18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 420

Олмон ҳам аз қатъи интиқоли гази Русия бенасиб намонд

0

Ширкати “Газпром”-и Русия дар вокуниш ба бастаи ҷадиди таҳримҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Арвупо интиқоли газ ба ширкати “Shell Energy”-и Олмонро ҳам қатъ кард.

Пеш аз ин ширкати “Газпром”-и Русия дар як иқдоми мушобеҳ интиқоли газро ба кишварҳои Лаҳистону Булғористон, Финляндияву Нидерландия ва Ҳоланд низ қатъ карда буд.

Иттиҳоди Аврупо, ки вобастаи нафту гази Русия аст ва алҳол кишварҳои узви ин иттиҳодия дар маҷмуъ ҳудуди 40 дарсад аз нафт ва наздик ба 25% гази худро аз Русия таъмин мекунанд, қасд дорад, то поёни соли ҷорӣ 90% аз воридоти нафти худро аз Русия қатъ кунад.

Пеш аз ин расонаҳои русӣ гузориш дода буданд, ки ширкати Газпроми Русия бо сабаби напардохтани ҳаққи истифодаи газ бо рубли русӣ интиқоли газ ба ширкати “GasTerra B.V.”-и Нидерландия ва ширкати Orsted-и Данияро низ қатъ кардааст.

Инчунин кишвари Ҳолланд ба фарқ аз дигар кишварҳои аврупоӣ, ки аз интиқоли гази Русия маҳрум шудаанд, яке аз истеҳсолкунандагони асосии газ дар Иттиҳоди Аврупост ва танҳо ҳудуди 5% аз ниёзҳои худро аз гази воридотӣ таъмин мекунад. Бо ин вуҷуд, ширкати “Газпром”-и Русия қабл аз он интиқоли газ ба ширкати “GasTerra“-и Ҳолландро низ боз дошта буд.

Қабалан Русия ба хотири дур задани шиддати таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва наҷоти қурби рубли русӣ аз варшикастагӣ эълон карда буд, ки фурӯши газ ба кишварҳои “ғайри дӯст”-ро бо рубли русӣ ҷорӣ мекунад. Владимир Путин ҳам таъкид карда буд, ки ҳар кишваре, ки аз пардохти ҳаққи истифодаи гази кишвараш бо рубли русӣ сарпечӣ кунад, аз интиқоли газ маҳрум мешавад.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар 24-уми февали соли ҷорӣ то кунун кишварҳои ғарбӣ чандин бастаи таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ карданд, то Маскавро водор кунанд аз идомаи ҳамалоти худ ба Киев даст бардорад, аммо ба назар мерасад, Русия дар ин рӯзу моҳҳои наздик қасди поён додани ҷанг дар ин кишварро надорад.

Ширкати “Газпром”-и Русия дар соли 2021 зиёда аз 2 триллион рубл даромад дошт. Қисми аз ин даромадҳояшро аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба даст оварда буд. Аммо тибқи оморҳои расмӣ танҳо дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 27% аз ин интиқоли гази худ ба Иттиҳоди Аврупоро коҳиш додааст. Акунун ба назар мерасад то поёни семоҳаи дуввуми сол интиқоли гази содиротии Русия ба Иттиҳоди Аврупо нисбат ба соли гузашта камтар аз 50%-ро ташкил хоҳад дод.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2-юми июн бо як сафари расмии дурӯза ба Узбекистон рафт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин сафар Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, Раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Тошкент Эмомалӣ Раҳмонро худи Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтааст.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар ҷараёни ин сафар масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба, ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои гунонун баррасӣ мешаванд.

Дар ноҳияи Рашт модари 66-сола маҳкум ба зиндон шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Лахш 1-уми июни соли ҷорӣ Мавҷигул Ғарибова, сокини ноҳияи Рашт ва модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳоро ба ду соли ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Мавҷигул Ғарибова

Дар ин бора бародарон Ҷунайдулло ва Фарҳод Худоёровҳо дар саҳифаҳои фесбукияшон хабар доданд.

Гуфта мешавад, Додгоҳи ноҳияи Лахш ин сокини ноҳияи Раштро бар асоси даъвои Алишери Насриддин, яке аз ҳамдеҳагони Худоёровҳо, ки гӯё пиразани 66-сола ӯро лату кӯб карда бошад, ва тибқи моддаи 237 Қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҳукм содир кард.

Фарҳод Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова дар суҳбат бо Azda tv аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карда, гуфт, ки он фармоишӣ аст ва ҳукм одилона содир нашудааст.

Ӯ мегӯяд, модараш бегуноҳ аст ва танҳо барои талаби ҳақиқат, яъне барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани қотилони бародарзодааш, Алиризо Худоёров талош мекард, додгоҳ чунин ҳукм содир кард.

“Худи муфаттиши ноҳияи Рашт Аҳёев Билол, ғайриқонунӣ нисбати модари ман парванда боз карда, аз чанд шоҳиди хусуматдор парвандаро тартиб додааст, ки билоихра додгоҳ модарамро ба 2 соли зиндон маҳкум кард.”, мегӯяд Фарҳод Худоёров.

Фарҳод Худоёров дар матлаби худ дар Фейсбук аз Президенти кишвар хоста буд, ки ҳокимияти судии кишварро барҳам диҳад. Azda tv сабаби чунин пешниҳодро аз ӯ пурсид ва дар посух гуфт:

“Вақте ҳокимияти судӣ фармоиш иҷро мекунад, мақомоти қудратӣ ва ё муфаттиши парванда шахсеро гунаҳкор ҳисобанд ва ҳарчизе, ки дар тафтишоти пешакӣ меояд, ҳамонро судя баррасӣ мекунад ва бидуни тағйир ҳукм мебарорад. Дар чунин ҳолат, вақте сухани муфаттиш барои судя қонун бошад ва аз ҳама боло истад, судя чӣ даркор аст? Муфтӯр чӣ лозим аст? Аз буҷети кишвар маош мегирад, вале ҳарчи мақомоти баландпоя бигӯяд ҳамонро мекунад.”

Ба гуфтаи Фарҳод Алишери Насриддин ва дигар нафароне, ки дар қатли бародарзодааш Алиризо Худоёров гумонбаранд, аз хешони мақомоти баландпоя ҳастанд, аз ҷумла Алишери Насриддин аз наздикони Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мебошанд ва аз ин хотир додгоҳҳо фармоиш иҷро карда, корро ба нафъи гумонбарон тамом кунанд.

Фарҳод мегӯяд, бо вуҷуди он ки сабти эътирофи Синоҷони Искандарро, ки иқрор мекунад дар куштори Алиризо Алишери Насриддин ҳам даст дошт, дар даст доранд ва ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, вале додгоҳ онро ба инобат нагирифтааст.

Оғози фаъолияти Бунёди ҳуқуқии “Бузургмеҳр”

0

Бунёди “Бузургмеҳр”, ки аз ҷониби хешу наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон берун аз кишвар таъсис ёфтааст, аз оғози фаъолияташ хабар дод.

Ҷамшед Ёров, адвокат ва бародари Бузургмеҳр Ёров, ки раҳбарии ин Бунёдро ба уҳда дорад, дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, баъд аз талошҳои зиёди наздикони маҳбусони сиёсӣ, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, муяссар шуд, ки ин Бунёдро ба расмият шиносанд ва ҳоло дар Лаҳистон кору фаъолиятро шуруъ кардаанд.

Ёров мегӯяд, ки “Бунёди “Бузургмеҳр” ташкилоти ҳуқуқӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии мардум, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ниёзмандон, баррасӣ ва расонавӣ кардани қазияҳои маҳбусони сиёсӣ ва афродe, ки таҳти таъқиб қарор доранд, инчунин мониторинги вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.”

Ҷамшед Ёров таъкид мекунад, ки “фаъолияти Бунёд бештар ба самти кор бо парвандаи маҳбусони сиёсӣ ва афродe, ки барои фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсияшон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд, равона шудааст. Чун ин гурӯҳ дар дохили Тоҷикистон осебпазир буда, аз ҳуқуқашон касе ҳимоят намекунад ва касе масъалаи онҳоро баррасӣ ва расонаӣ намекунад”.  

Ба гуфтаи масъулон, Бунёд расман дар Лаҳистон сабти ном шуда, ба хотири маҳбуси сиёсии тоҷик, дорандаи ҷоизаи “Homo Homini-2019”, ҷоизаи ба номи “Файзинисо Воҳидова-2019” ва дипломи “Ҷоизаи Ватслав Ҳавел -2019”, адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров номгузорӣ шудааст.

Бузургмеҳр Ёров маҳбуси сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик соли 2016 бо ҳукмҳои сохта, аз ҷумла  даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои “таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент” 5 соли дигар изофа кард. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ин иттиҳомотро беасос номида, мегӯянд, ӯ барои фаъолиятҳои адвокатияш равонаи зиндон шудааст.

СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар раҳоии бе қайду шарти ӯро аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, аммо мақомоти тоҷик то ҳол ин талаби созмонҳоро иҷро накардааст.

Сӯхтор дар бозори Фаровони Бохтар

0

Дар натиҷаи сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар дасти кам 12 нафар захмӣ шуда, вазъи саломатии як нафари онҳо вахим гузориш шудааст.

Шаби 1 ба 2-уми июни соли 2022 дар бозори марказии шаҳри Бохтар, ки ба бозори “Фаровон” маъруф аст, сӯхтор ба амал омадааст. Дар аксу наворҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр кардаанд, дида мешавад, ки алангаи оташ даҳҳо дукону мағозаҳоро ба коми худ фурӯ мебарад.

Сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бештар мағозаву дуконҳои воқеъ дар растаҳои қолинфурӯшӣ, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои электронӣ ва матоъфурӯширо дарбар гирифтааст.

Дар бархе наворҳои ахир дида мешавад, ки бо гузашти наздик ба 12 соат аз оғози сӯхтор ҳамон мошинҳои оташнишонӣ дар дохили бозор ҳузур доранд ва талош мекунанд, оташро пурра хомӯш кунанд.

Гуфта мешавад, иллатҳои аслии сар задани сӯхторро ҳанӯз мақомот пурра таҳқиқ ва расман эълон накардаад, аммо чун бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар дар маркази ин шаҳр ҷойгир шудааст, пас аз ташкил ва таъсиси бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар ин шаҳр ин бори чандум аст, ки дар ин бозор сӯхтор ба амал меояд.

“Фатво”-и мулло Абдурраҳими Кулобӣ дар бораи қатли эътирозгарон

0

Раҳим Каримов, маъруф ба мулло Абдурраҳими Кӯлобӣ дар бораи саркӯб ва қатли эътирозгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “фатво” додааст.

1-уми июни соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори наздик ба чор дақиқаие роҳ ёфт, ки нишон медиҳад, дар он

Вай бидуни ном бурдан аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар гузашта худи ӯ низ яке аз раҳбарони минтақавии ин ҳизб буд, мегӯяд, “соли 1992 ҳамин чизро ҳамин гурӯҳ ташкил кард…”

Пеш аз мулло Абдурраҳим мақомоти Тоҷикистон низ раҳбарони ПМТ-ро ба даст доштан дар ташкили эътирозҳои Бадахшон муттаҳам карда буданд, аммо аксари раҳбарони ҲНИТ ва ПМТ, ки дар кишварҳои Аврупоӣ ба сар мебаранд, ин иддаоҳои мақомотро рад карда гуфтаанд, ки дар ҳодисаҳои ахири ВМКБ даст надоранд.

Ҳодисаҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тайи се ҳафтаи охир идома доранд, дар асл мардуми осоишта барои таъмини адолат, таҳқиқи парвандаҳои афроди кушта ва захмигардида дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва талаби истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ оғоз шуда буданд, вале мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ бо мардум бархуриди сахт нишон доданд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷони худро аз даст дод.

Мақомоти корҳои дохилӣ то кунун дасти кам дар бораи кушта шудани 25 нафар хабар додааст, вале манобеи дигар теъдоди кушташудаҳои нооромиҳои ахир дар ин вилоятро каму беш ҳудуди 70 нафар гуфтаанд. Инчунин тибқи оморҳои расмӣ ва ғайри расмӣ то кунун беш аз 150 нафар боздошт ва даҳҳо каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун захм бардоштаанд.

Боз шудани хатсайри нави “Сомон Эйр” байни Душанбе ва Мюнхен

0

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ “Сомон Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири нави Душанбе-Мюнхен хабар дод. Дар ин бора маркази матбуоти ширкат иттилоъ медиҳад.

“Парвозҳо дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе аз 6 июни соли 2022 оғоз шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешаванд”, омадааст дар хабари ин ширкат.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози пандемияи коронавирус ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хатсайри Душанбе-Франкфурт парвоз мекарданд.

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш пурра иҷро шуд

0

Вазорати мудофииа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, ВМКБ дар рӯзи аввали даъват ба артиш  аз иҷрои нақша хабар дода, дар нимаи аввали моҳи апрел шаҳри Душанбе ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаро пурра иҷро карданд.

Вазорати мудофиаи кишвар аз ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд ва волидоне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардидаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.

Ҳамзамон Вазорат таъкид карда, ки бо вуҷуди пурра иҷро шудани нақшаи даъват ба артиш, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки соли 2020 қабул гардида буд,  “ҷавонони синни даъватӣ бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд”. Яъне, тибқи ин модда мақомот метавонанд давоми сол ҳар вақт ҷавононро ба комиссариат даъват ва барои ба артиш ҷалб намудан омода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома мекунад.

Дар ин мавсими навтӣ хабару наворҳои зиёде дар бораи ҷалби иҷбории ҷавонон ва ҳатто донишҷӯён расонаӣ шуд.

Мақомот ба фарқ аз солҳои қабл дар ин даъвати баҳорӣ аз шеваи нав истифода бурданд. Шеваи нави даъват ин буд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода мешуд, ки “ихтиёран” имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Баъди ин мактуб, расонаҳои ҳукуматӣ аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр намуда, гуфта буданд, ки донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, қисми зиёди хатмкунандагон ва волидонашон ба расонаҳо шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то имтиҳонро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Русия ҳамлаҳои худ ба Украниаро “ҷанги шаҳрвандӣ” хонд

0

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, Маскав омодааст бо Киев сари мизи гуфугӯ ва музокирот бишинад, то дар Украина сулҳу субот барқарор шавад.

Бино ба иттилои, “INTERFAX“, “Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Русия музокирот бо Украинаро барои расидан ба созишномаи сулҳ идома медиҳад.”

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бар хилофи президенти ин кишвар Владимир Путин ҳамлаҳои кишвараш ба Украинаро “ҷанги шаҳрвандӣ” гуфта, таъкид кардааст: “Мо барои музокирот омодаем ва ба роҳҳалҳои мусолиматомези дипломатӣ ниёз дорем, аммо ин иродаи ду кишварро тақозо мекунад.”

Валентина Матвиенко, ки дирӯз ҳангоми мулоқот бо президенти Мозамбик дар Мапуту суҳбат мекард, афзуд:

Мо барои музокирот, имзои созишномае, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина хотима бахшад ва ба сулҳ оварда расонад, омодаем, аммо чунин вокунишеро аз тарафи Киев намебинем.

Рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврали соли 2022 амалиёти низомии Русия дар минтақаи Шарқ ва Шимолу Шарқи Украина пас аз фармони Владимир Путин оғоз шуда буд.

Қабл аз оғози амалиёт раисҷумҳури Русия дар паёмаш гуфта буд: “Мутобиқи моддаи 51 қисми 7-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, бо иҷозати Шӯрои Федератсия Русия ва бо риояи шартномаҳои дӯстӣ ва кумаки мутақобила, ки аз ҷониби Маҷлиси федералӣ 22 феврали соли ҷорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Луганск тасмим гирифтам, ки амалиёти махсуси низомӣ гузаронам.”

Путин то имрӯз иддао дорад, ки ин амалиёти ӯ дифоъ аз худ ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои бузургтаре анҷом мешаванд. Аммо Амрико ва сарони кишварҳои арврупоӣ ин амалиёти низомии Русияро ҳуҷум ба хоки Украина дониста, аз Путин хостанд, фавран амалиётро қатъ кунад.

Бо гузашти наздик ба 100 рӯз аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина то кунун Маскав натавонистааст, ки ба аҳдофи худ дар ин ҳамсоякишвараш даст пайдо кунад ва бо вуҷуди зери фишорҳо ва таҳримҳои зиёд қарор гирифтан ҳанӯз маълум нест, ки ҷанг дар Украина кай поён меёбад.

Тавофуқи Иттиҳоди Аврупо бар сари манъи воридоти нафти Русия

0

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ бар сари масдуд кардани аз се ду ҳиссаи воридоти фаровардҳои нафтии Русия ба тавофуқ расиданд.

Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар нишасти ахири худ, бо вуҷуди зиддияти Маҷористон бар сари таҳрими куллии маводи нефти Русия, ҳаддиақал ба манъи воридоти аз се ду ҳиссаи он ба тавофуқ расиданд.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо гуфта, ки ин иқдоми навбатии Аврупо алайҳи Русия ба хотири поён додани ҷанг дар Украина гирифта шуда ва умедвор аст “ин иқдом боиси фишори ҳадди аксаре бар Русия барои поён додан ба ҷанг мешавад”.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳои аврупоӣ барои ҷорӣ кардани ин таҳрими навбатӣ алайҳи Русия ба ихтилофоте байни худ рӯ ба рӯ шуданд. Маҷористон бештар сари ин масъала мухолифат нишон медод.

Манъи воридоти нафти Русияро ҳамчун таҳрими навбатӣ алайҳи Русия моҳе пеш Комиссияи Аврупо, ки асосан танзимгари қовонини Иддиҳодия аст, пешниҳод карда буд.