11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 4

Дар моҳи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳанд?

0

Ширкати “Барқи тоҷик” иддао карда, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони кишвар бештар барқ медиҳад.

Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Қурбон Аҳмадзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ иддао кардааст, ки давоми як моҳи Рамазон аз рӯзи 19-уми феврал то 20-уми март сокинони кишвар аз соати 15 то 8-и рӯзи баъд бо барқ таъмин мешаванд. Яъне, лимити барқ дар хонаи сокинон танҳо аз соати 8 субҳ то 15 хоҳад буд, боқӣ аз тарафи шаб пурра барқ хоҳанд дошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои мақомот, дар ҳоли ҳозир реҷаи барқ аз соати 5 то 8 субҳ ва аз 17 то 21-и шом муқаррар шудааст. Вале сокинони кишвар мегӯянд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус деҳоти дурдаст барқ тақрибан 2-4 соат дар як шабонарӯз дода мешавад.

Сокинони кишвар бар ин боварнд, ки мақомот ба ин ваъдаашон низ вафо намекунад, чун дар гузашта борҳо мақомдорон ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон аз “афсона” шудани лимити барқ гуфта буданд, вале дар асл худи барқ барои сокинон афсона гашт.

Гуфта мешавад, дар ҳоле дар Тоҷикистон маҳдудияти шадиди инқоли нерӯи барқ вуҷуд дорад, ки мақомот тақрибан ҳамасола аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ мегӯянд ва дар соли 2025 ин афзоиш 7 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми умумии барқ ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза

0

Бар асоси гузориш баъзе аз шаҳрвнадони кишварҳои Осиё Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” 15-уми феврал гузоришеро дар мавриди иштироки ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони хориҷии дигар кишварҳо, ки ҳамзамон шаҳрвандии Исроилро доранд, хабар дод. Тибқи ин гузориш, дар сафи артиши Исроил зиёда аз 50 ҳазор сарбозе, ки ҳадди ақал шаҳрвандии як кишвари дигарро доранд, иштирок намуда, дар Ғазза ҷангидаанд.

Бар асоси ин омор, сарбозони соҳиби ду шаҳрвандӣ, ки дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд, аз 126 кишваранд. Аз ҳама бештар дар ин ҷанг шаҳрвандони Амрико иштирок кардаанд, шуморашон ба беш аз 12 ҳазор сарбоз мерасад. Ва дар ҷои дуюм шаҳрвандони Фаронса – беш аз 6 ҳазор, Русия – беш аз 5 ҳазор, Олмон – 4900 ва Украина – 3210 нафар иштирок доранд.

Дар ин миён аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбекистон – бо 264 нафар, Қазоқистон – 189 нафар, Қирғизистон – 52 нафар, Туркманистон – 31 нафар ва Тоҷикистон – 8 нафар дар ҷанг алайҳи мардуми Ғазза иштирок карданд.

Пештар иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина зиёд хабарҳо нашр мешуд, ки баъзе оморҳо теъдодашонро то ҳазорҳо нафар мегӯянд. Аммо ин бори аввал аст, ки аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Исроил, ки алайҳи мардуми Ғазза ҷангидаанд, расонаӣ мешавад.

Агарчи мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат кардан ҷавобрагии қонунӣ дорад, вале боз ҳам ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои хориҷӣ зиёд дида мешавад. Мақомот ҳам дар нишастҳои матбуотии ахир ҳеч оморе аз бозгардонидани шаҳрвандонаш аз ҷабҳаҳои ҷанг ва ё ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо шахсе, ироа накарданд.

Ёдовар мешавем, ки Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 ҳамла ба Ғаззаро оғоз кард ва дар давоми беш аз ду сол сарбозони он дасти кам 72 ҳазор нафар мардуми Ғаззаро куштаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Ҳоло баъзе созмонҳои ҳуқуқи башарӣ талош доранд сарбозони исроиле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз беҳрамии худ дар Ғазза наворҳо нашр кардаанд, пайгирӣ намуда, онҳоро бо иттиҳоми наслкушӣ ба додгоҳҳои байналмилалӣ бисупоранд, то натавонанд озодона дар дигар кишварҳо сайру гашт кунанд.

Чаро имсол таъйини Рамазон ихтилофи зиёдеро ба вуҷуд овард?

0

Шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайри он баҳсҳои шадиде дар мавриди духули моҳи мубораки Рамазон ба вуҷуд омад.

Бархе мегуфтанд, ки моҳи Рамазон аз 18-уми феврал оғоз мешавад, баъзе дигар 19-ум мегуфтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кишварҳо ва марказҳои исломӣ аз қабл рӯзи оғози моҳи мубораки Рамазонро 19-уми феврал таъйин карда буданд.

Ин кишварҳо ва марказҳои исломӣ ба далели “ҳисоботи дақиқи фалакӣ” рӯзи аввали Рамазонро аз қабл эълон карданд. Аммо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт чун шоми 17-уми феврал аз дидани моҳ хабар доданд ва оғози моҳи Рамазонро 18-уми феврал эълон карданд, дар аксари кишварҳои дунё ва ҳатто байни марказҳои исломӣ ва судури фатво ихтилоф ба вуҷуд омад.

Аз ҷумла, баръзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Макка қарор доштанд, ҷудогона аз мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирони дар Русия қарордошта хостанд, ки рӯзи 18-уми февралро рӯза бидоранд, чун Арабистони Саудӣ эълон кардааст.

Дар робита ба чунин ҳолат баъзе донишмандони динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки аз эълони Арабистони Саудӣ бояд тамоми кишварҳои исломӣ итоат кунанд ва рӯзи 18-уми февралро оғози Рамазон бидонанд. Аммо бархе дигар мегӯянд, ихтилоф дар дидани моҳ вобаста ба кишварҳо вуҷуд дорад ва ҳатто ин масъала дар замони саҳобаҳои Паёмбар (с) низ рух дода буд. Ва дар умум ихтилоф дар дидани моҳ як масъалаи табиӣ дар байни улавоми динӣ шинохта мешавад. Аз ин рӯ, мардуми ҳар минтақа бояд ба хотири иттиҳоду ҳамбастагӣ маркази фатво ва идораи исломии худро итоат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Саидмукаррам Абудлқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз ба “Asia Plus” гуфт, ки моҳ “Дар Тоҷикистон дида нашуд. Аз ҳама баландтарин расадхонаҳоро мо дорем. Дар кӯҳҳои баланд, сарбафалак. Вале надиданд.” Аз ин хотир, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон муофиқи эълони қаблӣ 19-уми феврал оғоз мешавад.

Муфтӣ таъкид намуда, ки кишварҳое, ки Рамазонро 18-уми феврал эълон карданд, шояд моҳро бо асбобҳо ва дурбинҳои махсус дида бошанд, дар асл – ба гуфтаи ӯ – дидани моҳ шоми дирӯз номумкин буд.

Коршиносон ва донишмандони динӣ мегӯянд, дар асал муофиқи ҳадисҳои Паёмбар (с) мусалмонон бояд бо дидани моҳ рӯза бигиранд ва бо дидани он ид кунанд. Аммо ба хотири масофаҳои дарозе, ки то ҳазорҳо километр мерасад, баъзе кишварҳо аз ҳамдигар дуранд, моҳ дар кишваре дида мешавад ва кишвари дигар дида наметавонад. Ин амри табиӣ аст ва мардум бояд аз муфтиёти расмии минтқаи худ итоат кунанд.

Ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон ҳайати эҷодии Azda Tv тамоми мусалмонони дунё, бахусус ҳамватанонро табрик мегӯяд ва аз даргоҳи Худованд хоҳони он аст, ки тоату ибодатҳои якояки мову шуморо мавриди қабули даргоҳаш гардонад.

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ карда, аз беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи аврупоӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иқтисоди устувору “сабз” гуфтаанд.

Сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтааст, ки дар охири мулоқот Султон Раҳимзода ва Радослав Дарски таҳкими ҳамкориҳои минбаъда гуфта, изҳори омодагӣ барои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок карданд.

Мулоқоти сафири ИА бо ин мақомдори тоҷик дар ҳоле баргузор мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҷалби сармоя аз кишварҳои ИА ҳамчунин талош доранд ба низоми GSP+ (Низоми умумии имтиёзҳо) шомил гардад, аммо Иттиҳоди Аврупо борҳо гуфта буд, ки барои Брюссел пешрафти воқеӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлоли ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар баррасии дархости ҳукумати кишвар барои шомил шудан ба барномаи GSP+ аҳамияти калидӣ дорад. Ва маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон то куҷо омодаанд ин талаби ИА-ро барои шомил шудан ба ин низом иҷро кунанд.

Зодаи Душанбе муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон шуд

0

Дар Бишкек пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон раванди тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ идома дорад.

Имрӯз, 17-уми феврал раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов фармон дар бораи таъйини Оқилбек Намазовро ба вазифаи муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон имзо кард. Намазов дар ин вазифа Тимур Шабданбековро иваз кардааст.

Гуфта мешавад, Оқилбек Намазови 54-сола зодаи шаҳри Душанбе буда, то ин дам дар вазифаи муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон кор мекард.

Бояд гуфт, ин тағйирот дар КДАМ-и Қирғизистон дар ҳолест, ки чанде пеш Содир Ҷабборов ҳампаймони асосиаш Қамчибек Тошиевро, ки дар табобат дар Олмон қарор дошт, якбора аз вазифа барканор карда, ба дигаргунӣ дар КДАМ-и Қирғизистон даст зад ва Хадамоти марзбонӣ ва Хадамоти рақами 9, ки масъулияти таъмини амнияти президентро ба уҳда дорад, аз зери идораи он берун овард.

Пас аз барканории Тошиев сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишта буд, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа (ҷудоӣ) нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад”.

Ҳамчунин се муовини Тошиев аз вазифа барканор шуда, чанде аз кормандони ин ниҳод бо иттиҳоми фасодкорӣ ва дигар ҷиноятҳо боздошт гардидаанд.

Тошиев дар ҳоле аз вазифаҳояш барканор шуд, ки дар аввали моҳи феврал дар Қирғизистон дар мавриди муҳлати салоҳиятҳои президент баҳс бархост ва 75 сиёсатмадор дар як муроҷиатнома хостори гузарондани интихоботи нав шуданд.

Панҷ тан аз муаллифони нома, аз ҷумла сафири пешини Қирғизистон дар Узбекистон Эмилбек Узоқбоев; ходими иҷтимоӣ Бекболот Талгарбеков; вакили пешини маҷлис Қурмонбек Деҳқонбоев; муовини пешини вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов ва муовини собиқи сарвазир Аали Қарашев бо иттиҳоми талоши ташкили беназмиҳои оммавӣ дар Қирғизистон дастгир шудаанд.

Пас аз ин Нурлан Турғунбек, раиси порлумони Қирғизистон, рӯзи 12-уми феврал дар пасманзари “тағйироти ҷиддии сиёсӣ” дар кишвараш курсиро ихтиёрӣ тарк кард.

Ҳамчунин дар дигар ниҳодҳои давлатии Қирғизистон барканории мақомдорон идома дошта, рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ вазири нақлиёт Абсаттор Сирғабоев, вазири захираҳои табиӣ Медер Машиев ва вазири ҳолатҳои фавқулода Бообек Аҷикеев бо фармони Ҷабборов аз мақомҳояшон озод гардиданд.

Расонаҳои қирғизӣ афроди барканоршударо наздикони Қамчибек Тошиев ном мебаранд. Вале то ҳанӯз Тошиев ё афроди наздик ба ӯ вокуниши расмие ба ин тағйироти Ҷабборов нашр накардаанд.

Коҳиши бесобиқаи иштироки тоҷикон дар барномаи “Переселения”-и Русия

0

Бино ба иттилои мақомоти Русия, таваҷҷуҳи шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барномаи “Переселения” барои оилваӣ кӯчидан ба Русия бесобиқа коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2025 дар доираи барномаи давлатии “Кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон ба Федератсияи Русия” 26,7 ҳазор нафар кӯчидаанд. Ин шумора пасттарин нишондиҳанда дар 15 соли охир арзёбӣ мешавад.

Расонаҳо бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия менависанд, ки дар соли 2025 мақомоти давлатӣ аз 37 ҳазор нафар барои иштирок дар ин барнома дархост гирифтаанд. Аз ин миқдор танҳо 26,7 ҳазор нафар воқеан ба Русия кӯчида, ба қайд гирифта шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳатто дар замони оғози ҷанги Русия бар зидди Украина дар соли 2022, ки аксари муҳоҷирон аз омадан ба ин кишвар меҳаросиданд, боз ҳам иштирок дар барномаи мазкур зиёд буд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки он сол 112,7 ҳазор дархост ба барнома пешниҳод гардид, ки аз онҳо 64,8 ҳазор дархостдиҳанда пазируфта ва ба Русия кӯч бастанд.

Бар асоси омори Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2025 шаҳрвнадони Тоҷикистон ҳамагӣ 2,4 ҳазор нафар ба Русия кӯч бастаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2019 масъулони Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар 9 моҳи аввали ҳамон сол бештар аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯч бастан ба Русия ариза дода буданд.

Омори соли 2025 нишон медиҳанд, ки мавқеи Тоҷикистон дар барномаи мазкур ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Агар соли 2024 ҷумҳурӣ аз рӯи шумораи шаҳрвандоне, ки ба Русия кӯч бастанд, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуюм қарор дошта бошад, соли 2025 ба ҷойи панҷум, яъне аз ҳама поёнтар қарор гирифт.

Коршиносон камтаваҷҷуҳии шаҳрвнадони Тоҷикистонро дар ин барнома ба чанд омил рабт медиҳанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, яке аз омилҳои асосӣ ин вазъи сиёсӣ ва иқтисодии имрӯзаи Русия ва низ гузоштани қонунҳои сахт алайҳи муҳоҷирон дар солҳои ахир мебошад. Инчунин муносибати дурушти мақомоти рус бо муҳоҷирон ва ҳатмӣ намудани озмуни забони русӣ метавонад аз омилҳои таъсиргузор дар ин самт бошад.

Аммо коршиноси “Бунёди ПСП оид ба муҳоҷират ва муносибатҳои байниқавмӣ” Андрей Якимов бар ин назар аст, ки “аксари онҳое, ки мехостанд”, аллакай ба Русия кӯчидаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷойгоҳи иҷтимоии барнома тадриҷан кам мешавад, зеро барнома асосан барои зодагони давраи Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳое, ки ҳангоми пошхӯрии Шӯравӣ 20-сола буданд, имрӯз 55-солаанд, дар ҳоле ки барнома бештар барои афроди қобили кор нигаронида шудааст.

Ҳамзамон бархе дигар бар ин назаранд, ки тағйири шартҳои барномаҳои кумаки иҷтимоӣ дар Русия яке аз омилҳои коҳиши нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ин барнома аст. Чун то соли 2024 кумакҳои иҷтимоӣ барои оилаҳои кӯчбаста яке аз ангезаҳои муҳими иштирок дар барнома ба ҳисоб мерафт. Аммо аз соли гузашта қонунҳо тағйир ёфтанд ва акнун оилаҳо замоне ҳаққи дарёфти чунин кумакро доранд, ки шаҳрвандии Русияро дошта бошанд ва фарзандонашон дар қаламрави Русия ба дунё омада бошанд.

То соли 2024 раванди кӯч бастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Зеро аксари мардум ба хотири шароити бади иқтисодӣ мехостанд оилавӣ Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо пас аз ҳамлаи маргбори “Крокус Сити Ҳолл” дар соли 2024, ки аксари иштирокчиёнаш шаҳрвнадони Тоҷикистон гуфта мешуданд, муносибати мақомоти Русия ва ҳатто мардуми оддиро нисбати тоҷикистониён тағйир дод. Ва ин боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бедалел аз қаламрави Русия барои солҳои тӯлонӣ ихроҷ шуданд, ки ин боиси камтаваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ин барнома гардид.

Талошҳои БМТ барои дур задани таҳримҳои ИА аз се бонки тиҷоратии кишвар

0

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо таъсиси гурӯҳи кории махсус талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди таҳримҳои ҷоришуда бар зидди бонкҳои Тоҷикистон гуфтушунид кунад.

Гуфта мешавад, гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо дар тамосҳои доимӣ қарор дошта, талош доранд таҳримҳои соли 2025-ро нисбат ба се бонки тиҷоратии кишвар – ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” – бардорад.

Ин таҳримҳо дар ҳоле алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ҷорӣ шуданд, ки ИА 23-юми октябри соли 2025 19-умин бастаи таҳримҳояшро алайҳи Русия ҷорӣ кард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 11-уми феврали соли равон изҳор дошт, ки: “Аз ҷониби Аврупо як шахси масъул вобаста ба ин масъала муайян шудааст ва мо бо ӯ пайваста кор мебарем. Ҳамзамон, бонкҳои зери таҳрим низ дар ин самт фаъоланд, низоми назорати дохилиро пурзӯр мекунанд ва камбудиҳои қаблан зикршударо бартараф менамоянд”.

Тибқи иттилои расмӣ, таҳримҳо ба низоми бонкии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нарасондаанд. Наврӯз Валиев, роҳбари намояндагии БМТ дар вилояти Суғд, 6-уми феврал таъкид карда буд, ки ин маҳдудиятҳо “ҳамчун тавсия барои пешгирӣ аз вайрон кардани уҳдадориҳо бо шарикони аврупоӣ” дида мешаванд ва ба фаъолияти умумии бонкҳо ва ҳамкориҳои асосӣ бо Русия таъсири назаррас надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони БМТ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 млрд доллар расидааст.

Иттиҳоди Аврупо бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ҳама гуна муомилот бо ин бонкҳоро барои шахсҳо ва ширкатҳои аврупоӣ мамнуъ эълон кард. Мақомоти ИА ин се бонки Тоҷикистонро дар кумак ба канорзадани таҳримҳои зидди Русия муттаҳам кардаанд.

Аммо БМТ таъкид мекунад, ки кор дар самти ислоҳи камбудиҳо ва тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идома дорад. Ин талошҳо ҳадаф доранд, ки хавфҳои эҳтимолиро кам кунанд ва робитаҳои байналмилалии низоми бонкиро ҳифз намоянд. Вале то ҳол ҳеҷ гуна қарори расмӣ дар бораи бардоштани таҳримҳо нашр нашудааст, аммо масъулони БМТ умед доранд, ки бо роҳҳои гуфтушунид битавонад ин таҳримҳоро бекор кунанд.

Аз овозаҳои марг то баргашт. Ғайбат нақшавӣ буд ё изтирорӣ?

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз 30 сол мешавад зимоми қудратро дар даст дорад, пас аз ду ҳафтаи ғайбат дубора дар расонаҳои давлатӣ пайдо шуд.

Расонаҳои ҳукуматӣ баъд аз ду ҳафтаи нопадидшавии Эмомалӣ Раҳмон пайдарпай ду навори ӯро аз мулоқот ва паёмаш нашр карданд, ки эҳтимол меравад бо ин кор мехоҳанд сару садоҳо дар бораи вазъи бади саломатии ӯро бартараф кунанд.

Аз ҷумла, сомонаи расмии Президент 14-уми феврал аз мулоқоти раисҷумҳур Раҳмонов бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайи хабар дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин мулоқот аксу наворҳо нашр гардиданд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикиро баррасӣ карда, аз ҷалби маблағгузории дарозмуддат гуфтаанд.

Як рӯз баъди ин мулоқот, яъне 15-уми феврал сомонаи расмии Президент ва расонаҳои ҳукуматӣ паёми табрикӣ ва видеоии ӯ ба раҳбари Чинро нашр карданд. Дар ин паёми 3 дақиқаӣ Эмомалӣ Раҳмон бо табрики Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ аз муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар изҳори хушҳолӣ мекунад.

Инчунин имрӯз 16-уми феврал сомонаи расмии Президент хабар дод, ки ӯ чанд қонун, аз ҷумла дар бораи “Хариди давлатӣ”-ро имзо карда, бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербоев, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, суҳбат кардааст.

Бояд гуфт, дар гузашта дафтари матбуоти Президент паёмҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро ба фарқ аз ин дафъа катбӣ нашр мекарданд.

Нашри мулоқоту паёми пайдарпайи Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳои давлатӣ дар ҳолест, ки ӯ тайи беш аз ду ҳафта – аз 28-уми январ то 13-уми феврали соли ҷорӣ, дар расонаҳо дида намешуд ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки қаблан ӯ ҳатто барои ифтиҳоҳи мағозаву роҳҳои оддӣ ҳам дар расонаҳо намудор мегашт ва аз ӯ дар расонаҳои давлатӣ ба шиддат таърифу тамҷид мешуд. Ин ғайбати ӯ дар шабакаҳои тоҷикӣ бозтоби васеъ ёфта, ҳатто расонаҳои хориҷӣ ҳам онро пӯшиш доданд.

Ва нопадид шудани Эмомалӣ Раҳмон баҳсу гумонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард, ки раисҷумҳур ё бемор аст ва ё ҳодисае ба сараш омадаву мақомот онро эълон намекунанд.

Чунин ҳолатҳо қаблан ҳам сурат гирифта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд муддате аз расонаҳои давлатӣ ва маҷлисҳои ҳукуматӣ ғайб мезад. Борҳо дар бораи вафот ё беморияш овозаҳо нашр мегашт, аммо пас аз нашри овозаҳо, боз дар расонаҳо пайдо мешуд.

Вале ин бор, бахусус пас аз оне, ки мубаллиғони ҳукумат дар васфаш шеър гуфтанду аксҳои сиёҳу сафедашро нашр карданд ва мақомот ҳам насиҳатҳои васиятгунаи Эмомалӣ Раҳмонро нашр карданд, ки ӯ дар он наворҳо ба ҷавонону кӯдакон ва шаҳрвнадони кишвар хитоб намуда, аз худ ситоиш мекунад, ки умрашро барои ободии давлати Тоҷикистон бахшидааст, баҳсҳоро бештар кард.

Ҳамчунин дар ин миён аксе аз сомонаи “Flightradar” нашр гардид, ки дида мешуд ҳавопаймои президент рӯзи 28 ва 29-уми январ дар фазои Душанбе сабт шудааст, аммо дар бораи самти парвози он ва ҷойи фурудоӣ маълумот дастрас нест.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш он замон навишта буд, ки “Эмомалӣ Раҳмон барои табобат ба ҷазираи Ҳайнани Чин рафтааст.”

Пас аз ҳадсу гумонҳо Барои бори аввал рӯзи 11-уми феврали соли ҷорӣ расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз мулоқоту барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон маълумот нашр карда, навишта буданд, ки “Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.” 

Аммо, торихи мулоқотҳо зикр нашуд. Танҳо гуфта мешуд, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик раисҷумҳур бо президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошербаев дидор кунад.

Пас аз чанд соате худи ҳамон рӯз Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон як матлаби дигаре нашр кард, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зери рақами №АП-971 ба Вазорати молияи Тоҷикистон фармон додааст, ки “аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ду миллиону чил ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.”

Ин амри Президентро қариб тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки дар Фейсбук саҳифа доранд, нашр карданд. Аз ҷумла, Паёми ДушанбеҶавонони Тоҷикистон, (ки ҳам дар сомонааш ва ҳам дар саҳфаи фейсбукияш нашр кард) Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ва инчунин чандин ниҳоди дигар.

Ба назари коршиносон, матлабе, ки Дастгоҳи Президент дар бораи мулоқотҳо ва барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, дар асл як посухе буд ба мавҷи овозаҳо, ки ҳамаро пур карда буд ва мехостанд ба ин тариқ ба мардум бирасонанд, ки ӯ саломат асту барномаҳояш ҳам мисли қаблӣ идома доранд.

Пас аз зиёд шудани баҳсҳо дар атрофи куҷо шудани Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳатто аз мубаллиғонашро нигарон карда буд, ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми феврал ба Чин парвоз карда, рӯзи 13-уми феврал ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи баъд хабар аз мулоқоташ бо хонум Тсзоу Ҷиайи нашр гардид.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмони 74-сола аз соли 1992 то 1994 раиси Шурои Олӣ ва аз соли 1994 то имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон буда, тамоми шохаҳои қудратро дар даст гирифта, аъзои хонавода ва наздикаш дар мақомҳои калидии ҳукумат кор мекунанд. Дар замони беш аз 30 соли ҳукуматдорӣ Раҳмон ва тимаш Тоҷикистонро ба як кишвари фасодзада табил дода, озодиҳои мардумро маҳдуд ва мухолифону дигарандешонро қатлу зиндонӣ мекунанд.

Ҳиҷрати корӣ дар Балтик. Мушкил дар чист?

0

Шароити кор дар кишрваҳои Соҳили Балтик ба монанди шароити кор дар Русия ва Қазоқистон нест. Ва вақте муҳоҷири тоҷик ба ин кишварҳо барои кор меояд, бояд инро дар назар дошта бошад.

Муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар барои тоҷикон тамоюли нав нест. Он ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд ва мақсади бештаре аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аввал Русия ва баъдан Қазоқистон буд. Бо хатми ҷанг на танҳо муҳоҷирати корӣ мутафаққиф нашуд, балки тавсеа пайдо кард. Агар ҳоло мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон иддаои “бо дастуру супоришҳои пешво…” баргардондани ҳудуди миллион нафар аз тоҷикони паноҳанда аз ҷанг дар дигар кишварҳоро ба Ватан мекунанд, аммо феълан бар асоси ин “сиёсати хирадмандона” ду баробар бештар аз он теъдод ҳамасола барои дарёфти қутти лоямут берун аз Тоҷикистон меравад.

Ҳиҷрат дар кишварҳои Лаби Балтик

Бар асоси иттилои манобеи боз, ҳиҷрати коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Урупо тақрибан солҳои 2018-2019 шуруъ шудааст, зеро дар соли 2019 ҳамагӣ 635 тоҷикистонӣ ба унвони муҳоҷири корӣ дар Урупо шоғил будааст. Бо гузашти чанд сол аз он рӯзгор, феълан дақиқ гуфтани шумораи коргарони муҳоҷири муқими кишварҳои урупоӣ мушкил аст, ҳарчанд ин шумора рӯ ба афзоиш аст.

Табиист, ки кишварҳои урупоӣ шароити хоси пазируфтани коргарони муҳоҷир аз кишварҳои ғайриурупоиро доранд, ки тайи як матлаб наметавон он ҳамаро баррасӣ кард. Ба ин хотир дар ин матлаб талош мекунем, аз бурду бохт ва шароити кору иштиғол дар кишварҳои Соҳили Балтик бар асоси мушоҳидаҳои худ бигӯем.

Кору зиндагӣ дар кишварҳои Балтик чанд хусусиёти мутафовит аз Русия ва Қазоқистон дорад. Аввалин масъала масъалаи ҳуқуқӣ ва муносибати мақомот, бахусус пулис бо муҳоҷирон аст, ки ба беҳтарин шева роҳандозӣ шудааст. Кормандони пулиси Литва, Латвия ва Эстония мисли кормандони пулиси Русия ва Қазоқистон касеро озору азияту таҳқир намекунанд ва ҳамчунин ба истиснои ҳолатҳои хос касеро мавриди пурсуҷӯ ва бозҷӯӣ қарор намедиҳанд. Даъвоҳои додгоҳии зиёде низ ба манфиати коргарони муҳоҷир анҷом шудаанд. Аммо ин ҳама маънии онро надорад, ки дар ин ҷо ҳам аз муҳоҷирон суистифода намешавад. Зеро талош барои ҳимоят аз ҳаққи худ дар ин кишварҳо донишу иттилоъ ва дар баъзе маворид пул талаб мекунад, ки мутаассифона, на ҳама коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз ин имконот бархурдоранд.

Салби озодӣ

Дар Русия ва Қазоқистон (ҳадди ақал то соли 2026) коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ худ ба тарзи мустақим молиёт (дар шакли патент) пардохт мекунанд ва дар ҷиҳати дарёфти ҷойи кору шакли он озод ҳастанд. Ин ба ин маънист, ки коргари муҳоҷир аз корфармо вобаста нест ва ҳар замоне ки хост, кор ё ҷойи корро иваз мекунад. Аммо дар кишварҳои Соҳили Балтик ин шароит ба гунаи дигар роҳандозӣ шудааст. Коргари муҳоҷир муваззаф аст, тамоми молиёт ва бимаро аз тариқи ширкате, ки ӯро барои кор даъват кардааст, пардохт кунад. Ин шева озодии муҳоҷирро салб мекунад, зеро ӯ муваззаф мешавад, дар ширкате ба сурати расмӣ кор кунад, вагарна тамоми ҳуҷҷатҳое, ки барои ӯ дар ҷиҳати кору зиндагӣ ба ӯ дода дода шудаанд, бекор мешаванд. Ба унвони мисол, соле қабл дар Литва ҳар коргари муҳоҷире фурсат дошт, то дар ҳоли ноҷӯрии равобиташ бо корфармо ҷойи корашро иваз кунад, аммо пас аз тағйироти ахир дар қонунгузории ин кишвар ҳар нафар аз коргарони муҳоҷире, ки ҳадди ақал шаш моҳ дар як ширкат кор накардааст, ҳаққи тағйири корфармои худро надорад. Дар чунин ҳол, коргар муваззаф аст, ҳадди ақал шаш моҳ бо як корфармо кор кунад, ки дар баъзе аз маворид ширкатҳо аз онҳо суистифода мекунанд. Ҳатто баъзе аз ширкатҳо баъди ба кор шуруъ кардани корманд қарордодҳоро тағйир медиҳанд, ки ин бар зарари коргар аст, аммо коргар маҷбур аст, то шаш моҳ ин мушкилро таҳаммул кунад. Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар маоши миёна 2410 (шомили андоз) ва ҳадди ақал 1153 евро (шомили андоз) аст. 

Бо таваҷҷуҳ ба масорифе, ки муҳоҷирон дар кишварҳои Лаби Балтик доранд, ин маблағ чандон маблағи зиёд нест. Дуруст аст, ки барои як нафари муқими Тоҷикистон ин маош хеле хуб аст, аммо дар кишварҳои Соҳили Балтик бо таваҷҷуҳ ба арзиши коло ва дигар масориф ин мизон ночиз аст. Гузашта аз ин дар ин кишварҳо мизони молиёт хеле болост. Масалан, соли гузашта маоши ҳадди ақал дар Литва 1038 евро буд, ки баъди пардохти молиёт 777 еврои он боқӣ мемонд.

Мутахассис лозим, на корманди кумакӣ

Муҳоҷирони мутахассис барои кор ба ин кишварҳо даъват мешаванд ва тахассуси онҳо бар асоси мадорике таъйид мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон онҳоро додааст. Аммо ба далели ин ки ин гуна ҳуҷҷатҳо дар бештари маврид аз тарафи коргарони муҳоҷир харидорӣ, на ин ки бар асоси касбомӯзӣ дарёфт шудаанд, иддае аз муҳоҷирони даъватшуда аз имтиҳони корфармо намегузаранд. Афроди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро метавон дар Урупо вохӯрд, ки аз ин тариқ мутахассис муаррифӣ ва ба кор даъват шудаанд, аммо аз имтиҳони амалӣ нагузаштаанд. Корфармоҳо тақрибан дар ҳама соҳоте, ки ба коргар ниёз доранд, аз истихдоми ин гуна “мутахассисон” даст кашидаанд ва аз имтиҳон нагузаштани ронандаҳо бештар ба назар мерасад, зеро бо харидорӣ кардани шаҳодатномаҳои ронандагӣ кор омадаанд. Гузашта аз ин дарёфти тахассус ба ин шева дар Тоҷикистон, албатта, ройгон нест, ки масорифи он сабаби аслии ҳузури ғайрирасмии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ва соири кишварҳои урупоӣ мешавад. Чун бештари муҳоҷирон, ки аз ин тариқи фасоди молӣ дар ба истилоҳ омӯзишгоҳҳо соҳиби диплом ё шаҳодатномаи ронандагӣ мешаванд ва барои омода кардани ҳуҷҷатҳо пул медиҳанд, баъди расидан ба Урупо маҷбуранд, ин масорифро ҷуброн кунанд, зеро дар бештари маврид ин ҳама мадорик бо пули қарз омода мешаванд. Ба ин хотир, чун ин қабил аз афрод, ки аз имтиҳони корфармо намегузаранд, онҳоро муҳлат медиҳанд, то ба Ватан барагарданд, аммо ба далели он ки роҳи расидани онҳо ба Урупо пурҳазина аст, маҷбур мешаванд, ба сурати ғайрирасмӣ дар Урупо бимонанд, зеро дар ҳоли дасти холӣ баргаштан бар зарари молии онҳо хоҳад буд.

Адами робитаи мустақили корманд бо кордиҳанда қабл аз вуруди муҳоҷирон ба Урупо ва вуҷуди миёнаравон дигаре аз мушкилот аст. Ба унвони мисол, дар солҳои 2020-2021 Ожонси бакортаъминкунӣ дар хориҷи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ба Руминия ва Лаҳистон овардани муҳоҷирин аз ҳар нафаре се ҳазор сомонӣ ҳақ мегирифт ва мақомоти ин ожонсӣ дурӯғ мегуфтанд, ки ин маблағ барои ирсоли ҳуҷҷатҳои коргарони муҳоҷир ба корфармо аз тариқи DHL гирифта мешавад. Ҳол он ки тамоми ҳуҷҷатҳое, ки аз муҳоҷир гирифта мешуданд, асл набуданд, балки нусха буданд. Кӣ нусхаро бо DHL ирсол мекунад? Агар корфармо дар мулоқоти фосилаӣ муҳоҷирро намепазируфт, аз се ҳазор сомоние, ки ожонсӣ аз коргар мегирифт, танҳо 1000 сомонияш баргардонда мешуд. Чун идораи давлатӣ, ки бидуни ришват “миёнаравӣ” намекард, аз миёнаравони бидуни масъулият ба кадом далел метавон гила кард? 

Тобистони соли гузашта Хадамоти муҳоҷирати Литва эълон кард, ки тоҷикистониҳо қонунҳои марбути муҳоҷирати ин кишварро нақз мекунанд ва бар асоси қарордодҳои имзошуда кор намекунанд.

Сабаби аввалиро дар боло гуфтем, ки масрафи зиёд ва вуҷуди фасоди молӣ аст, ки коргарони муҳоҷирро қабл аз ин ки ба Урупо бирасанд, дар баҳри қарз ғуттавар ва онҳоро маҷбур мекунад, то ғайрирасмӣ дар кишварҳо бимонанд. Дигаре аз сабабҳо миёнаравон ҳастанд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ нафарони мутахассисро ба кор меоранд, аммо он ҳаққузаҳмаеро, ки онҳо интизоранд, намегиранд. Ба ин хотир ба корҳои ғайрирасмӣ машғул мешаванд ё берун аз кишварҳои Болтик, соири кишварҳои урупоӣ мераванд. Дар ин зимн, ба назар мерасад, ширкатҳои сохтмонӣ низ дар ин гуна иқдомот саҳм доранд, зеро коргаронро бо ваъдаи ба дигар кишварҳои урупоие мисли Олмон, Нидерландия, Фаронса, Белгия ва ғайра ба кор мегиранд, аммо онҳоро берун аз кишварҳои болтикии худ намебаранд. Ё агар коргаронро ба кишварҳои доротари урупоӣ барои иҷрои коре ҳам баранд, ин иқдом муваққат, яъне то итмом кор хоҳад буд, ки баъзе аз ширкатҳо баъд аз анҷоми кор худро муфлис эълон мекунанд ва коргарон ба сурати мустақим ҳаққи пардохти молиётро надоранд. Чун дар муҳлати мушаххас, бахусус пас аз анҷоми мавсими кор, бар фарзи мисол, сохтмон коргарон ширкати дигаре барои истихдом пайдо намекунанд, ҳаққи кору иқоматашон дар ин кишварҳои болтикӣ бекор мешавад, аз ин рӯ, ё ба кори ғайрирасмӣ машғул мешаванд, ё ба хона бармегарданд.

Дар баробари ин ҳама печидагиҳои муҳоҷират дар кишварҳои Болтик теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварҳо кор мекунанд, ки ба унвони мутахассис шинохта шудаанд ва дар миёни ҳамкорон ҷойгоҳи хосе доранд.

Ба ҷойи хулоса

Мусалламан тайи як матлаб наметавон аз бурду бохти коргарони муҳоҷир гуфт. Вале зиндагӣ ва кор дар ин кишварҳо, аз лиҳози молӣ, рискҳои зиёд дорад. Ба ин хотир месазад, ҳар касе дар ин мавзуъ чизе гуфтан мехоҳад, набояд меъёрҳои ҳиҷрат дар Русияро асос қарор диҳад, балки бо таваҷҷуҳ ба қонунгузории ин кишварҳо ва шеваи ҷазби коргарони муҳоҷир масъаларо матраҳ бояд кард, ки фикр мекунам, ин ду буъд аз мушкили зиёде рӯнамоӣ мекунанд. Бо ин ҳол, ба истилоҳ “мӯй аз хамир” ҷудо мешавад ва бовар дорам, назари мутобиқ ба қарордод кор накардани тоҷикон то ҷое тағйир хоҳад кард.  

Парвози №1: Ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон аз Чин баргашт

0

Cомонаи “FLIGHTWARE” нишон медиҳад, ки ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми феврал ба Чин парвоз карда, рӯзи 13-уми феврал ба Тоҷикистон баргаштааст.

Бино ба маълумоти ин сомона, ҳавопаймои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон бо шумораи парвози SMR1 / SZ1 (рақами қайд: EY-001) ва навъи Boeing 787-8 Dreamliner, ки ба ширкати “Somon Air” тааллуқ дорад, рӯзи 12-уми феврал аз Душанбе ба Ҷумҳурии мардумии Чин парвоз анҷом додааст.

Тибқи маълумоти сомонаҳои пайгирии парвозҳо, ҳавопаймо 12-уми феврали соли 2026, соати 07:02 ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе парвоз карда, пас аз 6 соат дар шаҳри Sanya, воқеъ дар ҷазираи Hainan-и Чин соати 16:10 фуруд омадааст.

Тибқи маълумоти ин торномаҳо, ҳавопайоми Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми феврал, соати тақрибан 10:00 Чинро ба самти Тоҷикистон тарк намудааст. Родорҳо нишон медиҳанд, ки ҳавопаймои Эмомалӣ 15 дақиқа пеш аз нишаст дар Душанбе, аз масири Кӯлоб убур кардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои мазкур соли 2023 бо арзиши тахминан 92 миллион доллар харидорӣ шудааст. Қаблан низ парвози ин ҳавопаймо дар масири Душанбе – Ҳайнан (28-уми январ) аз ҷониби сомонаҳои байналмилалии пайгирии парвоз сабт гардида буд.

Дар бораи ҳадаф ва барномаи расмии ин сафар то ҳол иттилои муфассал нашр нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз камнамо шудани Эмомалӣ Раҳмон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто расонаҳои минтақа сару садоҳои зиёде атрофи марг ё бемории ӯ баланд мешавад. Вале мақомоти кишвар ба таври расмӣ то ҳол дар ин бора чизе нашр накарданд.