ANKARA, TURKIYE - APRIL 14: A person holds the ballot displaying presidential candidates in front of a text translating "Supreme Election Council of Republic of Turkiye" ahead of the presidential and parliamentary elections to be held on Sunday, May 14th in Ankara, Turkiye on April 14, 2023. (Photo by Muhammed Selim Korkutata/Anadolu Agency via Getty Images)
Бино ба иттилои Комиссия олии интихоботи Туркия, шумораи интихобкунандагон дар кишвар беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар умум 88,75% онҳо дар интихоби президенти ояндаи худ ширкат карданд.
Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба Русия сафар кардаанд, ки ба таври миёна рӯзона беш аз 3 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин кишвар мерафтааст.
Бино ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия (маъруф ба ФСБ) дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири корӣ вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст.
Гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 беш аз 840 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафи кор вориди хоки Русия шуда будаанд.
Тибқи оморҳои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон (630 859 нафар), Тоҷикистон (349 357), Қирғизистон (172 591), Арманистон (47 337), Қазоқистон (34 783) Озарбойҷон (28 690) ва Чин (10 528) ба Русия бо ҳадафи кор сафар кардаанд.
Аз кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама кам шаҳрвандони Туркманистон (996 нафар) бо мақсади кор ба Русия рафтаанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), дар соли 2022 тақрибан 3,5 миллион муҳоҷири корӣ, аз ҷумла аз Узбекистон – беш аз 1 миллиону 450 ҳазор нафар, Тоҷикистон – қариб 987 ҳазор нафар, Қирғизистон – беш аз 562 ҳазор нафар ва Қазоқистон – ҳудуди 164 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд.
Ба қавли манбаъ, ин нишаст бо ҳадафи “талошҳои иттилоотӣ ва таблиғотии НАТО ва дипломатияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, Сафорати Туркия Маркази тамосҳои НАТО Дар Тоҷикистон дар солҳои 2023 ва 2024 мебошад. Туркия ягона кишвари исломиест, ки узви НАТО мебошад.
НАТО, як эътилофи низомӣ ва сиёсиест, ки пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар соли 1949 ба хотири ҳимояти кишварҳои узв аз ҳар гуна ҳамлаҳои хориҷӣ, ба хусус аз самти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва пешгирӣ кардан аз танишҳои низомӣ таъсис дода шуда буд, ва фаъолиятҳои худро аз ҳисоби аъзои наву куҳна зиёдтар карда, то ҳол амал мекунад.
“Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”, мегӯяд ВКД.
Гуфта мешавад, ҳамзамон ин марди 32-солаи пойтахт як нафари дигарро низ фиреб дода, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи додани мошини “Лексус РХ-350” гирифта, дигар барнагардондааст.
Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки як зани 40-солаи сокини шаҳри Бустони Вилояти Суғд аз ду нафар беш аз 400 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.
Номбурдааз дигарӣ 285 ҳазор сомонӣ ва аз нафари сеюм 120 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар барнагардонидааст.
“Номбурда, моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.
Тибқи ин хабар, маҷмуи маблағҳои аз мардум бо роҳи фиреб гирифтаи ин сокини шаҳри Бустон 405 ҳазорсомниро ташкил додааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин зани гумонбарро боздошт карда, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.