13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 289

Кишварҳои туркзабон мегӯянд, Наврӯз моли муштараки мост

0

Қариб ҳамаи кишварҳои тукрзабони минтақа даъво доранд, ки Наврӯз моли муштараки мост, бояд ба ҷашни таърихии худ аҷргузорӣ шавад.

Бино ба иттилои расмӣ, сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо ирсоли паёмҳои наврӯзӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон ҳама иддао карда гуфтаанд, Наврӯз моли муштараки мост.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфтааст: “Мардумони ба ҳам бародари мо ин ҷашни аз қадимулайём соҳибқадрро ҳамчун тантанаи созгорӣ ва ваҳдат, баёнгари накӯкории беғаразона ва саодатмандӣ бо эҳсосоти гарми хосса истиқбол мегиранд.”

Инчунин собиқ презеденти ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳам таъкид карда, ки: “Изҳори боварӣ менамоям, ки дар партави ин иди умумиамон ҳамкории давлатҳои мо, ки бар пояи арзишҳои маънавӣ ва робитаҳои дӯстӣ устувор шудаанд, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.”

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев меафзояд: “Моҳияти қудсии Наврӯз тӯли ҳазорсолаҳо ба таври равшан дар шарафмандии мардумони бародари мо ифода мегардид ва имрӯз ин ҷашни беназир ба дилҳои мо шодии беканор мебахшад.”

Ва аммо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мегӯяд: “Ин ҷашн, ки дастоварди умумии мост, барои бо ҳам наздик шудани мардумон нақши муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои боэътимоди байнидавлатӣ мусоидат менамояд.”

Ва ҳатто Президенти Қирғизистон ҳам гуфта: “Ин ҷашн, ки мардумонамон таҷлил менамоянд, рамзи фарорасии баҳори деринтизор ва бедории табиат аст. Наврӯз, ки дар монандии одату арзишҳои фарҳангии мо зоҳир мегардад, таърихи умумии мардумони моро инъикос менамояд.”

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ кардани ин ид буд, таъкид карда: “Ин ҷашн ҳамчун ифодаи эҳтиром ба низоми абадии табиат, таҷассумгари саҳми арзишманди мардумони мо ба фарҳанги башарӣ мебошад. Он ба сифати рамзи бедорӣ, тароват ва зебоӣ, ба қалби одамон роҳ ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ва ягонагиро бо ҳама зебоияшон тараннум менамояд.”

Ҷолиб он ки дар ин сабқати ирсоли паёмҳо табрикоти Иброҳим Раисӣ, Президент Эрон хеле хоксоронатар аз ҳамтоёни кишварҳои туркзабон ҷо уфтодааст ва он ҳам бо овардани ду байте аз ҳазрати Ҳофиз, ки мегӯяд:

“Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ”

ва дар идома дигар табрикот ва таманниёти худашро барои беҳбудии равобит байни ду кишвар иброз кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин миён Си Ҷинпин, Презединти Чин мунсифонатар ба ин ҷашн баҳо дода гуфтааст, “аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва шахсан аз номи худам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти шодбоширо ба муносибати ҷашни анъанавии Тоҷикистон – Наврӯз арз намоям!”

Акнун бо ин ҳама гапу хабар ва даъвоҳое, ки намунаи кӯчаке аз онҳо дар бораи аз худ донистани Наврӯз дар боло оварда шуд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳар як хонандаву бинанда каме ба андеша фурӯ равад ва нохудогоҳ дар зеҳнаш ин суолҳое ҳам халқ хоҳад шуд, ки барои мисол, Наврӯз моли кист? Агар Наврӯз моли туркон бошад, чиро мо ин қадр сарфу харҷ карда мегӯем, ки Наврӯз моли мост?

Амруллоҳи Низом

Фишори мақомот ба сокинони Ворух

0

Бархе сокинони шаҳри Исфара мегӯянд, ки баҳори имсол вазъияти мардум ва сокинон дар ҷамоати деҳоти Ворух аз нав бад шудааст.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv аз шаҳри Исфара, дар ҷамоати деҳоти Ворух кормандони мақомоти қудратӣ ва интизомӣ ҳамроҳ бо намояндаҳои ҷамоат хона ба хона рафта, дар оилаҳое, ки писаронашон ба синнӣ даъвати ҳарбӣ расидаанд, сарбозгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, кори даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин ҷамоат то ҷое расида, ки мақомот барқро хомӯш карда, сокинонро таҳдид кардаанд, ки то пурра кардани нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ба онҳо нерӯи барқ дода намешавад.

Алӣ Алиев (номи мустаъор) як ҷавони 35-солаи ҷамоати деҳоти Ворух дар суҳбат ба мо гуфт, ки бархе кормандони мақомот чанд сол инҷониб пайваста бо ҳар баҳона болои мардум фишор меоранд. Ба ҳамин хотир, хеле аз ҷавонон аз тарси боздошт ва шиканҷа нашудан тарки Ватан карда, ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Русия фирор кардаанд. Аммо дар ин як ҳафтаи ахир кормандони амният дасти кам 10 нафарро боздошт ва таҳдид кардаанд, ки фарзандони худро дар ҳар куҷое бошанд, баргардонанд ва ба хидмати ҳарбӣ бифиристанд ва дар ғайри он мавриди шиканҷа қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон чанд сокини дигари ин ҷамоат ҳам дар суҳбатҳои ҷудогона таъйид карданд, ки дар як ҳафтаи ахир дар чанд маҳалла сокинон аз нерӯи барқ маҳруманд ва мақомот ҳам таъкид доранд, то нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро пурра иҷро накунанд, ба онҳо нерӯи барқ нахоҳанд дод.

Гуфта мешавад, қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинон таҷрибаи нав дар Ворух нест, балки қаблан ба ин монанд мақомот дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон аз ин равиш истифода карда, болои сокинон фишор оварда буданд.

Пеш аз ин ҳам бархе манобеи Azda tv аз вилояти Хатлон гуфта буданд: “Ҳоло мақомот роҳи нави пулкоркуниро омӯхтаанд. Агар сарбоз нарасад, барқи ҳамаро хомӯш мекунанд ва мегӯянд, фарзандонатонро ба артиш биёред, аммо каме баъдтар худашон боз омада ин қарорашонро бар ивази пул бекор мекунанд ва аз ҳар масҷид то 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, сипас барқро медиҳанд. Яъне, муфт соҳиби пул мешаванд.”

Си Ҷинпин вориди Русия шуд

0

Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии халқии Чин дар раъси як ҳайъати баланпояи кишвараш бо сафари корӣ вориди Русия шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи рӯзи 20-уми марти соли 2023, Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии халқии Чин дар раъси як ҳайати баланпояи кишвараш бо сафари серӯзаи корӣ вориди Русия шуд.

Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин пас аз вуруд ба Маскав гуфта, ки дар назар аст, тайи се рӯзи оянда ҳамроҳ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Федератсияи Русия дар бораи робитаҳои дуҷониба, мавзӯҳои байналмилалӣ ва буҳрони ҷанг дар Украина суҳбат кунад.

Си Ҷинпин гуфта, ки Чину Русия шарикҳои қобили эътимод ҳасданд. Рушди муносибатҳо ва робитаҳои байни ду кишвар нақши муҳимме дар пешрафти кулли ҷаҳон ифо мекунад.

Гуфта мешавад, Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии халқии Чин, ки пас аз бори сеюм раисҷумҳур интихоб шуданаш барои нахустин бор ба хориҷи кишвараш сафар мекунад. Вай ин сафари худ ба Маскавро сафаре пурбор хонда таъкид карда, он метавонад дар тавсеаи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи ҷадидеро боз кунад.

Номаи ПМТ ба Шоҳигарии Ҳолланд

0

Эътилофи нерӯҳои мухолифи тоҷик дар хориҷ аз кишвар – Паймони миллии Тоҷикистон бо навиштани номае ба Шоҳигарии Ҳолланд аз ӯ хостааст, ки алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони як диктатор таҳрим ҷорӣ кунад.

ПМТ дар номааш ба Подшоҳи кишвари Ҳолланд Виллем Александр навишта,  ки “Эмомалӣ Раҳмон, ки бо саркӯбҳои бераҳмона алайҳи рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла алайҳи ҲНИТ дар соли 2015, мардуми Бадахшон дар соли 2022 ва 6 хабарнигор дар соли 2022 маъруф аст, тамоми озодиҳои шаҳрвандонро шадидан маҳдуд кардааст”.
Эътилофи мухолифин ҳамчунин гуфтааст, ки кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенко дар Беларусро дарк карда, ӯро таҳрим карданд, аммо на танҳо диктатори Тоҷикистонро таҳрим накардаанд, балки аз ӯ истиқбол доранд.

“Бояд ёдовар шуд, ки хатари Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест”, омадааст дар номаи ПМТ ба Шоҳи Ҳолланд.

Шакли комили номаи ПМТ ба Подшоҳи Ҳолланд Виллем Александр:

Умедворам, ки Шумо сиҳату саломат ҳастед.

Тибқи иттилои ба мо расида, раисҷумҳур ва диктатори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21.03.2023 то 29.03.2023 ба Аврупо, аз ҷумла Ҳолланд ва ИМА сафар карда, дар Ню-Йорк бо Шумо дидор хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон, тӯлонитарин диктатор дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки аз соли 1992 бо истифода аз зӯр ва тағйири Қонуни асосӣ дар қудрат аст, яке аз шарикони муҳими Путин ба ҳисоб меравад ва бинобар ин, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Путин аввалин сафари худро ба хориҷа ба Точикистон анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо саркӯбҳои бераҳмона алайҳи рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла соли 2015 алайҳи ҲНИТ, соли 2022 алайҳи мардуми Бадахшон ва 6 хабарнигор машҳур шуда, тамоми озодиҳои шаҳрвандонро дар кишвар шадидан маҳдуд кардааст.

Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенко дар Беларусро дарк карда, бар зидди ӯ таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, аммо диктатори Тоҷикистонро на танҳо таҳрим накарданд, балки аз ӯ истиқбол кардаанд. Бояд ёдовар шуд, ки хатари Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест.

Дар ҳоле, ки дастони Раҳмон ва хонаводааш ҳоло хуни шаҳидони Бадахшон олуда аст, Раҳмон аз Олмон ва дигар кишварҳои ғарбӣ боздид мекунад. Аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз ин диктатори шарику ҳампаймони Путин талаб карда шавад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки чанде пеш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, фавран озод карда, ба назди хонаводааш дар Аврупо баргардонад.

Мо инчунин аз Шумо ва кишварҳои озод даъват менамоем, ки минбаъд низ дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоред, ба онҳо дар таъқиби дигарандешони кишварҳояшон кумак накунед ва ба ин васила ба онҳо барои содир кардани ҷиноят алайҳи башарият ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иҷозат надиҳед.

Бо эҳтиром, Муҳиддин Кабирӣ Раиси Паймони миллии Тоҷикистон 20.03.2023

Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар зиндон бад шудааст

0

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат вазнин шуда, ҳоло ӯро ба бемористони зиндон интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ин маҳбуси сиёсӣ аз бемории қалбу ҷигар ранҷ мебарад, то ҳадде, ки гиряву нола мекунад. Манбаъ мегӯяд, Одинаев аз замони боздошт дар соли 2020 то кунун аз саломатияш ҳамеша шикоят дошт, вале мақомот ба табобати ӯ таваҷҷуҳ намекард.

Ҳатто ӯ аввали моҳи феврал аз дохили зиндон бо навиштани нома аз масъулони маҳбаси шаҳри Ваҳдат ва Раёсати зиндонҳо хоста буда, ки ӯро дар бемористон ҷой кунанд. Пайвандону наздиконаш низ аз мақомот талаб дора буданд, ки вазъи ин зиндонии сиёсӣ ногувор нашуда, ба муолиҷаи ҷиддӣ ниёз дорад ва ӯро бояд дар бемористони маҳбас бистарӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол Фонди Бузургмеҳр Ёров аз мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон талаб дорад, ки вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаевро ба назар гирифта, режими зиндонашро ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли 2020 Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Дертар мақомот дар моҳи сентябри соли 2021 Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд. Аммо худи Одинаев афвро напазируфта хостори раҳоияш шуда буд.

Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ боздошт шуда буд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.

Сафари Раҳмон ба Ню-Йорк

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 20-уми марти соли 2023 бо як сафари корӣ озими Ню-Йорк шуд.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо ҳадафи иштирок дар Конфронси бахшида ба оби Созмони Милали Муттаҳид, ки қарор аст аз 22-ум то 24-уми март баргузор шавад, озими Ню-Йорки Амрико шуд.

Гуфта мешавад, кишвари Ҳоланд ин конфронси байналмилалиро бо ҳамраисии Тоҷикистон баргузор мекунад ва интизор меравад, рӯзи 21-уми март пеш аз оғози кори конфронс Подшоҳи кишвари Ҳоланд Виллем Александр бо Эмоалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот дошта бошанд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент дар масъалаҳои робити хориҷӣ, кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба хабарҳои тасдиқнашуда, интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон баъд аз поёни сафари худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзҳои 25-26-уми март ба Олмон рафта ва сипас вориди Лондон мешавад. Инчунин рӯзҳои 27-28 марти соли ҷорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ низ ширкат мекунад.

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик бе овардани ному насабашон аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд, ки дар нишасти бахшида ба об дар Ню-Йорк вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нодида нагиранд.

Пештар аз ин эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар – Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри изҳороте аз бархе кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба унвони кишварҳои демократӣ ба хотири даъват ва истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи диктатор изҳори нигаронӣ кардааст.

Инчунин рӯзи 20-уми март ПМТ бо навиштани номаи алоҳида ба Подшоҳи кишвари Ҳоланд Виллем Александр гуфтааст,  ки “Эмомалӣ Раҳмон, ки бо саркӯбҳои бераҳмона алайҳи рақибони сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла алайҳи ҲНИТ дар соли 2015, мардуми Бадахшон дар соли 2022 ва 6 хабарнигор дар соли 2022 маъруф аст, тамоми озодиҳои шаҳрвандонро шадидан маҳдуд кардааст”.
Дар номаи ПМТ гуфта шудаааст, ки кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҳолланд, хатари диктатураи Лукашенко дар Беларусро дарк карда, ӯро таҳрим карданд, аммо на танҳо диктатори Тоҷикистонро таҳрим накардаанд, балки аз ӯ истиқбол доранд. “Бояд ёдовар шуд, ки хатари Раҳмон барои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон аз хатари Лукашенко камтар нест”, омадааст дар номаи ПМТ ба Шоҳи Ҳоланд.

Сафари Путин ба Мариуполи Украина

0

Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар як сафари аз қабл эълоннашуда аз шаҳри Мариуполи Украина, ки аз ҷониби нерӯҳои Русия тасхир шудааст, боздид кард.
Тавре хабаргузории ТАСС итттилоъ медиҳад, сафари раисиҷумҳури Русия ба Мариупол шаби 19-уми марти соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ҳадаф аз ин сафари эълоннашуда боздиди Путин аз Ситоди амалиёти вежаи низомӣ ва шинос шудан аз вазъияти ин ситод аз наздик будааст.

Гуфта мешавад, Путин бо шуморе аз сокинони ин шаҳр мулоқот кардааст. Аммо сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки “аслан дар нақша гирифта нашуда буд, ки Владимир Путин аз сокинони маҷмааи нави истиқоматӣ дар Мариупол боздид кунад.” Ба гуфтаи ӯ, нақша танҳо бозрасии маҷмааи истиқоматии Невский буд, вале баъдан худи Путин тасмим гирифта, ки баъзе иншоотҳоро тафтиш кунад.

Сафари Путин дар ҳоле ба шаҳри Мариуполи Украина сурат мегирад, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ рӯзи ҷумъа, 17-уми марти соли ҷорӣ, Путинро гунаҳкори ҷангӣ эълон карда, ӯро таҳти пайгард қарор дод.

Ин аз замони оғози ҳамлаҳои Путин ба ин кишвар, аввалин сафари ӯ ба хоки Украина ва заминҳои ишғолшудаи он тавассути нерӯҳои Русия мебошад.

Ҳукми боздошти Путин содир шуд

0

Имрӯз, 17-уми марти соли 2023 Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳукми боздошти ду нафарро дар робита ба вазъияти Украина содир кард.

Петра Хофмански, қозии Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (“ICC”) дар баёнияи видеоӣ аз содир шудани ҳукми боздошти Влидимир Путин кишвардори Русия ва Мария Алексеевна Лвова- Белова, Ваколатдор ҳуқуқи кӯдакон дар назди Дастгоҳи Президенти ин кишвар, хабар дод.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ Влидимир Путинро  (тибқи моддаҳои 8(2)(а)(vii) ва 8(2)(b)(viii) Статути Рим) ба ҷинояти ҷангӣ ва бадарғаи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз манотиқи ишғолии Украин ба Русия муттаҳам кардааст.

Мария Алексеевна Лвова-Белова, Ваколатдор ҳуқуқи кӯдакон дар назди Дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия, ҳамчунин бо модаҳои мушобеҳ ба айбномаи Путин барои ҷинояти ҷангии табъид ё бадарғаи  ғайриқонунии аҳолӣ (кӯдакон) ва интиқоли ғайриқонунии сокинони манотиқи ишғолии Украина ба Русия гунаҳкор дониста мешавад.

Додгоҳи дар асоси шикояти додситонӣ аз 22-уми феврали соли 2023 мутҳамонро дар содир кардани ҷинояти ҷангӣ (табъид ё бадарғаи  ғайриқонунии аҳолӣ ва интиқоли ғайриқонунии сокинони манотиқи ишғолии Украин ба Русия) гунаҳгор дониста, мегӯяд, мувофиқи далоили мавҷуда, онҳо ҷавобгаранд.

Гуфта мешавад, ҳукми содиршуда бо мақсади ҳифзи ҷабрдидагон ва шоҳидон, инчунин сирри тафтишотӣ махфӣ мебошанд.

Додгоҳ бар ин назар аст, ки ҷиноятиҳои ҷангӣ ҳанӯз идома доранд ва нашри ҳукми боздошти Путин боиси пешгирӣ аз ҷинояти бештари онҳо ва ҳифзи ҷони қурбониёни ҷангӣ ва кӯдакон мегардад.

Ҳукми боздошти ин ду муттаҳам зикргардида дар асоси шикояти додситонӣ аз 22-уми феврали соли 2023 содир гаштааст.

Баргузории мусобиқаи куштии миллӣ дар шаҳри Ҳисор

0

Дар мусобиқоти куштии миллӣ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, мақоми аввалро паҳлавони кӯлобӣ ва ҷои дуюм ҳам насиби як паҳлавони узбекистонӣ гардид.

Акс аз манобеи боз

16-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ҳисор бо иштироки беш аз 100 нафар аз куштигирон ва ҳузури зиёда аз 1500 ҳазори каси дигар аз тамошобинон дар мусобиқоти куштӣ баргузор шуд.

Акс аз манобеи боз

Акс аз манобеи боз
Дар ин мусобиқот “Шоҳҷоизаи якумро ҷавонпаҳлавони хатлонӣ (ба номи) Фирдавс ба Кӯлоб ва шоҳҷоизаи дуюмро паҳлавони ӯзбекистонӣ (ба номи) Эҳсон ба Узуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурд.”

Ирсоли беш аз 450 ҳазор вояҳои ваксина ба Тоҷикистон

0

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бо кумаки яке аз кишварҳои ғарбӣ зиёда аз 450 ҳазор вояи ваксинаи КОВИД-19 ба Тоҷикистон ирсол гардид.

Бино ба иттиллои Юнисеф дар Тоҷикистон, бо кумаки Британияи Кабир 451 ҳазору 200 адад вояи ваксинаи КОВИД-19 ба воситаи ҳавопаймои Туркиш-Эйр ба дасти масъулин дар шаҳри Душанбе таҳвил дода шудааст.

Ба қавли дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ин вояҳои ваксина дар доираи механизми COVAX интиқол дода шудаанд. Ва дар шаҳри Душанбе ба дасти маъсулини Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳвил дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ Тоҷикистон ҳам бо таъйиди ин хабар гуфтааст: “Дар қабули вояҳои ваксинаи мазкур дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон иштирок намуданд.”

Гуфта мешавад, ин вояҳои ваксина дар ҳоле ба Тоҷикистон таҳвил дода шудаанд, ки мавҷи ҷадиди бемории КОВИД-19 дар баъзе аз кишварҳои дунё ҳазорҳо нафарро рӯзона аз пой меафтонад.