12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 360

Намоядаи Амрико дар нишасти САҲА аз ҳукми зиндони Ғурбатӣ гуфт

0

Намояндаи Амрико дар рӯзи охири нишасти САҲА аз зиндонӣ кардани рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ интиқод кард.

Майкл Козак, раиси ҳайати Амрико дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА аз поин рафтани демократия ва боло рафтани авторитаризм дар баъзе кишварҳо гуфт.

Дар идомаи суҳбаташ ҷаноби Козак таъкид кард, кишварҳое, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд ва ба якпорчагии кишварҳои ҳамсоя эҳтиром намегузоранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамзамон ӯ Тоҷикистонро барои аз озодӣ маҳрум кардани нафарони бегуноҳ танқид кард.

Ҷаноби Козак мегӯяд, ки мақоти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро бо ҳукми “ифтротгароӣ” барои 7,5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ бо интиқод аз мақомоти тоҷик афзуд, як қатор кишварҳоеро мебинем, ки аз озодандешонро саркӯб мекунанд.

Инчунин раиси ҳайати Амрико дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА аз ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳо ва ҳомиёни ҳукуқ, ки далерона суханронӣ карданд, таҳсин гуфт.

Ёдовар мешавем, 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста, рӯзноманигори ҷавон ва пурталоши тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои баёналмилалии ҳуқуқи башар ҳукми ин рӯзноманигори шинохтаро ноодилона хонда, раҳоии ӯро талаб доранд.

Сафари корӣ ё туҳфасупории Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин?

0

Президенти Тоҷикистон “барои туҳфасупорӣ” ба Президенти Русия, ки дирӯз зодрӯз дошт, дар раъси як ҳайъати баландпоя имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербург рафтааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 7-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин сафари Эмомалӣ Раҳмонро “Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”

Пеш аз ин сухангӯи Кремлин ҷаноби Пасков дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ин нишасти ғайрирасмӣ ба хотири омодагӣ ба нишасти навбатии сарони давлатҳои ИДМ, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор гардад, сурат мегирад.

Ҷаноби Пасков таъкид карда буд, тибқи қоида, дар пртоколҳои мавҷуд расман маросими туҳфасупорӣ ба муносибати зодрӯзи Владимир Путин дарҷ нагардидааст, вале маъмулан туҳфаҳо аз тариқи пртоколҳо супорида мешаванд.  

Вай дар бораи ин ки сарони давлатҳои ИДМ аз зодрӯзи Владимир Путин хабардоранд, гуфта буд, “албатта, ба ҳар ҳол, ҳама беш аз як сол ва ҳатто зиёда аз даҳ сол якдигарро мешиносанд, аз ин рӯ, онҳо эҳтимол зодрӯзи Путинро “сирф инсонӣ” табрик хоҳанд гуфт.

Гуфта мешавад, дар ин се рӯзи ахир сарони Тоҷикистону Русия, ки зодрӯзҳояшон яке пайи дигар буд, дасти кам панҷ маротиба ба сурати катбӣ ва телефонӣ якдигарро шодбошу табрик карда буданд.

Ҷолиб он ки субҳи имрӯз соати 07:30 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт, Путинро ҳамонҷо мулоқот мекунад ва ҳатман ӯро ба зодрӯзаш ҳам табрик мекунад.

Аммо чун дилашон қарор нигирифт, 90 дақиқа пас аз он дар соати 09:00, яъне вақте ҳавопаймо дар ҳаво қариб нисфи роҳро тай карда буд, аз нав котиботи Эмомалӣ Раҳмон аз ирсоли “Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путиниттилоъ доданд.

Инчунин Владимир Путин як рӯз пеш аз Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо нишони Барои хидмат дар назди Ватан дараҷаи III-и Русия расман қадрдонӣ карда буд, аммо акунун маълум нест, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи гаронбаҳо ба ин муносибат аз Тоҷикистон ба Путин чӣ бурдааст?

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda tv

Дар Кӯлоб ба Мулло Ҳайдар ҳамла карданд

0

Дар Кӯлоб як ҷавон бо “элекртрошокер” ба имомхатиби масҷиди ҷомеи ин шаҳр Мулло Ҳайдар Шарифзода ҳамла кардааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, ҳамла ба ин рӯҳонии шинохтаи 76-сола ҳафтаи гузашта дар дохили масҷид ҳангоми хондани намози ҷаноза сурат гирифтааст. Имомхатиб бар асари ин ҳамла осеби ҷиддие надидааст.

“Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд. Вай бо “электрошокер” зад. Ҳамроҳонаш аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордор нашавед, паноҳаш ба Худо,” – мегӯяд Мулло Ҳайдар.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ҳувияти ҳамлагар барои онҳо мушаххас аст, ӯ як ҷавони дорои бемории рӯҳӣ будааст. Аммо боздошт ва парванда боз шудани нисбати ҳамлагар маълум нест.

Номи Муллоҳ Ҳайдар бештар солҳои 90-уми асри гузашта, замони оғози тазоҳуроти майдонӣ дар шаҳри Душанбе ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ сари забонҳо шуд. Ӯро яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез ва тарафдори ҳукумати феълӣ медонанд.

Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард

0

Иттиҳоди Аврупо дар пайи амалкардҳои ахири Кремлин 6-уми октябри соли ҷорӣ ҳаштумин даври таҳримҳои худро алайҳи Русия ба иҷро даровард.

Тавре дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад, таҳримҳо ба қобилияти Русия дар тавлиди силоҳҳои нав ва таъмири силоҳҳои мавҷуда осеб расонида, инчунин ба интиқоли маводди он монеъ мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо дар ин феҳристи таҳримҳои наваш алайҳи Русия тавқифи дороиҳо ва мамнуияти сафари мақомоти Русияро боз ҳам афзудааст.

Гуфта мешавад, ин таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо дар пайи ишғол ва бо гузарондани ҳамапурсии “қалбакӣ” ҳамроҳ кардани чор минтақаи Украина аз ҷониби Маскав ба хоки Русия, инчунин басиҷи нерӯҳои иловагӣ ва таҳдидҳои ошкорои ҳастаӣ гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз ишғол кардани минтақаҳои ҷанубу шарқи Украина, (минтақаҳои Запороже, Херсон ва Луганску Донетск) аз 23 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ барои ҳамроҳ кардани ин минтақаҳо ба хоки худаш ҳамапурсӣ гузаронд ва дар натиҷа онҳоро ба хоки худ ворид кард.

Эълони ҳамроҳ кардани минтақаҳои Украина ба хоки Русия ҳам Киев ва ҳам Амрикову Ғарбро нигарон кард ва дар вокуниш ба ин амалкарди Путин иброз доштанд, ки ҳаргиз ин минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи хоки Русия эътироф нмекунанд ва то метавонанд Киевро барои мубориза ва бозпас гирифтани заминҳояш кумак хоҳанд кард.

Пешравии назарраси қувваҳои украинӣ дар Херсону Луганск

0

Ба иттилои мақомоти Украина, нерӯҳои низомии ин кишвр дар минтақаи Херсон танҳо рӯзи 6-уми октябр 20 километр пешравӣ дошта, нерӯҳои Русияро ба ақибнишинӣ водор кардаанд.

Расонаи украинӣ ба нақл аз мақомоти низомии ин кишвар хабар доданд, ки давоми як ҳафтаи ахир нерӯҳои украинӣ тавонистанд беш аз 400 километри мураббаъро дар Херсон аз дасти нерӯҳои Русия бозпас бигиранд.

Тибқи гузориши таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг (ISW) рӯзи 4 октябр нерӯҳои украинӣ дар баробари ин ки дарвилояти Херсон пешравӣ доштанд, ҳамзамон дар вилоятҳои Харков ва Луганск низ дастовардҳои қобили мулоҳизае доштанд.

Пешравии нерӯҳои украинӣ дар минтақаҳои мазкур дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо гузарондани ҳамапурсӣ чор минтақа: Запароже, Херсон, Луганск ва Донетскро ба хоки Русия ҳамроҳ кард.

Эълони ҳамроҳ кардани минтақаҳои Украина ба хоки Русия ҳам Киев ва ҳам Амрикову Ғарбро нигарон кард ва дар вокуниш ба ин амалкарди Путин иброз доштанд, ки ҳаргиз ин минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи хоки Русия эътироф нмекунанд ва то метавонанд Киевро барои мубориза ва бозпас гирифтани заминҳояш кумак хоҳанд кард.

Нигаронии СММ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон

0

Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид бо нигаронӣ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар байни 198 давлати дунё мақоми 153-юмро ишғол мекунад.

5-уми октбяри соли 2022 сомонаи расмии Дафтари Комиссари Олӣ Ҳуқуқи башар вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш гуфт, ки Тоҷикистон дар байни 198 кишвари дунё дар рушди фасод дар мақоми 153 қарор дорад, ки ин амр нигаронкунанда мебошад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва “Стратегия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия” мавҷуд аст, вале бо вуҷуди онҳо фасод дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба таври рӯзафзун густариш пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон бар иловаи қонун ва стартегиву нақшаи мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ амал мекунад, вале чун ришва гирифтану пора додан дар сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон реша давондааст, хушк кардани решаҳои он дар ниҳодҳои алоҳида ва камсалоҳияти давлат ва ҳукумат самарабахш набудааст.

Собиқ афсари полиси тайландӣ дар як ҳамла 34 касро кушт

0

Расонаҳо ба нақл аз мақомоти Тайланд мегӯянд, ки дар ҳамлаи як собиқ афсари полис 34 нафар кушта ва 12 каси дигар захмӣ шудааст.

Акс аз ББС. Намое аз беруни боғчаи кӯдакон, ки 34 нафар дар он кушта шудааст

Бино ба иттилои

Акс аз Independent

Мақомоти полиси Тайланд ҳам ба расонаҳо гуфтаанд, ки чунин ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи мардум дар ин кишвар як амри нодир мебошад ва ҳамлакунанда нафарест, ки чанде пеш аз кор дар сафи полис барканор шуда буд.

Хабаргузории Фаронса теъдоди кӯдакони қурбонӣ шударо дар ин ҳодиса 23 ва “Independent” 22 нафар гуфтааст. Полиси Тайланд гуфтааст, ки ангезаи асосии ин ҳамла ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон “Independent” ба нақл аз бархе расонаҳои Тайланд хабар додааст, ки ин ҳодиса дар яке аз устонҳои Шимолу Шарқи Тайланд ва он ҳам замоне, ки кӯдакон хоб будаанд, сурат гирифтааст. Ин собиқ афсари полис “аз муътодони маводи мухаддир” буда ва пас аз ин ҷиноят ҳамсар ва духтари худашро низ кушта ва баъд аз он худкӯшӣ кардааст.

CPJ: Тамоми журналистони боздоштшуда фавран озод шаванд

0

Кумитаи ҳимоят аз Журанлистон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки тамоми рӯзноманигороне, ки дар ин чанд моҳи ахир боздошт ва зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон, ки мақараш дар шаҳри Ню-Йорки Амрикост, дар суҳбат бо расонаҳо ба 7 солу 6 моҳ маҳкум шудани рӯзноманигор Авазмад Ғурбатов, маъруф ба Абдуллоҳи Ғурбатиро “сангин” ва “ноодилона” хонда, ин ҳукми додгоҳӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кардааст.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфтааст: Мо ин ҳукми сангин, ноодилона ва беасоси имрӯзаи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум мекунем. Ба назар мерасад, ин ҳукм натиҷаи нороҳатии мақомоти тоҷик аз касби маҳбубияти рӯзафзуни хабарнигории иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳамтои вай Далери Имомалӣ дар ин соҳа фаолият мекарданд.

Гуфта мешавад, 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷаласаҳои додгоҳии рӯзноманигори ҷавон ва пурталоши тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ пушти дарҳои баста ба поён расид ва судя Шафо Беҳрӯз ин журналист ва блогери тоҷикро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Маблағгузории наздик ба $50 млни Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Созишномаи маблағгузории наздик ба 50 миллон долларӣ ба имзо расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон 3-уми октябри соли 2022 дар ин вазорат “Созишнома оиди маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуданд.”

Дар маросими имзогузории ин созишномаҳо вазири молияи кишвар, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Озан Севимлӣ ширкат карданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин лоиҳаи пешниҳод намудаи Тоҷикистон “баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими автомобилгард ва пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ мебошад.”

“Арзиши умумии Лоиҳа 47,34 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 30,0 млн доллар гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (бо эквиваленти 22,4 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) ва 17,34 млн доллар гранти Фонди ягонаи донории трастии Барномаи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, Қисми III барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (бо эквиваленти 16,19 млн евро) мебошад.”, таъкид мешавад дар хабар.

Гуфтанист, лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Фармони нави Путин дар бораи басиҷи нерӯҳо ба артиш

0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 6-уми октябр барои эъзоми нерӯҳои захиравӣ ба артиш (басиҷи нерӯҳо) қарори наверо имзо гузошт.

Мувофиқи қарори нав эъзоми чанд гурӯҳ аз шаҳрвандони ин кишвар ба артиш ба таъхир гузошта мешавад. Аз ҷумла, шаҳрвандоне, ки бори аввал дар сатҳҳои гуногуни илмӣ таҳсил мегиранд, чи дар шакли рӯзона ва чи ғоибона.

Инчунин онҳое, ки дар муассисҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо мувофиқи барномаҳои таълимие, ки аз ҷониби давлат пешниҳод шудааст, машғули омӯзишу коранд.

Ҳамзамон дар қарор гуфта мешавад, онҳое, ки дар риштаҳои омӯзгорӣ ва технологӣ таълим мегиранд ва ё мутахассисони ин соҳаҳо ҳастанд низ ба артиш бурда намешаванд.

Мутобиқи қарори мазкур, донишҷӯёни риштаҳои динӣ, ки аз ҷониби давлат ҳамчун мутахассис омода мешаванд ва мутахассисони ин соҳа, шомил кардани онҳо ба артиш низ ба таъхир гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми сентябри соли ҷорӣ Владимир Путин фармон дар бораи қисман басиҷи нерӯҳоро содир кард, ки мувофиқи он бояд 300 ҳазор сарбози захиравӣ ба артиши Русия ҷалб шавад.

Пас аз судури ин фармон даҳҳо ҳазор шаҳрванди ин кишвар, ки намехоҳанд ба артиш бурда шаванд, рӯ ба фирор оварда, ба кишварҳои Финландия, Манголия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия садҳо шарҳванди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ба артиш даъват кардаанд.