22.9 C
Dushanbe

Ниёзмандонро кӣ дастгирӣ мекунад, Президент ё муҳоҷирон?

Ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мақомоти шаҳри Турсунзода ба собиқадорони ин ҷанг 15 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” мақомоти шаҳри Турсунзода ин кумакро аз номи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги ҷаҳонӣ тақдим кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадори ҷанг ва 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ боқӣ мондаанд.

Агар ин маблағи 15 ҳазор сомонӣ ба 6 нафар иштирокдорони Ҷанги ҷаҳонӣ ба таври баробар тақсим шавад, ба ҳар нафаре 2,5 ҳазор сомонӣ (ба қурби имрӯзаи Бонки миллӣ ҳудуди 200 доллари амрикоӣ) мерасад. Яъне Эмомалӣ Раҳмон аз собиқадорони ҷанг, ки хеле шуморашон кам мондааст, 200 долларӣ қадрдонӣ кардааст.

Албатта, ин маблағ (агар дуруст бошад) аз кисаи чанд соҳибкори бозор ва корхонаҳо рӯёнда шудааст, на мустақим аз маоши Эмомалӣ Раҳмон ва ё мансабдори дигаре.

Аммо дар баробари ин, имрӯзҳо мебинем, ки гурӯҳе аз блогерони тоҷик барои кумаки ниёзмандон ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат мекунанд, ки дар як фурсати бисёр андак муҳоҷирон ва мардуми Тоҷикистон ба онҳо маблағи хеле зиёд, ки ҳатто барои харидани хонаи нав кифоят мекунад, кумакашон мекунанд.

Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешавад, як маъюбе дар орзуи як аробачаи махсуси маъюбӣ аст то битавонад ба воситаи он ба берун барояд ва онро хайрхоҳон ба ӯ мерасонанд, ки мегӯяд, кумаку ғамхории мардумро дида, “дилам ба зиндагӣ гарм шуд“.

Оё то ин дам ҳукумат воқеан наметавонист як аробачаи маъюубӣ барояш ҳадя кунад ва ӯ битавонад аз хонааш берун барояду аз паси ризқу рӯзияш гардад? Ва ё аз ҳоли чунинҳо бехабар буданд? Албатта, ҳам медонист ва ҳам метавонист. Як сафари бо дабдабаи Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ки миллонҳо сомонӣ масраф мешавад, агар нисфи маблағи он ба маъюбу ниёзмандон расонида шавад, шояд хонаи даҳҳо ниёзманд обод гардад.

Модом ки мардум худаш маъюбу ниёзмандони ҷомеаро бо пули муҳоҷират таъмин мекунад, ин ҳукумат барои кӣ ва чӣ кор мекунад, ки наметавонад ниёзи касеро бароварда созад? Ин миқдори маблағе, ки аз будҷаи кишвар барои бознишастагон ва маъюбон ҷудо мешавад, оё воқеан ба дасти соҳибонашон мерасад? Агар мерасид, ҳечгоҳ як мард барои як буридаи нон ашки ғам намерезонд.

Маҳмадалӣ Юсуф

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.