣ низ дар ин кишвар мулоқот кунад.

Робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ин ду кишвар аз оғози соли ҷорӣ то ҳол 6 баробар зиёд шуда, тибқи оморҳои расмӣ, Сингапур яке аз бузургтарин кишварҳои сармоягузор дар Узбекистон ба ҳисоб рафта, дар ҳоли ҳозир пружаҳои мавриди иҷрои ин кишвар дар Узбекистон ҳудуди 3 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, Ҳалимаҳ Яъқуб бо даъвати ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев барои ду рӯз вориди ин кишвар шудааст. Вай бар хилофи тамоми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳангоми сафарҳои хориҷӣ бо дабдабаи хос ва сарфу харҷҳои зиёд аз як кишвар ба кишваре дигар мераванд, вай танҳо ҳамроҳи шавҳараш бо ҳавопаймои мусофиркашонии Узбекистон вориди Тошканд шуд.

Ин рафтори хонум Ҳалимаҳ Яъқуб, ки яке аз қавитарин кишварҳои дорои иқтисоди бартарро дар сатҳи ҷаҳон идора мекунад؟ ба вокунишҳои зиёде дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ؟ бахусус Тоҷикистон дорои яке заъифтарин иқтисодҳои дунёст, рӯбарӯ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки муддати 30 соли раҳбариаш Тоҷикистон дар ботлоқи қарзҳои хориҷӣ ғутавар шудааст, моҳе пеш махсус барои сафарҳои хориҷиаш бо қимати беш аз як миллиард сомонӣ ҳавопаймои махсус харид. Бархе корбарони тоҷик ҳам мегӯянд, зоҳиран Президенти Сингапур бо анҷоми ин сафари давталиаш ба кишвари ҳамсоя ба Президенти Тоҷикистон ҳам паём фиристод, ки бо сарфи камтарин хароҷот ҳам мешавад мисли мардуми оддӣ ба сафарҳои давлатӣ ва расмӣ ба кишварҳои дуру наздик рафт.

Тоҷикистон худкоматарин кишвари дунё унвон шуд

0

Хонаи Озодӣ” (Freedom Hous) дар гузориши ахираш дар мавриди демократия ва озодиҳои инсонӣ, Тоҷикистонро аз ҳама кишвари диктотурӣ ва худкоматарини дунё муаррифӣ кардааст.

Тибқи ин гузориш, вазъи озодӣ ва демократия дар Тоҷикистон сол то сол бадтар шуда, имсол бо гирифтани 1,04 хол дар радифи худкоматарин кишварҳои дунё қарор гирифт. Ба гуфтаи гузоришгарон, сатҳи иҷрои демократия дар Тоҷикистон имсол 0,60 дасрад будааст.

Дар ҷадвали нави “Хонаи Озодӣ” кишвари Туркманистон аз Тоҷикистон як зина поёнтар буда, 1 хол гирифтааст ва сатҳи иҷрои демократия 0 дарсад арзёбӣ мешавад.

Тибқи баҳогузории ин созмон, Тоҷикистон аз соли 2013 то соли 2023 ҳамасола рӯ ба сӯи худкомагӣ ниҳода, дар он вазъи демократия ва озодии сухану дигар озодиҳои инсонӣ бадтар мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ созмони мазкур дар робита ба баҳогузории озодиҳо дар ҷаҳон Тоҷикистонро аз 100 хол 7 хол дода, онро кишвари ноозод номида буд.

Дар гузориш омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон, дар соли 2022 қудрати худро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, ниҳодҳои мустақилро саркӯб кард. Инчунин ин созмон аз эътирозҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят лашкар кашида, эътирозҳои осоиштаро зӯран пахш кард ва садҳо нафарро бо иттиҳоми сохта равонаи зиндон намуд.

Созмони ҳуқуқии Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон то рафт ҷомеаи пӯшида шуда, дар он диктотура рушд меёбад ва рақаботи сиёсӣ вуҷуд надорад. Инчунин аз гуногунандешӣ пешгирӣ мешавад ва ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии мардум ба таври густарда нақз мегардад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳокимият хеле мутамарказ шуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳдудиятҳои аз ҳад зиёди Ҳукумат рӯбарӯ аст. Озодии баён аз байн рафта, расонаҳои мустақил амалан вуҷуд надоранд ва барои гузориши мустақил ё танқиди Ҳукумат таъқиб ва ҷазои шадид пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон ин созмон низоми додгоҳӣ ва рушди фасодро дар Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии қафомонии Тоҷикистон аз ҷомеаҳои демократӣ хондааст.

Бино ба ин гузориши нави “Freedom Hous”, дар умум сатҳи татбиқи низоми демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле поин буда, дар зинаи аз ҳама болотар Қирғизистон қарор гирифта, низоми демократиро 11 дарсад иҷро мекардааст. Аммо боқӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон 5 дарсад, Узбекистон 4 дарсад, Тоҷикистон 1 дарсад ва Турманистон 0 дарсад гуфта мешавад.

Ин созмон барои пешгирӣ аз ҷиноёти кишварҳои худкома пешниҳод мекунад, ки кишварҳои демократӣ ва ҷиҳатҳои масъул аз роҳҳои дипломатӣ талош кунанд пеши роҳи онҳоро бигиранд. Ва пешниҳоди дигари ин созмон ин аст, ки ба мақомоти баландпояи ин кишварҳои худкома виза дода нашавад ва ё дороиҳои онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико масдуд шаванд.

Рейди муҳоҷирон дар Русия

0

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия мақомоти ин кишвар даст ба тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон задаанд.

Гуфта мешавад, ин “рейд”-ҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда истодааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро бо худ ба шуъбаҳои пулис ва дигар ниҳодҳои қудратӣ мебаранд.

Дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои лозима барои кор ва истиқомат дар Русия муҳоҷиронро раҳо мекунанд. Аммо онҳое, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро надоранду қонунҳои муҳоҷиратро нақз мекунанд, боздошт ва дар оянда ихроҷ мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

То ҳол мақомоти Русия сабаби яку якбора даст задан ба тафтиши густурдаи муҳоҷиронро шарҳ надодаанд.

Истеҳсоли 17 намуд мошинҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон истиҳесоли беш аз 17 намуд мошинҳои ҳарбӣ, аз он ҷумла нафарбарҳои низомӣ ва нақлиёти хусусиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 24-уми майи соли 2023 корхонаи ҷамъу васли нақлиёти ҳарбӣ ва хусусие бо номи ҶДММ “Сипар гурӯҳ” дар шаҳри Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, корхонаи “Сипар гурӯҳ” дар доираи “Солҳои рушди саноат”, 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Ба қавли манбаъ, корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, “дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи кишвар ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.”

Гуфта мешавад, дар ин корхона қисмҳои алоҳида барои омода намудани мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва маданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Имороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад ва дар марҳилаи нахуст иқтидори солонаи он “ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад.”

Барканории судяҳо дар Суғду Хатлон

0

Президенти Тоҷикистон чанд тан аз судяҳои вилояти Хатлонро “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳояшон барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-уми майи соли 2023 бар асоси як Фармони Эмомалӣ Раҳмон “Холматзода Сафаралӣ Қурбон аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Қодирзода Ҳасан Нурулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

Инчунин бар асоси як фармони Эмомалӣ чанд судя, аз ҷумла Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз мансабҳояшон барканор шуданд.

7-уми феврали соли 2020 тибқи як фармони раисҷумҳур, Садриддинзода Насрулло раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъйин гардида буд ва пеш аз он дар вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд машғул ба кор буд. Ва Қодирзода Зафар Абдураҳим бошад, то 22-юми декбари соли 2022 дар вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат кор мекард. Тибқи бархе гузоришҳо, ҳар дуи ин судяҳо ба гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои худ муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба касбу корҳои мухталиф синни ниҳоии дар вазифа будан фарқ мекунад, вале дар аксар ҳолат ин амр барои мардҳо то 25 ва барои занҳо то 20 соли корӣ муайян карда шудааст.

Инчунин дар аксар ҳолатҳои дигар мардҳо дар синни 63-солагӣ ва занҳо ҳам дар синни 58-солагӣ бознишаста мешаванд, аммо Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки зиёда аз 30 сол мешавад, вазифаи раҳбарии кишварро дар даст дорад, аз тарси аз даст додани қудрат бознишаста шудан намехоҳад ва ҳоло ҳам омода нест курсиро ба дигарон таҳвил диҳад.