23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 442

Ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нафақа медиҳанд

0

Аз ин ба баъд дар Русия ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки ба синни бознишастагӣ расидаанд, нафақа дода мешаванд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел дар ҷаласаи навбатии худ созишнома миёни Тоҷикистону Русияро, ки тибқи он ба муҳоҷирони кории тоҷик нафақа дода мешавад, ба тасвиб расонд.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи порлумон изҳор дошт, ки тибқи ин санад, аз ин ба баъд Русия ва Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар кишвари якдигар кор кардаанд, нафақа диҳанд, аммо бо як шарт.

Ба гуфтаи Давлатзода талабот ин аст, ки  шаҳрвандон дар кишваре, ки кор мекунанд, бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Яъне андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон, ки дар кишвари якдигар кор кардаанд, пас аз бозгашт ба ватан қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта шуда, ба ӯ нафақа пардохт мешавад.

Ин созишнома ҳанӯз солҳои 2014-2015 аз ҷониби Русия омода шуда, моҳи сентябри соли 2021 ба имзо расида буд. Ва имрӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онро ба тасвиб расонид.

Тибқи оморҳои ғаёрирасмӣ, дар Федератсияи Русия ҳудуди 2 млн муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Русия муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 млн мегӯяд, аммо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат мегӯяд, дар хориҷ танҳо 387 ҳазор муҳоҷири корӣ доранд.

Тирпарронӣ дар марз: Боз як марзбони тоҷик кушта шуд

0

Шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонон тирпарронӣ рух дода, як марзбони тоҷик баъд аз захми шадид ҷон бохт.

Акс аз “Asia-Plus”

Пештар гуфта мешуд, ки Зоир Саидумаров, як марзбони 27-солаи тоҷик аз қафаси сина ҷароҳати вазнин бардоштааст ва ҳолаташ вахим аст. Баъдтар Радиои Озодӣ бо такя ба манбааш аз мақомоти кишвар кушта шудани Саидумаровро, ки сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон будааст, тасдиқ кард.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки бар асари тирпарронӣ як марзбонашон захмӣ шудааст ва сокинони наздимарзиро ба ҷои амн интиқол додаанд. Инчунин сабаби сар задани ҳодисаро мақомоти қирғиз танишҳои лафзӣ байни марзбонон гуфтаанд, аммо Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон мисли ҳамеша то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҷамоати Хистеварз дар сар задани тирпарронӣ ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор карданд, Қирғизистон бошад, марзбонони тоҷикро гунаҳкор медонад.

Пас аз сар задани ин ҳодиса мақомоти ду кишвар барои таҳқиқи он дар минтақаи Борбодуки ноҳияи Лайлак ҷамъ омаданд. Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки “нерӯҳои худро аз хатти марз ба маҳалли доимияшон бармегардонанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахирро пурра меомӯзанд.”

Амрико ба марзбонони тоҷик наздики $2 млн кумак кард

0

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии кишвар маҷмӯи кумакҳоеро тақдим кард, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиону 850 долларро ташкил медиҳад.

Тавре сафорати Амрико дар Душанбе хабар медиҳад, 31-март ба марзбонони тоҷик радиостансияҳо ва мошинҳои боркаши Ҷип J8 ба маблағи 1,1 миллион доллар туҳфа кардааст. Ба гуфтаи намояндагии ИМА, ин кумак ба нерӯҳои марзбонӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва иртибот барқарор кунанд.

Гуфта мешавад, маблағи умумии кумакҳои Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки шомили дастгоҳҳо ва қисмҳои эҳтиётии ҷипҳо, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзишӣ аст, 1.85 миллион долларро ташкил медиҳад.  

Аз ин пештар, моҳи ноябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонон 18 адад мошини Ҷип J8 ба маблағи 1,4 миллион доллар тақдим карда буд.

Амрико аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон дар самтҳои амният, аз ҷумла омӯзиши низомиён, интиқоли таҷҳизот ва фанновариҳо ба маблағи беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки дар тӯли ин муддат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 400 адад мошин ба маблағи беш аз 13 миллион доллар супурда шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳбоз Шариф

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон номаи табрикотӣ фиристод.

Акс аз сомонаи Президент

Асри имрӯз, 12-уми апрели соли 2022, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикотӣ ба Сарвазири тозаинтихоби Покистон Шаҳбоз Шариф хостори беҳтар шудани равотиби ду кишвар шуд.

Дар ин номаи тарбрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, “итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.”

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои боз ҳам беҳтар кардани робитаҳои ду кишвар “омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.”

Гуфтанист, дирӯз, 11-уми апрели соли 2022 Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шариф бо касби 174 раъй дар як раъйгирии бидуни рақиб дар парлумони Покистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллии ин кишвар ба унвони Нахуствазир интихоб шуд.

Пеш аз ин рӯзи 10-уми апрел парлумони ин кишвар ба собиқ Нахуствазири он Имрон Хон раъйи адами эътимод дода, дар торихи Покистон якумин Сарвазире буд, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ аз қудрат канор ронда мешавад.

Бохти пайҳами “Истиқлол” дар Лигаи каҳрамонҳои КФО-2022

0

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022-ро низ бохт.

Дар бозии дуюми худ “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Шарҷа”-и Аморот Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи “Истиқлол” голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум ба нишон расонида, ҳисобро боз кард. Аммо дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Шарҷа” ду тубро ба ҳадаф расониданд.

Дастаи “Истиқлол” дар бозии якумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” аз дастаи “Ал-Райян”-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буд.

Бозии навбатии худро дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин мусобиқа, 15-уми апрел бо пешсафи гуруҳи “А” – тими “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ мегузаронад, ки дар ду бозӣ пайиҳам ду ғалаба ба даст оварда аст.

Пас аз ду даври бозиҳо, дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар гурӯҳи “А” бо касби 0 хол дар мақоми охирон қарор дошта, шонси аз ҳама кам дар гурӯҳро барои баромадан ба даври дигар дорад.

Бозиҳои гурӯҳи “А” дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар Арабистони Саудӣ гузашта истодааст.

Нерӯҳои фаластинӣ: Исроил қатлу боздоштҳоро қатъ кунад

0

Нерӯҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза эълон кардаанд, ки Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва Қурдси ишғолиро танҳо намегузорем.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Раъюулявм”-и чопи Ландан, мақомоти мисрӣ, ки ба ҳайси миёнҷигар байни нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ва Исроил амал мекунанд, имрӯз нерӯҳои муқовимати фаластиниро зери фишор қарор дода, ҳушдор додаанд, ки вориди маърака нашаванд, то Исроил ба Ғазза низ ҳамла накунад.

Манбаъ меафзояд, Исроил аз мақомоти Миср хостааст, ки ба нерӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза фишор оваранд, то дар ҳаводиси кунунии Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддас ширкат наварзанд ва дар айни замон ҷабҳаи Ғаззаро гарм накунанд, вагарна натиҷа он мешавад, ки Исроил амалиёти низомии кушодаеро низ алайҳи Ғазза оғоз мекунад.

Аммо, нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ва дар раъси онҳо Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар посух гуфтаанд, ки суботу оромии Ғазза наметавонад давомдор бошад, агар Исроил қатлу куштор, боздоштҳои худсарона ва бесуботиро дар Каронаи Бохтарӣ қатъ накунад, нерӯҳои фаластинӣ дар Ғазза ҳарфҳое зиёде (дар майдони ҷанг) барои гуфтан бо Исроил доранд. Ҳамос ҳам таъкид карда, ки барои то шаш моҳи ҷанг омодагӣ дорад.

Пеш аз ин вазири ҷанги Исроил дар суҳбат бо расонаҳои хориҷӣ эълон карда буд, ки артиши Исироил барои ҳама сенарюҳо омодааст, ва метавонад майдони ҷангро ба Ғазза ё Лубнон интиқол диҳад.

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахир шаҳрҳои мухталифи Исроил обистани бесуботӣ ва нооромиҳо гардида, дар ин муддат даҳҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шудаанд.

Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон

0

Рӯзи 11-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, Расиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармоне шуморе аз мансабдоронро аз вазифаҳояшон сабукдӯш ва ба мақомҳои дигар таъйин кард.

Раҳмон дирӯз бо фармоне Субҳонзода Икром Субҳонро аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда ва ба вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард.

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз вазорату корхонаҳои давлатӣ муовинонашон шахсони нав таъйин карда шуд. Аз ҷумла ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Абдулозода З. Н. ва муовини вазири молияи кишвар Қурбонзода С. С. ва инчунин муовини раиси Кумитаи дин, муовини вазири корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои кишвар шахсони нав таъйин шуданд.

Ба назари бархе аз коршиносон яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи кадрии кишвар ин аст, ки кадрҳо мутахассисони соҳа нестанд ва ҳар кас аз ҳисоби наздикӣ ба Раҳмон ва оилаи ӯ ва ё миқдори маблағи додааш метавонад вазифаеро соҳиб шавад, кадри он соҳа нест ва дар натиҷа он соҳа рӯ ба шикаст меорад.  

ВМТ: Дар даҳ рӯз 40%-и нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш иҷро шуд

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар даҳ рӯз 40% нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иҷро кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш, яъне якуми апрел 100% иҷро карда буд.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 40 %-ро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар даҳ рӯзи аввал 27 дарсадро ташкил додааст.

Аммо дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақша 47,3 дарсад иҷро шуда, комиссариатҳои ҳарбии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе, дар умум 42% нақшаро дар даҳ рӯзи аввал иҷро кардаанд.

Дар ҳоле Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 40% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавон ба артиш хабар медиҳад, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввал наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо маҷбуран бо усули “облава” барои хидмат ба артиш бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома хоҳад кард.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Бо вуҷуди ин ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳар мавсим сабти даҳҳо ҳолати “облава” нашр мешавад, боз ҳам мақомот иддо мекунанд, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Болоравии 7,5% пули миллӣ- сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон бар хилофи дирӯз, имрӯз қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русиро 7,5 дарсад боло бурд.

Имрӯз, 12-уми апрели соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ 0.1585 эълон кард. Ба ибораи дигар, Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он 1000 рубли русӣ 158 сомониву 50 дирам арзиш дорад.

Дирӯз, 11-уми апрели соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1000 рубли русиро 171, сомониву 50 дирам эълон карда буд, вале дар бозори арзҳо ва бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ пойинтар аз он буд, ки Бонки миллии кишвар эълон карда буд.

Пеш аз ин Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми моҳи апрели соли ҷорӣ борҳо қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла рубли русӣ 12,5 % пойин бурда буд, аммо субҳи имрӯз дубора арзиши сомонӣ дар баробари рубли русиро 7,5 дарсад боло бурдааст.

Бо ин вуҷуд, бонкҳои тиҷоратии кишвар ва дигар муассисаҳои молӣ хариди 1000 рубли русиро шурӯъ 136 сомонӣ то 147 таъйин карда ва фурӯши онро аз 137 то 160 сомонӣ ба роҳ мондаанд.

Гуфта мешавад, ҳолати ноустувор ва бо суръат тағйирёбандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ, ба хусус дар баробари рубли русиро дар ин як моҳи ахир баъзе аз коршиносони соҳа рӯйкарди сунъӣ ва бозие пушти дарҳои Бонки миллӣ ва дигар бонкирҳои наздик ба оилаи Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин бозиро дар ҳоли ҳозир Ҷамолиддин Нурализода (Нуралиев), Муовини якуми раиси Бонки миллӣ ва молики Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП) “Спитамен Бонк” ва шавҳари Озода Раҳмон идора мекунад. Ва ба дунболи он дигар бонкҳои мансуб ба наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ва бархе дигар аз муассисаҳои молии амалкунандаи кишвар низ аз ин кор суди калоне ба даст меоранд.

Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шариф Нахуствазири Покистон шуд

0

Парлумони Покистон пас аз барканории Имрон Хон, собиқ Сарвазири Покистон имрӯз Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, раиси Ҳизби Муслим лег, шохаи Навоз, бародари Навоз Шарифро Нахуствазири ин кишвар интихоб кард.

Акс аз ББС

10-уми апрели соли 2022 Маҷлиси миллии  Покистон Имрон Хон, собиқ Сарвазири ин кишварро аз симати худ барканор кард. Ба дунболи он Маҳмуд Қурайшӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Покистон аз Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон ва Муҳаммад Шаҳбоз Шариф аз Ҳизби Муслим лег, шохаи Навоз ва намояндаи мухолифин номазадии худро ба мақоми нахуствазирӣ ба парлумон пешниҳод карда буданд.

Аммо субҳи имрӯз пеш аз оғози ҷаласаи раъйгирӣ дар парлумон вакилони мансуб ба Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон бо раҳбарии Имрон Хон ҳама яке паси дигар истеъфои худро эълон карданд, сипас Маҳмуд Қурайшӣ низ ночор номзадиашро пас гирифт ва дар ин рақаботҳо Шаҳбоз Шариф танҳо монд.

Дар ин рақобатҳои сиёсӣ Шаҳбоз Шариф, номзади ягона ба мақоми нахуствазирӣ бо касби 174 раъй дар парлумони ин кишвар ба симати Нахуствизир инхоб шуд ва қарор аст имрӯз маросими савгандёкунии ӯ дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳузури Президенти ин кишвар Ориф Алавӣ баргузор шавад.

Муҳаммад Шаҳбоз Шарифи 70-сола ба унвони 23-умин Нахуствазири Покистон қарор аст то баргузории интихоботи умумии Покистон дар окятбри соли 2023 дар ин симат боқӣ монад.

Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо вуҷуд солҳо дар мақомҳои мухталифи давлатӣ, дар Панҷоб – бузургатарин иёлати Покистон кор кардан, вале то андозае зери сояи бародараш Навоз Шариф қарор гирифта буд ва мардум дар дохили ин кишвар ӯро бештар ба унвони як мудири пуркор ва бо таҷриба мешиносанд, то ин ки ӯро ба унвони як сиёсатмадори муваффақ эътироф кунанд.