13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 340

Раиси Додгоҳи Хуҷанд равонаи зиндон шуд

0

Рӯзи 11-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳомидҷон Муҳаммадзода, собиқ раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷандро барои 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, собиқ раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд. Акс аз Радиои Озодӣ

Тавре Радиои Озодӣ аз манобеаш хабар дод, Ҳомидҷон Муҳаммадзода ҳамроҳи як зердасташ бо номи Рустам Муҳаммадсаидзода бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 доллар гунаҳкор дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, собиқ раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо моддаи 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешавад. Ин дар ҳолест, ки қисми 3-и моддаи мазкур маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад, аммо бо кадом сабабҳо собиқ раиси Додгоҳи Хуҷанд 2 сол ҳукм гирифтааст, маълум нест.

Моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳо хабар доданд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода пас аз як амалиёти махсуси Ожонсии зидди фасоди кишвар нопадид шуд. Гумонҳо бар ин буд, ки ӯ фирор кардааст, аммо худи мақомот дар ин бора чизе намегуфт.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода аз соли 1996 то инҷониб дар аксар шаҳрҳу ноҳияҳои вилояти Суғд дар мансаби раиси додгоҳ кор кардааст. Вай боре раиси Додгоҳи вилояти Суғд низ буд. Ӯ дорандаи ордени “Шараф” буда, додраси тахассуси дараҷаи якум мебошад.

Занозанӣ ва кордкашии писарони мансабдорон дар Душанбе

0

Дар як тарабхонаи шаҳри Душанбе писарони мансабдорон байни худ занозанӣ ва кордкашӣ кардаанд, ки дар натиҷа баъзе захмӣ ҳам шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи ҷанҷолу занозании шоми 11-уми ноябр, ки дар он Зафарҷон Самӣ, сардори толори VIP-и Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ аз корд ҷароҳат бардошт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре “Asia-Plus” хабар медиҳад, ВКД аз рӯи моддаи “авбошӣ” парванда боз карда, шахсияти афроди дар ҷанҷол дастдоштаро муайян мекунад ва барои боздошти онҳо чора меандешад.

Гуфта мешавад, шоми 11-уми ноябри соли ҷорӣ, дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳаллаи 112-ум занозанӣ рух медиҳад, ки дар натиҷа Зафарҷон Самӣ ба сараш се зарби корд хӯрда, захмӣ мешавад.

Сабаби муноқиша то ҳол маълум нест ва гуфта нашудааст, ки ин занозанӣ бо айби кӣ сар задааст.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ занозаниро як авбошӣ номида гуфтааст, ки “гумонбарон муайян ҳастанд ва дастрас мешаванд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ аст. Ба вазифаи падару писар дахл надорад. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тафтиш идома дорад”.

Номи гумонбарон дастраси расонаҳо нест, мақомот низ бо баҳонаи “халал нарасондан ба тафтишот” аз гирифтани номи онҳо худдорӣ мекунанд. Аммо ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ тарафи дигари ҷанҷол низ шахси наздик ба мансабдорон ҳаст.

Зафарҷон Самӣ 24-сол дошта, сардори толори VIP-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ мебошад.

Шариф Самӣ, ки дар гузашта раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буд, ҳодисаи зарб хӯрдани писарашро дар як муноқиша тасдиқ ва ё рад накарда, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Ягон гап нест, ҳама тинҷ аст. Вазорати корҳои дохилӣ чизе гӯяд, ҳамон. Ман дар кор ҳастам.”

Дар Тоҷикистон бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ҳатто наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҷиноятҳои зиёде содир мешавад. Аммо дар аксар ҳолат он ҷиноятҳо аз чашми мардум ва расонаҳо пӯшонда мешаванд ва ё агар расонаӣ ҳам шаванд, парвандаашон аз ҷониби кормандони мақомот ҷиддӣ таҳқиқ намешаванд.

Дар гузашта барои содир кардани ҷиноят номҳои Алишер ва Диловар Гуловҳо, писарони вазири пешини энергетика ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, Гул Шералӣ, Фаромӯз Саидов, писари ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Рустам ва Расул писарони раҳбари собиқи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва хеши раисҷумҳур Амонулло Ҳукумов расонаӣ шуда буд. Аммо парвандаи онҳо ҷиддӣ таҳқиқ нашуда, баъзе аз ҷавобгарӣ озоду баъзе ҷаримаи ночиз шуда буданд.

ЧИЛАХОН ХОЛОВ: “30 СУРУДИ НОНАВИШТА ДОРАМ”

0

Сарояндаи мардумии Тоҷикистон, ки дар бистари беморист мегӯяд, 30 суруди нонавишта дорам” ва гар Худо шифояшро арзонӣ фармояд, онҳоро сабт мекунам.

Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2022 Чилахон Холов, сарояндаи халқии Тоҷикистон дар суҳбат бо муовини Вазорати фарҳанг ва ҳамроҳонаш гуфтааст, ки “ҳанӯз 30 суруди тозаи НОНАВИШТА дар кулбори эҷодияш дорад.”

Раҳмоналӣ Мирализода, ки дар ин ҳайат ба аёдати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рафта буд, мегӯяд, “ин шабу рӯзҳо овозхони маънисарои мо аз беморӣ каме ранҷ мебаранд. Аммо аз дидор ва суҳбати эшон мо бо хотири осуда баргаштем. Зеро Чилахон Холов дар ҳар ҳол рӯҳияи қавӣ дорад.”

Гуфта мешавад, Чилахон Холов, дорандаи унвони Ҳунарманди шоисатаи Тоҷикистон аст. Ӯ зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб аст, ки худро яке аз пайравони Карими Шиш медонад. Чилахон Холов, яке аз сермаҳсултарин ҳунармандони Тоҷикистон аст, ки бисёратар таронаҳои халқӣ месарояд ва бо ҳамин сурудаҳояш зиёдтар дар байни мардум мухлис пайдо кардааст.

Ҷавони тоҷик дар ҳолати мастӣ падарашро кушт

0

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як марди 37-сола дар ҳолати мастӣ падарашро бо болға зада куштааст. Дар ин бора Додситони кулли кишвар хабар дод.

Акс аз “khersonci.com.ua”

Ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон, Исанқулов Муҳаммадҷон Авазович соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар торихи 07 июни соли 2022 ҳамроҳи падараш Бӯстонов Аваз дар хонаашон шароби “Тоҷикистон-Гость”-ро менӯшанд. Пас аз нӯшидани шароб ҳарду сархӯш мешаванд ва байни падару писар муноқиша барпо мешавад, дар натиҷа писар падарашро бо болға дар сару рӯяш зада мекушад.

Додситони ноҳияи Панҷ, нисбати Исанқулов Муҳаммадҷон бо моддаи 104 қисми 2 банди “е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар торихи 16-уми сентябри соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Хатлон Исанқуловро бо моддае, ки додситонӣ парвандаро ба анҷом ранода буд, (моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум кард.

Боздошти як соҳибкор дар шаҳри Хоруғ

0

Мақомоти қудратии Тоҷикистон соҳибкор ва собиқ мансабдори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғи Бадахшон Тоҳир Абдолбековро боздошт карданд.

Бино ба иттилои манобеи Pamir Daily News, Абдолбеков ба он муттаҳам мешавад, ки дар рафти эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба тазоҳуркунандагон ғизои ройгон додааст.

Гуфта мешавад Тоҳир Абдолбеков бародари Улфатшо Абдолбеков, собиқ раиси шаҳри Хоруғ буда, дар гузашта роҳбарияти хоҷагии манзилию коммуналиро бар уҳда доштааст. Вақтҳои охир ба тиҷорат машғул буда, чанд мағозаву қаҳвахона доштааст.

То ҳол маълум нест, ки ӯ кай ва аз ҷониби кадом ниҳоди қудратӣ боздошт шудааст. Аммо ба навиштаи манбаъ як рӯз пас аз боздошти Абдолбеков афроди номаълум ба қаҳвахонаҳову мағозаҳои ӯ омада, ҳамаро холӣ кардаанд.

Мақомот то ҳол ин қазияро, мисли боздошту рабуда шудани даҳҳо зодаи Бадахшон аз Русия, шарҳ надодаанд.

Баъд аз ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон мақомот фишор болои сокинони ин вилоятро бештар карда, даҳҳо нафарро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд, ки боиси нигаронии созмонҳои ҷаҳонӣ гаштааст.

Ҳамла ба як нафткаши исроилӣ дар соҳили баҳри Умон

0

Як нафткаши исроилӣ дар соҳили баҳри Умон тариқи паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва бархе мақомоти исроилӣ ангушти иттиҳомро ба сӯӣ Эрон бурдаанд.

Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2022, хабаргузории Форси Эрон вуҷуди ин ҳамларо “иддао”-и “The Associated Press” хонда гуфтааст, ки ин нафткаши “Pacific Zircon” мутаалиқ ба як миллиардери исроилӣ аст.

Ба қавли ББС, “ин нафткаш мутаалиқ ба ширкати “Киштиронии Уқёнуси ороми шарқӣ” (Eastern Pacific Shipping), мақарраш дар Сингапур буда, бо парчами Либириё ҳаракат мекарда ва он аз сӯи як паҳпод дар обҳои баҳри Умон ҳадаф қарор гирифтааст.”

Шабакаи Алҷазираи Қатар ҳам дар истинод ба Радиои артиши Исроил хабар дода, ки “яке аз масъулони баландпояи исроилӣ Эронро муттаҳам карда гуфтааст, дар ин ҳамла даст дорад.”

Хабаргузории амрикоии Assoсiаted Press ҳам ба нақл аз манобеи худ дар Амалиёти тиҷорати баҳрии Бритониё – як созмони бртиноиёие, ки рафту омади киштиҳоро дар минтақа назорат мекунад, гуфтааст, аз ин ҳодиса огоҳанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, ширкати киштиронии Уқёнуси ороми шарқӣ бо нашри як иттилоияе дар ин бора гуфтааст, ки тамоми малавонҳои “Pacific Zircon” саломат ҳастанд ва ин киштӣ ҳомили гази моеъ аст ва дирӯз, 15-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:30 дақиқа дар ҳудуди 240 километрии соҳилҳои Умон мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Мулоқоти Зубайдзода бо муовини Башшор Асад

0

Сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт барои бозпас гардонидани шаҳрвандони кишварамон бо муовини Президенти Сурия мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз, 16-уми ноябри соли 2022, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо генерал Алӣ Мамлук, муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар Димишқ мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, сафири Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти бо муовини Президенти Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар дар бораи “масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар” гуфтугӯ карданд.

Зубайдулло Забайдзода, ки чор рӯз боз дар Димишқ ба сар мебарад, дар мулоқот бо генерал Алӣ Мамлук низ масъалаи “баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт тайи 4 рӯзи ахир ҳангоми мулоқотҳояш бо мақомоти олирутбаи Сурия, аз он ҷумла мулоқот бо вазири корҳои дохилӣ, ва дидор бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия “дар бораи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан” суҳбат карда буд.

Дар урдугоҳҳо ва зиндонҳои Сурия садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони тасаллути ДИИШ ба Ироқу Сурия дар сафи нерӯҳои он ҳузур доштанд, баъд аз шикасти ин созмони террористӣ мисли дигарон хеле аз онҳо низ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, акунун, ки вазиъият фарқ мекунад, Тоҷикистон низ мехоҳад шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан баргардонад.

Суқути ду мушак дар хоки Лаҳистон бар асари ҳамлаи Русия ба Украина

0

Асри рӯзи 15-уми ноябр ду мушак ба қаламрави Лаҳистон исобат кард, ки гуфта мешавад, Русия онҳоро партоб кардааст. Аммо худи Кремлин онро рад кард.

Гуфта мешавад, дар пайи суқути ин мушакҳо ду нафар кушта шудааст.
Шӯрои амнияти миллии Лаҳистон шоми рӯзи 15-уми ноябр ҷаласаи изтирорӣ ташкил кард.

Анджей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон мегӯяд, “ҳоло дар бораи ин ки ин ду мушак аз куҷо ба хоки мо исобат кардааст, маълумоти дақиқе дар даст надорем ва таҳқиқот идома дорад”.

Коршиносон мегӯянд, чун Лаҳистон узви НАТО аст, исобати мушакҳои Русия ба қаламрави узви ин паймони ҳарбӣ мушкилоти ҷиддиеро дар пай хоҳад дошт. Аммо худи Русия мегӯяд, ҳеч гуна ҳамлае ба нуқтаҳои наздимарзии Украина бо Лаҳистон анҷом надодааст ва ин иттиҳом ба хотири ташдиди авзои ҳарбӣ сохта шудааст.

Амрико субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳои аввалияи таҳқиқот нишон медиҳад, мушакҳое, ки дар хоки Лаҳистон суқут кардаанд, аз ҷониби Русия партоб нашуда, балки нерӯҳои украинӣ барои радди мушакҳои Русия онҳоро партоб кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе, 15-уми ноябр Русия аксари шаҳрҳо ва зерсохторҳои Украинаро ба таври густарда мавриди бомборони шадид қарор дод.

Гилояи мавлавӣ Абдулҳамид аз афзоиши “табъиз” дар Эрон

0

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мегӯяд, дар муддати 44 соли баъд аз инқилоб дар Эрон ҳатто як нафар аз аҳли суннат ба унвони устондор таъйин нашудааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, 13-уми ноябри соли 2022 ба рӯзи якшанбеи гузашта рост меояд, мавлавӣ Абдулҳамид дар мулоқот бо намояндаи Алии Хоманӣ, раҳбари Эрон ҳодисаҳои хунини маъруф ба ҷумъаҳои хунини Зоҳидон ва Хошро “натиҷаҳои табъизҳои мавҷуд дар ҳаққи ҷомеаи аҳли суннат” донистааст.

Мавлавӣ Абдулҳамид дар ин дидор гуфтааст, “мо муътақидем омори болои куштаҳо ва захмиҳои ин ҳодиса натиҷаи табъизест, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир аз аҳли суннат дар нерӯҳои аслӣ ва кадрии низомӣ ва интизомӣ ҳузур надоранд, магар хеле андак, дар ҳоле, ки дар режими собиқ аҳли суннат дар нерӯҳои мусаллаҳ ҳузур доштанд.”

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон афзуда, вақте бо масъулон дар мавриди бакоргирии аҳли суннат дар нерӯҳои мусаллаҳ суҳбат мекунем, аз нерӯҳои басиҷӣ гузориш медиҳанд, вақте дархости интисоби мудирони кулли устонҳои суннинишин матраҳ мешавад, фармондорон ва масъулони шаҳристонҳои ҳошияи кишварро ёдоварӣ мекунанд, дар ҳоле, ки бузургтарин мушкил, табъиз дар марокизи устонҳо ва маркази кишвар аст.

Хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон таъкид карда, ки “то кунун баъд аз инқилоб ҳатто як аҳли суннат ба унвони устондор таъйин нашудааст ва дар мудириятҳои маркази кишвар низ аҳли суннат ҳузур надоранд. Дар Шӯрои таъмини устони Сиистону Балучистон ҳатто як нафар аз аҳли суннат ҳузур надорад, дар ҳоле, ки ин минтақа суннинишин аст…”

Гуфта мешавад, муносибатҳои мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ бо раҳбари Эрон замоне сардтар шуд, ки моҳе пеш баъд аз адои намози ҷумъа дар масҷиди Маккӣ, ки зери идораи ӯст, ба самти мардум тирборон шуд ва дар натиҷа зиёда аз 85 нафар кушта ва наздик ба 300 нафар захмӣ шуд.

Исмоилзиҳӣ ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум кард ва мақомоти Эронро муқассир донист ва аз онҳо хост тамоми омилони ин ҳодисаи хунинро боздошт ва муҷозот кунанд. Аммо дар ибтидо касе ба гуфтаи ӯ накард, чанд рӯз баъдтар ангушти иттиҳомро сӯи Алии Хоманаӣ раҳбари Эронро бурд ва гуфт, вай ҳам аз омилони пасипардагии ин ҳодисаи хунин мебошад.

Баъд аз расонаӣ шудани ин хабар мақомот ва расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон алайҳи Мавлавӣ Абдулҳамид мавзеъ гирифта, як ҷанги сардеро дар расонаҳо ва минбарҳои масоҷид ба роҳ андохтанд ва ҳатто кор то ҷое кашида шуд, ки тарҳи террори ӯро ҳам дар бархе маҳфилҳои расонаӣ матраҳ карда буданд.

Вақте мардуми балуч диданд, ки тарҳи боздошт ва ё террори раҳбари сунниҳои Эрон дар бархе расонаҳо ба таври ошкор матраҳ мешавад, сарони қабилаҳои устони Сиистону Балучистон дар Эрон ва наздикону пайвандон ва шогиродону муридони ӯ дар Покистону Афғонистон барои ҳимоят аз мавлавӣ Абдулҳамид рафта бо вай байъат карданд. Коре, ки дар сад соли ахир бори аввал дар Эрон таҷриба шуд.

Ин амр дар ҳол мақомот ва бахусус раҳбари Эрон, ки беш аз 30 сол аст ин кишварро раҳбарӣ мекунад, нигарон кард ва аз баландпарвозиҳои худ дар ин масъала кӯтоҳ омада, ҳайатаҳоеро паси ҳам барои ором кардани вазъият дар ин устон ба мулоқоти мавлавӣ Абдулҳамид фиристонд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Душанбе

0

Ҷаласи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин нишаст таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор шуд.

Бино ба иттилои “Ховар” ҷонибҳо дар мулоқот протоколи дахлдореро ба имзо расонда, ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Аз тафсилоти ин вохӯрӣ ба ҷуз ин ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт” чизи дигаре гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.