Хона блог саҳифа 5

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

0

Дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.

Дар ин бора 12-уми август дар шаҳри Бохтар зимни ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода хабар дода шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки нерӯи барқ, коҳиши талафот ва ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда баррасӣ шудаанд.

Масъулон мегӯянд, барои коҳиши талафот чораҳои иловагӣ заруранд, аммо бар асоси ин иттилоъ, сабаби талафоти нерӯи барқ танҳо техникӣ набқда, балки масъулон ва ё сокинон ҳам дар он даст доранд.

Тибқи маълумоти дар ҷаласаи корӣ пешниҳодшуда, талафоти нерӯи барқ дар ҳафт моҳи соли 2026 дар филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар 19,62 дарсадро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,42 дарсад кам шудааст, вале ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Вазъ дар баъзе ноҳияҳо боз ҳам нигаронкунандатар аст. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ талафот ба 26,04 дарсад, дар Кӯшониён ба 24,97 дарсад ва дар Вахш ба 24,26 фоиз расидааст. Дар Ҷалолиддини Балхӣ ин нишондиҳанда 23,06, Хуросон 22,62 ва Ҷайҳун 20,30 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба ибораи дигар, дар баъзе ноҳияҳо тақрибан чоряки нерӯи барқи воридшуда то расидан ба истеъмолкунандагон ё дар ҷараёни ҳисобу ҷамъоварии маблағи он аз байн меравад. Ин рақамҳо саволи ҷиддиро ба миён меоранд: агар чунин сатҳи талафот солҳо идома дошта бошад, мушкил дар куҷост?

Масъулон як қисми талафотро ба фарсуда шудани хатҳои интиқол, трансформаторҳо ва таҷҳизоти барқӣ рабт медиҳанд. Аммо худи онҳо эътироф кардаанд, ки талафоти тиҷоратӣ низ мушкили ҷиддӣ аст. Пайвасткунии худсарона, дахолат ба ҳисобкунакҳо, пинҳон кардани ҳаҷми воқеии истеъмол ва дуздии нерӯи барқ аз омилҳои асосии ин навъи талафот номбар шудаанд.

Ба гуфтаи огаҳон, ин ҳолат баёнгари он аст, ки масъала танҳо ба навсозии шабакаҳо маҳдуд намешавад. Агар истифодаи ғайриқонунӣ ва ҳисобкунии нодурусти барқ, ки одатан аз сӯи нозирон бо гирифтани маблағ барои худашон сурат мегирад, идома дошта бошад, ҳатто навсозии зерсохторҳо ҳам наметавонад мушкилро пурра ҳал кунад.

Аз сӯи дигар, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда низ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа будааст. Дар ҳоле ки ҳадафи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон” расонидани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо то 100 дарсад аст, баланд будани талафот ва мавҷудияти қарздорӣ нишон медиҳад, ки байни ҳадафҳои барнома ва воқеияти шабакаҳо ҳанӯз фосила вуҷуд дорад.

Акнун масъулон бояд на танҳо дар бораи коҳиши талафот гузориш диҳанд, балки равшан кунанд, ки аз ин 20 дарсади талафот ва дар баъзе ноҳияҳо аз ин ҳам бештар, чӣ қадар ба мушкилоти техникии шабакаҳо ва чӣ қадар ба истифодаи ғайриқонунӣ ё нокифоя будани назорат вобаста аст.

Зеро, ба назари коршиносон, то замоне ки сабабҳои аслии талафоти барқ ба таври мушаххас муайян ва масъулияти сохторҳои дахлдор таъмин нашавад, коҳиши чанд дарсадӣ наметавонад нишонаи ҳалли мушкил арзёбӣ шавад.

Вокуниши Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи марги як сокини ноҳияи Дарвоз

0

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи кушта шудани сокини ноҳияи Дарвоз Ҷасминаи Ширинҷон вокуниш карда, ба ҷониби Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристоданд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми август хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Ҷасминаи ҷавонмарг ҳамдардӣ баён карда, ба раиси ноҳияи Дарвоз дастур додааст, то ба хонаводаи марҳум кумак расонад ва тарбияи кӯдаки хурдсоли ӯро зери назорат гирад.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ирсол кардааст. Дар он аз мақомоти Афғонистон талаб шудааст, ки дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намуда, барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки Ҷасминаи Ширинҷон рӯзи 13-уми август бар асари тирпарронии силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ҷон бохтааст. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ин зани 21-сола аз ноҳияи Дарвоз ҳангоми тир хӯрдан аз ноҳияи Нусайи Афғонистон захмӣ шуда, дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки чанд рӯз боз дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст, даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва афроди фармондеҳи норозии ин гурӯҳ Ҷумъахони Фотеҳ идома доранд.

Ба иттилои расонаҳо, инчунин дар ҷараёни нооромиҳои охир Ҳабибурраҳмон Мансур, шаҳрдори таъйинкардаи Толибон дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, кушта шудааст. Масъулияти ҳамларо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар дӯш гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, наворҳои видеоие, ки сокинони ноҳияи Дарвози Тоҷикистон сабт кардаанд, парвози чархболҳои низомии Толибонро дар осмони ноҳияи Нусайи Афғонистон нишон медиҳанд. Бар асоси иттилооти расида, яке аз чархболҳои ин гурӯҳ ҳангоми амалиёти низомӣ бар асари тирандозии нерӯҳои вафодор ба фармондеҳи норозӣ Ҷумъахони Фотеҳ суқут кардааст. Даргириҳо миёни нерӯҳои Толибон ва афроди Ҷумъахони Фотеҳ чанд рӯз боз дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшон идома доранд.

Чаро аз болои “Душанбе Сити Бонк” шикоят зиёд аст?

0

Даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд аз тарзи хидматрасонии “Душанбе Сити Бонк” ба Идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдаанд.

Раиси идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд, Наврӯз Валиев рӯзи 13-уми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо аз вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 250 нафар аз мушкилот дар хизматрасонии ин бонк ба онҳо шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ин масъули БМТ, дар ин муддат нисбати фаъолияти бонки мазкур 254 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, эътирозҳои асосии мизоҷон ба фаъолияти номунтазами ҳамёнҳои электронӣ, хатогиҳо дар барномаи мобилӣ, сустии интиқоли маблағҳо ва масъалаҳои бехатарии муомилоти молиявӣ рабт доранд.

Сифати хизматрасониҳои бонкӣ мустақиман ба эътимоди мардум таъсир мерасонад, аз ин рӯ тамоми камбудиҳои ошкоршуда бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Айни замон санҷиши фаъолияти бонк ба охир расида, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд“, — таъкид намуд Наврӯз Валиев.

Аммо дар посух ба ин нигарониҳо, директори филиали “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, Тоҳирҷон Каримов ба расонаҳо изҳор доштааст, ки сабаби асосии бархе аз халалдоршавиҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ содир шудани ҳамлаҳои киберии DDoS ба серверҳои бонк будааст. Ин ҳодиса боиси се рӯз аз кор мондани система ва суст шудани раванди амалиётҳо гардида буд.

Ин ниҳоди молиявӣ мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ба маблағҳои муштариён ҳеҷ гуна зарар нарасидааст. Вале дар мавриди шикоятҳо оид ба “гум шудани пулҳо”, намояндаи бонк тавзеҳ додааст, ки дар бисёр ҳолатҳо муштариён худ ба доми қаллобони интернетӣ афтода, бо дасти худ маблағҳоро ба суратҳисоби фиребгарон интиқол додаанд. Посухе, ки аксар муштариён ба он бовар надоранд.

Бояд гуфт, ки “Душанбе Сити Бонк” яке аз бозигарони калонтарин дар бозори молиявии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, беш аз 60%-и ҳамёнҳои мобилиро дар вилояти Суғд дар ихтиёр дорад. Ин бонк, мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, ба яке аз наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Аммо то ҳанӯз маълумоти расмие дар бораи молики он нашр нашудааст.

Иттиҳоди Аврупо аз маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

0

Иттиҳоди Аврупо дар гузориши нави худ вазъи ҳуқуқи инсон ва демократияро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ки 11-уми августи соли 2026 нашр шудааст, дар кишвар ҳамоно дар заминаи озодии баён, фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдӣ мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, дар соли гузашта масъалаи муносибат бо рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мавзуъҳои асосии таваҷҷуҳи ин созмон будааст. Иттиҳоди Аврупо инчунин аз маҳдудиятҳо дар фаъолияти расонаҳои мустақил ва фазои шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар гузориш аз вазъи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир, ҳуқуқи занон ва масъалаи паноҳандагон низ ёд шудааст. Ҳамзамон масъалаи пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми зиндонҳо аз мавзуъҳои муҳими муколамаи Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон будааст.

Бо вуҷуди интиқодҳо, Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки робита бо Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон идома дорад. Муколамаи солонаи ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 17-уми октябри соли 2025 дар Брюссел баргузор шуда буд.

Дар ин мулоқот ҳуқуқи занон ва мубориза бо табъиз, пешгирии шиканҷа, ислоҳоти низоми зиндонҳо, озодии баён, фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи ақаллиятҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ шуданд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин гуфтааст, ки дар таҳияи қонунгузории марбут ба ҳуқуқи инсон баъзе пешрафтҳо мушоҳида мешавад, аммо барои беҳтар шудани вазъ иҷрои муассири қонунҳо муҳим аст.

Тибқи гузориши Иттиҳоди Аврупо, дар доираи барномаҳои бисёрсолаи солҳои 2021–2027 барои Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон ва демократия, инчунин дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ 11,87 миллион евро ҷудо шудааст.

Дар соли 2025 Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон 18 лоиҳаи маблағгузоришаванда доштааст, ки асосан ба ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.

Гузориши Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки агарчи масъалаи ҳуқуқи инсон дар муносибатҳои байни Брюссел ва Душанбе мавзуи калидӣ ба ҳисоб меравад, аммо Душанбе чандон омодаи ислоҳи ин масъала нест ва меъёрҳои худро дар таъйини ҳуқуқ ва озодиҳо барои шаҳрвандон дорад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ рост намеоянд. Вале Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон бо интиқоди баъзе равандҳо, муколама ва дастгирии лоиҳаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро идома медиҳад.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин иқтисодро дорад

0

Бар асоси гузориши як созмони таҳқиқотӣ, ҳаҷми иқтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан ба 543 миллиард доллар расидааст.

Созмони “The Times of Central Asia” дар таҳқиқоташ вобаста ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, аз байни ин панҷ кишвар Қазоқистон бо доштани 306 миллиард доллар бузургтарин иқтисоди минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ, иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи ин таҳқиқот чунин арзёбӣ шудааст:

  • 🇰🇿 Қазоқистон — $306 млрд
  • 🇺🇿 Узбекистон — $147 млрд
  • 🇹🇲 Туркманистон — $50 млрд
  • 🇰🇬 Қирғизистон — $23 млрд
  • 🇹🇯 Тоҷикистон — $18 млрд

Ҳамин тавр, тақрибан 56 дарсади иқтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон рост меояд. Ҳамзамон аз рӯйи шумори аҳолӣ, дар Қазоқистон тақрибан 21 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки баробари тақрибан чоряки аҳолии умумии Осиёи Марказӣ аст. Бино ба ҳисобҳои мазкур, аҳолии панҷ кишвари минтақа дар маҷмуъ 83,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиши ҳаҷми умумии иқтисоди минтақа, Тоҷикистон низ талош дорад мавқеи худро дар бозорҳои хориҷӣ тақвият диҳад.

Тибқи маълумоти манбаъ, гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё дар нимсолаи аввали соли 2026 беш аз 34 дарсад афзоиш ёфта, тақрибан ба 2,7 миллиард доллар расидааст. Ин нишон медиҳад, ки робитаҳои тиҷоратии кишвар бо бозорҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли густариш аст.

Қазоқистон — маркази асосии содироти минтақа

Мувофиқи ин арзёбӣ, аз ҳаҷми умумии тақрибан 139 миллиард доллар содироти молии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, 92 миллиард доллар ё тақрибан 66 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд.

Узбекистон бо 32 миллиард доллар дар ҷои дуюм қарор дорад. Туркманистон — 7 миллиард, Қирғизистон — 6 миллиард ва Тоҷикистон тақрибан 1,6 миллиард доллар содирот доштаанд.

Дар бахши сармоягузории мустақими хориҷӣ низ Қазоқистон пешсаф аст. Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими ҷамъшуда дар панҷ кишвари минтақа тақрибан 220,5 миллиард доллар арзёбӣ шуда, аз ин маблағ 151,3 миллиард доллар ё 68,6 дарсад ба Қазоқистон марбут аст.

Бо вуҷуди фарқияти назаррас миёни иқтисоди кишварҳо, афзоиши ҳаҷми умумии иқтисоди Осиёи Марказӣ то беш аз ним триллион доллар аз боло рафтани аҳамияти иқтисодии минтақа дар Авруосиё дарак медиҳад. Густариши савдо, сармоягузорӣ ва роҳҳои нави нақлиётӣ метавонад дар солҳои оянда ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа ва мавқеи онҳоро дар бозорҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшад.

“Барои як сатил об?” Наворе дар бораи латукӯби як ҷавон вокунишҳои зиёде барангехт

0

Навори як наврас, ки беҳаракат рӯи замин хобида ва модаре дар канораш бо гиряву зорӣ нишастааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба миён овард. Дар тавзеҳи аввалияи навор иддао мешуд, ки гӯё наврас баъди баҳс бар сари гирифтани як сатил об аз ҷониби раиси маҳалла латукӯб шудааст.

Аммо маълумоти наве, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расидааст, аз ҷузъиёти дигар дарак медиҳад. Як манбаъ аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 12-уми август ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз пеш дар ҳудуди деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, наврас аз ҷониби ҳамсояаш — Зевархон Яқубов — латукӯб шудааст. Сабаби муноқиша, ба иттилои мақомот, он будааст, ки ноболиғ дар чашма молҳои худро об медодааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки вазъи саломатии наврас ҳоло хуб аст. Ҳодисаро Додситонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳқиқ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки Зевархон Яқубов боздошт шудааст ё нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Назари худи ӯ ва наздикони наврас низ то ҳол ба расонаҳо дастрас нест.

Қаблан дар саҳифаи Инстаграм корбаре бо номи «shohin 2» низ гуфта буд, ки кӯдак осеби ҷиддӣ надидааст ва «дар муддати кӯтоҳ» Вазорати корҳои дохилӣ қазияро шарҳ хоҳад дод. Ин маълумот бо саволҳои корбарон рӯбарӯ шуда буд, зеро дар навори паҳншуда наврас беҳаракат рӯи замин хобидааст.

Ҳоло, бар асоси маълумоти мақомоти маҳаллӣ, воқеаи латукӯби наврас тасдиқ шудааст, аммо таҳқиқи расмии қазия идома дорад. Сабабҳои дақиқи муноқиша, ҳолатҳои латукӯб ва ҷавобгарии эҳтимолии шахси гумонбарро бояд натиҷаи тафтишоти Додситонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муайян кунад.

То анҷоми таҳқиқот, иддаоҳои паҳншуда дар бораи раиси маҳалла будани шахси латукӯбкунанда ва дигар ҷузъиёти дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикршуда расман тасдиқ нашудаанд.

Миллионҳо сомонӣ зарар ва садҳо ҷиноят танҳо дар як вилоят: Стратегияи зидди фасод чаро натиҷа намедиҳад?

0

Дар вилояти Суғд мақомот аз афзоиши ҳолатҳои азхудкунии амволи давлатӣ, сохтакории маълумот, тамаъҷӯӣ ва дигар қонуншиканиҳои коррупсионӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо хабар доданд.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, чунин ҷиноятҳо бештар дар соҳаҳое ошкор шудаанд, ки шаҳрвандон ҳамарӯза бо онҳо сару кор доранд, мисли соҳаи тандурустӣ, маориф, адлия, энергетика, шуғли аҳолӣ ва заминсозӣ.

Гуфта мешавад, танҳо дар шаш моҳи аввали сол кормандони Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд 241 ҷинояти коррупсиониро бо зарари 28 миллион сомонӣ ошкор кардаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, аз маблағи умумии зарар тақрибан 25,6 миллион сомонии онро барқарор карда, 15 миллион сомониашро ба буҷаи давлат ва 10,6 миллион сомониашро ба шаҳрвандон ва соҳибкорон баргардонидаанд.

Бештарини шумораи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳри Хуҷанд — 74 ҳолат сабт шуда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 48 қонуншиканӣ дар Гулистон 23, дар Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов — 19-ҳолатӣ, дар Деваштич — 14 ва дар Спитамен — 8 ҳолат ошкор гардидаанд.

Ҳамзамон, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо шумораи чунин қонуншиканиҳо дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2025 коҳиш ёфта, дар Конибодом шаш ҳолат, дар ноҳияи Ашт чор, дар Шаҳристон ду ва дар Истаравшану Зафаробод як ҳолатӣ сабт шудааст.

Коршиносон зиёд будани чунин ҷиноятҳоро дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои калон ба фаъолияти густурдаи иқтисодӣ, зиёд будани корхонаҳо, марказҳои савдо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳо рабт медиҳанд. Бо ин ҳол, онҳо ҳамчунин ба назорати нокифояи риояи қонун, заъфи чораҳои пешгирӣ аз коррупсия ва даст доштани худи кормандони Агентии мубориза бо фасод дар ин падида ишора мекунанд.

Аммо дар Агентии мубориза бо коррупсия бар ин назаранд, ки танҳо пурзӯр кардани назорат кофӣ нест ва муносибати ҷомеа ба фасод низ бояд тағйир ёбад. Шодком Турсунзода, яке аз масъулони ин ниҳод дар вилояти Суғд, гуфтааст, ки мақомоти давлатӣ бояд дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳите фароҳам оваранд, ки дар он риояи қонун ва муносибати оштинопазир ба коррупсия ба меъёри асосӣ табдил ёбад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон айни ҳол Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия то соли 2030 амалӣ мешавад, ки ин санад такмили қонунгузорӣ, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ барои шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолиро дар назар дорад.

Аммо бо вуҷуди ин, зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода аз афзоиши ҷиноятҳои корупсионӣ хабар дода, гуфта буд, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор кардааст, ки аз он 591 ҷиноят бо мушорикати 561 нафар дар ниҳодҳои давлатӣ сабт шудааст.

Тибқи Шохиси дарки фасод (Corruption Perceptions Index)-и созмони байналмилалии Transparency International, Тоҷикистон дар арзёбии соли 2025 бо 17 имтиёз дар миёни 182 кишвар дар ҷойи 166-ум қарор гирифта, ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое фасодзада маҳсуб мешавад.

Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуд

0

Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Дар бораи ин ҳодиса мақомоти кишвар то ҳол иттилои расмӣ нашр накардаанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳалокшуда капитан Ҷаҳонгир Давлатов, 26-сола буда, ҳодиса рӯзи 6-уми август дар дараи Зарбуз рух додааст.

Гуфта мешавад, Ҷаҳонгир Давлатов ҳамроҳи ҳамкоронаш барои оббозӣ ба кӯле рафтааст, ки дар назди як корхонаи заршӯӣ ҷойгир буда, барои шустани сангу шағал сохта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, кӯл чуқур буд ва афсар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Ҳамкоронаш баъди берун овардани ҷасади ӯ аз об ба мақомоти дахлдор хабар додаанд. Пас аз анҷоми ташхис, ҷасади марҳум ба наздиконаш дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе супурда шудааст.

Дараи Зарбуз дар соҳили дарёи Панҷ ва дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, дар он ҷо ду ширкати истихроҷи тилло фаъолият мекунанд. Барои фаъолияти заршӯӣ дар ин минтақа кӯлҳои сунъӣ бунёд шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи охир чандин ҳодисаи ғарқшавии кормандони Нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон сабт шудааст. Пештар низ як марзбон дар ноҳияи Қубодиён ва ду корманди дигари ин ниҳод дар ноҳияи Фархор ҳангоми афтодан ба дарёҳои Ому ва Панҷ ҷон бохта буданд.

Такрори чунин ҳодисаҳо нигарониҳоро дар бораи риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми фаъолияти кормандони ниҳодҳои низомӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ва мавзеъҳои хатарнок бештар кардааст.

Вазорати маориф: Фурӯши либоси мактабӣ иҷборӣ нест. Аммо чаро мактабҳо волидонро маҷбур мекунад?

0

Фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ барои хонандагон волидонро ба дод овардаст, борҳо шикоят мекунанд, ки масъулони мактабҳо онҳоро маҷбур мекунанд аз як нуқтаи фурӯш ё аз худи онҳо харидорӣ кунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи шикоятҳои сершумори волидон аз фурӯши иҷбории либоси мактабӣ ва паст будани сифати он вокуниш нишон дода, бори дигар таъкид кард, ки маҷбур кардани хонандагон ба хариди либос аз нуқтаи савдои муайян ва фурӯши он дар дохили муассисаҳои таълимӣ хилофи қонун аст. Аммо дар зери вокуниши расмии вазорат даҳҳо корбар ин изҳоротро зери суол бурда, мегӯянд, воқеият дар мактабҳо дигар чиз аст.

Дар вокунише, ки Вазорати маориф рӯзи 11-уми август дар саҳифаи расмии худ нашр кард, омадааст, ки масъалаи либоси мактабӣ бояд бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ва волидон, бе ҳар гуна маҷбуркунӣ ба роҳ монда шавад.

Ба гуфтаи вазорат, ин ниҳод дар дӯхт, таъмин ва фурӯши либоси мактабӣ иштирок надорад ва маҷбур кардани волидон ё хонандагон барои харидани либос аз истеҳсолкунанда ё нуқтаи савдои мушаххас ғайриқонунӣ мебошад.

Вазорат ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҷалби омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ низ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” манъ буда, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд омӯзгоронро ба чунин фаъолият водор намоянд.

Ба иттилои вазорат, ташкили ярмаркаҳои мактабӣ ба зиммаи Вазорати саноат, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомоти маҳаллӣ буда, назорати сифати либосҳои мактабиро “Тоҷикстандарт” анҷом медиҳад. Аз шаҳрвандон низ хоста шудааст, ки дар сурати рӯбарӯ шудан бо ҳолатҳои маҷбуркунӣ ё норозигӣ аз сифати либос ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кунанд.

Аммо ин вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқоди корбарон рӯбарӯ шуд. Бисёре аз онҳо зери ин вокуниши Вазорати маориф навиштанд, ки чунин изҳорот солҳост такрор мешавад, вале дар амал вазъ тағйир наёфтааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз корбарон навиштааст: “Вокунишҳо то амал, муҳтарам вазир, фарқи калон доранд. Дар бисёр мактабҳо директорон моро маҷбур мекунанд, ки либосҳои мактабии пастсифатро харем. Мо зидди маҳсулоти ватанӣ нестем, аммо талаб дорем, ки либосҳо ба стандарт ҷавобгӯ буда, сифати хуб ва нархи дастрас дошта бошанд.”

Корбари дигар, мушахасан аз мактаби рақами 8-и шаҳри Душанбе ном бурда, менависад: “Дар мактаби №8-и шаҳри Душанбе маҷбур мекунанд, ки ҳам либоси мактабӣ ва ҳам китобҳоро аз ҷойи муайян харем.”

Ҳамчунин яке аз корбарон матни суҳбатеро бо як мудири мактаб нашр кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мудир дар посух гуфтааст: “Вазорати маориф дар умум ҳарф мезанад, аммо мо ба дастуру супоришҳои шаҳрдор амал мекунем. Ӯ низ амру супоришҳои худро дорад ва мо наметавонем аз онҳо берун бароем. Яъне, раиси шаҳр барои пешрафти шаҳр ва фаъолияти корхонаҳои он вобаста ба ободонӣ ва рушди шаҳр дастуру супоришҳои иловагӣ медиҳад.”

Дар баробари ин, бархе аз корбарон гуфтаанд, ки чунин мушкил дар ҳамаи минтақаҳои кишвар вуҷуд надорад. Яке аз онҳо навиштааст: “Хушбахтона, дар минтақаи Рашт чунин ҳолат нест.”

Қаблан низ ба Azda TV борҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар муроҷиат ва шикоятҳо дар бораи ҷамъоварии маблағ, фурӯши иҷбории либоси мактабӣ ва маҷбур кардани волидон ба хариди либос аз ширкатҳои муайян ирсол шуда буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш як гурӯҳ аз волидони хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Ваҳдат бо ирсоли номаи дастаҷамъӣ ба Azda TV аз вуҷуди қонуншиканиҳои молиявӣ ва маъмурӣ дар ин муассиса хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, аз хонандагон барои хариди китоб, таъмири синфхонаҳо, гирифтани аттестат ва баргузории чорабиниҳои мактабӣ маблағ ҷамъоварӣ мешавад, вале маълум нест. Волидон ҳамчунин иддао карданд, ки муроҷиатҳои қаблии онҳо ба мақомоти соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат низ бенатиҷа будааст.

Бо вуҷуди он ки Вазорати маориф тайи солҳои охир борҳо аз манъи фурӯши иҷбории либоси мактабӣ ва ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ хабар медиҳад, идома ёфтани шикоятҳои волидон ва вокунишҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ин мушкил дар амал ҳанӯз ҳам дар бисёре аз мактабҳои кишвар ҳалли худро наёфтааст.

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

0

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва мардуми мазлуми Ғазза ӯ ва чанд размикори дигари доғистонӣ сарпарастони худро аз даст додаанд. Дар ин бора ӯ зимни мулоқот бо ҳаводоронаш дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико изҳори назар кардааст.

Ин варзишгари шинохта ва қаҳрамони собиқи UFC (бузургтарин созмони варзишие, ки мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаро баргузор мекунад) дар ин мулоқот гуфта, ки дар пайи изҳори ошкори мавқеъ дар ҳимоят аз Фаластин на танҳо худаш, балки Ислом Махачев, қаҳрамони UFC, Усмон Нурмагомедов, қаҳрамони PFL ва чанд узви дигари даста низ бархе қарордодҳои сарпарастиро аз даст додаанд.

“Бисёре аз сарпарастон намехоҳанд бо варзишгароне ҳамкорӣ кунанд, ки аз Фаластин ҳимоят мекунанд. Гап танҳо сари ҳимоят нарафта, онҳо қарордодҳоро қатъ мекунанд”, — гуфтааст Нурмагомедов.

Қаҳрамони собиқи UFC нагуфтааст, ки кадом ширкатҳо ҳамкориро бо ӯ ва ҳамдастаҳояш қатъ кардаанд ва ҳаҷми зарари молии онҳо чӣ қадар будааст.

Нурмагомедов вазъи мардуми Фаластинро “наслкушӣ” номида, аз варзишгарон ва дигар чеҳраҳои шинохта даъват кардааст, ки дар ин бора хомӯш набошанд. Ба гуфтаи ӯ, худи онҳо аз мавқеи гирифтаашон маблағи зиёдеро аз даст додаанд, аммо пулро наметавон бо ҷони инсон муқоиса кард.

Бояд гуфт, Ҳабиб ва чанде аз аъзои дастаи ӯ борҳо ошкоро аз Фаластин ҳимоят карда буданд. Аз ҷумла, Ислом Махачев баъди пирӯзӣ бар Дастин Порйе дар мусобиқаи UFC 302 дар моҳи июни соли 2024 аз сокинони Ғазза пуштибонӣ ва моҳи октябри соли 2023, баъди пирӯзӣ бар Александр Волкановски низ ҳамраъйии худро бо мардуми Фаластин изҳор карда буд.

Худи Ҳабиб Нурмагомедов ҳангоми мусобиқаи UFC 302 дар Ню-Ҷерсӣ бо Доналд Трамп мулоқот карда, аз ӯ хоста буд, ки ҷанг дар Фаластинро қатъ кунад ва Трамп дар посух гуфта буд, ки барои ин талош хоҳад кард.