Хона блог саҳифа 480

ВКД аз кушта шудани 8 нафар ва боздошти 70 нафар хабар дод

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ аз кушта шудани 8 нафар ва захмӣ шудани 11 сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ҳамчунин дар изҳороти ВКД аз боздошти беш аз 70 нафар аз сокинони ин ноҳия низ хабар дода мешавад.  

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, беш аз 200 нафар аз сокинони ноҳия ба корвони мошинҳои “таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ” ҳамла намуда, бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, “13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.”

Ин ниҳоди давлатӣ дар изҳороти расмияш аз сокинони ноҳияи Рӯшон “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, таҳдид кардааст, ки силоҳҳои худро ба мақомот бисупоранд ва дар акси ҳол ба қавли ин ниҳод, “фардо дер мешавад.”

Дар изҳорот гуфта мешавад, айни замон вазъият дар Рӯшон ором аст ва инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқарарӣ машғуланд ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Аммо баъзе манобеъ мегӯянд, вазъият ором нест ва мардум дар як ҳолати тарсу ваҳшат ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ хабари суқути чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Бадахшонро рад кард.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиа худ чизе нашр накардааст, аммо АМИТ “Ховар” бо истинод аз ин вазорат хабарро нашр кардааст.

“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад”, — омадааст дар изҳороти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 18-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре аз суқути чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшон нашр шуд. Ба қавли шоҳидон чархбол бо мушаке сарнагун гашта, ки аз ҷониби Афғонистон партоб шудааст.

Бону Улфатхоним Мамадшоева боздошт шуд

0

Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва аз зодагони Бадахшон имрӯз, 18-уми май аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Акс аз манбаъҳои боз гирифта шудааст

Дирӯз дар пайи ҳамлаи афроди номаълум ба хонаи Улфатхоним Мамадшоева, барқи хонааш қатъ гардида, дари хонааш аз берун баста ва домодаш ба ҷои номаълум бурда шуд.

18-уми майи соли 2022, журанлист Рамзия Мирзобекова, яке аз наздикони Улфатхоним Мамадшоева дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки “касе дари хонаи онҳоро кӯфтааст. Духтараш вақте аз сурохии дар (глазок) нигоҳ мекунад, меҳмонро намешиносад, ба ин хотир дарро ба рӯи онҳо накӯшодааст.”

Ҳамлаварон барқи хонаи бону Улфатхоним Мамашоеваро қатъ карданд, сипас домодаш тасмим гирифта, ки аз хона хориҷ шуда, бибинад, чӣ гап шудааст. Ин афроди номаълум “домодро гирифта бурданд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дигар мақомоти кишвар то кунун ин хабарро расман шарҳу тафсир надодаанд. Azda tv низ ин хабарро аз манбаъҳои мусақил таъйид ё такзиб карда наметавонад.

Бо ин ҳол, Улфатхоним Мамашоева, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асту яке аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва журналисти мустақил мебошад. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ду рӯз пеш ӯро ба “раҳбарӣ” ва “сарпарастӣ”-и эътирозҳои ахир дар шаҳри Хоруғ муттаҳам карда, гуфта буд, прокуратураи вилоят алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Инчунин дирӯз, 17-уми майи соли ҷорӣ низ ду хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфӣ, ки барои суҳбат кардан бо ӯ ва шарҳи вокунишаш ба иттиҳомоти ВКД ба хонаи вай рафта буданд, баъд аз суҳбат тавассути “афроди ношинос” мавриди латукӯб қарор гирифта буданд.

Як чархбол дар Рӯшон сарнагун карда шуд

0

Бино ба иттилооти ғайрирасмӣ чархболе, ки субҳи имрӯз мардуми Рӯшонро бомборон кард, сарнагун шудааст. Дар ин бора Андрей Серенко, рӯзноманигорои рус хабар дод.

Серенко дар канали телеграмии худ аз манобеаш оварда, ки мардуми Рӯшон ҳеч навъи силоҳи гармро надоштанд ва намедонанд, ки ин чархбол чи гуна сарнагун шудааст.

Ба қавли шоҳидон чархбол бо мушаке сарнагун гашта, ки аз ҷониби Афғонистон партоб шудааст. Аммо ҷиҳатҳои расмӣ то ҳол ин хабарро тасдиқ ва ё таъйид накардаанд.

Дар ҳамин ҳол Pamir Daily News аз манбаи худ дар маркази ноҳияи Рӯшон иттилоъ дод, ки дар даргириҳои субҳи имрӯз то кунун 11 нафар кушта шудаанд.

“Дар байни кушташудагон низомиён низ ҳастанд. Аксаран бо корд ва ё табар кушта шудаанд”, омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи таҳлилгарони мустақил, агар ин сарнагун шудани чархболу ин даргириҳои шадид дуруст бошад, пас ин ҳаводис метавонад дар минтақа ба як задухӯрди бузурги мусаллаҳона табдил ёбад.

Ба Azda.tv то ҳол муаяссар нашудааст, ки хабарро аз манобеъи расмӣ тасдиқ кунад. Дар ҳоли тасдиқи он хабар такмил мешавад.

Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

0

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар бар асари беморӣ дар синни 70-солагӣ вафот кард.

Субҳи имрӯз, 18-уми майи соли 2022 рӯҳонии шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода бар асри беморӣ дар шаҳри Душабе даргузашт.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода 1-ум июли соли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Ҷанозаи марҳумро ҳам имрӯз дар зодгоҳаш дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар канори қабри парадараш ба хок месупоранд.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, солҳои тӯлонӣ вазифаи имомхатибиро дар маркази ноҳияи Ҳисор бар уҳда дошт. Вай бо вуҷуди як рӯҳонӣ будан, адиб ва рӯзноманигор ҳам буд.

Ба садои ӯ дар Радиои Тоҷикистон барномаҳое аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ, “Осори Мирзо Бедил”, “Осори устод Рӯдакӣ”, “Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз” сабт шудаанд.

Вай узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010)-ро ҳам дошт.

Дар ҳамлаи мақомот дар Рӯшон дасти кам 2 кушта ва 8 нафар захмӣ шуд

0

Дар ҳамлаи имрӯзаи мақомоти қудратӣ алайҳи мардум дар маркази ноҳияи Рӯшон дасти кам ду нафар кушта ва 8 каси дигар захмӣ шудааст.

Субҳи имрӯз, 18-уми майи соли 2022 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эътирозгарони ноҳияи Рӯшонро ба “терроризм” муттаҳам карда, аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи онҳо хабар дод.

Пеш аз ин Умед Ҷайҳонӣ, донишманди шинохтаи кишвар ва яке аз зодагони ВМКБ ба нақл аз манобеи худ хабар дода мегӯяд: “Даргирӣ субҳ соатҳои 7 ба вақти Душанбе сар зада ва то кунун идома дорад. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои низомӣ аз чархбол ва минандозҳо мардумро гулӯлаборон мекунанд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки ин ҳамла “бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.”

Мақомоти қудратии Тоҷикистон пас аз он ки ба саркӯби шадиди эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ муваффақ нашуданд, субҳи имрӯз дар макази ноҳияи Рӯшон “нерӯҳои интизомӣ хона ба хона гашта ҷавонҳоро боздошт мекунанд ва ба посгоҳи марзбонӣ ё милиса мебаранд.”

Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири бузургнамоӣ ва аз ҳад зиёд нишон додани ҳаҷми ҳодисаҳои дирӯз дар ноҳияи Рӯшон эътирозгаронро “ҷинояткорон” гуфта, онҳоро муттаҳам карда, ки “бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.“

Аммо манобеи мо мегӯянд, ки асли ин моҷаро он тавре, ки ВКД воҳима кардааст, рух надодааст. Мардуми мулкӣ дирӯз, 17-уми май дар маркази ин ноҳия ҷамъа шуда, ба хотири пешригӣ аз саркӯби шадиди эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ пеши роҳи корвони низомиёнро, ки ба хотири саркӯби эътирозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти маркази маъмурии вилоят ҳаракат мекард, гирифта буданд. Аммо субҳи имрӯз мақомоти қудратии кишвар тамоми онҳоро “террорист” эълон карда, соати 7-и субҳ алайҳи ин мардуми осоишта дар маркази ноҳияи Рӯшон амалиёти ба гуфтаи ВКД “зиддитеррористӣ”-ро оғоз кардаанд.

Моддаи 29 Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд:

“Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.”

Аммо мақомоти Тоҷикистон ба ҳама гуна ҳамоишҳои эътирозӣ, ки ба нафъи ҳукумат набошанд, иҷозат намедиҳанд.

Бо ин вуҷуд, мавҷи ҷадиди эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз афзоиши боздоштҳои ғайриқонунӣ дар ин вилоят ба рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ шуруъ шуд. Эътирозгарон бо шумули Мамадбоқир Мамадбоқиров, сарҳанги мустаъфӣ ва яке аз раҳбарони мардумӣ барои баргузории гирдиҳамоиҳои худ ба мақомот ариза пешниҳод карда буданд, аммо мақомот ба онҳо иҷозати баргузории онро надоданд.

Эътирозгарон ба хотири баровардасозии талабҳои худ, аз ҷумла талаби истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ, озодии боздоштшудаҳо ва ғайра хостанд тазоҳуроти худро баргузор кунанд, вале мақомот онҳоро “ҷинояткор”- ва “террорист” хонда, дар посух ба талабҳои онҳо бо тиру тӯп бар сари онҳо шилик карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Мамадбоқир пушт карду ба Муҳаммад Боқирӣ рӯ овард

0

Эмомалӣ Раҳмон шаш моҳ инҷониб дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бо Мамадбоқир Мамадбоқиров ҷанг эълон кардаву имрӯз Муҳаммад Боқириро дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Дирӯз, кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҷамъе аз эътирозгарони бесилоҳро мавриди ҳамла қарор дода, як каси онҳоро куштаву дасти кам 6 нафари дигарро захмӣ карданд.

Инчунин кормандони мақомоти қудратии кишвар ба хотири рӯйпӯш кадани ҷиноятҳои худ ва бузург нишон додани ҳодиса на танҳо ба самти эътирозгарон оташ кушоданд, балки ба сӯи ҳамтоёни худашон низ як норинҷак партофта, се корманди Вазорати корҳои дохилиро ҳам маҷрӯҳ карданд.

Аммо имрӯз вазири мудофиаи кишвар дар шаҳри Душанбе бо Муҳаммад Боқирӣ “хатти тавлиди паҳподҳои Абобил 2”-ро ба хотири нерӯмандтар кардани сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, саркӯби душман ва хатарҳои эҳтимолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хабари таъсиси “хатти тавлиди паҳподҳои Абобил 2”-и эронӣ дар сархати хеле аз расонаҳои дунё қарор гирифт. Ин хабар то ҳадде масарратбахш буд, ки ҳатто хеле аз чеҳраҳои мухолифини Эмомалӣ Раҳмонро ҳам ба ваҷд оварду аз он истиқбол карданд.

Аз сӯйи дигар, бо вуҷуди он ки нимаи дуюми дирӯз, 16-уми май Вазорати коҳои дохилии Тоҷикистон пас аз он ки хостаҳои мардум ва талаби эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро ба хушунат кашид, натавонист ҷомеаро қонеъ ва эътирозгаронро розӣ кунад. Ба ин хотир Интернетро қатъ карду ба самти мардум тир кушод.

Дар ҳамин рӯз бону Улфатхоним Мамадшоева, сокини шаҳри Душанбе ва Алим Шерзамонов, муқими Лаҳистонро ба ташкил кардани ин эътирозҳо айбдор кард. Инчунин ВКД онҳоро ба “терроризм” муттаҳам карду прокуратураи вилоятӣ ҳам аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи онҳо хабар дод.

Вале нимаи дуюми имрӯз, дар шаҳри Душанбе дар Қасри миллат “Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфт.”

Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Муҳаммад Боқирӣ дар бораи масоили мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар “бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ” гуфтугӯ кард. Аммо дирӯз, мақомоти қудратии зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Мамадбоқир Мамадбоқировро бидуни ҳукми суд “саркардаи гурӯҳи ҷиноятӣ” хонда, яке аз омилҳои бесуботкунандаи минтақа донистанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, сарҳанг (полковник)-и мустаъфии мақомоти Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони мардумӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Аммо Муҳаммад Боқирӣ, Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Ҳар дуи онҳо, ҳамдину ҳамнажоду ҳаммазҳаб мебошанд, аммо чун яке аз мақоми ҳимоятҳои мардумӣ дар ВМКБ суҳбат мекунад, Эмомалӣ Раҳмон ба он пушт кардаву он дигаре чун аз мақоми расмии ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон “кишвари ба ҳама маълум” гап мезанад, мавриди истиқболи ӯ қарор гирифтааст…

Ба ҷои хулоса, давлатҳои истибдодӣ ва ҳокимони золим огоҳони ҳақталаби мардумони худро “душманони сарсахт” медонанд, ва ба ҳамин хотир ҳар гоҳе ҷамъи кӯчаке ҳам агар аз байни мардум ҳуқуқи худро талаб кунанд, ин давлатҳои истидодӣ ва ҳокимони золим дарҳол онҳоро ба мисли режими Эмомалӣ Раҳмон “террорист”-у “экстримист” ва “душмани халқ” эълон карда, саркӯбу боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон ва ё қатл мекунанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ хуб медонад, ки дар Тоҷикистон ҳамагуна эътирозҳои мардумӣ тавассути мақомоти зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон саркӯб мешаванд, ба хусус агар ин эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон баргузор шаванд, шиддати саркӯбҳо бештар мешаванд, аммо ин дафъа Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки бо силоҳу таҷҳизотҳои низомии ҷониби Муҳаммад Боқирӣ мардуми маҳаллиро дар Бадахшон бо шумули Мамадбоқир Мамадбоқиров на танҳо саркӯб кунад, балки агар лозим шавад, ҳамаи онҳоро аз байн бибарад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО тв

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар пойтахт

0

Ду хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ ва ҳамкораш Барот Юсуфӣ аз “Настоящее время” дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Имрӯз, 17-уми майи соли 2022, Салим Айюбзод, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз мавриди ҳамла қарор гирифтани ду ҳамкораш дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Муллораҷаб Юсуфӣ дар як навори кӯтоҳ дар шаҳри ин ҳодиса нақл карда мегӯд, ки пас аз мусоҳиба бо бону Улфатхоним Мамадшоева дар шаҳри Душанбе аз ҷониби афроди номаълум ӯ ва ҳамкораш Барот Юсуфӣ маврид ҳамла қарор гирифтаанд. Ҳамлагарон гаштаву баргашта таҳдид карда ба ӯ гуфтаанд, “тамоми чизҳоятро бидеҳ, ки ба Худо мо туро мепарронем-ба Худо мо туро мепарронем…” ва ҳама чизи ӯро гирифта рафатаанд”.

Ба гуфтаи Салими Айбзод, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аризаи онҳоро дар хусуси мавриди ҳамла қарор гирифтани ду хабарнигорашон қабул кардааст.

Аюбзода изҳори умедвор карда, ки “Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳорот ҳамла ба хабарнигоронро маҳкум ва боздошту сазои зӯроваронро тақозо мекунад.”

Инчунин вай таъкид мекунад, ки умедвор аст, “ин ҳамлаҳо бо фармони ягон мансабдор рух надодаанд. Дареғ, муштзӯрон ба симои Тоҷикистон низ лагад заданд. Пас бояд ҷазо гиранд.”

Гуфтанист, то замони таҳияи ин хабар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса ҳеч гуна шарҳу тафсире расман ироа накардааст, аммо Салими Айюбзод гуфтааст: “Аризаи моро ВКД гирифт. Аз натиҷааш хабар хоҳем дод.”

Ифтитоҳи корхонаи тавлиди паҳподи эронӣ дар Тоҷикистон

0

Зимни сафари кории Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ ба Тоҷикистон бо ҳузури вазири дифои кишвар Шералӣ Мирзо хатти тавлиди паҳподи эронии “Абобил-2” ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, хатти корхонаи тавлиди паҳподи эронии “Абобил-2” ба хотири тақвияти ҳамкориҳои дуҷониби дифоӣ ва низомӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.

Гуфта мешавад, дар ифтитоҳи аввалин корхонаи паҳподсозӣ дар Тоҷикистон Раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ ва вазири дифои Тоҷикистон сипаҳсолор (генерал-полковник) Шералӣ Мирзо ва ҷамъе аз мақомдорони низомии кишвар ширкат кардаанд.

Дар охири маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин, калиди намодини он ва гувоҳиномаи поёни давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва коркунони нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон дода шуд.

Боқирӣ бо ишора ба тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон гуфт, ки Эрон имрӯз дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки бар иловаи таъмини ниёзҳои дохилӣ метавонад ба кишвари “ҳампаймон ва дӯст” барои афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунад.

Вокуниши бону Улфатхоним Мамадшоева ба иттиҳомоти ВКД

0

Улфатхоним Мамадшоева дар вокуниш ба иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи ӯ гуфт, ки “ба ҷуз виҷдони пок ва дилсӯзӣ нисбат ба мардуми кӯчаки худ-Помир чизе барои гуфтан надорам.”

Акс аз саҳфаи фейсбукии Улфатхоним Мамадшоева

Дирӯз, 16-уми майи соли 2022 Вазорати корҳои дохиллии Тоҷикистон, аз ҷумла бону Улфатхоним Мамадшоеваро ба “роҳбарӣ” ва “сарпарастӣ”-и эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ муттаҳам карда, гуфт, ки “нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.”

Аммо имрӯз, 17-уми майи соли ҷорӣ ин ҳомии ҳуқуқи иснон ва журналист дар вокуниш ба иттиҳомоти Вазорати корҳои дихилӣ (ВКД) гуфт:

“Номи ман Улфатоним Мамадшоева аст, ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори мустақил ҳастам. Ва ба ин гуна иттиҳомоти ВКД нисбат ба ман танҳо метавонам бигӯям, ки ба ҷуз виҷдони пок ва дилсӯзӣ нисбат ба мардуми кӯчаки худ – Помир чизе барои гуфтан надорам.”

Ҳамзамон хонум Ойниҳол Бобоназарова дар робита ба ин иттиҳоми мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи бону Улфатхоним Мамадшоева гуфтааст:

“Улфат яке аз шахситҳоест, ки Тоҷикистонро бо тамоми ҳастияш дӯст медорад. Аввалин бонуе, ки барои истиқлолияти Тоҷикистон заҳматҳо кашид. Барои ӯ маҳал вуҷуд надорад. Дарди ҳар нафарро дарди худ меҳисобад.”

Ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар хонум Ойниҳол Бобоназарова иттиҳоми мақомоти корҳои дохилӣ алайҳи бону Улфатхоним Мамадшоевро беасос хонд, таъкид кардааст: “Агар ҳақиқатгӯӣ ва чоплус набудан гуноҳ бошад, пас ҳамаи чоплусон қаҳрамонанд…”

Эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки рӯзҳои 14 ва 16-уми майи соли ҷорӣ бо ҳузури Мамадбоқир Мамадбоқиров баргузор шуданд, ахиран тавассути мақомоти қудратӣ ба хоку хун кашида шуда, дар натиҷа дасти кам 9 кас захмӣ ва як нафар ҳам кушта шудааст.

Эътирозгарон дар ин гирдиҳамоиҳои худ асосан се талаби қонунӣ доштанд, ки яке аз онҳо истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ, озодии боздоштшудаҳо ва боздошту ба панҷаи қонун супоридани кормандони ҷинояткори мақомот, ки дар вақти эътирозҳои осоишта ба самти мардум тир кушода, дасти кам се нафарро кушта ва 17 тани дигарро захмӣ карда буданд.

Вазорати корҳои дохилӣ теъдоди захмиҳо аз ҷониби мақомотро 3 нафар эълон кардааст, вале пеш аз он пойгоҳи иттилоърасонии Памир Дайли Нюс хабар дода буд, ки дар ин ҳамлаи мақомот дасти кам 6 нафар аз эътирозгарон захмӣ шудаанд.

Қувваҳои низомии бештаре аз Душанбе ба Хоруғ фиристода шудаст

0

Ба гузориши Pamir Daily News аз Душанбе ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони нерӯҳои ҳарбии бештаре фиристода шудаст.

Ин расона аз манобеи худ хабар медиҳад, ки як корвони бузурги низомӣ аз Душанбе ба самти Хоруғ ҳаракат кардааст ва эҳтимол мақомот барои пароканда кардани тазоҳуроти эътирозӣ бо истифода аз зӯр ва ё нақшаи гузаронидани амалиёти вежа барои маҳв ё боздошти Мамадбоқировро дар назар дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи ноҳияи Рӯшони ВМКБ хабар медиҳанд, ки ҷавонони маҳаллӣ дар Рӯшон роҳ ба сӯи Хоруғро баста, барои ҷилавгирӣ аз вуруди низомиён ба маркази ВМКБ омодагӣ мебинанд.

Аз субҳи рӯзи 16-уми май авзоъ дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ноором гуфта мешавад. Дар даргириҳои дирӯза мақомот барои пароканда кардани мардуми норозӣ аз беадолатиҳои мақомоти ин вилоят аз силоҳ истифода бурд, ки дар натиҷа як нафар кушта ва аз ду тараф то 9 нафар захмӣ шудааст.