17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 274

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

0

Ҳафтаи оянда Президенти Тоҷикистон зимни як сафари давлатӣ озими Қазоқистон мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 3-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати давлатӣ ба Қазоқистон сафар мекунад.

Ба қавли манбаъ, ин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 3-4 майи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, “25-уми апрели соли 2023 дар Остона даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд.” Ин ҳайатҳо барои омода кардани санаду протоколҳои зарурӣ барои анҷоми ин сафар гуфтугӯ карданд.

Дар Язгулом ду нафар кушта шуда, чор нафари дигар фирор кардааст

0

Чанд тан аз аъзои гурӯҳҳои ғайридавлатии мусаллаҳ аз ҷониби Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, бо нерӯҳои марзбонии кишвар даргир шуданд.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел аз “нобудсозии” ду нафар “аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ” ва идомаи ҷустуҷӯи ҳаммаслакони онҳо хабар дод. Аммо дар иттилоияи ин ниҳод гуфта нашудааст, ки ин афрод аъзои кадом ташкилот мебошанд. 

“Субҳи 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд”, — омадааст дар иттилоияи КДАМ. 

Ин ниҳод хабар медиҳад, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд”. 

Инчунин КДАМ аз мусодираи “2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ”, ки ба кушташудагон тааллуқ доштааст, хабар дод. 

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии Бомдод дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки шаби 25 ба 26 апрели соли 2023 дар қаламрави ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ба зидди аъзои як гурӯҳи силоҳбадаст, ки аз қаламрави Афғонистон вориди ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд, шурӯъ шуда, дар ҷараёни ин амалиёт 2 нафари онҳо кушта шуда, 4 тани дигар фирор кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи “Бомдод” пинҳонгоҳи онҳо дар як дара дар тарафи деҳаи Мотравн ҷойгир буда, мақомот аз онҷо парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардааст ва ҷангҷӯён ҳам саропо мусаллаҳ буда, дар тан либоси камуфляжи рангаш сиёҳ ва дар пешониашон латтаҳое бо навиштаи “Ансоруллоҳ” доштаанд.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт чанд тан аз нерӯҳои мазбонии кишвар низ кушта шудааст, вале ин хабар то ҳол аз манобеи расмӣ тасдиқи худро наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин Azda.tv дар истинод ба манобеаш хабар дода буд, ки дар охирин рӯзи Рамазон чанд нафар аз ҷангҷӯёни тоҷики муқими Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шудаанд ва мақомот амалиёти ҷустуҷӯиро бар иловаи ВМКБ дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳам оғоз карда буданд.

Роҳпаймоӣ дар ноҳияи Дарвоз

0
Акс аз ноҳияи Дарвоз. Роҳпаймоӣ

Даҳҳо нафар аз сокинони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шиорҳои мухталиф ба кӯча баромада, дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ баргузор кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ субҳи дирӯз, 25-уми апрели соли 2023 дар ноҳияи Дарвоз ҷамъе аз “сардорони идораю муассисаҳои ноҳия, ҷавонон, сокинони касбу кори гуногун ва хонандагону омӯзгорон” дастаҷамъона раҳпаймоӣ баргузор карданд.

Дар аксу наворҳое, ки аз ин рафти роҳпаймоӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, иштироккунандагон дар даст аксҳое аз Эмомалӣ Раҳмон ва Парчами миллиро доранд. Ба гуфтаи корбарон, аксари онҳо бо супоириши иҷборӣ ба ин роҳпаймоӣ ҳамроҳ шудаанд.

Масъулин ҳадафи аслӣ аз баргузории ин роҳпаймоӣ дар ин ноҳияи дурдастро “саҳми беназири Эмомалӣ Раҳмон” дар обод кардани ВМКБ ва бахусус ин ноҳия гуфтаанд. Вале яке аз ширкаткунандаҳои ин роҳпаймоӣ (номаш ба далоили амнӣ фош намешавад) дар суҳбат Azda tv гуфт, “масъулин ҳарчи мегӯянд, вале ҳадафи ман ва чанд нафари дигаре, ки онҳоро мешиносам, таҷриба касб кардан дар чунин корҳои ҷамъиятӣ ва пайдо кардани делели муҳкам барои баргузор кардани роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар оянда аст.”

Ба гуфтаи ӯ, дуруст аст, ки симои ноҳия дигар шудаву теъдоди биноҳои замонавӣ зиёдтар, “вале бовар кунед, дар ин ноҳия рӯз то рӯз муносибати мақомот бо мардум бадтар ва ҳалқаҳои фишорҳо тангтар шудааст. Аз як тараф, барои ҷалб кардан ба сафи Қувваҳои муссалаҳ фишор меоранд ва аз тарафи дигар барои нигоҳубини гову гусафандҳо.”

Ҳамчунин манбаъ бо ибрози нигаронӣ меафзояд: “Дар асл ҳамин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чанде қабл бо чанд “тангаи сиёҳ” беш аз як ҳазор километри муррабаъ аз хоки ин сарзаминро ба Чин фурӯхт. Вале бо гузашти ин ҳама солҳо то ҳол 10 нафар аз масъулин пайдо нашуда, ки як бор дастаҷамъӣ садо баланд карда гӯянд, ки чаро қисме аз сарзамини моро фурӯхтӣ?”

Бархе коршиносон мегӯянд, агар бойгариҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминии ин вилоят аз ҷониби мақомоти кишвар бо роҳҳои дуздиву чаповул ғорат нашаванд, бо харҷи 10% аз даромади ин бойгариҳо ба нафъи ин вилоят зарфи 4 сол зиндагии сокинон ба куллӣ фарқ мекунад ва онҳо шоҳона зиндагӣ мекунанд, вале чунин кореро анҷом намедиҳанд.

Бинои ҲХДТ дар Данғара аз ҳисоби кӣ бунёд шуд?

0

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, барои сохтани ин бинои ҳизбӣ аз соҳибкорони ноҳия маблағ ҷамъоварӣ шудааст, вале мақомот эълон карданд, ки он “бо дастгирӣ”-и раисҷумҳур сохта шудааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, субҳи имрӯз, 26-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор додааст.

Ба қавли манбаъ, “бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 54 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, гушаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст ва 10 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.”

Аммо пеш аз ин, 29-уми майи соли 2020 вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ин ноҳия ба корҳои сохтмонии ин бино оғоз бахшида буд, гуфта мешуд, “дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ – методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешавад. Дар ошёнаи панҷуми бинои ҳизбӣ бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.”

Вале имрӯз раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара гуфт, “маҷлисгоҳи барҳаво дар ошёнаи 5-уми бино ҷойгир буда, сақф ва девори он бо ҷалби ҳунармандон гаҷкорӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, ки барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо макони мувофиқ мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ифтитоҳи ин бино гуфт, ки “дар корҳои сохтмонӣ, ки он моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида буд, 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.”

Аммо гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар ин бино моҳи феврали соли 2021 не, балки дар асл бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон 29-уми майи соли 2020 оғоз гардида буд ва он замон дастандаркорон таъкид карда буданд, ки 70 нафар не, балки “дар рафти корҳо то 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.”

Инчунин лоиҳаи ин бино “аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни украинӣ таҳия ва пешниҳод гардида” буд, вале имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон таъкид карда, ки сохтмони ин бино “бо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Ба иттилои огоҳони умур, дар асл ин бино бо пул ва “дастгирии соҳибкорони ватанӣ сохта” шудааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки биноҳои сохташуда аз ҷониби соҳибкорон ба номи Президенти Тоҷикистон ва ҳизби ӯ сабти ном мешавад. Дар гузашта низ биноҳои ҳизби ҳоким аз пули мардум дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддин Румӣ, Ашт, Айнӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо сохта, вале ба номи ӯ сабт шуда буд.

Пешвози блогери рус дар сатҳи як президент 

0

Рӯзи 25-уми апрели соли 2023 Гусейн Гасанов, яке аз блогерони шинохтаи русзабон бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад. 

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни пешвозгирии ин блогери русзабон аз ҷониби набераи Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, ки дар байни корбарони тоҷик вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар он навор дида мешавад барои пешвози Гусейн Гасанов набераи раисҷумҳур ва раиси федератсияи ҷудои кишвар Исмоили Маҳмадзоҳир то назди пиллаи ҳавопаймо рафта бо тантана аз ӯ истиқбол мекунад. Ҳатто дида мешавад, ба хотири меҳмоннавозӣ ба пешвози Гасанов духтари тоҷике бо нону ширинӣ мебарояд.

Корвони мошинҳое, ки блогери рус ва набераи раисҷумҳурро мебурд, аз 4 адад мошини навъи “CADILLAC”  ва як адад “Bentley”, ки ҳар кадом беш аз 150 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд ва рақамҳои давлатии “1111” доштанд, иборат буд. Гуфта мешавад, аксар рақамҳои давлатии “1111” аз Исмоили Маҳмадзоҳир мебошад.  

Ба ҷуз ин мошинҳо, онҳоро ҳамчунин мошинҳои пулис ва муҳофизон ҳамроҳӣ мекарданд ва баъзе роҳҳои шаҳр баста буданд. Оддатан роҳҳои шаҳр замоне баста мешаванд, ки меҳмони олиқадре, ба монанди президентҳои кишварҳои дигар ташриф биёранд ва ё худи Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷо убур кунад. 

Гусейн Гасанов дар яке аз наворҳояш мегӯяд, ки ӯро дар хонае ҷой кардаанд, ки беш аз 600 метри квадратӣ масоҳат дорад. Инчунин ин блогер чанд аксу навор аз мизи пур аз нушу неъват, хона ва мошинҳои бо ҳашаматро дар саҳфаи инстаграмаш гузоштааст.

Маълум нест ин блогери рус чанд рӯз дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, вале бо мухлисони тоҷикистонияш рӯзи 29-уми апрел дар майдони “Истиқлол” вохӯрӣ дорад. 

Гусейн Гасанов блогери озаритабор буда, дар Русия ба дунё омадааст. Ӯ яке блогерони шинохтаи русзабон ба шумор меравад ва дар саҳфаи инстаграмаш 26,1 миллион дунболкунанда дорад. Ӯ бо наворҳояш ва баргузор намудани лотореяҳо бештар миёни мардум шинохта шудааст. Дар охирин лотореяе, ки дар Инстаграм доир карда буд, ҷоизаи асосӣ – мошини гаронбаҳои тамғаи “Ламборҷини Урус” бо арзиши 30 миллион рублро як корбари ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон бо номи Умедҷон соҳиб шуда буд. 

Пешвози ин блогери русзабон, ки гуфта мешавад, маҳз бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир писари духтарбузурги Эмомалӣ Раҳмон, Фирӯзаи Раҳмон ба Тоҷикистон омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Корбарон мепурсанд, ки ин нафар чӣ кореро анҷом додааст, ки дар сатҳи президенти як кишвар пешвоз гирифта мешаваду барои пешвозаш духтуари тоҷик бо нону ширинӣ мебарояд ва ҳатто роҳҳои пойтахт баста мешаванд? 

Ин набераи Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш раиси федератсияи ҷудои кишвар таъйин шуда буд. Ӯ дӯстдори мошинҳо ва аспҳову либосҳои гаронбаҳост. Падари ӯ Маҳмадзоҳир Соҳибов амаки домоди дигари Президент Шамсулло Соҳибов аст.

Оилаи Соҳибовҳо аксар тиҷоратҳоро дар кишвар инҳисор кардаанд ва аз имтиёзҳои зиёде дар кишвар бархӯрдоранд. Ширкати “Фароз”, ки қариб тамоми навъи тиҷорати кишварро дар қабзаи худ гирифтааст, мутаалллиқ ба Шамсулло Соҳибов мебошад. Аксари тиҷоратҳои бузурги Соҳибовҳо қариб аз тамоми анвои андоз озоданд.

 

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мусодирашудаи Зайд Саидовро аз нав ифтитоҳ кард

0

Эмомалӣ Раҳмон тавонист 10 сол пас аз боздошт ва зиндонӣ кардани Зайд Саидов, раҳбари зиндонии ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав як бахши кӯчаке аз як корхонаи ӯро дубора фаъол кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 25-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон ба шаҳри Левакант рафта, корхонаи мусодира шудаи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва инак зиндонии сиёсиро ифтитоҳ кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар кишварро пас аз таҷдиду тармим мавриди истифода қарор дода аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ин корхона гуфт: Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, арзиши лоиҳавии он беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти беш аз 4 сол то ҳол дар бораи моликони ҷадиди Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ба сурати расмӣ хабар надодаанд, танҳо мегӯянд, ки ба қавли “Радиои Озодӣ” ин кархона бо имзои худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ “Осиё Кемикал” фурӯхта шудааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз вилоти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, ба Azda tv гуфт, дар Тоҷикистон аксар номҳое, ки ба брендҳо табдил шудаанд, соҳибони муайян доранд, барои мисол “Ориёнбонк, “Ориёно-медиа“, “Ориен Иншуранс“, ва ғайра мансуб ба Ҳасан Асадуллозода мебошанд. “Спитаменбанк“, “Спитанмен Иншуранс” ва ғайра ширкатҳои мансуб ба Ҷамолиддин Нуриализода, шаҳвари Озода Раҳмон ҳастанд.

Аммо, ба қавли манбаъ, бренди “Осиё” бошад, моли раҳбари муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон генерал-майор Муродалӣ Саидзода (маъруф ба Муроди кал ва ё Мурод Саидов) аст. Барои мисол, “Маркази савдои Осиё”, ки паҳлуи бозори Султони Кабир дар пойтахт аст, ҶДММ “Осиё М” дар Хатлон, ва ҶДММ “Осиё Кемикал” ва ғайра, ки дар аввал ё охири номҳои тиҷоратии худ исми Осиё доранд, ҳар чанд тибқи санадҳои расмӣ моликони мухталифе дошта бошанд ҳам, вале амалан қариб ҳамаи ин брендҳои тиҷоратӣ зери чатре мансуб ба Муродалӣ Саидов фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст. Саҳмияҳои ин корхона тавассути Зайд Саидов ва шарики тиҷоратияш тоҷири украинитабор Дмитрий Фирташ харидорӣ шуда буд, вале дар соли 2013 вақте раҳбари “Тоҷикистони нав” боздошт ва сипас ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуд, қариб ҳама дороиҳои ӯ ва хонаводааш, аз ҷумла корхонаи Азот ҳам аз ҷониби ҳукуматдорон мусодира гардид.

75% саҳмияҳои ин корхона дар соли 2001 ба олегархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF фурӯхта шуд. Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов 5% саҳмияҳои онро ба номи худ дошт. Ин корхона бо гази табии воридотӣ аз Узбекистон фаъолият мекард. Узбекистон солҳои 2008-2009 ба тадриҷ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро маҳдуд кард, ин корхона низ аз фаъолият боз монд ва дар соли 2014 бо қарори додгоҳ ба нафъи давлат мусодира гардид.

Қувваозмоии Лоиқ Раҷабов дар UFC

0

Варишкори маъруфи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов дар дуввумин қувваозомии худ дар муҳорибаҳои бидуни қоида маъруф ба UFC бо Матеуш Рабетски вориди майдон хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои лаҳистонӣ, дуввумин мусобиқаи Лоиқ Раҷабов, варзишкори маъруфи Тоҷикистон бо Матеуш Рабетски, варзишкори маъруфи Лаҳистон моҳи июни соли 2023 дар Ҷексонвиллаи (Jacksonville) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад.

Сомонаи Варзиш тв ҳам хабар додааст, ки мусобиқаи Лоиқ Раҷабов бо Матеуш Рабетски рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, варзишкори тоҷик Лоиқ Раҷабов пеш аз ин дар майдони рақобатҳои UFC пирӯзи майдон шуда буд. Ҳар ду ин варзишкорон дар корномаи худ 17 бор ғолиби майдон шудаанд. Вале агар Матеуш Рабетски як бохт дошт бошад, Лоиқ Раҷабов дар баробари пирӯзиҳои худ 4 бохтеро ҳам дар корномааш сабт кардааст.

Радду бадалҳо байни мухолифон ва намояндагони ҳукумат дар нишасти САҲА

0

Дирӯз, 24-уми апрел ҷаласаи навбатии арзёбии ченакҳои инсонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи “шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон” дар Ҳофбурги Утриш баргузор гардид. 

Дар ин ҷаласа ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, мухолифони тоҷик, аз ҷумла раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ, муовини ӯ Алим Шерзамонов ва раиси департаменти равобити хориҷии ин созмон Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва фаъолон Аслиддин Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев ширкату суханронӣ доштанд. 

Аслиддин Шерзамонов, фаъоли зодаи Бадахшон зимни суханронияш гуфт, ки “Дили ман ҳамчун як инсон барои диктаторҳо хеле месӯзад. Ман ин эҳсосро дорам, ки ин афрод ҳаргиз дӯст, зиндагии оддӣ ва ишқу муҳаббат надоштанд”.

Шерзамонов мегӯяд, ки ӯ помирӣ аст, аммо вазири адлияи кишвар дар кумитаи СММ гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ҳуввияти маро ба расмият нахоҳад шинохт.

Ин фаъоли зодаи Бадахшон гуфт: “Мутаассифона, чандин даҳа аст, ки диктатура ва режими саркӯбгар мухолифонро мекушад ва беҳтарин ақлҳоро аз кишвар берун мекунад. На маркази таҳқиқотие дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва на расонаи озод. Донишмандон ва мутафаккирони воқеӣ ё кушта шуданд ё маҷбур ба муҳоҷират гаштанд. Ва ин як мусибати ваҳшатнок на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми башарият аст”.

Аслиддин Шерзамонов мегӯяд, ки режими кунунии Тоҷикистон кулли Помирро як гурӯҳи ҷинояткор эълом кардааст ва далели он тарс аст. 

 “Яке аз ин “ҷинояткорон” падари ман аст. Яке дигар аз ин “ҷинояткорон”, амаки ман, дар зиндон аст. Даҳ нафар аз наздикони ман зери замин ҳастанд. Дӯст ва ҳамсинфам ҳам зере замин хуфтааст. Дуруд бар ҳама онҳо!”,- гуфт Шерзамонов. 

Дар охир ӯ аз намояндагони САҲА хост аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ба намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро бигиранд аз кишварҳои аврупоӣ талаб намуд, ки ба қазияи Помир таваҷҷуҳи вежа дошта бошанд ва аз ихроҷи ин афрод ба Ватан худдорӣ кунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли тоҷик, ки дар ин нишаст ширкат дошт суханронияшро аз сензураи расонаҳо, боздошту таъқиби ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон оғоз кард. 

Одинаев мегӯяд дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон дар боздошти фаъолон бартарият нишон дода, ин боздоштҳо идома дорад ва мутаассифона, ҳукумат ба андешаи ҷомеаи байналмиллалӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон гӯш намедиҳад.

Вайсиддин инчунин аз боздошти Далери Имомалӣ мисол оварда гуфт, ки сабаби боздошти ин рӯзноманигори шинохта ифшогариаш дар бораи вазъи Тоҷикистон, мушкилоти иҷтимоӣ, мушкилоти иқтисодӣ миёни аҳолӣ ва дигар мушкилоти ҷомеа мебошад.

Ин фаъоли тоҷик мегӯяд, номи ӯ дар парванади Далери Имомалӣ низ омадааст.

“Мақомот иддао дорад, ки ману Далер аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ҳастем ва дар мукотибае гӯё дар бораи сарнагунии хушунатомези ҳукумат суҳбат кардаем. Бо тамоми масъулияти мегӯям, ки ҳеҷ яке аз ин нуктаҳо дуруст нест”,- гуфт Вайсиддин Одинаев. 

Дар идома ӯ таъкид кард, ки чунин иттиҳом алайҳи рӯзноманигороне, ки танҳо фаъолияти касбии худро анҷом медиҳанд, нақзи ҳуқуқу озодиҳои ин афрод ва умуман нақзи озодии баён буда, бояд ба баррасии одилонаи ин қазия, ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва ҳимояи ВАО дар Тоҷикистон ноил шуд, то ҳар кас бидуни тарс аз таъқиби мақомот андешаи худро бигӯяд. 

Ин фаъоли тоҷик эълон кард, ки омодааст ҳам бо тафтишот ва ҳам бо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба хотири сафед кардани номи Далери Имомалӣ, ки дар кишвар ҳақиқатро меҷуст, ҳамкорӣ кунад. 

Баъд аз суханронии фаъолон намояндаи Тоҷикистон иҷозаи посух хост ва мисли ҳамеша гуфт, иттиҳом нисбати мақомотро қабул надорад. 

Ӯ бо овардани моддаҳои 5 ва 18 Сарқонуни кишвар ва қабул шудани кадом моддаи нави Кодекси ҷиноятӣ гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон масъулиятҳои худро дар назди қонунҳои байналмилалӣ ва ғайра иҷро карда истодааст ва дар кишвар шиканҷа вуҷуд надорад, ҳуқуқи инсон риоят мешавад. 

Иддаои намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи риоят шудани ҳуқуқи инсон дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти кишвар ба аъмоле чун шиканҷаву қатл ва таъқибу боздошти дигарандешон ва ҳатто наздикони онҳо даст зада истодаанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати кишварро барои ин амалашон танқид мекунанд, аммо ҳукумат ҳамеша онҳоро нодида мегирад. 

Гуфта мешавад, ҷаласаи арзёбии ченакҳои инсонии САҲА ҳамасола баргузор мегардад ва ин ҷаласаҳо  минбари озод барои гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳукуматҳо ва фаъолон аст. 

Иштироки фаъолонаи мухолифони тоҷик дар ин нишастҳо боиси хашми ҳукумати Тоҷикистон гашта, чандин маротиба онҳо аз баргузоркунандагони ин нишаст хоста буданд, ки ба мухолифону фаъолони тоҷик минбар надиҳанд. Ҳатто мақомоти кишвар дар дохили кишвар болои наздикони иштирокдорони ҷаласаҳои САҲА фишор меоранд. 

Вокуниши ПМТ дар робита ба навори лату кӯби сарбозон

0

Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи нерӯҳои мухолифи дар хориҷ аз кишвар бо нашри изҳороте дар робита ба навори лату кӯби наваскарон вокуниш кард.

Изҳороти ПМТ аз номи сухангӯи ин ниҳоди сиёсӣ Темур Варқӣ ва дар саҳифаи фейсбукияш нашр шудааст. Ин намояндаи ПМТ дар изҳороташ ҳодисаи мазкурро “таҳқир ба шаъну шарафи шаҳрванд ва ҳомиёни кишвар” хонда, онро “намунаи хурди ахлоқ ва табиати” феълии ҳукумати кишвар донистааст.

Дар изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки мақомоти кишвар бо нашри ин навор махсус мехоҳанд таваҷҷуҳи оммаро аз ду кори муҳим дигарсӯ баранд, ки онҳо иборатанд аз:

1) Ба ҷои он ки буҷети давлат ба эҳтиёҷоти аҳолии ниёзманд, ҳифзи саломатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шавад, бо харҷи 92 миллион доллари амрикоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои хусусӣ харидорӣ мешавад;

2) Ҳайати ҳукумат дар Женева дар баробари суолоти коршиносони СММ бо сатҳи пасти саводнокӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аз худ дониши ибтидоиро ба намоиш гузоштанд, ки ин обрӯи давлату миллатро коста кард.

Дар робита ба замони сабти навор гуфта шуда, ки аз навъи либоси сарбазон маълум аст, ки он дар фасли зимистон сабт шудааст, вале нашри он дар остонаи даъвати баҳории сарбозон ба артиш ба маънои боз ҳам бештар ришва ситонидан аз волидони даъватшавандагон, ки бо дидани чунин наворҳо дар рафтан ба артиш саркашӣ мекунанд, мебошад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лату кӯби наваскарон аз ҷониби дигар сарбозон интишори васеъ ёфта, вокуниши шадиди корбаронро ба бор овард. Худи ҳамон рӯз Додситонии кулли кишвар хабар дод, ки навор таҳқиқ шуд ва ҷинояткорон боздошт ва бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Аммо Додситонӣ бо далоили номаълум имрӯз ин хабарашро аз сомонааш пок кардааст.

Навори лату кӯби сарбозон таҳқиқ ва гумонбарон боздошт шуданд

0

Пас аз нашри густардаи навори лату кӯби сарбозон рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтомӣ ва вокуниши шадиди корбарон ба ин ҳодиса, Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи онро шурӯъ кард.

Бино ба иттилои Додситонии кулли кишвар, тафтишот муайян карда, ки ҳодисаи лату кӯби сарбозон тахминан 15-уми декабри соли 2022 дар қисми низомии 0215-и Нерӯҳои марзбонии тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи Додситонӣ гуфта мешавад, ки сарбози қисми низомии мазкур “сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд.

Гуфта мешавад, аллакай гумонбарон рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ боздошт шуда нисбати онҳо бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Моддаи мазкур дар ҳолати муҷрим шинохта шудани шахс аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

То ҳол назари гумонбарон ва инчунин он наваскароне, ки бераҳмона лату кӯб шуданд, дастараси расонаҳо нашудааст.

Аммо бо далоили номаълум Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел ин хабарашро аз сомонааш пок кард. То ҳол барои расонаҳо сабаби пок кардани ин хабарро шарҳ надодааст.

Масъалаи бадрафторӣ ва хусасан калонсолорӣ (дедовшина) дар артиши Тоҷикистон, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, яке аз масоилест, ки солҳост ҷомеаи тоҷик аз он ранҷ мебарад, вале то ҳол мақомоти кишвар барои рафъи ин мушкилии ҷиддӣ чорае намеандешанд.

Дар Тоҷикистон ҷавонони синни даъват ҳамеша аз хидмат дар артиш фирор мекунанд ва ба гуфтаи коршиносон, сабабаш маҳз ҳамин бадрафториҳо ва лату кӯби бераҳмона аст, ки дар натиҷа даҳҳо сарбоз маъюб ва ё кушта шуда ҷасадҳои беҷони онҳоро ба хонаводаҳояшон таҳвил медиҳанд, вале касе посухгӯи ин ҷиноёт нест.