Хона блог саҳифа 343

Сардори Агентии назорати маводи мухаддири Хатлон боздошт шуд

0

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон раиси Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари вилояти Хатлонро боздошт кардаанд.

Полковник Нодир Муродзода, сардори Раёсати назорати давлатии маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳ бо чор зердасташ бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва гирифтани 150 ҳазор сомонӣ пора аз наздикони як гумонбар дар кочоқи маводи мухаддир, боздошт шудааст.

То ҳол мақомот расман боздошти ин полковникро шарҳ надодаанд. Назари худи Муродзода ва наздиконаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз мақомоти тафтишотӣ менависад, ки “Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар дӯш мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад”.

Гуфта мешавад нисбати полковник Муродзода бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ барои тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ аз 94 ҳазор сомонӣ то беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ шуда, парвандаи ӯ ва зердастонашро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли кишвар таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон мақомдоре бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ боздошт мешавад. Аммо дар аксар ҳолат онҳо бо супоридани ҷарима ва ё воситабозӣ аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Марзбонони тоҷик 3 қочоқбари афғонро куштанд

0

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, 3 қачоқбари маводи мухаддир, ки шаҳрвандони ин кишвар буданд, пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон тавассути марзбонон кушта шуданд.

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон иттилоъ доданд, ки рӯзи шанбе, 25-уми феврали соли ҷорӣ 3 шаҳрванди Афғонистон аз масири деҳаи Бӯстони вулусволии Дарқади вилояти Тахор бо қочоқи 20 кило маводи мухаддир вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Пас аз убури марз мавриди ҳадафи марзбонони тоҷик қарор гирифта, кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои маҳаллии ин кишвар менависанд, ки амалиёти қочоқи маводи мухаддир тавассути 4 нафар: 2 толиб ва 2 узви гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ”, ки аксари аъзои он шаҳрвандони худи Тоҷикистон ҳастанд, сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки аксар расонаҳои Афғонистон қочоқбаронро 3 нафар гуфтаанд, аммо аз ҳувияти онҳо ва ба кадом гурӯҳҳо тааллуқ доштанашон хабаре надодаанд.

То ҳол дар ин бора гузоришҳои расмӣ вуҷуд надорад. Ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Толибон ин ҳодасаро шарҳ намедиҳанд.

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ 3 нафар зери тарма монд

0

Рӯзи якшанбе, 26-уми феврали соли 2023 дар роҳи Душанбе-Чаноқ резиши тарма рух дод, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии (IRS)

Ширкати Innovative road solutions (IRS) иттилоъ дод, рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар километри 157-уми роҳи Душанбе-Чаноқ (ағбаи Шаҳристон) тарма фаромад, ки дар натиҷа 3 нафар зери тарма монда ҷони худро аз даст доданд. Наҷотдиҳандагон тавонистанд як нафари дигарро наҷот дода ва ба бемористон интиқол диҳанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин 4 нафар ҳама мусофирони мошини сабукрави тамғаи “Мусо” буда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба ин мусибат гирифтор шуданд.

Вале то ҳол аз ҳувияти ҳалокшудагон ва сокини кадом шаҳру навоҳии Тоҷикистон буданашон маълумоте нашр нашудааст.

Ҳамзамон, то нашри ин матлаб, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ дар ин бора иттилои расмие надодааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS аз соли 2009 масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқро бар дӯш дорад ва аз ҳар ронанда барои убур аз он маблағ мегирад. Вале ронандагон аз сатҳи хидмарасонии ин ширкат шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамасола дар ин роҳ садҳо ҳодисаи нохуш рух медиҳад, вале масъулини ин ширкат аз пеш чорае намеандешанд.

Зеленский дар солрӯзи ҳамлаи Русия ба кишвараш чӣ гуфт?

0

Имрӯз, 24-уми феврали соли 2023 аз ҳамлаи Русия ба Украина як сол гузашт. Расиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нахустин солрӯзи таҳоҷуми Русия ба кишрвараш гуфт: “Мо ҳамро шикаст медиҳем”.

Зеленский рӯзи ҷумъа дар як навори видеоии 15-дақиқӣ аз ҳамлаи яксолаи Русия ба кишвараш натиҷагирӣ кард. Ӯ зимни хитоб ба шаҳрвандон ва сарбозони кишвараш таъкид кард, ки украиниҳо “соли шикастнопазир”-ро паси сар карданд.

“Натиҷаи асосии ин ҳамла ин аст, ки мо сабр кардем. Мо мағлуб нашудем. Ва мо ҳама корро мекунем, ки имсол ғалаба кунем!” – гуфт Зеленский.

Ӯ ҳамчунин афзуд: “Мо қавӣ ҳастем. Мо барои ҳар чизе омодаем. Ҳамаро шикаст хоҳем дод. Ингуна 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуд. Рӯзе, ки тӯлонитарин рӯзи зиндагӣ ва сахттарин рӯзи торихи ахири мо буд. Мо зуд аз хоб бедор шудем ва аз он ба баъд нахобидем.”

Раисҷумҳури Украина дар паёми видеоии рӯзи ҷумъааш Русияро “террорист” хонда, гуфт: “Нӯҳ сол пеш ҳамсоя ба таҷовузкор табдил ёфт. Як сол пеш ин таҷовузкор ба ҷаллод, ғоратгар ва террорист табдил шуд.”

Ёдовар мешавем, ки субҳи 24-уми феврали соли 2022 якбора ҳуҷуми Русия болои шаҳрҳои Украина оғоз шуд. Аз он рӯ то ин дам беш аз 8 миллон украинӣ хонаҳои худро тарк карда, ба дигар кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Даҳҳо ҳазор аз сарбозону сокинони осоишта кушта шуда ва садҳо ҳазор нафари дигар дар дохили ин кишвар овара гаштаанд.

Ҳамчунин давоми ин як соли гузашта тибқи баъзе оморҳо, 146 ҳазор сарбози Русия кушта шудаасту даҳҳо ҳазор тонку туп ва дигар олоти ҷангияш аз байн рафтааст.

Худдории Тоҷикистон аз овоздиҳӣ алайҳи Русия дар СММ

0

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае аз Русия даъват кард, ҷангиро хотима дода, нирӯҳояшро аз қаламрави Украина берун барад.

Маҷмаи умумии СММ ин қатъномаро шаби 23 ба 24-уми феврал дар яксолагии ҳамлаи бедалели Русия ба Украина баррасӣ кард ва ба овоз гузошт.

Ба тарафдории ин қатънома аз 193 кишвари ширкаткунанда 141 кишвар раъйи мусбат доданд. Ҳафт кишвар – Русия, Беларус, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Мали ва Никарагуа зид овоз доданд.

32 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Куба, Арманистон ва ғайра аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Ин қатънома бо аксарияти овозҳо қабул карда шуд. Баъд аз қабули санади мазкур Президенти Украина Владимир Зеленский ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дмитрий Кулеба дар саҳфаи твиттериашон навиштанд, ки “қатънома паёми қавии ҳимояти ошкори ҷаҳонӣ аз Украина аст” ва “бо гузашти як сол аз оғози ҷанг ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз Украина қавӣ боқӣ мондааст”.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар қатори 35 давлати дигари ҷаҳон аз овоздиҳӣ дар қабули қатънома алайҳи Русия худдорӣ карда буд.

Русия қатъномаро “нобаробар ва зиддирусӣ” хонда, аз кишварҳои ҷаҳон хост, дар сурати ислоҳ накардани қатънома, ба он раъйи манфӣ диҳанд.

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, ҳангоми тарҳи қатънома онро “зидди Русия ва зараровар”, “якҷониба ва аз воқеият дур” хонда буд. Илова бар ин, Небензя таъкид карда буд, ки ин санад имкон намедиҳад низоъ дар Украина бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шавад.

Гуфта мешавад, намояндаи Беларус дар СММ талошҳои зиёде барои тағйири матни қатънома анҷом додааст, аммо дар ниҳоят кӯшишҳояш бенатиҷа анҷомид.

Оё заминларзаи сахте дар пеш аст? Пешгӯйҳои олими ҳоландӣ дар бораи Тоҷикистон

0

Пажӯҳишгар ва олими зилзилашиноси ҳоландӣ аз эҳтимоли вуқуи заминларзаи шидидтар дар ҳафтаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баъд аз заминларзаи 6,8 баллии субҳи 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, пажӯҳишгар ва олими геологии ҳоландӣ Франк Ҳугербитс (Frank Hoogerbeetc) дар бораи бори дигар ба вуқуъ пайвастани заминларзаи шиддатноктар аз рӯзи гузаштаро дар минтақаи Тоҷикистон ва Чин аз эҳтимол дур намедонад.

Чанде пеш ин пажӯҳишгари ҳоландӣ, ки пешгӯиҳояш дар бораи вуқуи заминларза дар саросари олим сарусадоҳои зиёдеро ба бор овардааст, заминларзаи ҳалокатбори Туркия ва Сурияро пешбинӣ карда буд.

Франк Ҳугербитс дар ин навор аз эҳтимоли вуқуи зилзилаи начандон қавӣ дар минтақа рӯзҳои 25 ва 26-уми феврал ва қавитар дар ҳафтаи аввали моҳи март ҳушдор медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки худи ӯ дар посух ба суоли як корбар, ки пурсидааст: “мегӯянд, ки имрӯз заминларзаи ҳалокатборе мешавад, оё ин дуруст аст?”, мегӯяд: “Ҳеч кас дақиқ гуфта наметавонад, ки заминларзаи бузурге рух медиҳад.” Ва дар идома меафзояд: “Ба овозаҳо бовар накунед.”

Бархе корбарон пешгӯиҳои ин олими ҳоландиро дар бораи зилзилаҳо, ба пешгӯиҳои ситорашиносон монанд карда, фарзияҳои пешниҳод намудаи ӯро чандон қавӣ ва илмӣ намедонанд.

Ҳамзамон аксар олимони зилзилашинос бар ин назаранд, ки то ҳол илми ин соҳа чандон пешрафт накарда, ки битавон вуқуи заминларзаро пеш аз ҳодиса пешгӯӣ кард. Аммо аз боби таҳлилҳои илмӣ, вобаста ба мавқеи геологии як минтақа имкони ҳадс задани чунин воқеаҳо бидуни ташхиси замон ва макони дақиқи он вуҷуд дорад.

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи марказӣ ва Амрико

0

Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар шакли С5+1 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Сомонаи “vlast.kz” дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон меояд.

Дар ҷараёни сафараш дар Остона Котиби давлатӣ бо президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди мулоқот хоҳад кард.

Худи ҳамон рӯз дар Остона нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар шакли С5+1 бо ширкати Блинкен баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ хоҳад шуд.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон расман хабар надодааст, ки дар ин нишаст ширкат хоҳад кард ё не.

Энтони Блинкен баъд аз Қазоқистон ба Узбекистон ва Ҳиндустон меравад.

Кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА шомили C5+1 буда, он соли 2015 барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, экология ва амният таъсис ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СММ

0

Мақомоти расмии Тоҷикистон бо намояндагони Сомзони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи худ гуфтагӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-уми феврали соли 2023 Вазири корҳои хориҷии кишвар дар раъси як ҳайат ҳамроҳ бо ҳамоҳангсози доимии Сомзони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистонро, ки муҳлати ваколаташ ба поён мерасад, ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо “ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.”

Бозпурсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ

0

Мақомоти амниятиӣ раиси Ҳизби наҳзати исломиро бо иттиҳоми “такфири кормандони ин ниҳод” мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Бино ба иттили расмӣ, имрӯз, 23-уми феврали соли 2023, дар пайи боздошт ва афзоиши фишорҳо алайҳи фаъолони сиёсӣ мақомоти амнияти кившар бори дигар раиси Ҳизби наҳзати исломиро барои бозпурсӣ кардан даъват кардаанд. Ин бозпурсӣ ба хотири шикояти тарафи сеюм сурат мегирад.

Пеш аз ин ҳам раиси Ҳизби наҳзати исломиро дар парвандаи “такфири кормандони амният” ба додгоҳ кашида буданд ва ду рӯз қабл додрас ӯро аз толори додгоҳ озод карда буд.

Гуфта мешавад, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тунис Рошид ал-Ғанӯшӣ пеш аз ин ҳам борҳо мавриди таҳқиқ ва бозпурсии мақомоти кишвараш қарор гирифта буд ва ӯ тамоми ин иттиҳомотро сохта хонда, гуфта буд, ки ҳадаф аз инҳо бадном кардани ҳизбаш мебошад.

Тайи ду соли ахир кишвари Тунис бо буҳронҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст ва раисҷумҳури ин кишвар Қайс Саид зимоми ҳукмро куллан ба даст гирифта, мухолифони худро аз қудтар канор зад ва алайҳи онҳо “ҷанг” эълон кардааст.

Созмони афви байналмилал ҳам бо интиншори як баёния аз раисҷумҳури ин кишвар хостааст, ки “душманӣ бо ҳақиқатро дар муқобили адолат” қатъ кунад ва ба муҳокимаи фаъолони ҷомеаи маданӣ дар додгоҳҳои низомӣ поён диҳад.

Боздошти боз як мансабдори тоҷик бо иттиҳоми порагирӣ

0

Як мақомдор аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои гирифтани пора боздошт шудааст.

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Панҷакент Зоҳир Муҳиддинов 22-юми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони додситонии шаҳр боздошт шудааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus” додситонии шаҳри Панҷакент нисбати Муҳиддинов бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро бо шарти тарк накардани макони зист, озод кардаанд.

Ин банди қонуни ҷиноии кишвар, ки Зоҳир Муҳиддинов гумонбар аст, ҷарима ҳудуди 370 ҳазор то 870 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Зоҳир Муҳиддинов дар ин вазифа беш аз ду сол кор кардааст. Пас аз боздошт то ҳол назари худи ӯ ва ё наздиконаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Бори аввал нест, ки  дар шаҳри Панҷакент мақомдорон бо ҷурми ришвахорӣ ва қаллобӣ боздошт мешаванд.

Пештар аз ин роҳбари бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз ҷониби пулис бо гумони қаллобӣ боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд. Дӯстзода тақрибан 24 ҳазор сомонӣ ҷарима супорида, 1 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар идораҳои давлатӣ маҳрум гардид.

Инчунин моҳи январи соли ҷорӣ Асад Мардонови 59-сола, сардори шуъбаи назорати кумакпулиҳои иҷтимоии шаҳри Панҷакент пас аз санҷиш ва бозпурсии маъмурони Идораи мубориза бо фасод, даст ба худкушӣ зад. Мақомот нисбати ӯ бо иттиҳоми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ парванда боз карда буд.