24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 276

Дар мусобиқаи Абу-Дабӣ Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд

0

Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.

Акс аз сомонаи КМОТ

Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни мардон ва занон) 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар, аз ҷумла Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 63 кг) миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Дар миёни мардон бошад, аз варзишгарони тоҷик Муслимбек Каримов (то 60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг) ва Темур Раҳимов (+100) қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ , аз ҷумла  дар баробари медали тилло 5000 евро,  барои барандагони медали нуқра 3000 ва брои медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.

Инчунин онҳо дар ин мусобиқа соҳиби холҳои рейтингии олимпӣ мегарданд. Мақомои аввал 1000 имтиёз, барандагони медали нуқра 700 имтиёз ва барандагони медалҳои биринҷӣ соҳиби 500 имтиёз мегарданд.

Ҳушдори Русия ба Созмони Миллали Муттаҳид

0

Русия дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки тамоми силлоҳҳое, ки дар ҷанги Укриана истифода мекунад, истеҳсоли худаш аст ва ба Эрон ҳеч рабте надоранд.

Бино ба иттилои ББС, шоми дирӯз, 19-уми октябри соли 2022, Дмитрий Полянский, муовини сафири Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар як ҷаласае дар Шӯрои амният гуфтааст, “тамоми силоҳҳое, ки дар ҷанги Украина истифода мешаванд, сохти Русия мебошанд ва “иттиҳомоти беасос ва назарияи тавтеа” дар мавриди даёфти кумаки таслиҳотӣ аз Эронро маҳкум кардааст.

Ба қавли манбаъ, муовини сафири Русия дар он ҷаласаи Шӯрои амният ба Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ва кормандони ин созмон гуфтааст, “аз ҳар гуна таҳқиқи ғайриқонунӣ (дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Украина) худдорӣ кунанд” ва ҳушдор дода, ки “дар акси ҳол, мо бояд ҳамкориҳои худ бо онҳоро аз нав мавриди бозбинӣ қарор диҳем, ки он ба фоидаи касе нест.”

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Укриана ва шуълавар шудани ҷанг дар паҳнои ин кишвар наздик ба ҳашт моҳ мегузарад, вале дар ин чанд рӯзи ахир истифода аз паҳподҳои эронӣ, зарарҳои онҳо ва инчунин сарнагун кардани даҳҳо адад аз ин паҳподҳо ба яке аз мавзуъҳои асосӣ байни қудратҳои ҷаҳонӣ, ки аксар мухолифи идомаи ҷанг дар Украина ҳастанд, табдил ёфтааст.

Аз сӯи дигар Эрон расман мегӯяд, ки барои истифода дар ин ҷанг ба Русия ҳеч гуна таслиҳоти низомӣ нафурӯхтааст ва омодааст, ки дар ин хусус бо мақомоти украинӣ музокира кунад. Аммо мақомоти Укриана бо раҳбарии Владимир Зеленский таъкид мекунанд, ки Теҳрон ҳудуди 2400 паҳподҳои ҷангӣ ва мушкаҳои мухталиф ба Маскав фурӯхтааст.

Ба ҳамин хотир Владимир Зеленский аз муттаҳидони Киев хостааст, ки алайҳи Теҳрон фишор оварданд. Олмону Фаронса ва Бритония ҳам ин даъвати Киевро пазируфта Эронро ба нақзи муқаррароти қонунҳои байналмилалӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда дар БАРҶОМ муттаҳам мекунанд.

Роҳандозии аввалин қатори борбарӣ аз Тоҷикстон ба Туркия

0

Аввалин қатори борбарӣ аз Тоҷикистон ба Туркия тавассути Узбекистон-Туркманистон-Эрон ба зудӣ ба роҳ мебарояд.

Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон конфронси васеъ зери унвони “Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа” бо ҳузури навмояндагони 15 кишвар ва созмонҳои байналмилаӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин конфрос рушди тиҷорат ва логистика байни кишварҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷаи дуру наздик мебошад.

Дар ин замина кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Тукрманистон, Эрон ва Туркия барои ба роҳ андохтани қатори борбарӣ тавофуқ карданд. Гуфта мешавад, молҳои тиҷоратӣ аввалан тавассути мошинҳои боркашонӣ аз Чин ба Кӯлоби Тоҷикистон ва аз онҷо тавассути қатора ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон ва сипас ба Туркия расонида мешаванд.

Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Аммо кай ин қатори боркашонӣ ба кор оғоз мекунад, чизе гуфта нашудааст. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба даст омадани ин тавофуқро муҳим арзёбӣ крада, мегӯяд, “имрӯзҳо рушди иқтисодиёти ҳар кишварро бе инкишофи логистика тасаввур кардан ғайри имкон  аст.” Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар корнфрос пешниҳод карда, ки аз ҳисоби кишварҳои иштироккунандаи ин долон комиссияи корӣ ташкил карда шавад.

Вокуниши Қирғизистон ба изҳороти КДАМ-и Тоҷикистон

0

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро рад кардааст.

Шоми 19-уми октябри соли 2022, Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон бо нашри як изҳорот иддаоҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳамроҳи аксу наворҳо ҳамчун далел нашр шуда буд, рад кардааст.

Ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро пурра рад карда, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро ба “дониста таҳриф кардани маълумот” ва “таҳрик додани сокинони манотиқи наздимарзӣ” муттаҳам карда гуфтааст, ки “иттилооти дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон овардашуда комилан воқеият надорад.”

Субҳи 19-уми октябри соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пешниҳоди беш аз 20 факту рақамҳо кишвари ҳамсояро ба омода шудан ба “низоъҳои нав” муттаҳам карда гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад.”

Аммо шоми ҳамин рӯз Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон дар изҳораташ ҷониби Тоҷикистонро ба нусхабардорӣ аз ахбори онҳо ва табдили номи кишварҳо муттаҳам карда гуфт, ки “ҳайратовар аст, ки ҷониби Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки тақрибан тамоми иқдомоти худ барои таҳкими марз дар манотиқи марзии Тоҷикистонро ба марзбонони Қирғизистон “нисбат” диҳад.

Гуфта мешавад, низоъҳои марзӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар манотиқи наздмарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли ахир ба яке аз мушкилоти асосӣ барои ҳар ду ҷониб табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти ҳар ду кишвар, танҳо дар ҳодисаҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҳарду ҷониб беш аз 170 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафари дигар захмӣ шуда буд. Аммо дар бораи ҳаҷми зарарҳое, ки барои сокинони ҳар ду ҷониб расида, маълумоти мувассақе то ҳол нашр нашудааст.

Украина: Дар як моҳ 233 адад паҳподи “Шоҳид”-и эронӣ сарнагун карда шуд

0

Президенти Украина мегӯяд, ки зарфи як моҳи ахир 233 адад паҳподҳои “Шоҳид”-и эронӣ, ки Русия дар ҷанг аз онҳо истифода мекунад, тавассути нерӯҳои кишвараш нобуд карда шудааст.

Шоми 19-уми октябри соли 2022,

Акс аз манбаъҳои боз

Ин паҳподҳои интиҳорӣ то 2000 километр пароз мекунанд. Аммо парвози бо самари онҳо 1000 километр гуфта мешавад. Ба ҳисоби миёна дар як соат 180 километр масофаро дар баландии 60 то 4000 метр тай мекунанд. Ин паҳподҳо метавонанд дар замони маъмуриятҳои худ аз 20 то 40 кило вазнро бардоранд.

Ба иборати дигар, дар бозор нисбатан арзон ва бо қимати чизе каму зиёд 25 ҳазор доллар хариду фурӯш мешаванд ва ба гуфтаи мақомоти эронӣ паҳподҳои “Шоҳид”-и сохти Эрон дар беш аз 22 кишвари дунё харидор доранд. Ин паҳподҳо метавонанд алайҳи ҳадафҳои муайяни душман, аз он ҷумла нерӯҳои силоҳбадаст, таҷҳизоти низомӣ ва техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳатто ҳавопаймоҳои ҷангӣ тавре ахиран боиси суқути як Миг 29 дар Украина шуд, ҳамла кунанд, ба ҳамин хотир ин шабу рӯзҳо аз ҳад зиёд дар бораи онҳо матолиби мухталиф нашр мешавад.  

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azada tv

Тоҷикистон: Қирғизистон ба низоъҳои нав омода мешавад

0

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пешниҳоди беш аз 20 факту рақамҳо ҷониби Қирғизистонро ба омода шундан ба “низоъҳои нав” муттаҳам кард.

Аксҳо аз АМИТ “Ховар”

Имрӯз, 19-уми октябри соли 2022,

Аксҳо аз АМИТ “Ховар”

То замони таҳияи ин матлаб ҷониби Қирғизистон нисбат ба ин изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд расман вокунише накардааст.

Гуфта мешавад, низоъҳои марзӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар манотиқи наздмарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли ахир ба яке аз мушкилоти асосӣ барои ҳар ду ҷониб табдил ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳар ду кишвар, танҳо дар ҳодисаҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҳарду ҷониб беш аз 170 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафари захмӣ шуда буд.

Муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо, яъне чӣ?

0

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон нишасти байналмилалие зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ба кори худ поён медиҳад.

17-уми октябр, рӯзе, ки ин

Коллаж аз сомонаи зиндониён

Рамзҳои хос, яъне тарс додани мардум ва таҳмил кардани фазои тарсу ҳарос дар ҷомеа ва ба хусус байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва паёмҳои равшан ба хориҷ, яъне таҳаммул накардани афкори ғайр новобаста аз мухолифу мувофиқ ва тарраҳум накардан ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар умум озодаҳои кишвар тафсир мешаванд.

Мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва Суди олӣ бо машварати Эмомалӣ Раҳмон парвандаи Далери Имомалиро сохтанду бофтанд ва дар муддати беш аз чор моҳ кашол дода, то имрӯз расонданд. Ҳар чанд тибқи қонунгузориҳои амалкунанд мақомоти судӣ ҳамчун як шохаи алоҳидаи ҳокимият амал мекунанд, вале амалан судҳо дар Тоҷикистон тобеи ҳукумати иҷроия ва дар раъси он раиси Ҳукумати Тоҷикистон сахт вобаста мебошанд.

Ба иборати дигар, аз баски дар Тоҷикистон тамоми судяҳро худи Эмомалӣ Раҳмон дар мансабҳои қазоӣ таъйин ва аз мақомашон барканор мекунад, дар давоми ин се даҳсолаи ахир ин амр низ дар зеҳни аксари мардум барҷаста шудааст, ки ҳаллу фасли ҳамагуна парвандаҳои пурсару садо, ба хусус парвандаҳои марбут ба фаъолони маданӣ, рӯзноманигорон ва тоҷирони муваффақ тибқи ирода ва хостаҳои Президенти Тоҷикистон баҳогузорӣ мешаванд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Ҳар сол беш аз 50 ҷавон дар Маркази барқу гармидиҳии-2 корро тарк мекунанд

0

Сафаров Халил, яке аз корбарони Фейсбук навишта, ки ҳар сол зиёда аз 50 коргари Маркази барқу гармидиҳии-2-и шаҳри Душанбе ба сабаби нагирифтани маошҳояшон корпартоӣ мекунанд.

Ба иддаои ин корбар, ки зоҳиран худаш корманди ин Марказ аст, маоши кормандони чинӣ 10 ҳазор сомонӣ аст ва сари вақт онро мегиранд, аммо маоши мутахассисони тоҷик 2700 сомонӣ аст, вале онро ду моҳ пас мегиранд.

Ӯ мегӯяд, моҳи актябр қариб ба охир мерасад, вале то ҳол маоши моҳи сентябрашро нагирифтааст.

“Дар шаҳри Душанбе корхонае ҳаст бо номи Маркази барқу гармидиҳии-2, ки шаҳрро қариб пурра бо нерӯи барқ ва гармӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 80%-и коргаронаш ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳар сол аз ин корхона зиёда аз 50 нафар корпартои намуда ба ФР ва дигар давлатҳо мераванд.”, мегӯяд Сафаров Халил.

Ин корбар сабабҳои асосии корпартоии ҷавононро чунин шарҳ додааст:

1. Музди маоши кам ва талаботи бисёр;

Кормандони хитои-10 000 с

Кормандони тоҷик-2700 с

2. Сари вақт напардохтани музди меҳнатӣ

(Имрӯз 19 октябр маоши моҳи сентябр пардохт нашудааст).

3. Муносибати бади роҳбарият бо кормандон.

4. Набудани шароит дар ҷои кор барои кормандони тоҷик

5. Хешутаборбозира намегӯем.

Ин корбар дар охир аз масъулини Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” хоста, ки пеши роҳи ин бемасъулиятҳоро бигиранд, то мутахассисони худӣ ҳама аз Ватан фирор накунанд.

“Мӯҳтарам масъулин (Вазорати энергетика, Ширкати Барқи тоҷик) медонем парвои ин ҷавонон надоред, лекин то кай пули калон ба хитоиҳо дода онҳоро нигоҳ медоред? Агар ҳамихел рафтан гирад мутахассисони хуб тарки Ватан мекунанд.”, менависад Сафаров.

Дар зери ин пост даҳҳо шарҳ навишта шуда, ҳатто онҳое, ки қаблан дар ин Маркази барқу гармидиҳии-2 солҳои пеш фаъолият кардаанд, гуфтаҳои Сафаровро тасдиқ карда, аз камии маоши матахассисони тоҷику зиёд будани маоши шаҳрвандони Чин, бадрафтории масъулон, хешутаборбозиву фасод дар ин Марказ интиқод кардаанд.

Ба назар мерасад, солҳои охир таъхир дар маоши кормандону бадрафторӣ нисбати онҳо на танҳо дар ё як ду муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ, балки дар даҳҳо идораву корхонаҳо вуҷуд дорад, ки ҳамеша кормандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд. Вале мақомоти дахлдор барои рафъи ин мушкилот иқдоме намекунанд.

CPJ аз мақомот озодии Далер ва дигар рӯзноманигорони зиндониро талаб кард

0

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри баёнияе барои 10 сол равонаи зиндон кардани рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалиро маҳкум кард ва хостори озоди ӯ шуд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки ҳукми сангини Далери Имомалӣ нишон дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз оғоз бо парванда алайҳи ин рӯзноманигор мехостанд нишон бидиҳанд, ки журналистикаи интиқодии ҷамъиятӣ  ғайриқобили қабул аст. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши фишор болои расонаҳои тоҷик барои ҷорӣ кардани худсонсурӣ мебошад.

Дар идома CPJ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки Далери Имомалӣ ва тамоми рӯзноманигорони дигарро, ки ҳоло барои корашон зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд ва аз сӯиистифода аз додгоҳ барои “террор”-и боқимондаи матбуоти мустақили кишвар даст кашанд.

Мақомот блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн боздошт ва баъдан ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ “Гурӯҳи-24” муттаҳам кард. Худи Далер дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст. Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карда буд.

Дар мурофиаи охир, ки шоми 17-уми октябр дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, додрас Даврон Назарзода ин рӯзноманигори ҷавонро барои 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Пештар айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои Далер 10,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Бино ба иттилои манобеи Радииои Озодӣ, Далери Имомалӣ дар сухани охиринаш аз додгоҳ хост, “нисбаташ ҳадди камтарини ҷазо таъйин кунанд”. Аммо ин талаби рӯзноманигор қабул нашуд ва додгоҳ барои ӯ ҷазои вазнин таъйин кард.

Далери Имомалӣ 10 солро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад ва дар баробари он бояд 12 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорад.

То ҳол ба расонаҳо маълум нест, ки Далери Имомалӣ дар додгоҳ ба ин иттиҳомот чӣ гуна вокуниш нишон додааст ва оё ӯ қасд дорад аз болои ин ҳукм шикоят барад ё не.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори дигари зиндонӣ, ки ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, то замони боздошташон дар шабакаи ютубии “Daleri Imomali”, ки 150 ҳазор обуна дошт фаъолият намуда дар он гузоришҳое, ки вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва шикояти шаҳрвандон аз болои мақомот буд, таҳия мекарданд.  

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон менависад, ки Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷумлаи шаш рӯзноманигоре мебошанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷиноии сангин пушти панҷара нишастаанд ва мақомот аз онҳо барои гузоришҳояшон интиқом гирифтаанд.

Эрон: Омодаем дар хусуси фурӯши паҳподҳо бо Украина гуфтугӯ кунем

0

Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин кишвар омодааст дар робита ба рафъи иттиҳомоте, ки ҷониби Украина дар бораи фурӯши паҳподҳо матраҳ мекунад, гуфтугӯ кунад.

Бино ба иттилои хабаргузории Форси Эрон, имрӯз, 19-уми октябри соли 2022, Носир Канъонӣ, сухунагӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои ҷониби Украиниро дар хусуси фурӯши паҳподҳои сохти Эрон ба Русия “бесос ва бар пояи иттилооти ғалат” номидааст.

Ба қавли манбаъ,”Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози даргириҳо дар баробари идомаи ҷанг, ҳамеша бар зарурати қатъи низоъ ва ҳалли баҳсҳо бо тариқи сулҳомез таъкид кардааст ва дар ин робита аз сӯи вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтоёни рус ва украинии худ тамосҳо ва мулоқотҳои зиёде анҷом шудааст.”

Пеш аз ин мақомоти Уркиана бо нашри наворҳо иддао карда буданд, ки Русия дар ҳамлаҳои худ алайҳи Киев, пойтахти ин кишвар ва дигар шаҳрҳои Украина аз паҳподҳои сохти Эрон, аз ҷумла “Шоҳид 136” истифода мекунад.

Ҳамзамон мақомоти Украина ба Эрон ҳушдор дода буданд, ки агар Ҷумҳурии исломӣ фурӯши паҳподҳои худро бо Русия, ки дар ҷанги Украина истифода мешаванд, қатъ нукунад, масъулияти авоқиби он ба дӯши Эрон хоҳад буд.

Аммо ин мавқеъгирии Вазорати умури хориҷии Эрон дар робита ба музокира ва гуфтугӯ кардан бо ҷониби Украина ҷанҷолҳои лафзиеро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни эрониҳо ба вуҷуд овардааст. Барои мисол:

  1. Онҳое, ки наворҳои мақомоти украиниро тамошо карда, дидаанд, ки дар онҳо гап дар бораи паҳподҳои эронӣ бо аксу наворҳо меравад, бовар кардаанд, ки ҷониби даъвогар, яъне мақомоти украинӣ рост мегӯянд, вале пофишорӣ ҳам мекунанд, ки Носир Канъонӣ ҳам дурӯғ намегӯяд.
  2. Гурӯҳи дигари эрониҳо ин фарзияро матраҳ доранд, ки дуруст, мақомот рост мегӯянд, вале он паҳподҳоро Эрон барои истифода дар ҷанги Украина нафурӯхтааст. Русия ё пеш аз оғози ин ҷанг онҳоро харидорӣ кардааст ва ё тавассути кишвари сеюм ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст.
  3. Аммо гурӯҳи сеюм, ки аз нигоҳи теъдод зиёдтар ва мантиқашон ҳам қавитар аст, мегӯянд, Эрон бояд бо ифтихор дар ин хусус гап занад. Зеро паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Укриана ба навъе бахше аз иқтидори низомии Эронро ба намоиш гузоштанд. Ба қавли он ҳамон тавре, ки дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи паҳподҳо ҳуқуқи фурӯши маҳсулоти худро доранд, Эрон ҳам ин ҳақро барои худаш бояд маҳфуз бидорад ва агар ҷониби Украина ҳам қасди харидорӣ кунад, ба онҳо низ не нагӯянд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон чанд кишвари дигар, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ аз ҳамлаи силоҳҳои сохти Эрон тавассути гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Ироқу Сурия, Лубнон ва Яман чанд бор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва аз вуҷуди ин паҳпоҳдо ва хатари онҳо ба амнияти худашон борҳо ҳушдор додаанд.

Аммо дар ин баробар Эрон чор моҳ қабл ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон низ як корхонаи хати тавлиди паҳподҳои Абобил 2-яшро ифтитоҳ карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки эҳтимол ин паҳподҳо барои истифодаи Русия дар ҷанги Украина тавлид мешаванд, вале ин иттилоъро то ҳол касе пурра тасдиқ накардааст. Зеро то ҳол аз оғоз кардани кору истеҳсоли паҳподе дар ин корхона ҳеч ниҳоде хабар надодааст.