26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 443

Болоравии қурби рубли русӣ дар баробари арзҳои ҷаҳонӣ

0

Бархе коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад дар давоми соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар баробари тамоми арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла доллари ИМА ба ҳадде боло меравад, ки 6-7 сол пеш буд.

Сомонаи шабакаи Алҷазираи Қатар бо нашри як матлаб ба таҳлили ҷанбаҳои мухталифи бо суръат боло рафтани рубли русӣ дар давоми як моҳи ахир пардохта гуфтааст, ки бархе коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ бар ин боваранд, ки давоми соли ҷорӣ қурби 1$ аз 75 имрӯз то ба 40 рубли русӣ пойин хоҳад шуд.

Бар асоси додаҳои ин матлаб, таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Русия омили асосии болоравии қурби рубли русӣ дар барорабри доллари ИМА будааст. Зеро дар ин давра чун осмони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия бастааст, ҳамҷи интиқоли мусофирон ва молу колоҳо ба шиддат поён рафта, талабот ба арзҳои хориҷӣ, ба хусус доллари ИМА евро низ хеле кам шудааст.

Аз сӯи дигар иқдомҳои ҳукумат ва Бонки марказии Русия, аз он ҷумла маҳдуд кардани интиқоли арзҳои хориҷӣ аз Русия ба дигар кишварҳо ва фурӯши фаровардҳои нафтӣ ва газ бо рубли русӣ боис шудааст, ки қурбли пули Русия боло биравад.

Гуфта мешавад, қурби рубли русӣ дар давоми 47 рӯзи ҷанги Русия бо Украина марҳилаҳои нишебу фарозҳоеро бо суръат тай кард, ки хеле аз коршиносони ҷаҳониро ба ҳайрат гузошт. Чун бар ин бовар буданд, ки ҳар чӣ қадр теъдоди таҳримҳо алайҳи Русия зиёд шавад, иқтисоди он фалаҷ ва қурбли пулаш бештар суқут мекунад, аммо ин хел нашуд.

10-уми марти соли ҷорӣ қурбли рубли русӣ пойинтарин марҳилаи суқути худро дар баробари арзҳои хориҷӣ таҷриба кард. Он замон 1 доллари ИМА бо қимати зиёда аз 135 рубли русӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ доду гирифт мешуд, аммо имрӯз ба марҳилае расида, ки пеш аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина қарор дошт.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, имрӯз 11-уми апрел 1000 рубли русиро баробар ба 171,5 сомонӣ эълон кардааст. Дар ҳоле, ки 1000 рубли русӣ аз якум то ҳафтуми апрел ҳудуди 150 сомонӣ муайян шуда буд.

Зеленский: Русия моро бомборон карданист, вале бепосух нахоҳад монд

0

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар як

Зеленский дар ин паём аз мардуммаш хост, ки барои ҳамлаи густардаи Русия дар манотиқи шарқии кишвараш омода бошанд. Ӯ дар идома таъкид кард, ки нерӯҳои украинӣ низ барои посух додан ба ҳар ҳамлаи Русия омода ҳастанд.

Ин паёми расиҷумҳури Украина дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия фармондеҳи артишашро иваз кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, таъйин шудани генерал Александр Дворников ба мақоми фармондеҳи артиши Русия далели тағйир ёфтани тактикаи Кремл ва ҳамлаҳои густарда алайҳи Украина мебошад.

Гуфта мешавад, Дворников солҳои 2015-2016 фаромондеҳи нерӯҳои Русия дар Сурия таъйин шуда буд ва маҳз бо фармони ӯ шаҳри Ҳалабро бомборон карданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ғайринизомӣ кушта шуд.

Амрико дар пайи таъйн шудани фармондеҳи ҷадиди артиши Русия вокуниш нишон дода, гуфта, ки интисоби Александр Дворников ба эҳтимоли зиёд омори “қатлу куштори ваҳшиёна”-ро бештар мекунад, аммо нокомии низомии Русияро наметавонад бипӯшонад.

Поин рафтани қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Дар давоми ёздаҳ рӯзи моҳи апрел, қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ 12,5 % поин рафтааст.

Расм аз Asia Plus

Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, имрӯз 11-уми апрел 1000 рубли русиро баробар ба 171,5 сомонӣ эълон кардааст. Дар ҳоле, ки 1000 рубли русӣ аз якум то ҳафтуми апрел ҳудуди 150 сомонӣ муайян шуда буд.

Шаҳрвандони кишвар мегӯянд, ки бонкҳо 1000 рубли нақдро бо қурби 140-144 сомонӣ ва аз ин ҳам поинтар иваз мекунанд.

Бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Ориёнбонк 1000 рубли русиро – 140 сомонӣ, Бонки Эсхата – 146 сомонӣ, Коммерсбонк – 100 сомонӣ, Амонатбонк – 138 сомонӣ, Алиф Бонк – 141 сомонӣ ва ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо” – 158 сомонӣ харида, онро аз 139 сомонӣ то 166 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Болоравии қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ дар ҳоле аст, ки баъди ҳамлаи Русия ба Украина рубли русӣ дар баробари асъори хориҷӣ ба шиддат пойин рафта, 1 доллар баробар ба 150 рубл ва 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон бо нархи 80-90 сомонӣ иваз карда мешуд. Вале аз нимаи моҳи март, баъди талаби Президенти Русия Владимир Путин дар мавриди бо рубл фурӯхтани газ, қурби рубл боз боло рафт.

Гуфтанист, қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷики Русия хеле муҳим аст.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик тариқи бонкҳо соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар пул равон кардаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Интихобот: Рақобати Макрон ва Ле Пен пас аз ду ҳафта идома мекунад

0

Пас аз шумориши ниҳоии овозҳои интихоботи президентии Фаронса, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, Эммонуэл Макрон бо ба даст овардани 27,6%-и овозҳо ғолиби давраи аввали интихобот

Дар даври дуввуми интихобот, ки қарор аст 24-уми апрел баргузор шавад, Макрон бо номзади рости ифротӣ Марин Ле Пен, ки ҳоло 23,4%-и овозҳоро соҳиб шудааст, рақобат хоҳад кард.

Дар даври аввали интихоботи дирӯза 12 номзад аз ҳизбҳои гуногуни Фаронса ширкат карданд, ки ғайр аз Макрон ва Ле Пент боқӣ номзадҳо дар маҷмуъ аз 21,95% то 0,57% овози интихобкунандаконро ба даст оварда буданд. Пас аз эълони натоиҷи оро, ҳам Макрон ва ҳам Ле Пен аз тарафдорони дигар ҳизбҳое, ки дар давраи аввал ба онҳо раъй надода буданд, хостанд, ки дар давраи дуввум ба онҳо раъй бидиҳанд ва аз онҳо пуштибонӣ кунанд.

Макрон дар интихоботи президентии Фаронса дар соли 2017 бо гирифтани 24,01% ва Ле Пен бо 21,3% овозҳо дар давраи дуввум бо ҳам рақобат карда буданд, ки дар давраи дуввум Макрон бо соҳиб шудани 66,10%-и оро президенти Фаронса эълон шуд.

Баҳодур Усмонов сазовори медали тилло шуд

0

Варзишгари шинохтаи тоҷик, Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалии “GeeВee Boxing Tournament-2022” дар Финляндия сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз рӯзи 7-ум то 10-уми апрел дар шаҳри Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финляндия, Норвегия, Шветсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа, муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифт.

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5 кг дар ин мусобиқа дар аввал озод буд ва муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда, намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканянро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Баҳодур дар даври нимниҳоӣ бо Ричард Ковач аз Венгрия қувваозмоӣ намуда, ӯро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Муштзани тоҷик дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, сазовори медали тилло гашт.

Мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament” ҳамасола аз соли 1982 ба хотираи муштзани финландӣ Гуннар Барлунд баргузор мешавад.

Украина: Ҳамла ба истгоҳи роҳи оҳан беш аз 140 кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт

0

Бар асари як ҳамлаи мушакӣ ба истигоҳи роҳи оҳане дар Украина зиёда аз 39 кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудааст.

Владимир Зеленский,

Бо ин ҳол, имрӯз 8-уми апрел Вазорати дифои Русия бо нашри як наворе, ки партоби як мушак дар он ба намоиш гузошта шудааст, хабар дода, ки Русия “амалияти махсуси низомии худро дар Украина идома медиҳад.”

Инчунин дар аксу наворҳои нашршуда дида мешавад, ки пас аз ҳамла кормандони полис ва дигар гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷои ҳодиса рафта, ба ҷамъоварии ҷасадҳо ва кумаки осебдидаҳо машғул шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамлаи имрӯз ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск тавассути як мушаки “Точка-У” сурат гирифтааст, яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳо ба сокинони осоиштаест, ки дар муддати 44 рӯзи ҷанги Русия бо Украина ба қайд гирифта мешавад.

СММ ширкати Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт

0

Рӯзи 7-уми апрел Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт. Маскав аз ин ба баъд дар ҷаласаҳои Шӯро аз ҳаққи раъй додан ва суханронӣ кардан маҳрум шуд.

Барои боздошти Русия аз Шӯрои ҳуқуқи СММ 93 кишвар ба ҷонибдорӣ ва 24 кишвар зид раъй доданд. Аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифи ин қатънома раъй додаанд. Аммо 58 кишвари дигар бо шумули Ҳиндустону Покистон ва аксари кишварҳои арабӣ аз раъй додан даст кашидан.

Ин иқдом дар пайи иттиҳомот алайҳи Русия ба “ҷинояти ҷангӣ”, ки тавассути сарбозони он дар манотиқи Украина, ба хусус дар Буча рух дода, гирифта шудааст.

Пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз атрофи Киев, аксҳое аз ҷасадҳои беҷони садҳо ғайринизомӣ дар кучаҳои шаҳри Буча дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вокуниши ҷаҳониро ба бор овард.

Дар пайи он кишварҳои ғарбӣ хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия шуданд, аммо Кремл ин иттиҳомотро ба шиддат рад кард ва онро “иғвои набатии Киев” номид.

Уфти 8%-и сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки арзиши пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ 8 дарсад суқут кардааст.

Имрӯз, 8-уми апрели соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 8 дарсад боло бурд ва 1 рубли русиро баробар ба 0,1634 сомонӣ таъйин кард.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши дигар арзҳои хориҷӣ ба мисли доллари амрикоӣ ва евроро бетағйир боқӣ монда, қурби 1$ 12.5000 ва 1€13,6438 сомонӣ таъйин кардааст.

Дар Ориёнбонк қурби 1000 рубли русӣ бар ивази 145 сомонӣ харид ва бо арзиши 156 сомонӣ фурухта мешавад, вале дар Алифбонк арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид 140 сомонӣ ва дар вақти фурӯҳ 161 сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо дар Бонки Эсхата бошад 1000 рубли русиро бо қимати 145 сомонӣ мехаранд ва бо арзиши 163,2 сомонӣ мефурӯшанд. Аммо дар Ҳумо, ташкилоти қарзии хурд бошад, нисбат ба ин бонкҳо қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ сомонӣ баландтар буда, онҷо 1000 рубли русиро бо қимати 155 сомонӣ харид ва бо арзиши 156 мефурӯшанд.

Бо ин вуҷуд, Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1000 рубли русиро 163 сомониву 40 дирам таъйин кард, вале дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои молии кишвар ин рақам фарқ мекунад.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар баробари тамоми арзҳои хориҷӣ ба шиддат суқут карда буд, аммо дар давоми ду ҳафтаи ахир дар биржаҳои ҷаҳонии арзҳои хориҷӣ ба тадриҷ арзиши пешинаи худро касб кард.

ПМТ аз шаҳрвандон хост дар қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова хомӯш наистанд

0

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри баёнияе ба 6 соли зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум намуда, ин амали мақомотро ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ донистааст.

ПМТ – як эътилофи мухолифини Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, зиндонӣ намудани хонум Маҳмадҷоноваро ба фаъолиятҳои фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дода, режими имрӯзаи Тоҷикистонро ба эҳтиром накардани қонун ва арзишҳои милливу инсонӣ муттаҳам кардааст.

Ин эътилофи мухолифин аз ҷомеаи кишвар, ба хусус зиёиён ва бонувон даъват кардааст, ки дар баробари ин қонуншикании ошкор ва амали ғайриинсонӣ хошмӯширо ихтиёр накунанд ва нагузоранд, ки як модари бегуноҳ ба хотири фарзандаш ба муддати 6 сол равонаи зиндон шавад. Дар идома таъкид шудааст, ки “ин ҳолат метавонад фардо ба сари ҳар шаҳрванд биояд”.

Ҳамчунин ПМТ аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занон талаб намудааст, ки бо ҳар роҳи мумкин барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош намоянд ва нагузоранд, ки муҷозоти модарон ба ҷои фарзандон ба як анъана табдил шавад.

Аз ин пештар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон низ ҳабси ин модари тоҷикро бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон номида, озодии ӯро талаб намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 7-уми апрел барои навиштани ду шарҳ дар зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” дар Ютуб, бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд аз замони боздошт боре ҳам ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Афғонистон зиёдтар кумак кунед

0

Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон вазъияти минтақаро баррасӣ карда, хостори афзоиши кумакҳо шуд.

Акс аз Хадамоти Президент

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, субҳи имрӯз, 8-уми апрели соли 2022 “Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.”

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро ҷиҳати расонадани кумакҳо тавассути имкониятҳои лоҷистикии кишвар изҳор дошта, “зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карда” аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон бар иловаи масоили Афғонистон атрофи дигар масоил низ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, бо гузашти наздик ба 8 моҳ аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар, ҳар чанд Русияву Чин ва Туркманистону Покистон сафирони Толибонро дар кишварҳои худ ба ҳузур пазируфтаанд, вале ҳамоно ҳеч кишвари дунё расман эълон накардааст, ки Аморати исломиро расман эътироф мекунад.