Бархе расонаҳои мансуб ба Тоҷикистону Афғонистон аз таъсиси Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) дар Бадахшон хабар медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ҳамчун экстремист ва ифротгаро эълон карда, алайҳаш бо моддаи 307 иловаи 1-и КҶТ парванда ҷиноӣ боз карданд.

Тавре Радиои Озодӣ Озодӣ хабар медиҳад, Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ эълон кард, ки алайҳи Пирмуҳаммадзода бо моддаи 307 иловаи 1-и КҶТ парванда ҷиноӣ боз шудааст.
Моддаи мазкур “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм” ном дошта, аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон 15-уми июл гуфта буданд, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо қарори додгоҳ то рӯзи 19-уми июл бо иттиҳоми “итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия” боздошт шудааст.
Мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт карданд. Ду рӯз пештар, рӯзи 7-уми июл низ ӯро чанд соат бозпурсӣ карда, ҳушдор дода буданд, ки танҳо дар масоили сайёҳӣ ва таърихӣ нависаду дар бораи бозпурсияш чизе ба расонаҳо нагӯяд. Баъд аз он омада, хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира карда буданд.
Ба гуфтаи коршиносони мустақил, мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир аксари шахсони озодандешу рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданиро, ки аз камбудиҳои мақомдорон ва мушкилоти ҷомеа ҳарф мезананд, бо ҷурми “ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ” ва ё “ифротгароӣ” ба зиндон меандозад. Ин амали мақомоти тоҷик ҳамеша аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст.
14 июли соли ҷорӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонуни федералӣ дар бораи “Тасвиби Созишномаи Русия ва Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар мавриди таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ”-ро имзо кард.

Қонуни мазкур аз тарафи Думаи давлатии Русия 28-уми июни соли ҷорӣ қабул шуда, Шӯрои Федератсия онро 8 июли 2022 тасдиқ кард.
Гуфта мешавад қонуни федералӣ Созишномаи Русия ва Тоҷикистонро дар мавриди ҳамкорӣ дар мавриди таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа), ки 15-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд, тасвиб мекунад.
Тавре Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Русия хабар медиҳад, созишномаи мазкур дар асоси хоҳиши ҷонибҳо дар мавриди мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расидааст.
Мавзуи созишнома нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои пасандозӣ ва дигар нафақаву кумакҳои иҷтимиро дар бар мегирад.
Қаблан Думаи давлатии Русия Созишнома дар бораи таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)-ро аз эътибор соқит карда буд.
Гуфта мешавад, Русия қасд дорад соли 2023 аз Созишнома дар мавриди кафолати ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар бораи додани ҳуқуқи бознишастагӣ ба онҳо хориҷ шавад.
Вале пас аз сафари Путин ба Тоҷикистон, ки нахустин сафари хориҷии ӯ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина маҳсуб мешавад, аввалан Шӯрои Федератсия ва ҳамакнун раисҷумҳури Русия Владимир Путин Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа)-ро, ки нишондиҳандаи “дӯстӣ”-и байни давлатҳо аст, тасвиб карданд.
Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Федератсияи Русия ҳудуди 2 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ на дар Тоқикистон ва на дар Русия аз нафақа бархурдор нестанд. Солона муҳоҷирони зиёде бо умеди гирифтани нафақаи Русия шаҳрвандии ин кишварро қабул мекунанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабаби барканории собиқи раиси суди шаҳри Хуҷандро шарҳ дода гуфт, ки вай пора гирифта буд.

Имрӯз, 18-уми июли соли 2022 Сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нишасти матбуотии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора боздош шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Суди шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода, судяи ин суд “ба воситаи миёнарав барои ҳал кардани парвандаи ҷиноятӣ, ки дар баррасии судя Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт”, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи чор ҳазор доллари амрикоӣ тавассути кормандони агентӣ боздош шудаанд.
Ин мақоми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки нисбат ба собиқ раиси суди шаҳри Хуҷад, судяи ин суд ва миёнарави онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти он ба анҷом расидааст ва он ба прокуратура фиристада шудааст.
Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, ки нисбат ба собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд, судя Рустам Маҳмадсаидзода ва миёнари онҳо чорҳои ҳабси пешакӣ татбиқ гардида, айни замон дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Гуфта мешавад, Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон пеш аз он ки раиси суди шаҳри Хуҷанд таъйин карда шавад, то 25-уми ноябри 2021 ҳамчун судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кор мекард ва 30-юми майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ӯ ва ҳамкорашро бо сабаби “шаъну эътибори судяро паст задан“, аз мансабҳои ишғолкардаашон барканор карда буд.
Мақомоти марзбонии Узбекистон дар дидбонгоҳи марзии “Фарҳод” як занро боздошт карданд, ки мехостааст 90 ҳазор долларро ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол бидиҳад.

Кормандони гумрук ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон зодаи шаҳри Бекободи Узбекистон Ш.М. (соли таваллудаш 1979)-ро дар гузаргоҳи “Фарҳод”-и Узбекистон боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти узбек, ӯ дар пойафзораш 20 ҳазор доллар ва дар байни либосҳояш 70 ҳазор долларро пинҳон карда, мехостааст онро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳад.
Тавре маркази матбуоти Хадамоти амниятии Узбекистон хабар медиҳад, ин зан ду дафъа талош карда, ки миқдори 90 ҳазор (як маротиба 20 ва маротибаи дуюм 70 ҳазор) долларро ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ гузаронад.
Ба иддаои мақомоти Узбекистон, тафтишот муайян карда, ки 90 ҳазор доллар ба шаҳрванди Тоҷикистон – аз ӯ ном бурда намешавад – тааллуқ дошта, ин зан ҳамчун хаткашон кор мекардааст.
Гуфта мешавад, нисбати Ш.М. бар асоси моддаи 182 (вайрон кардани қонунгузории гумрук)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Чанде пеш мақомоти гумруки Узбекистон аз қочоқи 356 ҳазор доллари амрикоӣ тавассути шаҳрвандони Узбекистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Он замон низ соҳиби маблағҳоеро, ки мебоист ғайриқонунӣ интиқол дода шаванд, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд гуфта буданд.
Рӯзи якшанбе, 17-уми июл як гурӯҳ ҳоҷиёни тоҷик иборат аз 160 нафар пас аз адои фаризаи ҳаҷ аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.

Бино ба гуфти шоҳидон, дирӯз дар назди фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе барои истиқболи ҳоҷиён анбуҳи зиёди одамон аз наздикон ва пайвандону дӯстони онҳо ҷамъ шуда буданд.
Тибқи иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, имсол дар маҷмуъ 3562 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои фаризаи ҳаҷ ба Арабисони Саудӣ сафар карданд. Аммо дар солҳои пеш аз пандемия аз Тоҷикистон то 6000 нафар барои адои ин фаризаи илоҳӣ сафар мекаврданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 июн пас аз танаффуси дусола бар асари пандемияи коронавирус нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Нархи сафари Ҳаҷ дар соли ҷорӣ барои як зоир 60,5 ҳазор сомонӣ ё 5,35 ҳазор доллар муайян шуда буд.
Мақомоти Олмон гуфтаанд, ки ин кишвар “барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.”

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 15-уми июли соли 2022, Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон мулоқот кардааст.
Дар ин мулоқот Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ба Нилс Аннен, Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, вакили Бундестаг (SPD) дар бораи “дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, энергетика, ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули назар карданд.”
Ба қавли манбаъ, зимни ин мулоқот “Нилс Аннен қайд кард, ки ҷониби олмонӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.”
Гуфта мешавад, “робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон 28 феврали соли 1992 шурӯъ гардидаанд. Соли 1993 Олмони Федеролӣ дар шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони тозаистиқлол дар шаҳри Бонн сафоратҳояшонро ифтитоҳ намуданд ва соли 2000-ум миёни кишварҳо алоқаи ҳавоӣ барқарор шуд.”
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи макони будубош ва ё нигаҳдории рӯзноманигорони Тоҷикистон маълумот дода, фавран онҳоро озод кунад.

14-уми июли соли 2022, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки муқаррар дар Ню-йорк аст, бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бояд фавран дар бораи макони будубоши рӯзноманигорон Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумот ироа кунанд ва дарҳол онҳоро аз ҳабс озод кунад.
Дар матни ин баёния таъкид шудааст, ки кормандони корҳои дохилӣ Завқибек Саидаминиро (08/07/2022) ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурданд ва аз он вақт инҷониб касе аз наздикону пайвандонаш ин хабарнигорро надидаанд ва мақомот ҳам дар бораи макони нигаҳдории вай ҳеч гуна маълумот ироа накардаанд.
Инчунин зикр шудааст, ки 9-уми июли соли ҷорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Ваҳдат расман Абдусаттор Пирмуҳаммазодаро барои бозпурсӣ даъват карданд. Вай ба даъвати онҳо посух дод ва аз он вақт инҷониб Пирмуҳаммазодаро касе надидааст.
Гуфта мешавад, рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик Завқибек Сайидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммазодаро мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат боздошт кардаанд ва то кунун ҳеч як аз ниҳодҳои вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи онҳо маълумот надодааст.
Имрӯз 15-уми июл намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон Шариф Қурбонзода иттиҳоми рӯзноманигорон Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро эълон кард.

Ба гуфтаи ин мақоми додситонӣ Завқибек Саидаминӣ барои “ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24” ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “барои итоат накардан” боздошт кардаанд. Айбҳое, ки ба иттиҳомоти эълоншуда бар зидди Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ шабоҳат доранд.
Ин масъули додситонӣ гуфтааст, ки Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт ва алайҳаш бар асоси қисми 2-и моддаи 307 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.
Завқибек Саидаминӣ борҳо дар суҳбатҳояш гуфтааст, ки ба ҳеч созмону гурӯҳҳо ҳамкорӣ надорад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Қурбонзода ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9-уми июл бо иттиҳоми “итоат накардан” ба талаботи кормандони милитсия боздошт шуда, бо қарори додгоҳ то рӯзи 19-уми июл ба ҳабс гирифта шудааст.
Масъулини додситонии кул гуфтанд, нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, қарори ниҳоӣ қабул нашудааст.”
Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро ҳамроҳи як ҳамсинфаш, шоми 8-уми июли соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангони шустани мошинашон аз назди як маркази шустушӯи нақлиёт дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.
Инчунин мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро низ боздошт карданд.
Пештар аз ин, рӯзи 7-уми июл Пирмуҳаммадзодаро чанд соат бозпурсӣ карда, ҳушдор дода буданд, ки танҳо дар масоили сайёҳӣ ва таърихӣ нависаду дар бораи бозпурсияш чизе ба расонаҳо нагӯяд. Баъд аз он омада, хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира карда буданд.
Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, баъд аз нашри хабари бозпурсӣ ва кофтукоби хонаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, боз ӯро даъват карда, гуфтаанд, чаро забонхат додӣ, аммо бо Радиои Озодӣ боз суҳбат кардӣ? Ӯ гуфтааст, суҳбат накардам, баъд аз он ҷавобаш доданд.
Шояд мақомот ҳамин нашри хабари кофтукоби хона ва мусодираи телефони Пирмуҳаммадзодаро баҳона оварда, ӯро боздошт кардаанд.
Боздошти рӯзноманигорон Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Зақибек Саидаминӣ дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат мегирад.
Дар ин чанд моҳи ахир мақомот фаъолон ва рӯзноманигорон Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Улфатхоним Мамадшоеваро низ боздошт кардаанд.
Инчунин ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 14-уми июл Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри баёнияи расмӣ, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки дар бораи куҷо будани рӯзноманигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумот дода, фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад.
Бунёди “Бузургмеҳр, ки аз ҷониби пайвандону наздикони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо таъсис ёфтааст, бо нашри баёнияе боздошту бозпурсии рӯзноманигоронро “худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” хонда, раҳоии онҳоро талаб карда буд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар 89 ҳолати санҷиши аудтӣ ба маблағи 158,8 миллион сомонӣ қонуншикании молиявӣ ошкор шудааст.

Тавре раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чилазода рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи чорабиниҳои аудиторӣ 53 адад кам ва маблағи қонуншикании молиявӣ 75,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои аудитӣ маълум гардида, ки мақомоти сохторҳои гуногун, 13,9 миллион сомониро ғайриқонунӣ харҷ карда, инчунин арзиши корҳои таъмиру сохтмониро ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ аз будаш зиёдтар нишон дода ва 1,2 миллон сомонии дигарро аз худ кардаанд.
Ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳангоми гузарондани санҷиши аудитӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки то чанде пеш домоди Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси ин бонк буд, ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ қонуншикании молиявӣ ошкор шудааст.