11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 3

Фарзандони муҳоҷирон пас аз 18-солагӣ бояд ё кор кунанд ё Русияро тарк кунанд

0

Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод кардааст, ки тартиби будубоши фарзандони муҳоҷиронро дар ин кишвар тағйир медиҳад.

Тибқи ин тарҳи қонуни нав, пас аз расидан ба синни 18-солагӣ фарзанди муҳоҷири корӣ бояд ё патенти мустақил барои кор дарёфт кунад ва ё дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк намояд.

Ҳамчунин дар ин тарҳи қонун шартҳои нави будубоши ноболиғон пешбинӣ шуда, фарзанди муҳоҷир то расидан ба синни балоғат метавонад дар Русия танҳо дар доираи муҳлати амали патенти падар ё модараш зиндагӣ кунад.

Ҳамзамон тибқи қонунҳои пешниҳодшуда, пардохти пешакии ҳатмии андоз аз даромади шахсони воқеӣ на танҳо барои худи корманд, балки барои ҳар як фарзанд низ талаб карда мешавад. Ба ин тартиб, будубоши аъзои оила бевосита ба андоз ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷири корӣ вобаста мегардад.

Пешниҳоди маҳдудиятҳои нав барои фарзандони муҳоҷирон дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Русия, то аввали соли 2026 шумораи фарзандони муҳоҷирон дар кишвар 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин коҳиш ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ рабт дода мешавад.

Илова бар ин, меъёрҳое дар Русия ба кор даромадаанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти маорифро вазифадор мекунанд дар бораи фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз ба қайд гирифтан то натиҷаҳои санҷиши забони русӣ мубодилаи маълумот анҷом диҳанд.

Роҳандозии аввалин қатори боркашонӣ байни Чину Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, аз 17-уми феврали соли ҷорӣ аввалин қатори контейнерии озмоишӣ дар хатсайри Чин—Тоҷикистон ба ҳаракат даромад.

Гуфта мешавад, ширкати муштараки “UTK International Logistics Co. Ltd”, ки дар Чин бо иштироки ҶДММ “Узтемирйулконтейнер” таъсис ёфтааст, аввалин қатораи контейнерии озмоиширо муваффақона аз Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.

Бар асоси гузориши нашршуда, қаторе, ки дар хатсайри Чин—Тоҷикистон ба корҳои лагистикӣ ва интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум машғул мешавад, “аз 8 контейнери чилфутӣ (1 фут баробари 0,3 метр) иборат аст”.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки қатори мазкур “аз истгоҳи Ланчжоу, музофоти Гансуи Чин ҳаракат намуда, тавассути  хатсайри “Чин –  Қирғизистон – Узбекистон – Тоҷикистон” то ба истгоҳи роҳи оҳани “Душанбе-2”-и Тоҷикистон мерасад. Ва истгҳои “Душанбе-2” охирин истгоҳи ин хатсайр мебошад, ки дарозии умумии он зиёда аз 3 500 километр гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми марти соли 2025 зимни мулоқоти раҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, созишномаҳо дар мавриди таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо ба имзо расида буданд, ки лоиҳаи мазкур шомили он созишномаҳо буд.

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

0

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи ҳассос қарор доранд.

Баъд аз ду даври гуфтушунидҳо дар Уммон ва Женева, ҳарду тараф аз пешрафтҳои маҳдуд хабар доданд, аммо масъалаҳои калидӣ ва ҳассос то занӯз ҳал нашудаанд. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба расонаҳо гуфт, ки барои Эрон 10 то 15 рӯз муҳлат дода, то ба созиши “ҳақиқӣ” бирасанд. Трамп гуфт, Эрон бояд хостаи Амрико дар бораи барномаи ҳастаӣ, мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои минтақаӣро қабул кунад, дар акси ҳол “ҳодисаҳои бад” метавонад рух диҳад.

Ин ҳушдорҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки нерӯҳои низомии ИМА дар Ховари Миёна ба ҳадди аксари худ аз замони ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 расидаанд. То кунун садҳо ҳавопаймои ҷангӣ, киштиҳои низомӣ ва сарбозони зиёди худро дар атрофи Эрон мустақар кардааст.

Гуфтушунидҳои охирин дар Женева, 17-уми феврал бо ҳузури намояндагони ҳарду кишвар ва миёнҷиҳои уммонӣ баргузор шуд. Вазири умури хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ гуфт, ки ҳарду тараф дар бораи “усулҳои роҳнамо” ба тавофуқ расидаанд ва Эрон тарҳи муфассалро дар ду ҳафтаи оянда пешниҳод хоҳад кард. Аммо мақомоти ИМА, аз ҷумла ноиби президенти Ҷей Ди Ванс, гуфтанд, ки Эрон ҳанӯз “хатҳои сурх”-и ИМА-ро эътироф накардааст ва пешрафтҳо маҳдуданд.

Ба назари коршиносон, ин гуфтушунидҳо чандон натиҷаи воқеӣ ва малмус надоранд ва танҳо вақти ҳамла ва оғози ҷангро ба қафо меандозад. Худи намояндагони Эрон ҳам қаблан ошкор гуфта буданд, ки ба ин гуфтушунидҳо бовар надоранд, зеро Амрико на гуфтушунид, балки шартгузорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Амрико дар ин музокирот аз Эрон мехоҳад фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро ба ҳадди сифр бирасонад, қувваи мушакҳои баллистикиашро камтар кунад ва инчунин аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақаӣ даст бикашад ва ҳеҷ гоҳ набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Трамп ба расонаҳо таъкид мекунад, ки агар гуфтушунидҳо ноком шавад, ИМА метавонад ҳамлаҳои ҳавоии худро ба зидди Эрон ҳафтаҳо давом диҳад. Мақомоти ИМА мегӯянд, ки Эрон бояд “хеле оқилона” амал кунад ва созишро қабул кунад, дар акси ҳол ҳамлаҳо барои фишор ба Теҳрон баррасӣ мешавад.

Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, омодаанд дар бораи барномаи ҳастаӣ гуфтушунид кунад, аммо ҳаққи ғанисозии ураниумро барои ҳадафҳои осоишта нигоҳ медорад ва инчунин барҳам задан ё тахфифи таҳримҳоро талаб доранд. Теҳрон мегӯяд, ки мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз ҳампаймонҳои минтақаӣ (мисли Ҳизбуллоҳ ва Ҳусӣҳо) “хатти сурх” аст ва ҳеҷ гуна гуфтушунидро қабул намекунад. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳамлаи ИМА ба Эрон бо ҳамлаҳои сахт ба нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа посух дода мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати ноком шудани гуфтушунидҳо имкони ҳамлаи Амрико ба Эрон хеле зиёд аст. Пика Васс коршиноси Маркази амнияти навин мегӯяд, ки ҳамла метавонад ҳафтаҳо давом кунад ва таъсисоти ҳастаӣ, мушакӣ ва раҳбарони Эрон дар мадди аввали ҳадафҳои ҳамлаи Амрико қарор хоҳанд гирифт. Аммо хатари ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳҳои ИМА ва Исроил вуҷуд дорад. Худи Амрико низ мегӯяд, ки эҳтимоли тағйири низом дар Эрон камтар аст, аммо ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ ва низомӣ, аз ҷумла ба пойгоҳҳои Сипоҳи посдорони инқилоб ва нерӯҳои Басиҷ хеле қавӣ аст.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

0

Ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Дар ҷараёни сафар, ҳайати ПМТ дар ҳамоиши байналмилалии Free Russia Forum, ки дар он масъалаҳои марбут ба демократия, ҳуқуқи инсон ва равандҳои сиёсӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иштирок намудаанд.

Ҳамзамон ҳайати ПМТ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумони Литва бо чанде аз масъулон мулоқот анҷом дода, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.

Илова бар ин Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ ба чанд расонаи литвонӣ мусоҳиба додааст ва ҳайат бо намояндагони диаспораи тоҷик дар Литва низ мулоқоти ҷудогона доштааст.

Шавкати Муҳаммад, сухангӯи ПМТ дар саҳфаи фейсбукиаш навишта, ки ин мулоқотҳо ба таҳкими муколамаҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи тоҷикони бурунмарзӣ равона шуда буданд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

0

Дар ҷарёни иҷлосияи AI IMPACT SUMMIT / 2026 дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар 20-уми феврали соли ҷорӣ дар ин бора гузориш дода аст. Гуфта мешавад, зимни ин дидорҳо Оуэн Лартер роҳбари бахши ҳамкорӣ бо кишварҳо аз ширкати “Google DeepMind” ва Наташа Крэмптон ноиби президент-роҳбари самти зеҳни сунъии масъули ширкати Microsoft омодагии ин ширкатҳоро барои васеътар кардани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштаанд.

Дар раванди дидори Шералӣ Кабир бо Оуэн Лартер аз Google Deep mind зикр шуда, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав кори такмили SoroLLM — модели забонии миллӣ барои забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби мутахассисони тоҷик таҳия шудааст — идома дорад. Ин раванд бо истифода аз модели пешрафтаи Gemma аз Google DeepMind амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, модели асосии SoroLLM аллакай дар доираи ташаббуси миллӣ «Лоиҳаи Соро» дар 100 муассисаи таълимии кишвар ҷорӣ карда шудааст.

Шералӣ Кабир дар бораи лоиҳаи махсуси минтақаи зеҳни сунъӣ “Area Al” иттилоъ дода, ки дар доираи он ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъӣ метавонанд таҳия ва содироти ҳалли муосири ИИ-ро аз Ҷумҳурии Точикистон дар асоси механизми «кумдони ИИ» (Al Sandbox) ба роҳ монанд. Ширкатҳои байналмилалии Perplexity, Cerebras, Supermicro ва Yotta айни ҳол узви Консорсиуми Area Al мебошанд.

Ҳамчунин дар нишасти вазири тоҷик бо Наташа Крэмптон аз Microsoft масоили гуногун, аз ҷумла татбиқи инфрасохтори абрии гипермасштабшаванда ва таъсиси марказҳои маълумотӣ барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи Azure дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси Area Al ва амали намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пардохта шуд.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

0

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, рӯзи 19-уми феврали соли 2026, соати тақрибан 21:00, як гурӯҳ намояндагони мақомоти қудратии Туркия ба манзили Зайд Бобоев дар Чанаккале рафта, ӯро ба самти номаълум бурдаанд.

Ин Ҳаракати сиёсӣ ҳамчунин навишта, ки тафсилоти иловагиро пас аз дақиқ намудани маълумот нашр хоҳад кард.

Гуфта мешавад, боздошти ин узви “Гурӯҳи 24” дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ дорои иқомати муваққатии кишвари Туркия буда, аз соли 2016 дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ дорад ва номаш аз соли 2018 дар дафтари Комисарияти Олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон, ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ сабт гаштааст.

Зайд Бобоев дар гузашта низ аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт гардида буд. Аз ҷумла, ба ин фаъоли сиёсӣ рӯзи 23-уми январи соли 2023 боздошт ва ба маркази истирдоди интиқол ёфта буд. 

Ҳамчунин мақомоти Туркия бори аввал Бобоевро бо дархости режими Раҳмонов моҳи августи соли 2024 боздошт намуда, беш аз 2 моҳ дар маркази истирдодии шаҳри Чанакалле нигоҳ дошта буданд. 

Ёдовар мешавем, ки Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли 2024 ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов дар он ба қатл расида буд, беному нишон гашта буданд. 

Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе будани онҳоро тасдиқ кард ва моҳи октябри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон Насимҷон Шариповро ба 20 ва Суҳроби Зафарро ба 30 соли зиндон маҳкум кард.

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

0

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Мақомоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои назоратӣ дар шаҳри Варшава, кормандони Straż Graniczna (Хадамоти Марзбонӣ) як шаҳрвнади 51-солаи Тоҷикистонро ба сабаби ғайриқонунӣ дар қаламрави Лаҳистон иқомат доштанаш ихроҷ карданд.

Тибқи гузориш, зимни санҷиши асноди будубош маълум гардида, ки муҳлати шиносномаи биометрии боздоштшуда кайҳо ба охир расидааст. Ҳамчунин ӯ раводидҳои навъи D-и Руминия ва Маҷористонро пешниҳод кардааст, ки муҳлати эътибори онҳо низ гузаштааст.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки соли гузашта мақомоти ин кишвар барояш қарори уҳдадории бозгашт бо манъи яксолаи вуруд ба минтақаи Шенгенро содир карда будаанд, вале ӯ онро иҷро накарда, дар Лаҳистон боқӣ мондааст.

Ҳамзамон ин ниҳод азфуда, ки ҳнгоми тафтиши аз ӯ силоҳи пневматикӣ низ пайдо шуд, ки он мусодира гардида, ба мақомот барои ташхиси минбаъда фиристода шудааст.

Марзбонӣ мегӯяд, барои иҷрои қарори ихроҷи иҷбории ин шаҳрванди Тоҷикистон аллакай субҳи рӯзи 18-уми феврал ӯро тариқи ҳавопаймо аз Фурудгоҳи Шопен-и шаҳри Варшава ихроҷ карданд. Аммо гуфта нашудааст, ки ӯро ба куҷо ихроҷ кардаанд.

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

0

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Расонаҳои узбекӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҳамсоя хабар медиҳанд, ки ин гурӯҳ донорҳо ва беморҳоро ба клиникаи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе бурда, ҷарророҳӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин қазия ҳоло як сокини 36-солаи Тошканд, ки қаблан барои авбошӣ зиндонӣ шудааст, ҳамроҳи ҳамсараш боздошт шудаанд.

Тавре тафтишот муайян кардааст, гумонбарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста шахсонеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки омода буданд узвҳои худро фурӯшанд. Барои ҷалби муштариён, ин оилаи гумонбар наворҳои видеоиро дар бораи беморони ниёзманд ба пайвандсозӣ нашр намуда, ҳисси ҳамдардии истифодабарандагонро бедор мекарданд ва ҳамзамон хизматрасониҳои хариди узвҳоро таблиғ менамуданд.

Пас аз ба даст овардани розигӣ, донорҳоро ба шаҳри Душанбе мебурданд, ки дар клиникаи «Истиқлол», ба гуфтаи ВКД, амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода мешуд. Донорҳо барои узвҳои худ маблағи пулӣ мегирифтанд ва ин узвҳо ба беморони дигар пайванд карда мешуданд.

Ҳамчунин муайян шудааст, ки худи гумонбар қаблан амалиёти пайвандсозии гурдаро аз сар гузаронидааст, аммо маълум нест, ки ин амалиёт ба ин нақша иртибот дорад ё на.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин шахсони дигареро муайян карданд, ки эҳтимолан ба ин фаъолияти ғайриқонунӣ мусоидат намудаанд. Аз ҷумла, бархе мудирони каналҳо ва саҳифаҳо дар Telegram, Instagram ва YouTube низ дар паҳн кардани эълонҳо ва ҷустуҷӯи донорҳо ва беморон иштирок доштаанд.

Аз рӯи ин ҳолат бо қисми дуюми моддаи 133-1 Кодекси ҷиноятии Узбекистон, яъне “хариду фурӯши узвҳои бадан” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифтан шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон тамоми ҳолатҳо ва инчунин эҳтимоли даст доштани муассисаҳои тиббӣ ва шахсони дигар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Душанберо муайян мекунанд.

То лаҳзаи нашри хабар аз ҷониби намояндагони клиникаи «Истиқлол» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шарҳи расмӣ пешниҳод нашудааст.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

0

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми феврали соли ҷорӣ хабар дод. ВКД дар хабарномааш мегӯяд, ҳодиса авоили ҳамин моҳ дар кӯчаи Р.Каримов дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, Турдибоев Ҷавлон дар содир намудани ҷинояти “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” гумонбар дониста мешавад ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор додард. Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Гуфта мешавад, ҳамсари вай Оқилова Н. дар пайи ин даргирӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмӣ бардоштааст, аммо дар бораи вазъияти феълии ӯ пас аз ҳодиса тавзеҳоти бештаре дода нашудааст. Ва ҳамчунин назари гумонбаршуда ва наздиконаш ҳанӯз дастрас нест. 

Ятимов дар куҷост?

0

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишвар иштирок накардааст. 

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз, 19-уми феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шӯрои амният иштирок намуда, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз фаъолияташон дар соли 2025 гузориш додаанд. Аммо дар аксҳое, ки Хадамоти матбуоти Президент нашр кардааст, раиси КДАМ Саймумин Ятимов дида намешавад, вале муовинонаш, аз ҷумла муовини якуми ӯ генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб дар ин ҷаласа иштирок дорад.

Гуфта мешавад, дар ин маҷлис Раҳмонов ба роҳбарону масъулин барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳо дода, хостааст камбудиҳои дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо зудтар бартараф кунанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа аз ҳифзи сарҳади давлатӣ, ки чанд вақти охир ноором аст ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо гуфта шудааст.

Бояд гуфт, дар ҳоле ҷаласаи Шӯрои амният бе ҳузури Саймумин Ятимов баргузор мешавад, ки сару садоҳо дар бораи бемор будан ва барои табобат рафтанаш ба Аврупо зиёд шудааст.

Аз ҷумла, Шавкати Муҳаммад, сухангӯи ПМТ 10-уми феврали соли ҷорӣ дар саҳфаи фейсбукиш навиштааст, ки “такя ба манбаъҳои мустақил, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, айни ҳол дар Ҷумҳурии Олмон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки вай гӯё барои табобати вазъи саломатӣ ба Олмон омадааст. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки Ятимов дар холати умумӣ ба шахси ҷиддан бемор монанд нест ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дида мешавад”.

Ҳамчунин як манбаъ бо шарти зикр нашудани ном ба Azda.tv гуфт, ки Саймумин Ятимов гӯё ҳолаш бад шуда, охири моҳи январи соли ҷорӣ (29 ё 30-уми январ) бо парвози “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Мюнхени Олмон бурда шудааст ва баъд аз беҳтар шудани вазъаш дар баъзе мулоқотҳо бо тоҷикони Олмон дида шудааст.

Ба хотири табобат сафар кардани ӯ дар ҳоле аст, ки пеш аз ба табобат рафтани Эмомалӣ Раҳмон ба Чин қароре қабул шуда будааст, ки кормандони қудратӣ ва интизомӣ ҳаққи берун рафтан аз кишварро ҳатто барои табобат надоштаанд.

То ҳол ба Azda.tv муяссар нашудааст, ки дурустии ин сару садоҳоро аз ҷойи дигар тасдиқ кунад.

Бояд гуфт, дар ҳоле Саймумин Ятимов дар ҷаласаи Шӯрои амният иштирок надошт, ки ҳадди ақал дар ду кишвари Осиёи Марказӣ дар чанд рӯзи охир раисони КДАМ-и Қирғизистон ва Туркманистон аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.