15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 292

Мурофиаи навбатии гумонбари қатли Ҳувайдои 5-сола

0

Мурофиаи навбатии додгоҳии Александр Сёмин, нафари муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-cола, тақрибан баъд аз 2 соли танаффус фардо 15-уми март баргузор мегардад.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ки пагоҳ, 15-уми март соати 11 ба вақти маҳаллӣ онҳоро ба Додгоҳи вилояти Маскав даъват кардаанд. Саидов мегӯяд, умедвор аст, ки баъд аз 5 соли мубориза Александр Сёмин ҷазои сазовор хоҳад гирифт ва ин охирин мурофиа хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки мурофиа ин шахси муттаҳам ба қатл ва таҷовузи духтарачаи 5-солаи тоҷик, бори охир 22-юми июни соли 2021 баргузор гардида буд, ки бенатиҷа поён ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22-уми июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши судӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Семин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт шуд.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда, сипас ӯро рабудааст.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Дар моҳи декабри соли 2019 додгоҳ қарор баровард, ки Александр Семин воқеан дар ин амали куштор даст дорад. Аммо худи айбдоршаванда Семин дар муҳокимаҳо ширкат накард, вакили мудофеаш иттиҳомоти алайҳи Семин эълоншударо рад кардааст.

Мурофиаҳои додгоҳӣ муддати панҷ сол аст, ки бо таъхирҳои дароз баргузор мешавад ва маълум нест, ки мурофиае, ки фардо баргузор мешавад, мурофиаи охир хоҳад буд ё на.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА, Олмон ва Британия

0

Президенти Тоҷикистон барои иштирок ва мизбонии як конфронси ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, аз 22-ум то 24-уми марти соли 2023 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк конфронси “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мегардад.

Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Амрико баргузор мешавад.

Ин конфрости ҷаҳонӣ дар бинои Созмони Милали Муттаҳид бо раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр гузаронида хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, тайи ду соли ахир намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Подшоҳи Нидерланд дар дохил ва хориҷи кишвар барои бо шукӯҳ гузаронидани ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ хеле талош кардаанд.

Дар назар аст Эмомалӣ Раҳмон баъд аз поёни сафари худ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озими Олмон шавад ва рӯзҳои 25-26-уми март дар Берлин бо мақомоти ин кишвар дидор кунад ва сипас вориди Ландан шуда, рӯзҳои 27-28 марти соли ҷорӣ ҳам бо мақомоти расмӣ дар шоҳигарии Британияи Кабир низ мулоқот хоҳад кард.

Боздошти мудири кӯдакистон бо иттиҳоми тасарруфи беш аз $200 ҳазор

0

Мудири кӯдакистони №27 шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо як корманди ташкилоти қарзии “Имон интернешнл” бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи амволи зиёд боздошт шуданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, мудири кӯдакистони №27 шаҳри Хуҷанд Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна “бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси қарзии ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” Раҳимбоев Маликхуҷа Мӯминҷонович бо сӯиистифодаи ваколат бархилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллари ИМА ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.”

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон бо таррафуи ин миқдор маблағи зиёд ба ташкилоти қарзӣ зарараи калон ворид карда, маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф кардаанд.

Аммо, назари худи муттаҳамон ва ё вакили дифоу наздиконашон дастраси расонаҳо нест.

Агентӣ нисбати Раупова Мадинаҷон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”,  340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва нисбати Раҳимбоев Маликхуҷа бо моддаҳои 246 қисм 3 банди “б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 265 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Гуфтам мешавад, аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ фиристода шуд.

Тиҷорати Бек Сабур ва мушкилоти сокинони Ваҳдат

0

Сокинони шаҳри Ваҳдат аз набудани Интернет ва таътили кори бонкҳои ин шаҳр шикоят доранд. Гуфта мешавад, бо сабаби тахриби бинои Почтаи куҳна дар ин шаҳр чунин мушкилот пеш омадааст.

Як сокини шаҳри Ваҳдат бе зикри ном дар суҳбат бо Azda tv гуфт, як ширкати сохтмонии мутааллиқ ба Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон бинои Почтаи ин шаҳрро бидуни огоҳии ширкатҳои интернетӣ ва ё кӯчондани онтенаҳои онҳо ба дигар макон, тахриб кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон ба сабаби тахриби бинои Почтаи шаҳр онтенаҳои ширкатҳои интернетӣ ҳам тахриб шудааст ва аз ин рӯ, бонкҳои мавҷуда дар шаҳр, ки корашон бо Интернет васл аст, аз кор мондаанд ва мардум ҳам дар назди бонкҳо мунтазиранд, ки кай корро аз нав оғоз мекунанд.

Гуфта мешавад, ширкати сохтмонии Бек Сабур дар макони Почтаи давлатии шаҳри Ваҳдат бинои баланди 25-табақадор месозад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар то ҳол ба аксар биноҳои сохтаи ширкатҳои марбут ба Бек Сабур баҳои хуб надодаанд ва ҳатто аксари биноҳои сохтаи ӯ аз комиссияи давлатӣ нагузаштаанд. Вале бо вуҷуди ҳама мушкилот ширкатҳои ӯ иҷозати фаъолият доранд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ дар назди шаҳрдори Душанбе комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ширкати “Комил-2010” корбарӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, Хадамоти назорати сохтмон ҳангоми санҷиш дар ин иншоот камбудиҳоро ошкор кардааст.

Ҳамзамон 5-уми феврали соли 2021 Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Бег Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегиранд ва ӯ аз рӯзноманигорон хоста буд, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бег Сабур ҳамкорӣ накунанд.

Дар гузашта, баъд аз шикоят аз кори ширкатҳои хонасозии марбут ба Бег Сабур, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳоми қаллобӣ барои 12 сол равонаи зиндон гардида буд. Ба гуфтаи бархе огоҳони умур, Иноятзода маҳз ба хотири интиқоди шадид кардан аз қудои Эмомалӣ Рҳамон зиндонӣ шуд.

Мулоқоти подшоҳи Ҳоланд бо диктатори Тоҷикистон

0

Ба гузориши расонаҳои ҳоландӣ, подшоҳи ин кишвари аврупоӣ барои ширкат дар Конфронси СММ вобаста ба об ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар хоҳад кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Подшоҳ Виллем Александр (King Willem-Alexander) рӯзи чаҳоршанбе 22-уми марти соли ҷорӣ дар ифтитоҳия Конфронси Созмони Милалли Муттаҳид вобаста ба об суханронӣ кунад. Конфронси мазкур аз 22-ум то 24-уми март идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, кишвари Ҳоланд ин конфронси байналмилалиро бо ҳамраисии Тоҷикистон баргузор мекунад ва қарор аст Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намояд.

Интизор меравад, рӯзи 21-уми март пеш аз оғози кори конфронс Подшоҳ Виллем Александр бо Эмоалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30 сол аст, конфронсҳои байналмиллалии оби тоза баргузор мекунад, вале сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он шаҳри Душанбе ба оби нӯшидании тоза дастрасӣ надоранд.

Ифтитоҳи бинои ду мактаби нав дар пойтахт

0

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бинои ду мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 13-уми марти соли 2023, дар шаҳри Душанбе бинои ду мактаби нави муосир мавриди ифтифода қарор дода шуд, ки ҳар ду тавассути соҳибкорони ватанӣ сохта шудаанд.

Ба қавли манбаъ, барои 560 нафар хонанда дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school) ифтитоҳ шуд. Ин мактаб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг» сохта шудааст, ки дар

Инчунин бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки қабал барои 311 хонандаи пешбинӣ шуда буд, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов барои 1280 нафар хонанда бунёд гардида аст.

Гуфта мешавад, ҳар ду мактаб муассисаҳои хусусӣ буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидаанд. Аммо Президент ва писари шаҳрдораш барои худнамоӣ ва рекламаи худ дар кори ифтитоҳи онҳо ширкат кардаанд.

Нисбати Хуршед Фозилов иттиҳоми расмӣ эълон шуд

0

Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент баъд аз ҳафт рӯзи хомӯшӣ иттиҳоми рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро ба пайвандонаш гуфтанд.

Хушбахт Фозилов бародари ин рӯзноманигори боздоштшуда, 13-уми марти соли ҷорӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи вакили дифоъ бо бародараш дирӯз, 12-уми март дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Панҷакент (СИЗО) мулоқот кардаанд.

Ба гуфтаи Фозилов мақомот бародарашро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) гумонбар медонанд. Ин банди қонуни ҷиноӣ аз се то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Пайвандони рӯзноманигор ин иттиҳоми мақомотро беасос медонанд. Худи Хуршед низ дар суҳбат бо бародараш иттиҳомро комилан рад карда, дар ҳаққаш туҳмат донист.

То ҳол мақомоти расмӣ шарҳ надодаанд, ки кай ва дар куҷо ин рӯзноманигори боздоштшуда ба тағйири сохти конститутсионии кишвар даъват кардааст.

Ба гуфтаи Хуршед Фозилов бародари боздоштшудааш “аз саломатияш шикоят надошт ва осори шиканҷа ҳам дар ӯ дида намешуд, аммо хароб шудааст”. Аммо ба гуфтаи огаҳони умур аксар нафароне, ки бо ин иттиҳомот боздошт мешаванд, мақомот барои гирифтани “эътироф”-и онҳо аз фишору шиканҷа истифода мебаранд ва дер ё зуд хабари шиканҷаи онҳо расонаӣ мешавад.

Дар ҳоле мақомоти амниятӣ бо гузашти беш аз ҳафт рӯзи боздошти ин рӯзноманигор нисбаташ айб эълон мекунанд, ки саҳфаҳои фейкии наздик ба мақомот, ки миёни мардум бо номи “фермаи ҷавоб” шинохта шудаанд, маъракаи бадномкунии Хуршед Фозиловро шуруъ карда, ӯро “мардумфиреб” ва “бесавод” номидаанд.

Пайванданош дар ҷавоб ба ин туҳматҳо гуфтаанд, ки Хуршед Фозилов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, чандин маротиба аз тарафи мақомоти Панҷакент ифтихорнома гирифтааст. Дар яке аз аксҳое низ дида мешавад, ки намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Панҷакент ба ӯ туҳфа дода истодааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳоло компютери кориву шахсӣ ва телефонаш дар дасти кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент мебошад.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СААД

0

Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот ва дар бораи ҳамкориҳои оянда суҳбат карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 13-уми марти соли 2023, Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Амнияти аҳдномаи дастаҷаъӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар рафти ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо Имангалӣ Тасмагамбетов “вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.”

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон меафзояд, дар ин мулоқот “пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.”

Гуфта мешавад, Созмони Амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ  (СААД), як созмони низомию сиёсии минтақавӣ аст, ки хеле аз собиқ кишварҳои узви Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (ИҶШ) бо ҳам муттаҳид кардааст. Ин созмон як сол баъд аз пош хӯрдани ИҶШ дар 15-уми майи соли 1992 таъсис дода шудааст ва Тоҷикистон ҳам яке аз асосгузорони ин созмони минтақавӣ аст. Тоҷикистон дар солҳои 2003, 2007, 2015 ва 2021 раҳбари раёсати СААД-ро ба уҳда дошт.

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тобеи Толибон?

0

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон мегӯяд, ки сафоратҳои Афғонистон дар шаш кишвари ҳамсоя ба онҳо иттиоат мекунанд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати сарпараст дар Афғонистон дар як мусоҳибаи худ бо ББС гуфтааст, “дар шаш кишвари ҳамсоя сафоратхонаҳову консулгариҳо марбути Иморати исломӣ аст!”

Вазири корҳои хориҷии Толибон таъкид мекунад, ки “на кудом сарҳади мо масдуд аст, на тиҷорати мо камзӯр шуда, на таъаллуқоти мо бо кишварҳои муҳимми ҷаҳон, ки бо Афғонистон таалуқи зиёд дорад, дар мушкил аст.”

Амирхон Муттақӣ дар идома меафзояд: “тамоми бандарҳои Афғонистон боз аст, тиҷорат аз пеш ҳам зиёд шуда, содирот зиёд шуда, тааллуқоти мо хуб шуда ва дар шаш кишвари ҳамсоя сафоратхонаву консулгариҳо марбути Иморати исломӣ аст. Бо шумули Русияву Туркияву Қатару Асрабистони Саудиву Молизия ва баъзе кишварҳои дигар, ки дипломатҳои мо то ҳол ба онҳо равон накардем, вале суҳбатҳо ҳаст, ки онҳо (ҳам) итоат мекунанд.”

Гуфта мешавад, шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон иборат аз Покистону Тоҷикистон, Узбекистону Туркманистон ва Чину Эрон мебошанд. Дар ин раванд кишвари Тукрманистон нахустин ҳамсояи Афғонистон буд, ки расман сафорати Афғонистон дар Ашқободро ба дипломатҳои Толибон таҳвил дод.

Кишварҳои Пикистону Чину ва ахиран Эрон ҳам ба сурати ғайрирасмӣ дипломатҳои Толибонро қабул карданд. Узбекистон ба сурати расмӣ дар ин бора чизе нагуфтааст, вале робитаҳои дипломатӣ ва сиёсии худ бо Афғонистонро густариш додааст.

Тоҷикистоне, ки то чанд вақте пеш аз минбарҳои баланд бо шиддат алайҳи Толибон мавзеъ мегирифт, акнун дида мешавад, дар ин бора бо нармӣ суҳбат мекунад. Аммо дар бораи таҳвили сафорат ва ё консулгариҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ба Толибон хомӯш аст.

Аз замони дубора дар 15-уми августи соли 2021 сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Тоҷикистон ҳеч гоҳ дари сафорат ва консулгариҳои худро дар ин кишвари ҳамсоя набаст ва мисли дигар кишварҳо дипломатҳои худро ба Ватан даъват накард, балки ҳамагуна робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии худро беш аз пеш густариш дод.

Ҳамла ба калисое дар Олмон

0

Бар асари тирандозӣ дар калисое дар шаҳри Ҳомбурги Олмон дасти кам 15 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, шоми 9-уми марти соли ҷорӣ дар Калисое дар шаҳри Ҳомбурги Олмон ҳамлаи мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар натиҷаи он дасти кам 7 нафар аз ҳозирин кушта ва 8 каси дигар ҳам захмӣ шудааст.

Полиси Олмон гуфтааст, ки пас аз дарёфти паём кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дарҳол ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд ва диданд чанд нафар кушта ва захмӣ заминигир шудаанд.

Ба қавли полис, омилони ин ҳодисаҳо, ки рӯзномаи Билди Олмон онро ба “ҳаммоми хунин” ташбеҳ додааст, ба эҳтимоли зиёд дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд. Полис то ҳол ҳуввияти омилон ва ангезаҳои ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки калисоҳо дар кишварҳои ғарбӣ ва бахусус Олмон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Пеш аз ин ҳам дар шаҳри Берлин калисое мавриди мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва чанди каси дигар захмӣ гардида буданд.