Хона блог саҳифа 479

Барзу Абдураззоқ: намоиши театрии “Манқурт” боздошта шуд

0

Мақомоти амниятии кишвар нагузоштанд, намоишномаи театрии “Манқурт”, ки бо коргардонии шинохтаи тоҷик, Барзу Абдураззақов омода шуда буд, рӯи саҳнаи театр биёяд.

Барзу Абдураззоқов. Акс аз саҳифаи фейсбукии коргардон

Дар ин бора худи ҳунарманд шоми 19-уми май дар

“Дирӯз аз як театри хеле дур – аз ҷиҳати ҷуғрофӣ як кас телефон карду гуфт, ки мо мехоҳем Шумо дар театри мо намоиш кунед… Ду рӯз пеш як театри дигар. Хонаи ман дар Рӯдакӣ 35 аст, Вазорати фарҳанг Рӯдакӣ 34. Ман 12 сол аст дар Тоҷикистон намоиш надодаам. 12 сол аст, ки қазоқу қирғизу турку узбеку дигарон муҳтоҷи кори мананд, аммо инҷо не.”, мегӯяд Барзу Абдураззоқов.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҳунарманди чирадасти тоҷик бештар ба хотири ошкоргӯиҳо ва интиқодҳои бамавридаш аз доираҳои расмӣ дур карда шудааст. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти кишвар ба шаҳрвандон на аз рӯи ҳунару маҳорати касбии онҳо, балки ба мавқеи шаҳрванадӣ ва сиёсии онҳо назар мекунаду баҳо медиҳад.

Даргузашти собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

0

Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 76-солагӣ дунёи фониро тарк гуфта, ба ҷаҳони боқӣ пайваст.

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Бомдоди 20-уми майи соли 2022 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки “Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ аз ҷаҳон даргузашт.”

Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Вай соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Меҳмон Бахтӣ солҳои зиёд дар идораҳои мухталифи муассисаҳои кишвар дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда, аз соли 1995 то 2000 вакили парлумони кишвар ҳам буд ва сипас барои ду давра дар солҳои 2004 ва 2009 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи даҳҳои филмномаву асарҳои ҳунарӣ ва китобҳои манзум ва мансур аст.

Вай дорандаи Ҷоизаи “Комсомол”-и ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, соҳиби унвони ифтихории “Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон” ва сазовори медали адабии байналмилалии ба номи “М.Достоевский” гардидааст. Бо ордени “Шараф”, “Исмоили Сомонӣ” ва се медал мукофотонида шудааст. Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.

Вокуниши САҲА ба куштори сокинон дар Бадахшон

0

Дабири Кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Мария Шмит аз кушта шудани мардуми осоишта дар Вилояти Мухтори Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҳелга Мария Шмит, Дабири кулли САҲА 

Хонум Ҳелга Мария Шмит бо нашри паёме дар ҳисоби твиттераш навишта, ки “хушунат ҳаргиз роҳи ҳал нест“. Ӯ ҳамчунин аз ҳама тарафҳои даргир даъват кардааст, ки “тааҳҳудот бояд тавассути ҳама тарафҳо риоят шаванд“.

Аммо мушаххас нест, ки манзури Дабири кулли САҲА аз “тааҳҳудот” чист? Ба гуфтаи коршиносон, эҳтимолан хонум Ҳелга Мария Шмит тааҳҳудоти Тоҷикистон дар чорчӯби САҲА-ро дар назар дорад.

Ёдовар мешавем, ки вазъи амниятӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков дар моҳи ноябр, аз рӯзи 16-уми май дигарбора бад шуд.

Дар ибтидо рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ ҷамъе аз сокинони ин вилоят, ки теъдоди онҳо беш аз ҳазор гуфта мешуд, бо ҳузури Мамадбоқир Мамадбоқиров барои додхоҳӣ ва талаби истеъфои раиси вилоя ва раиси шаҳри Хоруғ тазоҳурот баргузор карда буданд.

Мақомот тазоҳурот ва талаби онҳоро ғайриқонунӣ дониста, иштирокчиёни он гирдиҳамоиро ба “терроризм”-у “экстримз” муттаҳам карда, гуфта буданд, ки онҳоро аз 5 соли зиндон то ҳабси абад интизор аст.

Мақомоти интизомӣ рӯзи 16-уми май ба муқобили сокинони маҳаллӣ, ки барои талаби ҳуқуқҳои ҳуд ҷамъ омада буданд, тир кушода, дар натиҷа Замир Назришоеви 30-сола сокини ин вилоят ба ҳалокат расида ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо таъйиди худи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми май нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Рӯшони ин вилоят 8 нафарро кушта ва 11 сокини ин ноҳияро захмӣ ва беш аз 70 нафари дигарро боздошт карданд. Ҳамчунин ВКД дар ҷараёни ин даргириҳо аз кушта шудани 1 низомӣ ва захмӣ шудани 13 нафар аз нерӯҳои давлатӣ хабар дод.

Субҳи имрӯз, 19-уми май Pamir Daily News аз манобеаш хабар дод, ки мақомот дар ноҳияи Рӯшон дасти кам то 30 нафарро кушта, шумори зиёди сокинонро аз хонаҳояш боздошт ва шиканҷаи бераҳмона кардааст.

Мухолифати Туркия ба аъзо шудани Финлядия ва Шветсия ба НАТО

0

Туркия эълон кардааст, ки мухолифи пайвастани кишварҳои Финляндия ва Шветсия ба узвияти НАТО мебошад.

Акс аз Анадолу

19-уми майи соли 2022 “Анадолу“, хабаргузории расмии Туркия хабар дод, ки “Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтааст, ба дӯстони зирабт гуфтем, ки Туркия бо вуруди Финляндия ва Шветсия ба Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (СШАШ/НАТО) мухолиф аст ва дар ин замина назарамон тағйир нахоҳад кард.”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон пеш аз ин ҳам эълони мухолифат карда буд. Вай ба гуфтаи ББС, 16-уми майи соли ҷорӣ низ ин ду кишвари Аврупоиро ба паноҳгоҳи “террорист”-ҳо, яъне ҳизбу ҳаракатҳои мухолифони Туркия муттаҳам карда, гуфта буд, “лозим нест, ки ин ду кишвар барои қонеъ кардани Туркия, ки узви НАТО аст, ҳайъат фиристанд.”

18-уми майи соли ҷорӣ кишварҳои Финляндия ва Шветсия барои ба даст овардани узвияти НАТО бо пешниҳоди ариза расман хостори ҳамроҳ шудан ба ин блоки сиёсӣ-низомӣ бо раҳбарии Амрикоро карда буданд.

Пеш аз ин Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ҳам гуфта буд, “дархости Шветсия ва Финляндия барои узвият дар ин паймон ба таври оҷил баррасӣ хоҳад шуд.”

Бо ин вуҷуд, хеле аз коршиносони равобити байналмилалӣ ин пофишориҳои Туркияро ба навъе боҷхоҳии ин кишвар аз Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ медонанд, ва мегӯянд, ки чун соли 2023 дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва бо сабабҳои нобасомониҳои иқтисодӣ ва уфти арзиши лира маҳбубияти Эрдуғон ҳам аз дилу дидаи хеле аз сокинони ин кишвар уфтодааст, вай мехоҳад бо як тир чанд нишон бизанд.

Аз сӯи дигар Маскав ҳам таҳдиди тавсеаи НАТО ба марзҳояшро яке аз далоили аслии ҳамла ба Украина медонад ва акнун ба назар мерасад, пас аз пайвастани ин ду кишвар вазъияти ҷанг дар Украина вориди марҳилаи нав хоҳад шуд.

Филяндия ва Шветсия пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина нигарони амнияти худ шуда, акнун пас 10-солаҳо ихтиёри сиёсати бетарафӣ нисбат ба блокҳои низомии дунё, мехоҳанд зери қанати НАТО суботу амнияти худро мустаҳкам кунанд.

ٍРаванди қабул шудани ин ду кишвар ба узвияти НАТО шояд як сол тӯл бикашад, вале бо вуҷуд НАТО мегӯяд, узвияти дар ин созмон барои “ҳар як давлати дигари Аврупо, ки қодир ба тавсеаи усули муоҳида аст ва кумак ба амнияти минтақаи Атлантикаи шимолӣ бошад” озод аст.

Инчуин ин созмон барои ҷалби аъзои ҷадид ва тавсеаи домани фаъолиятҳои худ барномаҳои мушаххасеро рӯи даст дорад, ки аз замони таъсисаш дар соли 1949 то кунун амал мекунад.

Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ “эътилофи сиёсӣ ва ҳарбиест, ки 30 давлати аъзоро аз Аврупо ва Амрикои шимолӣ муттаҳид намудааст.”

Нигаронии сафирони ғарбӣ аз воқеаҳои охир дар Бадахшон

0

Рӯзи 18-уми май, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Фаронса, Олмон, Бритониё ва Амрико дар Душанбе бо вобаста ба воқеаҳои ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳоротимуштарака нашр карданд.

Намояндагони кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон бо нашри

Дар ин баёния ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ба озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот, аз ҷумла, дастрасӣ ба Интернет ва ҳаққи эътирози сулҳомез эҳтиром бигузоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ба ин дархостҳо посух надодааст.

Рӯнамоӣ аз намоди Байтулмуқаддас дар Кобул

0

Дар макрзи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон намоди Байтулмуқаддас бо ҳузури даҳҳо нафар аз раҳбарони Толибону мардуми мулкӣ рӯнамоӣ шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, имрӯз, 19-уми майи соли 2022 дар шаҳри Кобул намоди Байтулмуққаддас дар қалби пойтахти Афғонистон рӯнамоӣ шуд.

Рӯнамоии ин намоди Байтулмуқаддас дар маркази шаҳри Кобул дар замоне иттифоқ уфтода, ки Толибон қудратро дар ин кившар зери даст доранд, ва як ҳафта пеш қатли Ширин Абуоқила, журналисти шабакаи “Алҷазира”-и Қатарро маҳкум карда буданд.

Ширин Абуоқила, рӯзноманигори кӯҳанкори “Алҷазира” дар вақти адои вазифаи хабарнигорӣ, ки дар тан либоси махсуси хабарнигорони вазъияти ҷангиро дошт, тавассути нерӯҳои исроилӣ кушта шуд. Қатли ӯ боис шуд, ки як бори дигар давлати Исроил зери маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ қарор бигирад.

Ширин Абуоқила ба муддати 25 сол дар шабакаи Алҷазираи Қатар ҳамчун хабарнигор кор кард ва дар дунёи араб маҳбубияти зиёдеро ба худ касб карда буд. Ширн ба садои мардуми Фаластин табдил ёфта буд. Вай пайрави Исои Масеҳ буд, вале вақте ба шаҳодат расид, ҷанозаи ӯ болои китфи мусалмонон буд ва шона ба шона ба манзили охираташ расид.

Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши мошинҳои электрикӣ

0

Чин ба пешниҳоди Тоҷикистон дар хусуси ҳамкорӣ дар бахши рушди “мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ” таваҷҷуҳ кардааст.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият“-и Тоҷикистон, ҷониби Чин дар ин бора пас аз мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу таваҷҷӯҳ кардааст.

Ба гуфтаи “Ҷумҳурият”, дар ин мулоқот “таваҷҷӯҳи ҷониби Чин ба густариши робитаҳои байнипорлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳандозии имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб шуд.”

Чин яке аз шарикони стротегии Тоҷикистон буда, бо афзоиши сармоягузориҳои худ дар Тоҷикистон ва қарздор кардани давлат аксари конҳои маъдании кишвар ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишварзиро соҳиб шудааст.

Ҳавопаймои “Уралские авиалинии”-ро ба осмони Тоҷикистон роҳ надоданд

0

Ҳавопаймои мусофирбарии “Airbus A321”-и ширкати “Уралские авиалинии”, ки шаби 18 ба 19 май дар хатсайри “Маскав-Кӯлоб” парвоз дошт, ба осмони Тоҷикистон роҳ дода нашуд.

Тавре телеграм-канали “Авиаторщина” хабар медиҳад, ҳваопаймои мазкур бо парвози навбатии рақами “U6 8969” аз фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ парвоз кард. Аммо пас аз як соати парвоз замоне, ки ҳаопаймо дар осмони вилояти Пензаи Русия ҳаракат дошт, ба ӯ иҷозати вуруд ба осмони Тоҷикистон дода нашуд ва дубора баргашт ба фурӯдгоҳи Домодедово.

Дар шарҳи ин хабар гуфта мешавад, ки ҳавопаймо иҷозаи расмии ворид шудан ба Тоҷикистонро қабл аз парвоз надоштааст. Аммо, ба қавли манбаъ, дар ҳоле ҳавопаймо ба осомни Тоҷикистон роҳ дода нашудааст, ки 18 май он аз Кӯлоб ба Маскав ва пеш аз он, шаби 17 ба 18 май аз Маскав ба Кӯлоб парвоз доштааст.

Ба иттилои “Авиаторщина” дар ин кор худи ширкати ҳавопаймоӣ айбдор мешавад, ки бидуни иҷозаи мақомоти авиатсионии Тоҷикистон парвозро анҷом додааст. “Барои парвоз ба ҷое, шумо бояд тарафи дигарро огоҳ кунед. Аммо онҳо ин корро накарданд, онҳо танҳо пас аз парвози ҳавопаймо иҷоза талаб карданд”, омадааст дар хабар.

Аммо худи ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” дар ин мавзуъ тавзеҳоте надодааст. Ҳамзамон мақомоти авиатсионии Тоҷикистон низ дар ин бора чиза нагуфтаанд.

Шиканҷа ва қатли сокинони Рӯшон аз ҷониби низомиён

0

Имрӯз, 19-уми май низомиён ҷасади 17 сокини маҳаллии Рӯшонро ба наздиконашон супурданд. Дар ин бора Pamir Daily News дар истинод ба манбааш аз Вамари Рӯшон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, “имрӯз низомиён дар маҷмуъ 17 ҷасадро бо аломатҳои шиканҷа ва ҷароҳат ба наздиконашон супурдаанд. Аксари онҳо дирӯз захмӣ шуда буданд, аммо нерӯҳои давлатӣ баъди захмӣ кардани онҳо бо снайперҳо назорат карда, намегузоштанд одамон онҳоро наҷот диҳанд. Ин ҷавонон дар натиҷаи тамоми рӯз хун рехтан, ҷон додаанд”.

Як сокини дигари Рӯшон мегӯяд, ки  “низомиён вориди хонаҳо мешаванд ва мардонро бо худ мебаранд. Телефонҳои боздоштшудагон гирифта мешаванд, зоҳиран онҳо намехоҳанд, ки далелҳои ҷинояти ҷангӣ нашр шавад. Далелҳои тасдиқшудаи ғоратгарӣ вуҷуд дошта, пулу тилло аз хонаҳо баъди омадани низомиён гум мешаванд. Ба далоили амниятӣ нашри исми қурбониён имкон надорад. Вазъият дар Вамар фалокатовар аст”.

Инчунин як манбаи дигар хабар додааст, ки баъди ҳодисаҳои дирӯз дар Рӯшон мақомот мардони зиёдеро боздошт карда, онҳоро то дами марг шиканҷа карда, бе сару либос ба кӯча партофтаанд. Шумораи кушташудагон зиёда аз 30 нафар гуфта мешавад ва то ҳол сокинони маҳаллӣ наздикони худро мекобанд.

Ёдовар мешавем, ки 18-уми майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ аз кушта шудани 8 нафару захмӣ шудани 11 нафар ва боздошти беш аз 70 нафар аз сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ҳамчунин дар изҳороти ВКД аз кушта шудани 1 афсар ва ҷароҳат бардоштани 13 низомиёни давлатӣ гуфта шудааст.

ПМТ: низомиён дар ҷинояти хонаводаи Раҳмон шарик нашавед!

0

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар хориҷ аз кишвар, рӯзи 17-уми май бо нашри баёнияе истифода аз силоҳ ва саркӯби тазоҳургаронро дар Хоруғ шадидан маҳкум намуд.

ПМТ дар ин баёнияаш эълон кард, ки аз мардуми Бадахшон “ҳимояти комил” мекунад.

Дар идома Паймони Миллии Тоҷикистон аз тамоми нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиён даъват намудааст, ки бо дарки ҳисси ватандустӣ аз авомиру фармонҳои раҳбарони худ сарпечӣ кунанд ва алайҳи ҳамватанони худ дар Бадахшон тир накушоянд ва дасти худро ба хуни онҳо олуда накунанду дар ҷиноятҳои хонаводаи Раҳмон шарик нашаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон низ 17-уми май бо нашри баёнияе “нигаронии амиқи худро” нисбат ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳор дошт.

КШНГЗС тарзи бархӯрди ҳукумат бо мардумро зулму душмании ошкор ва террори мардуми осоишта хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, ки ҳар чи зудтар аз саркӯбҳо даст бардоранд ва ба хостаҳои мардум расидагӣ кунанд.

ПМТ ва КШНГЗС аз тамоми кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ талаб кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз куштор ва саркӯби мардуми Бадахшон талош намуда, барои расидан ба хостаҳои қонунии онҳо мусоидат намоянд.

Инчунин Мариус Фоссум намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки эътирозҳои сулҳомезро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саркӯб накунанд.

Мариус Фоссум намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ

Фоссум дар саҳифаи Твиттераш менависад, ки “мақомот дар Тоҷикистон бояд ҳуқуқ ба гирдиҳамоии осоиштаро эҳтиром карда, амнияти тазоҳургарони осоиштаро дар Хоруғ замонат бидиҳанд ва саркӯби шадиди ҳаракати эътирозии осоиштаро фавран қатъ кунанд.”